Донишгоҳи миллии Форобӣ дар Олмотӣ

Нақш ва ҷойгоҳи забони порсӣ дар Қазоқистон; гузашта, имрӯз ва оянда

Ғолия Қамбарбеково (сарустоди ховаршиносӣ дар Донишгоҳи миллии Форобии Қаззоқистон): Забони порсӣ ҳамчунон дар ҷойгоҳи зеботарин забони ховарзамин хоҳад дурахшид. Осори суханварони порсигӯ ҳамеша таваҷҷуҳи пижӯҳишгарони саросари ҷаҳонро ба худ ҷалб хоҳанд кард, чун онҳо ба мавзўъҳое пардохта буданд, ки имрӯз ҳам матраҳ аст ва тозагӣ дорад.

Дар падофанд аз вожаи «дуруд»

Куруши Ҷаннатӣ: поксозӣ ва полоиши забон дорои далоили бисёри забонӣ ва бурунзабонист. Барои намуна ҳангоме, ки ба ҷойи «ҷазр» ва «мад» мегӯем: «фурӯкишанд» ва «фарокишанд», омӯзиши ин пармонаҳо(мафоҳим)-ро содатар кардаем, зеро сохтмони ин ду вожаи форсӣ ба гунаест, ки маъноро беҳтар ва дақиқтар мерасонад ва донишомӯзро аз ҳифз кардани тӯтивори вожаҳои «ҷазр» ва «мад» мераҳонад.

Ҳувийяти эронӣ ва деринагию решадории он

Устувор будани пайвандҳои торихӣ, отифӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ҷой-ҷойи Эроншаҳр падидае якто ва бемонанд аст. Ситургӣ (азамат) ва решадор будани ин пайванд ба андозаест, ки ҳазор соли пеш Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки зодаи шаҳри кӯчаке ба номи Қубодиён, дар Тоҷикистони имрӯзист, шахсеро дар шаҳри Озарбойҷон, ки ҳазорон фарсанг дуртар аз Қубодиён аст, ҳамтабор ва ҳаммеҳани худ медонад.

Бақои абад ё оғози фано

Абдунабӣ Сатторзода: Ин мақола дар арафаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 июли 1989)” ва дар партави баҳсҳое, ки дар замина ҷараён доштаанд, навишта шудааст. Аз он 35 сол сипарӣ шудааст, аммо ҳанӯз ҳам бисёре аз нукоти он қобили таваҷҷуҳ ва мулоҳиза мебошад.

Чанд вожа ва иборат дар гӯиши мардуми Дойкундӣ

Аббос Салимии Онгил: Гоҳе дар гӯишҳои гуногуни забони форсӣ вожаҳо ва иборатҳое ёфт мешавад, ки шунидан ва шинохтанашон хушоянди завқҳои сухансанҷ аст. Афзун бар ин, яъне афзун бар нигоҳи зебоишинохтӣ, ҷӯри дигар ҳам метавон ба ин вожаҳо ва иборатҳо нигарист: метавон ба ҷойи бархе аз вомвожаҳо азашон баҳра бурд; дар пижӯҳишҳои адабӣ ва забонӣ ҳам роҳгушоянд.

Забони ширини порсӣ

Порсӣ Анҷуман: «Забони ширини порсӣ» суханронии дастур (дуктур) Жолаи Омӯзгор аст, ки дар ойини гушоиши Анҷумани ҷаҳонии эроншиносӣ (The International Soсiety for Iranian Studies, ISIS) дар 27-уми жуани 2010 дар Лус-Онҷелус бар забон ронда шуда.
Ин суханрониро дар зер бибинед ва бишинавед, ё онро аз «ин ҷой» боргиред то ба чироии шаккарин будани порсӣ пай бибаред.

Сафар Абдуллоҳ: Пешзаминаи пешрафти Тоҷикистон бозгардондани дабираи порсист

Порсӣ Анҷуман: Дар ин гуфтугӯ, устод яке аз бадбахтиҳои Тоҷикистонро аз миён рафтани дабираи порсӣ медонад ва мегӯяд, ки Шӯравӣ ҳам Самарқанд ва Бухороро аз эрониёни Фарорӯд гирифт ва ҳам дабираи порсиро. Вай ба …думбола ба чироии бозгардондани дабираи порсӣ ба Тоҷикистон мепардозад ва

Истиқлоли забонӣ – истиқлоли каёнӣ

Фотеҳи Абдулло: Забони форсии тоҷикӣ дар арзи ҳудудан беш аз якуним ҳазор соли рӯзгори хеш дар Осиёи Марказӣ, ки аз гаҳвораҳои парваришу болишу нозиши он ба шумор меояд, ҳаргиз он вазъи хиффатбору фарёдбарангезе надошт, ки тайи султаи коммунистон дар ин сомон пайдо кард. Чӣ таконаҳое мӯҷиби сиёҳбахтӣ, нокомӣ ва инҳитоти таърихнадидаву таърихнашунидаи он гардид?…

1 2 3 8