Вожасозӣ дар чанд марҳила (7)

D. AshouriУстод Дориюши Ошурӣ

Барои як мафҳум ё истилоҳ дар марҳилаи нахуст чи басо баробарии дуруст ё кӯтоҳу расо ёфт нашавад ва ин кӯшиш дар мароҳили сипасин ба натиҷа бирасад. Дар рӯзгори мо, ки гароиш ба он аст, ки забони порсӣ ба пуштибонии қоъидаҳо ва қолабҳои худ ва бо сармояи худ вожаҳои тоза бисозад, дар айни ҳол ин имкон фароҳам шудааст, ки ончи дар чиҳил-панҷоҳсолаи ахир сохтаанд ва норасост, низ ислоҳ шавад, ва таркибҳо ва вожаҳое кӯтоҳтар ва беҳтар ҷонишини онҳо шавад. Чунонки вогардони “реферондум” ба “муроҷеъа ба орои умумӣ” ва ё “мидиюм” ба “василаи иртибот” расонандаи маъно буд, аммо беш аз ҳад дароз буд ва ёфт шудани ду вожаи кӯтоҳу зебо ва расои “ҳамапурсӣ” ва “расона” барои ин ду, бегумон, комёбии дурахшоне будааст, ки баъд аз солҳо ба он расидаем. Ва бешак ҳар одами боинсофе ҳукм мекунад, ки ду вожаи ахир, ки дарвоқеъ калимаанд, на иборат, бисёр кӯтоҳтар ва беҳтар аз ду иборати пешинанд. Ва ин нишонаи он аст, ки бозгашт ба мояи аслии забони форсӣ ва ба кор гирифтани қолабҳои он то чи ҳад метавонад моро дар ёфтан ё сохтани вожаҳо ёрӣ кунад.

Касоне, ки бо шунидани “расона” (ки исми олат аст аз расондан ва бино ба қоъидаи дурусти дастурӣ сохта шуда ва маъноро ҳам дақиқ мерасонад) барошуфта мешаванд ва ба ҷойи диранг дар ин кор ба “бурҳонҳои қотеъи” худ сар мекашанд ва байте аз Носири Хисравро мисол меоваранд, ки дар он “расона” (вожае, ки асли он бадурустӣ маълум нест) ба маънои андӯҳ ба кор рафтааст, коре ҷуз лаҷбозӣ ё донишфурӯшии беҷо намекунанд. Ҳамчунин аст тарҷумаи “сотелайт” нахуст ба “қамари маснӯъӣ” ва сипас ба “моҳвора”, ки тардид нест дувумӣ калимаи дурусти форсӣ аст ва аввалӣ шитобзада ва ба зарурати тарҷума сарҳамбандӣ шудааст.

Албатта, ин бад-он маъно нест, ки ҳар навоварӣ ё ҳар вожаи “мандаровурдӣ” ва дасотириро бояд пазируфт, вале яксара рад кардан ва якбора ҷабҳа гирифтан ҳам дар баробари ҳар вожаи тоза ва ё пофишорӣ ва лаҷбозӣ дар қудамобозӣ посухе ба масъала нест ва, ҳамчунонки гуфтем, ин масъала мавридист ва ҳеч ҳукми куллӣ дар бораи он дуруст нест.

Муҳаммадъалии Фурӯғӣ дар рисолаи “Паёми ман ба Фарҳангистон”, ки ҳанӯз ҳам бисёр нуктаҳои хонданӣ ва омӯхтанӣ дорад, дар айни дуруст шумурдани кори вожасозии Фарҳангистон, бо вожаҳои “пешванд”-у “пасванд” ба мухолифат пардохта ва густариши пасванди “ванд”-ро аз ин ҷиҳат, ки маънои он дар забони имрӯзӣ шинохта нест ва танҳо дар таркибҳое монанди Алванду Наҳованд ва Сагванд вуҷуд дорад, нодуруст донистааст. Ҳол он ки мебинем “пешванд” ва “пасванд” ҷузъи вожагони имрӯзи форсӣ шуда ва бисёр ба кор меравад ва ҷои “мазиди муқаддам” ва “мазиди муаххар”-ро бакул гирифтааст. Ва ривоҷи ҳамин ду вожа сабаб шудааст, ки “-ванд” ба унвони пасванди нисбат маънои рӯшане пайдо кунад ва ба ҳамин қиёс имрӯз вожаи “шаҳрванд” (5)-ро дорем барои Citizen ё Citoyen.

Тангноҳои вожасозӣ ва баробарёбӣ

Дар мавриди вожасозӣ бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошт, ки сохтани исмҳои зот ва калимоте, ки корбурдҳои фаннии маҳдуд доранд ва марбут ба истилоҳоти як рада аз улуму фунун ҳастанд, бисёр осонтар аст, то сохтани баробарӣ барои исмҳои маъно, ки бори сангини торихӣ доранд ва ба хостгоҳи торихию фарҳангии худ сахт вобастаанд. Аҳли фалсафа ва улуми инсонӣ беш аз дигар улум бо ин душворӣ сарукор доранд, зеро сарукори онҳо бо мафоҳимест, ки аз жарфнои торихи Ғарб ва бо такя ба тамомии қарордоди андешаи он падид омада ва гоҳ вожаҳо чунон маъноҳои гуногун ва ноҳамсоз доранд, ки ҳеч калимае ҷои онҳоро намегирад.

Калимоте монанди “иде” ва “суже” ва “абже” аз ин ҷумлаанд, ки бори садҳо ва ҳазорон сол торихи тафаккури Ғарбро бар дӯш доранд ва кӯшиш барои тарҷумаи онҳо ҷуз дар мавориде хос, ки калима ба яке аз маъноҳои худ ва маҳдуд дар ҳавзаи вижа ба кор меравад, ношуданӣ аст. Дар чунин маворид чорае нест ҷуз ба кор гирифтани асли калима ва ворид кардани он дар забон.

Дар ин маврид як таҷрубаи торихӣ низ дорем ва он марбут ба тарҷумаи матнҳои юнонӣ дар садаҳои нахустини ислом аст. Дар он ҳангом нахуст мутарҷимон бисёре аз вожаҳои юнониро ба сурати муъарраб вориди забон карданд (монанди қотиқуриёс, аритмотиқӣ, бутиқо, онолутиқо, метофусиқо), ки рафта-рафта барои бархе аз онҳо баробарҳое дар арабӣ ёфтанд ё сохтанд ва ривоҷ доданд ва вожаи юнонӣ аз ривоҷ уфтод ва бархе аз вожаҳои юнонӣ низ тобеъияти арабӣ гирифтанд ва мондагор шуданд. Бино бар ин, ҳатто дар мавриди ин даста аз вожаҳо низ наметавон ҳукм кард, ки кудомҳо саранҷом тарҷуманопазиранд ва хоҳанд монд ва кудомҳо бо гузашти замон баробаре барои худ хоҳанд ёфт.

Пайнивишт

5. Вожасозӣ бо маводди забонии бисёр ошно ин хатарро дар бар дорад, ки бо қиёсу таъбир маънои нодурусте аз вожа ривоҷ ёбад, чунонки имрӯза бисёре “шаҳрванд”-ро ба маънои шаҳрнишин (дар баробари рустонишин) ба кор мебаранд ва агар онро аз моддаи “шор”, ки ба ҳамон маънои шаҳр аст ва дар қадим ҳам ба кор мерафта (чунонки дар шористон) ва имрӯз ноошност, месохтанд, чунин мушкиле пеш намеомад (чунонки дар Доиратулмаъорифи Мусоҳиб ҳам калимаи “шорманд”-ро барои ҳамин маънӣ ба кор бурдаанд).

Дунбола дорад…

Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”; Теҳрон: Нашри Марказ, омадааст.

__________________

Бахшҳои пешини ин ҷустор

Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1)
Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2)
Пероиш ва бозсозии забон (3)
Масъалаи вожасозӣ (4)
Ду гунаи бархӯрд бо забон (5)
Масоили вожасозӣ (6)
Вожасозӣ дар чанд марҳила (7)

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*