Боргирии «Фарҳанги вожаҳои форсии сара барои вожаҳои арабӣ дар форсии муосир»

Розӣ, Фарида (1366); Фарҳанги вожаҳои форсии сара барои вожаҳои арабӣ дар форсии муосир; Теҳрон: Марказ.

 Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги вожаҳои форсии сара барои вожаҳои арабӣ дар форсии муосир» гирдоварии Фарида Розист.

 Ӯ худ дар пешгуфтори ин фарҳанг дар бораи ангезааш ва низ кораш чунин навиштааст: «Ангезаи фароҳам овардани ин дафтар, шӯру иштиёқи беандозае буд, ки барои шиносондан ва аз нав зинда кардани вожаҳои зебо, сода ва гоҳ ба фаромӯшӣ сипурдашудаи порсӣ дар худ дидам. Ин кор, ҳарчанд кӯчак дар баробари дарёи бекарони забон ва адаби порсӣ, барои ман, ки намехостам онро хурд бигирам, осон набуд.

 Забони порсӣ ҳам, чунонки огоҳӣ дорем, дигаргуниҳои бисёре дошта ва сарнавишти он монанди рӯзгори ин сарзамин дастхуши нишебу фарозҳои бешуморе буда, дар ҳар тундбоди торихӣ бархе аз ганҷинаҳои гаронбаҳои фарҳанг ва забони мо аз миён рафта, девонҳо, нивиштаҳои хаттӣ, мадорики торихӣ нобуд ва ё сӯзонда шудаанд ва забони ақвоми пирӯз дар забони мо ворид шуда, вале буданд касоне, ки бо ҳамаи ҳастишон дар зинда нигоҳ доштани ин забон ва суннатҳои ин сарзамин кӯшидаанд то бад-ин ҷо, ки устувор мондааст, номашон гиромӣ бод …

 Вожаҳои порсӣ, ин меросҳои фарҳангии арзандаи мо, низ аз ин сарнавишт дар паноҳ набудаанд ва бисёре аз онҳо фаромӯш шуда ва ҷойи худро ба вожаҳои гуногуни нопорсӣ додаанд. Барои бисёре аз мафоҳим ва андешаҳо аз вожаҳои бегона, ки бо сохти забони мо ҳамоҳанг нест, баҳра мебарем ҳол он ки дар забони худ барои онҳо вожаҳои шоиста дорем. Пас чи беҳтар, ки мо ҳам бикӯшем ба забони гузаштаи худ то он ҷо, ки шуданист бозгардем ва вожаҳои зебо ва содаеро, ки дархури фаҳми гурӯҳи бештаре аз мардум аст ва аз ёд рафта, аз навиштаҳои боарзиш пайдо кунем ва онҳоро зинда гардонем ва забони зебои порсиро пурбортар ва густурдатар созем. Ҳар чи вожаи бештаре дошта бошем, забон тавонотар, нивиштан зеботар ва бозгӯ кардани мафоҳим осонтар хоҳад шуд ва муҳимтар ин ки метавонем барои вожаҳои бегона, ки ба забон сарозер мешаванд, баробарҳое пайдо кунем. … Дар ин росто кӯшиш шуда, ки [дар ин фарҳанг] аз манобеъи боарзиш ва пазируфташуда аз сӯи донишпижӯҳони босалоҳият баҳра гирифта шавад ва ҳатто як вожа ба кор бурда нашавад магар онки дар девонҳои ёдшуда омада бошад.»

 «Фарҳанги вожаҳои форсии сара барои вожаҳои арабӣ дар форсии муосир»-ро аз «инҷой» боргиред.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*