Боргирии «Фарҳанги тотӣ ва толишӣ»-и Ъабдулӣ 

Бадбахтона, забони толишӣ ҳамакнун низ зери фишору тозиши рӯзафзуни забони туркӣ ҷой дорад, то онҷо ки дар бахшҳое аз дӯшастари Гелон, ҳамчун бахшҳое аз Осторо, ки рӯзгоре ҳамагӣ толишизабон буданд, забони туркӣ ба ҷои забони толишӣ нишастааст ва дар Аррон низ гӯишварони толишӣ, ки шуморашон 500 ҳазор тан баровард мешавад, бо сахтиҳои густардаи фарҳангӣ ва забонӣ даступанҷа нарм мекунанд.

Боргирии “Луғатномаи Деҳхудо” дар 16 пӯшина

Фарҳанги Деҳхудо яке аз арзишмандтарин фарҳангҳои забони порсӣ аст, ки чам (маъно)-и вожаҳои порсӣ ва анеронӣ ва низ гузорише аз он вожаҳо ба ҳамроҳи гувоҳҳое аз нивиштаҳои гузаштагон ва шеваи хониши ҳар вожаро ба даст медиҳад. Ин фарҳанг, афзун бар вожаҳо, ба дастури забони порсӣ, касномҳо, ҷойномҳо ва… низ мепардозад. Деҳхудо беш аз чиҳил сол аз зиндагии худро бар ин кор гумошт ва наздики сад тан низ дар кори ин фарҳанг бо вай ҳамкории наздик доштаанд.

Андар боистагии порсигогоҳӣ

Забони порсӣ дунболаи Забони порсиг (паҳлавӣ) ва он низ дунболаи забони “порса” (ориё ё порсии бостон) аст. З-ин рӯ, порсишиносӣ бе порсигшиносӣ шуданӣ набошад. Бо порсигогоҳӣ аст, ки ба шинохте жарф аз порсӣ тавон даст ёзидан. Вожасозии баҳанҷор ва ойинманд низ бе порсигдонӣ шуданӣ набошад. Зеро то натавон бо вожаҳои порсиг ва шеваҳои вожасозӣ андар ин забон ошно шуд ва хӯ гирифт, вожасозӣ ҳам натвон кард.

‘Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ’ чоп шуд

“Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ”, нивиштаи Раҳоми Аша ва гардониши Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон ба порсии сара чоп шуд. Нивисанда худи забони порсигро пояи кори хеш ниҳода, бад-он чунон забоне зинда ва пӯё дарнигариста, сарчашмаҳоро борикбинона ва санҷишгарона баррасида ва намунаҳое бисёр аз камобеш ҳамаи нивиштаҳои порсиг фародасти омӯзанда гузордааст.

Боргирии Фарҳанги Ҳисобӣ (Фарҳанги вожагони инглисӣ ба порсии сара)

Маҳмуди Ҳисобӣ аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангу дониш ва бунёдгузори дониши чеҳршиносӣ (физик)-и навини Эрон аст. Фарҳанги Ҳисобӣ фарҳанги вожагони инглисӣ ба порсии сара аст, ки зиндаёд Ҳисобӣ бар пояи Фарҳанги порсӣ-инглисии Фронсис Истингос фароҳам овардааст. Ин фарҳанг, ки пас аз марги Ҳисобӣ чопахш шуда, гӯёи тавоноии шигарфи забони порсӣ ва вожаҳои сараи фаровонест, ки ба ҳамтоии ҳар вожаи инглисӣ дорад.

‘Pārsīg Language’ номзади ‘Китоби сол’ шуд

Забони порсиг (паҳлавӣ), нивиштаи Раҳоми Аша ба забони инглисӣ, ки соли гузашта барои нахустин бор дар Эрон ба чоп расид, номзади “Китоби сол”-и Эрон шудааст. Аша намунаҳои ин нибегро дар беш аз яксад нивиштаи порсиг (ҳар нивиштаи порсиге, ки то кунун ба дасти мо расида) баргузидааст.

Боргирии фарҳанги ‘Маҷмаъулфурс’-и Сурурӣ

Фарҳанги “Маҷмаъулфурс” ё Фарҳанги Сурурӣ, нивиштаи Муҳаммадқосим пури Ҳоҷимуҳаммади Кошонӣ, дар оғози садаи ёздаҳум аст. Ин фарҳанг ба кӯшиши Муҳаммади Дабирсиёқӣ дар се пӯшина дар Теҳрон чопахш шудааст. Дигарсонии Фарҳанги Сурурӣ аз фарҳангҳое ҳамчун “Бурҳони қотеъ” дар ин аст, ки нивисанда вожаҳои тозӣ ва низ вожаҳои содаи порсиро наёвурда ва ҳамчунин шеваи хониши вожаҳоро барнамуда, ва болотар аз инҳо, аз вожаҳо намуна ё намунаҳое аз чомаҳои гузаштагон овардааст.

Боргирии ‘Озаригон’ аз Содиқи Киё

Озарӣ пеш аз турктозии туркон ба Эрон ва ҳамагирии туркӣ дар Озарбойҷон гӯиши мардумони Озарободагон будааст, ки ҳануз низ ба гунаҳое аз он дар бархе аз ободиҳои Озарбойҷон сухан гуфта мешавад. Ин гӯиш дар дастабандии забонҳо ва гӯишҳои эронии абохтари душастарӣ (шимоли ғарбӣ) ҷой дорад. Гунаҳои зиндаи ин гӯиш инак “тотӣ” хонда мешавад.

Боргирии ‘Фарҳанги Нафисӣ’ дар панҷ пӯшина

Мирзо Ъалиакбархони Нафисии Нозимулатиббои Кирмонӣ барои гирдоварии ин фарҳанг беш аз 25 сол ранҷ бурд ва фарҳанги вай, ки ба рӯзгори Ризошоҳ чопахш шуд, то пеш аз фарҳанги Деҳхудо бавандатарин фарҳанге буд, ки барои забони порсӣ нивишта шудааст, чи ин фарҳанг дарбардорандаи 158 ҳазору 431 вожа аст, ки дар ин миён 58 ҳазору 879 вожаи он низ яксара порсианд.

Боргирии ‘Вожаномак’-и Нӯшин

Ъабдулҳусейни Нӯшин, нивисанда, пажӯҳанда, ҳунарманд ва бунёдгузори намоиши навин ва ҷаҳонӣ дар Эрон, яке аз чеҳраҳои номдори рӯзгори мо буд. Аз ӯ нибеги арзандаи “Вожаномак” дар гузориши вожаҳои душвори “Шоҳнома” бар ҷой монда, ки дастакалиди гиреҳгушоест дар дасти ҳар пажӯҳандаи “Шоҳнома”-и Фирдавсии бузург.

1 2 3 5