Дуктур Ҷалили Дӯстхоҳ: Гӯишҳову лаҳҷаҳо пуштвонае пуртавон барои забони форсианд

Масъуди Луқмон: Ҳар кас, ки андаке дар ҳавзаҳои эроншиносӣ ва шоҳномапажӯҳӣ ғавр карда бошад, номи дуктур Ҷалили Дӯстхоҳро, ки акнун солҳои поёнии даҳаи ҳаштуми зиндагияшро дар Тонзуили Устролиё мегузаронад, шунида ё аз пажӯҳишҳояш баҳраманд шудааст. Дӯстхоҳ, ки зодаи Исфаҳон аст, дайнашро ба зодгоҳаш бо тадвини “Фарҳанги форсии исфаҳонӣ”, ки беш аз шаш даҳа аз умрашро бар сари он ниҳода ва мавзӯъи ин гуфтугӯи мост, адо карда ва ҳол мондааст, то ношире алоқаманд дастовардҳои ӯро ба зевари табъ биёрояду дар дастраси ҳамагон бигзорад. Гуфтанист, дар рӯзҳои оянда севумин чоп аз китоби “Бунёдҳои устура ва ҳамосаи Эрон”, пажӯҳиши “Ҷаҳонгири Куверҷӣ Куёҷӣ”, эроншиноси порсӣ, ба гузориш ва вироиши Ҷалили Дӯстхоҳ аз сӯи нашри “Огаҳ” мунташир хоҳад шуд.

 دکتر جلیل دوستخواه

Масъуди Луқмон: Густардагии забони форсӣ то ба куҷост ва торих дар бораи пешинаи он чи мегӯяд?

Дуктур Ҷалили Дӯстхоҳ: Забони форсӣ (форсии дарӣ ё дарӣ) забони муштараки гуфтор ва навиштори расонаҳо дар ҷуғрофиёи сиёсии Эрони кунунӣ ва низ забони расмӣ ё дастикам яке аз забонҳои муҳимми адабӣ дар бозмондаҳои Эрони бузурги фарҳангӣ дар Фарорӯд ё Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон), Афғонистон ва минтақаи Синҷон (Син Гиёнг) дар бохтари Чин ва бахшҳое аз Аррон (дар Қафқоз) ва яке аз забонҳои муҳимми адабу фарҳанг дар шибҳиқорраи паҳновари Ҳиндустону Покистону Банглодеш аст.

Пешинаи ин забон ба рӯзгори Сосониён мерасад, ки ҳамчун шохагӯише аз забони порсии миёна (портӣ ё порсиг ё паҳлавӣ) корбурд дошт ва пас аз фурӯпошии шоҳаншоҳии Сосониён батадриҷ болиду тавонманд шуд ва густариш ёфту фаротар рафт ва ҷойгузини сазовори забони паҳлавӣ шуд. Ин забон аз оғоз то имрӯз даҳҳо гӯиш, гуна (лаҳҷа) ва зершоха доштаасту дорад, ки донишварони забоншиноси ду садаи ахир ба пажӯҳишҳои доманадоре дар бораи бахше аз онҳо пардохтаанд ва ҷойгоҳи онҳоро дар атласи забоншиносии забонҳои ҳинду-урупоӣ нишон додаанд.

Имрӯз бо итминоне бештар аз ҳар замони дигаре метавон аз пешина ва марҳилаҳои таквин ва низ сохтору дегардесиҳои забони форсӣ ва шохаҳои он сухан гуфт ва роҳи дарозеро, ки ин забон паймудааст, дар густараи пажӯҳиш бозпаймуду бар порае аз довариҳову баровардҳои бепуштвонаи гузашта хатти бутлон кашид.

Масъуди Луқмон: Гӯишҳои забони форсӣ аз чи аҳаммияте бархӯрдоранд, ки пажӯҳишгароне чун Шумо умри хешро бар сари он ниҳодаанд?

Дуктур Дӯстхоҳ: Атласи забоншиносии эронӣ дар густараи бузурги ҷуғрофиёии он аз марзҳои шимолии Фарорӯд (Осиёи Миёна) дар шимол то халиҷи Форс дар ҷануб ва аз марзи бохтарии Чин дар ховар то паҳнаи Миёнрӯдон дар бохтарро бо даҳҳо гӯишу лаҳҷа ва гунаи забонӣ дар бар мегирад, ки ҳар як аз онҳо сармояе калону ганҷе шойгон ва пуштвонае пуртавон барои забони форсии меъёр ба шумор меояд. Ба гуфтаи дуктур Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ “гӯишҳои порсӣ конҳое пургавҳаранд, ки афсӯсмандона то кунун ба аҳаммияташон дар тавонмандсозии забони порсӣ таваҷҷуҳи чандоне нашудааст.”

 Атласи забоншиносии эронӣ дар густараи бузурги ҷуғрофиёии он аз марзҳои шимолии Фарорӯд (Осиёи Миёна) дар шимол то халиҷи Форс дар ҷануб ва аз марзи бохтарии Чин дар ховар то паҳнаи Миёнрӯдон дар бохтарро бо даҳҳо гӯишу лаҳҷа ва гунаи забонӣ дар бар мегирад, ки ҳар як аз онҳо сармояе калону ганҷе шойгон ва пуштвонае пуртавон барои забони форсии меъёр ба шумор меояд.

Пажӯҳиш дар гӯишҳо ва гунаҳои забони форсӣ, аз ҷумла боистаҳо дар ростои шинохти бунёдин ва донишии ин забон ва арзишҳову гунҷоишҳои он аст, ки дар чанд даҳаи гузашта намунаҳое аз он анҷом пазируфта ва нашр ёфтааст, аммо дар ин замина ҳанӯз корҳое накарда ва нашрнаёфта, бештар аз анҷомгирифтаҳо чопшудаҳост. Дар миёни ончи ҳам то кунун ба чоп расидааст, ба намунаҳое бармехӯрем, ки чандон равишманду донишӣ нестанд ва бештар ба ангезаи рӯйкарди отифии нависандагон ба гӯиш ё лаҳҷаи вижаи зодгоҳашон навишта шудаанд, то нигарише бархӯрдор аз санҷаҳои донишгоҳии сазовор дар ин росто.

Луқмон: Ҳол дар ин миён гӯиши форсии исфаҳонӣ, ки мавзӯъи пажӯҳиши Шумост, аз чи вижагиҳое бархӯрдор аст ва сайри таҳаввулу татаввури он чи гуна буда?

Дуктур Дӯстхоҳ: Нахуст бояд ба тафовути гуна ё лаҳҷа бо гӯиш ишора кунам. Лаҳҷа зершохае аз забон аст, ки сохтори дастурии ноҳамсони умдае бо забони меъёр надорад, аммо гӯиш ин ноҳамсониро бо забони меъёр дорад. Форсии исфаҳонӣ яке аз зербахшҳои забони форсӣ аст, ки дар пайкараи кунунияш ва бар пояи санҷаҳои забоншинохтӣ гуна ё лаҳҷа ба шумор меояд. Аммо нишонаҳои андаке аз гӯиш будани он дар гузашта дар бархе аз таркибҳову таъбирҳои маҳҷур, аммо ҳанӯз каму беш роиҷи он, бар ҷо мондааст.

Аз сароғози ҷавона задани гӯиши пешини исфаҳонӣ бар танаи дарахти забони форсӣ ва замони дигардесии он ба лаҳҷа ва низ сайри таҳаввулу татаввури корбурдии он, огоҳиҳои дақиқу дуруст ва намунаҳои бознигоштаи рӯшану раҳнамуни чандоне дар даст надорем. Куҳантарин санаде, ки дар он ба гӯиши пешини исфаҳонӣ ишора рафта, китоби “Аҳсан-ут-тақосим фӣ-маърифат-ил-ъақолим”, таълифи Абуъабдуллоҳ Муҳаммад бинни Аҳмад ал-Мақдасӣ (садаи чаҳоруми қамарӣ) аст.

Пас аз он ба “Маҳосини Исфаҳон”, навиштаи Муфаззал бинни Саъд бин ал-Ҳусайн ал-Мофаррӯхӣ ал-Исфаҳонӣ (садаи панҷуми қамарӣ) мерасем, ки вожаҳову иборатҳое аз гӯиши исфаҳониро нақл кардааст. Ҳамзамон бо ӯ Муҳаммад бинни Аҳмад Абӯмутаҳҳар ал-Аздӣ дар китоби “Ҳикоя”-и Абулқосим ал-Бағдодӣ ду ҷумла аз гуфтори мардуми Исфаҳонро нақл кардааст. Убайди Зоконӣ (садаи ҳаштуми қамарӣ) низ ҷумлаи кӯтоҳеро ба гӯиши исфаҳонии замони худ овардааст.

Се ғазали бозмонда аз Авҳадии Исфаҳонӣ ё Мароғаӣ (садаи нуҳуми қамарӣ) ба гӯиши исфаҳонӣ метавонад тасвири беҳтаре аз ин гӯиш ба даст диҳад. Афзун бар ин, то ҷое ки ман суроғ дорам, як намуна аз гуфтори рӯзмарраи мардуми Исфаҳон дар садаи панҷуми қамарӣ дар китоби “Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур” дар “Таърихи Оли Салҷуқ”, асари Муҳаммад писари Алӣ писари Сулаймони Ровандӣ аз давраи Салҷуқиён бар ҷо мондааст.

“Фарҳанги форсии исфаҳонӣ” танҳо андӯхтае аз вожагону таркибҳову таъбирҳо дар форсии исфаҳонӣ нест, балки фаротар аз унвони он, парвандае аз ойинҳо, адабҳо, боварҳо, хурофаҳо, расмҳо, забонзадҳо, маталҳо ва масалҳои роиҷ дар гуфтори исфаҳониҳост.

Беш аз се даҳа пеш китобе дар Русия аз бонуи пажӯҳандае интишор ёфт, ки ба рағми бархе костиҳо ва нодурустиҳояш коре судманд ва муғтанам дар ҳавзаи ин пажӯҳиш аст ва дар даҳаи 70 барои нахустин бор китоби “Форсии исфаҳонӣ”, таълифи дуктур Эрони Калбосӣ, ба манзалаи пажӯҳише усулӣ дар пурсмони ин гуна (лаҳҷа) нашр ёфт, ки муаллифи он бар пояи синҷаҳои шинохташудаи дониши забоншиносии имрӯз ба суроғи форсии исфаҳонӣ рафта ва онро дар пайкари сохтории бунёдинаш баррасидааст.

Луқмон: Дар бораи “Фарҳанги форсии исфаҳонӣ”, ки дастоварди даҳаҳо кӯшиши Шумо дар ин замина аст, бифармоед.

Дуктур Дӯстхоҳ: Соли 1329, ки 17-сола ва донишомӯзи Донишсарои муқаддамотии Исфаҳон будам, бар асари хондани “Роҳнамои гирдоварии фарҳанги тӯда”, асари зиндаёд Содиқи Ҳидоят, савдоии кори гирдоварии моддаҳои ин фарҳанг шудаму даст ба кори ҷустору пурсишу нигориш задам.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

 

 

 

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*