Куруши Ҷаннатӣ
“Аз миёни милалу нажодҳои бисёре, ки бо Ҳиндустон тамос доштаанду дар зиндагониву фарҳанги Ҳинд нуфуз кардаанд, қадимитарину бодавомтарини онҳо эрониён ҳастанд.” (Ҷавоҳирлаъли Неҳрӯ)
Решаҳои ҳанбозин (муштарак)-иҲинду Эрон
Дар торихи бостон даврае ҳаст, ки онро давраи “ведоӣ” меноманд. Яъне даврае, ки ақвоми ҳиндуэронӣ ҳануз аз якдигар ҷудо нашуда буданд ва зистии ҳанбозин доштанд. Куҳантарин намудҳои ин ҳанбозиҳоро метавон дар бовармандиҳои ойинӣ ва ҳамчунин монандагиҳои забонӣ дар китобҳои “Ведоҳо” ва “Авесто” ҷустуҷӯ кард.
Ин пайванду пайвастагӣ аз даврони куҳан то ба имрӯз дар ҳамаи дарозои торихи ду миллат бо фарозу фурӯдҳое идома ёфтааст. Аз ҳамон даврони бостон ва дар замони имперотуриҳои Ашкониву Сосонӣ додуситадҳои фарҳангиву донишик миёни ду кишвар барқарор будааст, ки аз он намуна метавон ба тарҷумаи “Калила ва Димна” ва ошно шудани эрониён бо бозии шатранг (шатранҷ) дар замони Анӯшервон ишора кард.
Албатта, ин пайвандҳо ҳамвора ҳам ба десае (шакле) дӯстона набудааст. Бахши меҳанде (муҳимме) аз торихи пайвандҳои ду кишвар низ бо ҷанг навишта аст, ки дастикам бояд аз ду рухдоди торихӣ ном бурд: Яъне тозиши Маҳмуди Ғазнавӣ ва Нодиршоҳи Афшор ба Ҳиндустон.
Маҳмуди Ғазнавӣ дар садаи чаҳорум ва ба баҳонаи густариши дини ислом борҳо ба Ҳиндустон лашкар кашид. Лашкаркашиҳое, ки раҳоварди он аз як сӯ ғаниматҳое бисёр буд, ки аз он кишвар ба ҳамроҳ овард ва дигар захме ҳамешагӣ, ки бар дили мардумони он диёр бар ҷой гузошт, захме, ки наздик ба 750 сол пас аз он ба дасти шамшери Нодир бори дигар сар боз кард.
Агарчи густариши ислом дар Ҳиндустон ва дар пайи он густариши забони форсиро метавон аз паёмадҳои тозишҳои Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон донист, бо ин ҳама, бузургтарин ва жарфтарин нуфузи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Ҳиндустон ба давраи ба қудрат расидани Гуркониёни Ҳинд бармегардад ва ин ҳамон дудмонест, ки бо тозиши Нодиршоҳи Афшор дар нимаи садаи дувоздаҳуми ҳиҷрии хуршедӣ ба сарошеби фурӯшуд (суқут) уфтод! (1)
Гуркониёни Ҳинд
Дудмони Гурконӣ бо лашкаркашии Бобир аз Кобул ба шимоли Ҳиндустон поя гузошта шуд. Подшоҳони ин дудмон мусалмон ва дӯстдори забони форсӣ буданд ва ба густаришу парвариши он дар сарзамини Ҳиндустон ёрии бисёре карданд. Дар замони фармонравоии 300-солаи ин дудмон дар Ҳинд забони порсӣ забоне раволманд (роиҷ) дар он диёр шуд. Чанд тан аз подшоҳони ин дудмон аз диди ҳунардӯстӣ ва фарҳангпарварӣ дар торихи ин кишвар бемонанданд. Аз ин шумор метавон аз Ҳумоюн, ки замоне ба дарбори ШоҳТаҳмосби Сафавӣ паноҳанда шуда буд, Акбаршоҳ, фарзанди Ҳумоюн, ки модаре эронӣ дошту бузургтарин подшоҳи ин дудмон ба шумор мерафт ва дар давраи ӯ забони порсӣ забони расмиву идории Ҳиндустон шуд, Ҷаҳонгир,Шоҳиҷаҳон, подшоҳи ошиқпешае, ки Тоҷмаҳалро барои ҳамсараш Мумтозмаҳал сохт, ва ҳамчунин Аврангзеб ном бурд.
Даврони тилоии адаби форсӣ дар Ҳинд давраи Акбаршоҳ (подшоҳии 963-1014) аст. Ба амри вай вазираш Тудормол дар соли 990 фармоне содир кард, ки ба мӯҷиби он забони форсӣ забони тамоми имперотурӣ эълом гардид. Ҳамчунин, ба фармони Акбаршоҳ бархе аз китобҳои муҳимми ҳиндувон аз сонскрит ба назму насри форсӣ тарҷума шуд ва бар ғинои адаби форсӣ афзуда гардид. Агар дар давраи Ғазнавиён маркази забони форсӣ дар Ҳинд танҳо шаҳри Лоҳур буд, ин марказият дар садаҳои баъдӣ батартиб ба Мултону Деҳлӣ ва Агра мунтақил гардид. Илова бар шоъирону олимону нивисандагони эронӣ, ки дар муддати чанд сада ба Ҳинд муҳоҷират карданд, аз ҳиндиён, аъам аз мусалмону ҳинду, шоъирону нивисандагон ва олимони бузурге зуҳур карданд, ки осоршон ба форсӣ аст.” (2)
Даврони фармонравоии Гуркониёни Ҳинд бо давраи фармонравоии дудмони Сафавӣ дар Эрон ҳамзамон аст, ки ин худ ба гунае нохоста яке аз корвандҳо (авомил)-и ҳаноянда (муассир) дар нерӯ гирифтани забони порсӣ дар Ҳинд ба шумор меравад. Навъи нигоҳи подшоҳони Сафавӣ ба адабиёту фарҳанг ба гунае буд, ки шоъирону нивисандагони Эронро аз бахшишу навохти подшоҳони Сафавӣ ноумед мекард ва онон гоҳ ногузир ва гоҳ муштоқона раҳсипори дарбори адабпарвари Гурконӣ мешуданд.
Ниҳишт (вазъ)-и адабиёт дар давраи Сафавӣ
Давраи Сафавиро бояд зимистони шеъру адаби забони порсӣ номид. Агарчи ҳукумати Сафавия аз сӯяҳои дигаре, бавижа дар густараи сиёсӣ барои Эронзамин меҳандинагӣ (аҳамият)-и бисёр дорад, бо ин ҳама, чунин ба дида меояд, ки ин меҳандинагӣ мояи он шудааст, ки ҳама чиз, аз ҷумла забону адабиёти форсӣ, дар соя қарор бигирад. Эдворд Бровн дар тавсифи ниҳишт(вазъ)-и адабиёти порсӣ дар давраи Сафавия аз забони АлломаиҚазвинӣ чунин менивисад:
Муҳаммадхони Қазвинӣ дар бораи адабиёти давраи Сафавия гуфт: “Шакке нест, ки дар даврони Сафавия адабиёт ва шеър дар Эрон таназзул кард ва ҳатто як шоъири дараҷаи як ҳам вуҷуд надорад, ки муъаррифи ин давра бошад. Муҳиммтарин иллати ин қазия, чунонки худатон ҳам мутаваҷҷеҳ шудаед, шояд ин бошад, ки шоҳони ин давра ба иллати мақосиди сиёсии худ ва зиддияте, ки бо имперотурии Усмонӣ доштанд, бештари қувои худро сарфи ишоъаи ойини ташйиъ (шиъа) ва ташвиқи рӯҳониёне, ки аз усулу қавонини он мутталеъ буданд, мекарданд, агарчи ин рӯҳониён сахт кӯшиданд, то ба Эрон ваҳдати мазҳабӣ бидиҳанд (ки боъиси ваҳдати сиёсии он шуд) ва асосу пояи Эрони имрӯзро бунёд ниҳоданд, кишваре, ки мардуми он дорои як мазҳаб, як забон ва як нажод мебошанд, аммо аз тарафи дигар дар мавриди адабиёт, шеър, тасаввуф ва ирфон ва, ба қавли худашон, ҳарчи мутаъаллиқ ба “камолиёт” буд (дар муқобили шаръиёт), на танҳо дар тавсеъаи он иқдоме накарданд, балки ба ҳар тариқи мумкин дар пайи озору азияти намояндагони ин “камолиёт”, ки бо қавонини мазҳабӣ ошноии комил надоштанд, баромаданд. Бавижа, дар мавриди мутасаввифин, ки ҳама навъ озору азиятро раво доштанд. Чи ба василаи табъид, ҷилои ватан, куштор ё тавбих ва куштану сӯзондани бисёре аз онҳо бо дасти худашон ё ба дасти худи маҳкумин.” (3)
Подшоҳони Сафавӣ дар он шароити вижаи торихӣ ва дар пайи таҳаққуқи ормони якпорчагӣ бахшидан ба Эрон ҳамаи шеъру адабиётро дар пешкорӣ (хидмат)-и дидмон (идеулужӣ)-и мазҳабӣ-сиёсии худ мехостанд. Аз ҳамин рӯ, агар гоҳгудоре низ ба шеъре гӯшачашмӣ доштанд, чи басо ки дар паси пушти он пурнигарӣ (таваҷҷуҳ) ангезаи сиёсӣ-мазҳабб нуҳуфта будааст. Дар пайванд бо ин мавзӯъ достони пуровозае дар “Оламорои Аббосӣ” омадааст, ки шоҳ Таҳмосби аввал аз қасидае, ки Муҳташами Кошонӣ аз Кошон дар ситоиши ӯ ва шоҳзодахонум Парихонхонум фиристода буд, рӯй дарҳам кард ва гуфт, ки ба ҷои ин беҳтар буд қасида дар мадҳи паёмбару аимма (имомон) суруда мешуд, ки барои он ҳозир буд подоши шоистае бипардозад. Муҳташам рафту таъзияи ҳафтбанди худро суруда фиристод, вале ҳама монанди Муҳташам набуданд ва шуморе аз нивисандагону чомасароён ба Усмонӣ ва дигар сарзаминҳои ҳамҷавор ва шумори бештаре ба Ҳинд кӯчиданд.
Боровард (натиҷа)-и нигоҳи подшоҳони Сафавӣ ба адабу фарҳанг кӯчи бузурги шоъирону нивисандагони эронӣ ба дарбори Гуркониёни Ҳинд буд. Соммирзо, писари дувуми шоҳ Исмоъил, дар тазкираи “Туҳфаи Сомӣ” ном ва зиндагиномаи 700 шоъирро, ки ба Ҳинд кӯчида буданд, меоварад ва ин худ гувоҳест бар бузургии ин муҳоҷират (5). Муҳоҷирате, ки даст бар рӯзгори чандон набояд барои он дареғ хӯрад, чиро ки дар сарзамине дигар мевае бас некуву ширин дод. Ин чомасароёну нивисандагон дар муҳити муносиби дарбори Гуркониён ҳам худ ба бархурдорӣ расиданд ва ҳам забони порсиро аз бороварди кӯшишҳояшон бархурдор карданд. Дарахт барои он ки бор бидиҳад, замине борвар мехоҳад ва ин замин дар он замон дарбори Гуркониёни Ҳинд будааст.
Шояд битавон гуфт,ки ин ҳам яке аз он бозиҳои торих аст, ки дар он сиркангубини сафро мефазояд. Фарзандону наводагони ҳамон касоне (муғулон), ки кирдорҳояшон фарҳангу адаби Эронзаминро ба табоҳӣ кашонида буд, дар рӯзгоре дигар ва дар ҷое дигар мояи парваришу боландагии ҳунар ва бавижа адаби порсӣ мешаванд ва муҳоҷирату тарки сарзамини модарӣ, ки гоҳ бо сарзаниши бевафоиву номардумӣҳамроҳ аст, мевае некӯ ба ширинии сухани порсӣ ба даст медиҳад.
Бунмояҳо
1. Дастикам дар зоҳир, далели тозиши Нодиршоҳи Афшор паноҳанда шудани шуморе аз сардорону сарбозони ёғии афғон ба дарбори Муҳаммадшоҳи Гурконӣ будааст. Нодир дар ҷанге ба номи Карнол бар сипоҳи Муҳаммадшоҳ чира мешавад ва 800 ёғии фирориро дар бозори Деҳлӣ ба дор мекашад ва ғаноиме чанд баробари даромади солонаи давлати он замони Эрон ба даст меоварад, ки аз шумори онҳо метавон аз “Дарёи нур”, “Кӯҳи нур” ва “Тахти товус” ном бурд.
2. Матинӣ, Ҷалол (1376); “Дар бораи фақри фарҳангии муҳоҷимон ва густариши забони форсӣ”; маҷаллаи Эроншиносӣ, соли нуҳум, шумораи як, бинигаред ба “инҷо”.
3. Бровн, Эдворд; Торихи адабиёти Эрон (аз Сафавия то асри ҳозир); рӯяҳои 38 ва 39.
4. Ҳақиқат, Абдуррафеъ(1353);“Тасвире аз ҳамлаи ваҳшатзои муғул ба Эрон (2)”; нашрияи Гавҳар; шумораи 14, рӯяи 7.
5. Аҳмад, Азиз(1355);“Шоъирони даврони Сафавӣ ва Ҳинд”; тарҷумаи МасъудиРаҷабниё, маҷаллаи Ҳунар ва мардум; давраи 14, шумораи 164, рӯяҳои 46 то 60.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист