Тозизадагӣ дар гузориш ва воковии адаби порсӣ

Аз дер боз, порае аз пажӯҳандагон бар ин бовари дурӯғ будаанд, ки чомасароён ва гӯяндгони эронӣ дарунаи корҳои хешро вомдори чомагуёни ъараб буданд, то онҷо ки адаби порсиро резахору дарюзагари адаби ъарабӣ баршумурдаанд! Дар ин ҷустор Ваҳиди Сабзиёнпур, устоди забону адабиёти ъарабии Донишгоҳи Розӣ дар Эрон, барменумояд, ки бисёре аз амсолу ҳикам ва мазоминеро, ки ин пажӯҳандагон банораво ъарабӣ донистаанд, худ баргирифта аз фарҳанги эрониёни пеш аз ислом будааст.

Баррасии густараи забони порсӣ дар ҷаҳон дар гуфтугӯ бо Ҳасани Ануша

Қаламрави фарҳангии мо то Ӯш будааст, ки дар мағриби Қирғизистон аст ва аз тарафи дигар то Чимкант, ки дар ҷануби Қазоқистон қарор дорад. Ҳамчунин саросари Узбакистон ва Тоҷикистони имрӯзро низ дар бар мегирифтааст. Дар ъасри пас аз ислом, Тоҷикистон хостгоҳи забон форсӣ ва забони эронӣ дар давраи Сомониён будааст. Самарқанд, Бухоро, Чоч, Тирмиз, Хуҷанд ва… бахше аз ҳавзаи шарқии тамаддуни мо будаанд.

Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷон дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ

Истилоҳи “забони тоҷикӣ” на ба лиҳози ъилмӣ дуруст аст, на аз назари торихӣ саҳеҳ ва на ба эътибори нажодӣ солим, балки дарвоқеъ ҳомили навъе табъиз аст. Чун “форсӣ” аз даврони Сомониён ба ъунвони як забони муштарак барои ҳамаи эрониёни шарқӣ ба кор бурда мешуд; мардумоне, ки тақрибан то замони ҳамлаи муғул, ва дар манотиқи кӯҳистонӣ то охирҳои қуруни вусто, ба забонҳои эронии шарқӣ такаллум мекарданд.

Гуфтугӯ бо Ричорд Фултз, нивисандаи китоби ‘Торихи тоҷикон: эрониёни шарқ’

Ахиран китоби тозае аз Ричорд Фултз, эроншиноси баноми омрикоӣ, таҳти ъунвони “Торихи тоҷикон: эрониёни шарқӣ” дар Мадрасаи мутолеъоти осиёӣ ва офриқоии Донишгоҳи Ландан рӯнамоӣ шуд. Дориюши Раҷабиён, хабарнигори Би-би-сии Форсӣ, гуфтугӯе бо Ричорд Фултз анҷом дод, ки ба торихи шанбеи 21 урдибиҳишти 1398 (11 майи 2019) дар барномаи “Чашмандози бомдодӣ”-и родиюи Би-би-сӣ пахш шуд.

Боргирии ‘Вожаҳои эронӣ дар нивиштаҳои бостонӣ’

‘Вожаҳои эронӣ дар нивиштаҳои бостонӣ’ нивиштаи Шаҳроми Ҳидоят, забоншинос ва устоди пешини донишгоҳ, ва дастоварди пажӯҳишҳои вай дар заминаи вожаҳои эронӣ дар 39 нивиштаи куҳан ба забонҳои ъибрӣ – оромӣ – калдонӣ аст.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (4)

Яке дигар аз паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои ъарабӣ ҳамоно «бегона пиндоштани» шуморе аз вожаҳои забони порсӣ аст. Дар давраи омехтагӣ нивисандагон ва хушнивисон на аз рӯи ниёз, ки барои нозидан, ба гунае бедару пайкар, вожаҳои ъарабии бисёреро ба даруни забони порсӣ кашонданд.

Форсӣ дар Покистон: Аз суруди миллӣ то шарофати фарҳангӣ

Пеш аз он ки забони инглисӣ дар Покистон нуфуз ёбад, дар шибҳиқорра тайи қарнҳои мутамодӣ садҳо забон ва гӯиш вуҷуд дошт, ки дар ин миён форсӣ забони омӯзишӣ, ъилмӣ ва идорӣ буда, аммо пас аз султаи хориҷӣ дар қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, ин вазъ ба нафъи забони инглисӣ тағйир ёфт ва ҳамчунон идома дорад.

Забони форсӣ дар Ироқ: Аз давраи Сафавия то баъд аз суқути Саддом

Дастгоҳҳои амниятии махуфи Саддом солҳо дар гӯшаву канори Ироқ ҷустуҷӯ карданд, то ҳар он киро аз асли эронӣ меёфтанд, ё ба ҷӯхаҳои эъдом биспоранд ё дар марзҳои Эрон ба дастон сарнавишт.
Бад-ин гуна Саддом тавонист ба хаёли хеш забон ва фарҳанги форсиро дар Ироқ решакан кунад.

Рифъати Ёлчин: Бисёре аз вожаҳои туркӣ аз форсӣ гирифта шудаанд

Алоқаи бисёре аз туркҳо ба адабиёти форсӣ ва арабӣ яке аз далоили вуруди забони форсӣ ба Туркия буд ва таъсири бисёре бар ин сарзамин гузошт. Аз онҷое ки Туркия кишваре мусалмон буд, дин боъиси вуруди забони арабӣ ба Туркия шуд, аммо дар муқоиса бо забони форсӣ таъсири забони арабӣ маҳдуд аст. Бисёре аз вожаҳое, ки дар нивиштани шеър ва насри туркӣ ба кор бурда мешаванд, аз форсӣ гирифта шудаанд. Он ҳам шояд ба далели осонии забони форсӣ бошад.

Боргирии китоби “Вожаҳои форсии арабишуда”-и Аддӣ Шер

“Вожаҳои форсии арабишуда” фарҳангвораест, ки ба баррасии вожаҳои порсии даруншуда дар забони арабӣ мепардозад ва аз решаҳо ва чигунагии дигаргунии ин вожаҳо сухан мегӯяд. Ин китобро нивисандаи донишманди он, Аддӣ аш-Шер, дар соли 1908-и тарсоӣ дар Бейрут ба чоп расондааст. Аш-шер зодаи 1867 дар яке аз рустоҳои Каркуки Ироқ буд. Ӯ, ки ба забонҳои порсӣ, курдӣ, лотин, фаронсавӣ, арабӣ, ибрӣ, калдонӣ ва туркӣ чира буд, дар Ҷанги Ҷаҳонии Нахуст ба дасти туркон кушта шуд.

1 2 3