Боргирии “Луғатномаи Деҳхудо” дар 16 пӯшина

Фарҳанги Деҳхудо яке аз арзишмандтарин фарҳангҳои забони порсӣ аст, ки чам (маъно)-и вожаҳои порсӣ ва анеронӣ ва низ гузорише аз он вожаҳо ба ҳамроҳи гувоҳҳое аз нивиштаҳои гузаштагон ва шеваи хониши ҳар вожаро ба даст медиҳад. Ин фарҳанг, афзун бар вожаҳо, ба дастури забони порсӣ, касномҳо, ҷойномҳо ва… низ мепардозад. Деҳхудо беш аз чиҳил сол аз зиндагии худро бар ин кор гумошт ва наздики сад тан низ дар кори ин фарҳанг бо вай ҳамкории наздик доштаанд.

Забони порсӣ ва мардуми форс

Дужандарёфте (суитафоҳуме) вуҷуд дорад, ки гурӯҳе аз эрониёнро “форс” меноманд ва бар пояи ин бардошти нодуруст гӯё “мардуми форс” ба дигарон, ой (яъне) туркизабонон, ъарабизабонон, курдон, лурон, балучон, арманиён, гелониён, мозандарониён, зартуштиён ва… ситам раво медоранд. Дар ҷусторе зери ъунвони “Забони порсӣ ва мардуми форс” Катоюни Маздопур рӯшан месозад ва барменамояд, ки чунин гумоне дар бунёд нодурусту норавост.

Раҳоми Аша забони суғдиро дар Тоҷикистон омӯзиш дод

Давраи фишурдаи омӯзиши забони суғдӣ дар Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон дар Душанбе поён ёфт. Дар ин давраи фишурда Раҳоми Аша, устоди номдори фарҳанг ва забонҳои ориёӣ, ба донишҷӯён дабира, дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносии забони суғдиро омӯзиш дод ва намоишгоҳе аз бармондаҳои суғдӣ низ барпо дошт. Дар ин росто, китоби “Фарҳанги решашинохтии забони суғдӣ”-и ишон низ дар ояндаи наздик чоп хоҳад шуд.

Дориюши Раҷабиён: ‘Духтари панҷсолаам мутарҷим аст’

Омӯзгори форсии духтари панҷсолаам бо шигифтию шефтагӣ мепурсид: “Ин кучулуи шумо форсиро куҷо ёд гирифта? Хеле ъаҷибе, ки тӯи килос (синфхона) ҳарчи суол мекунам, дасташ болост. Имрӯз пурсидам: Rainbow ба форсӣ чи меша? Танҳо касе, ки “рангинкамон” гуфт, Париюш буд”…
Инро гуфту рангинкамоне бар осмони зеҳнам кашид…

Номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон

Медонем, ки садаи бистум бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар Фарорӯдон буд. Дар ин сада забони порсӣ зарбаҳое бисёр сахт хӯрд, осебҳое бисёр дид ва сусту нотавон гардид. Акнун, дар замони фархундаи Истиқлол, умед аст ончи забони мо дар садаи бистум аз каф дод, дар садаи бисту якум дубора ба даст оварад. Ва шумо бузургворон дар ҷойгоҳи раҳбарӣ ва намояндагии сарзамини ниёкони хирадмандамон бар ин кори бузург тавоноед.

Ҷашни Наврӯз, ёдгори хусравон, хуҷаста бод!

Ҳаким Ъумари Хайём дар оғози «Наврӯзнома» ба порсӣ нивиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке онки ҳар 365 рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввалдақиқаи ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад, ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард, ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Нарм-нармак мерасад инак баҳор…

Бӯи борон, бӯи сабза, бӯи хок,
Шохаҳои шуста, боронхӯрда, пок.
Осмони обию абри сапед, Баргҳои сабзи бед,
Атри наргис, рақси бод, Нағмаву бонги парастуҳои шод.
Хилвати гарми кабӯтарҳои маст –
Нарм-нармак мерасад, инак, баҳор,
Хуш ба ҳоли рӯзгор…

Забони порсӣ бузургеро аз даст дод: Найсорӣ ба меҳмонии Ҳофиз рафт

Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт. Номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Нотили Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.

‘Pārsīg Language’ номзади ‘Китоби сол’ шуд

Забони порсиг (паҳлавӣ), нивиштаи Раҳоми Аша ба забони инглисӣ, ки соли гузашта барои нахустин бор дар Эрон ба чоп расид, номзади “Китоби сол”-и Эрон шудааст. Аша намунаҳои ин нибегро дар беш аз яксад нивиштаи порсиг (ҳар нивиштаи порсиге, ки то кунун ба дасти мо расида) баргузидааст.

Нигоҳе ба корномаи донишии зиндаёд Муҳаммади Дабирсиёқӣ

Дабирсиёқӣ бо фарҳанги Деҳхудо 62 сол ҳамкорӣ дошт, ки аз ин миён 9 солаш дар ҳамкорӣ бо худи Алиакбари Деҳхудо сипарӣ шуд, 11 солаш низ дар ҳамкорӣ бо Муҳаммади Муъин ва 42 соли дигараш низ бо Ҷаъфари Шаҳидӣ, ки сипастар ҷонишини Деҳхудо ва Муъин шуд. Мегӯянд, ки агар ёрии донишмандоне ҳамчун ӯ набуд, бегумон кори фарҳанги Деҳхудо саранҷоме намегирифт ва дар миёнаи роҳ ё бо марги Деҳхудо бозмемонд, ва ин бармонди гаронбаҳо барои порсизабонон барҷой намемонд.

1 2 3