Шаҳрбароз: Бештари мо бо нуфузи забони арабӣ бар забони порсӣ ва вомвожаҳои арабии воридшуда дар забони порсӣ ошноем, аммо шояд надонем, ки забони арабӣ ҳам вожаҳои фаровоне аз забони порсӣ ба вом гирифтааст. Аммо дар фарораванди вомгирӣ чунон вожаҳои порсиро ба ҳам рехта ва аз шакли аслии худ дур карда, ки гоҳе ёфтани вожаҳои порсӣ барои забоншиносон ҳам душвор аст. Пештар дар бораи нуфузи забони порсӣ бар забони арабӣ (ва дар бофтори густардатар, фарҳанги эронӣ бар забон ва фарҳанги арабӣ), аз ҷумла корҳои шодравон устод дуктур Муҳаммади Муҳаммадии Малоирӣ нивиштаам. Дар ин ҷустор ба китобе мепардозам дар бораи вожаҳои порсӣ, ки забони арабӣ вом гирифтааст.
Номи китоб: Ал-алфоз ал-форсия ал-муъарраба
Нивисанда: Ас-Сайид Аддӣ Шер (Al-Sayyid Addi Shirr)
Ношир: Дор-ал-ъараб ал бистонӣ, Қоҳира
Чопи дувум: 1987м. (чопи тасвирӣ аз чопи нахуст ба соли 1907м. Дар Бейрут)
Рӯя: 194
Ин китоб дар соли 1907м./1287х. дар чопхонаи Котуликия дар шаҳри Бейрут ба чоп расид.
Матни арабии китобро метавонед дар “ин нишонӣ” боргирӣ кунед.
Ин китоб дар соли 1386х./2007м. наздики 100 сол пас аз интишори он ба дасти дуктур Ҳамиди Табибиён ба забони порсӣ баргардонида шуд.
Номи китоб: Вожаҳои форсии арабишуда
Нивисанда: Ас-Сайид Аддӣ Шер
Мутарҷим: Ҳамиди Табибиён
Ношир: Амири Кабир
Сол: 1386х.
Рӯя: 290
Ба нивиштаи мутарҷими порсии китоб, Аддӣ Шер дар соли 1867м./1284х. дар Шақлова, аз рустоҳои Каркуки Ироқ, зода шуд. Дар мадрасаи “Мор Юҳанно Ҳабиб” дар Мавсил, мутаъаллиқ ба рӯҳониёни Думиникан, дар хонд ва забонҳои арабӣ, ибрӣ, калдонӣ, порсӣ, курдӣ, туркӣ, лотин ва Фаронсаро омӯхт. Вай ба мақоми “Митронӣ” даст ёфт ва дар соли 1902м. ба Урупо сафар кард. Вай дар соли 1907м. китоби “Вожагони порсии арабишуда”-ро мунташир кард.
Аддӣ Шер дар соли 1915м./1294х. дар синни 48-солагӣ дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Аввал ба дасти туркони усмонӣ кушта шуд.
Дуктур Ҳамиди Табибиён дар соли 1327х. дар Дизфул зода шуд ва дараҷаи дуктурии худро дарёфт кард ва дар соли 1354х. ба ҳамвандии Фарҳангистони адабу ҳунари Эрон (Фарҳангистони дувум) даромад. Вай ҳамакнун ҳамванди ҳайъати илмии Пижӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеъоти фарҳангӣ аст.
Матни китоби порсӣ 243 рӯя аст ва дар бахши намояҳо, феҳристи вожаҳои забонҳои гуногун, ки дар матни китоб бад-онҳо ишора шуда, омадааст. Ин феҳрист чунин аст: Вожаҳои порсӣ (22 рӯя), вожаҳои туркӣ (4 рӯя), вожаҳои курдӣ (3 рӯя), вожаҳои ибрӣ (1 рӯя), вожаҳои юнонӣ (3 рӯя), вожаҳои русӣ ва арманӣ (1 рӯя), вожаҳои оромӣ ва сурёнӣ ва калдонӣ ва… (3 рӯя), вожаҳои лотин ва фаронса ва олмонӣ ва инглисӣ ва итолиёӣ ва сонскрит ва ҳабашӣ (5 рӯя). Албатта, бисёре аз вожаҳои туркии ёдшуда дар матн вомвожаҳое аз забони порсиянд, монанди ойин, усто, анбор, бахтёр, паҳлавон, тахт, ташт, чироғ, чарх, занҷир ва…
Яке аз мазиятҳои тарҷумаи порсӣ понивиштҳоест, ки мутарҷим афзуда ва барои бисёре аз вожаҳои порсӣ намуна ё “шоҳиди мисол” аз адабиёти порсӣ ва шеъри бузургоне чун Фирдавсӣ, Низомӣ, Хоқонӣ, Мавлоно, Саъдию Ҳофиз ва дигарон оварда ва низ гоҳе бар пояи ёддоштҳои дуктур Муҳаммади Муъин бар “Бурҳони қотеъ” бархе хатоҳои нивисандаро дуруст кардааст.
Дар матни аслӣ ҳар вожаи бегона (юнонӣ, ибрӣ, арманӣ, фаронса ва…) ба хатти ҳамон забон нивишта шуда, аммо яке аз тағйирҳое, ки мутарҷими муҳтарам падид оварда, бознивисии ҳамаи ин вожаҳо танҳо ба хатти лотин аст. Ин тағйир барои хонандагони умумӣ судманд аст ва кори ононро осон мекунад, аммо барои пижӯҳишгарон ва забоншиносон корро сахттар мекунад, зеро ёфтани шакли аслии вожаҳои бегона мушкил мешавад.
Дар пешгуфтори нивисанда чунин мехонем:
…Аъроб вожаҳои бисёре аз забонҳои ин миллатҳоро дар забони худ ворид карданд, аммо он забоне, ки дар ин миён гӯйи сабқат бурд ва забони арабӣ вожаҳои бисёре аз он вом гирифт, забони форсӣ буд. На танҳо қабилаҳое, ки дар ҳамсоягии эрониён ба сар мебурданд, балки қабилаҳои дурдаст низ аз эрониён вожаҳои бисёре ба ория гирифтанд, ки дар шумор намегунҷад.
Бояд донист, ки аъроб бархе аз вожаҳои бегонаро бо ҳамон сохтори аслии худ ва бархеро бо андак тағйире нигоҳ доштаанд. Аммо бештари онҳоро ба бадтарин ваҷҳ тасҳиф намуда ё дар онҳо қалбу ибдол кардаанд ва аз ҳамин рӯй аст, ки пижӯҳиш дар шинохти решаи вожаҳои муъарраб аз душвортарин ва дақиқтарин пижӯҳишҳои луғавӣ гардидааст.
Ман ин вожаҳои форсии арабишударо аз соли 1897м. (=1276х.) гирдоварӣ карда ва дар мақолаи худ бо номи “Ад-давоъӣ лғино ал-луғат ал-ъарабия” (Маҷаллат ал-Машриқ 721:3) ба онҳо ишора намудаам, аммо дар ҳамин сол китоби худро бозхонӣ кардам ва вожаҳои бисёреро, ки аз ман фавт шуда буд, бар он афзудам ва агар машғалаи бисёр набуд, вожаҳои бисёри дигаре низ гирдоварӣ мекардам. Албатта, ман худ ба душвории роҳе, ки дар он раҳсипор шудаам, иқрор мекунам ва аз вожашиносон дархост дорам бар ман интиқод кунанд, чи онон барои нақд кардани ин кор майдоне фарох пеши рӯйи худ доранд.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист