Забони порсӣ ва бунёди достонҳои меҳанӣ (шоҳномаҳо)

Ҷовид Ашконӣ: Ба гоҳе, ки Дориюши севуми ҳахоманишӣ дар соли 331 пеш аз зоиши Масеҳ кушта омад ба дасти Искандари гуҷаста, кушта шудани ӯ як «марзи торихӣ» барои забонҳои эронӣ ба шумор ояд, зерок зи марги ӯ то соли 867-и тарсоӣ – яъне давраи миёнаи забонҳои эронӣ – то рӯзгоре, ки Родмон пури Моҳак (Яъқуби Лайси Саффор) ба фармонравоии бахшҳои ховарии Эрон расид ва забони порсиро бунёди кори хеш сохт, ҳазор сол гузашт. Пеш аз он давра «порсии бостон», ва пас аз он давра «порсии нав» номгузорӣ гардид[1].

 Дар эронии бостон чаҳор забон дида шудааст: сакоӣ, модӣ, порсии бостон ва авестоӣ[2]. Ҳар як аз забонҳои гуфташуда, торихи равшане доранд, ки омоҷи мо акнун пардохтан бад-он нест. Танҳо инро биафзоем, ки: «Бар пояи бархе нишонаҳо, дар солҳои перомуни 2000 пеш аз зоиш, гурӯҳгони ҷудонагаштаи эронӣ ва ҳиндӣ бар ҷой мебудааст, ки гӯиши эронии Зардушт мебоист дар замоне тозатар чеҳр гирифта бошад… Он гурӯҳгони эрониро, ки дар солҳои миёни 2000 то 1500 пеш аз зоиш мезиста гурӯҳгони эронӣ меномем»[3].

 Дар соли 651-и мелодӣ (30-и хуршедии хайёмӣ) вопасин шаҳриёри соcонӣ кушта шуд. Ибни Надим дар «Ал-феҳрист» (аз Ибни Муқаффаъ) гӯяд, ки забони Эрон дар поёни давраи соcонӣ (дар садаҳои нахастин) панҷ бошад: як-забони паҳлавӣ, ки сарзамини Паҳла бошад ва он панҷ шаҳр бувад: Испаҳон, Рай, Ҳамадон, Маҳи Ниҳованд, Озарбоягон. Ду-забони дарӣ забони дарбор ва забони шаҳрнишинон бошад (забони пойтахт Тисфун). Се-забони порсӣ, забони мӯбадон ва донишварон ва забони мардумони Порс бошад. Чаҳор-забони сурёнӣ гунае аз забони форсӣ бошад. Панҷ-забони хузӣ, забони шоҳон ва бузургон дар Хузистон. Забони девонии (расмии) зартуштӣ, порсӣ буд[4].

Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар «Ал-танбия ало ҳудус-ит-тасҳиф», забонҳои Эрони пеш аз ислом, ки миёни мардумон равогманд бударо се медонад: як- фаҳлавӣ: забони шоҳон ва забони панҷ шаҳр Исппҳон, Рай, Ҳамадон, Моҳи Ниҳованд ва Озарбоягон. Ду-забони форсӣ: забони мардумони Порс ва забони мӯбадон бошад. Се-забони дарӣ: забони шаҳрҳои Тисфун (Мадоин) ва касоне, ки дар дарбор буданд, бо он гуфтугӯ мекарданд. Дар бештари набиштаҳое пас аз ислом, ду вожаи «порсӣ ва дарӣ»-ро яке донанд; зеро ҳар ду вожа ҳамчаманд. Вожаи «дарӣ» вобастаи «порсӣ» бошад, чунон ки Фирдавсӣ гӯяд: Бифармуд то порсию дарӣ / Набиштанду кӯтоҳ шуд доварӣ, ки дар он «-ю (ва)» гӯё афзуда бошад[5]. ( Яъне: «порсии дарӣ»).

 Чомасуроёни садаҳои чаҳор ва панҷ, вожаи «паҳлавӣ» ва «паҳлавонӣ»-ро ба маънии «форсӣ» ё «эронӣ» дар баробари тозӣ ва туркӣ ба кор мебурданд. Фирдавсӣ гӯяд:

 «Басе ранҷ бурдам басе нома хондам / Зи гуфтори тозию ҳам паҳлавонӣ.

 Набишта ман ин номаи паҳлавӣ / Ба пеши ту орам магар нағнавӣ.

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон / Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон[6]»

 Ба соли 246-и хуршедӣ / 868-и мелодӣ Родмон пури Моҳак нахустин фармонравоии худойситоро дар шаҳри Заранҷи Систон барпо кард, фармон дод то забони дарӣ забони девонӣ ва кишварӣ гардад, ки то кунун думбол мешавад[7]. Чиро рӯзгори фармонравоии Родмон пури Моҳакро «марзи торихӣ» ном ниҳоданд?

 Гӯянд рӯзе чомапардозе суруде аз баҳри ситоиши ӯ ба забони арабӣ гуфт. Чун ин шеър бархонданд, ӯ олим набуд ва дарнпёфт, Муҳаммад ибни Васиф ҳозир буд ва дабири расои ӯ буд ва адаб некӯ донист… Пас Яъқуб гуфт: Чизе, ки ман андарнаёбам, чиро бояд гуфт? Муҳаммади Васиф [Сагзӣ] пас шеъри форсӣ гуфтан гирифт…[8].

 Шояд посухи бисёре аз пурсишҳо барои шинохти «марзи торихӣ»-и забони порсӣро битавон дар ҳамин нивишта дид яъне равишеро, ки Пури Моҳак дар пеш гирифт. Онҷо, ки мегӯяд «Чизе, ки ман андарнаёбам, чиро бояд гуфт». Ин бахш аз сухан равшан месозад, ки Родмон забони арабиро – дастикам ончи дар навиштаи боло омад – дарнамеёфта, з-ин рӯ ба суроянда супориш мекунад, ки чизе бинивис, ман дарёбам. Ин метавонад сароғоз даринивисии ойинии девонӣ ва «марзи торихӣ» бошад. Худ ошкор аст аз рӯзгори нигунсори Соcониён то рӯзгори Пури Моҳак наздик ба дувист сол гузашта буд. Бо ин ҳама, оё ин танҳо ангезаи порсинивисӣ буд, ки ба рӯзгори Сомониён ҳам кашида шуд? Оё ангезаҳои дигаре монанд кистии (ҳувияти) аздастрафтаи эронӣ ва шӯри меҳанпарастии паҳлавонон ва шоҳоне, ки нигораҳо ва сангнибштаҳояшон дар синаҳои кӯҳ барҷой монда буд ва чун чироғе фурӯзон, дилҳои мардумонро ба пӯйиш ва ҷунбиш вомедошт, ҳамононе ки Эронро бисохтандӣ, дар кор набуд?

 Рӯёрӯйӣ ва пайкори ду фарҳанг, чирагар ва чирашуда, саранҷоме шикаст ва чирагии фарҳанги бегона бар бошандагони ин сарзамини куҳан бас гарон омад ва натавонист он ҳама шукӯҳи гузаштаи сарзамини навсохта аз Гевмард (Каюмарс) ва Ҳушанг ва Кова ва Фаридун ва Зол ва Рустам ва Суҳроб то Шопур ва Нӯшервон ва… ва фурӯуфти Соcониро аз сар бурун кунад ва ба дасти фаромӯши супорад. Бар ин бунёд, овои дарунаш хомӯш нашуд:

 «Ҳангоме ки шаб фаро мерасид, аъзои хонавода гирди ҳам меомаданд, рӯзҳои гузаштаи худро бо ҳасрат ва сӯгворӣ ёдоварӣ мекарданд. Дилҳо ба ҷӯши хурӯш меомад, розҳо ва орзуҳо аз паси парда берун омада ва худнамоӣ мекард, гӯӣ рӯҳи қадими Эрон дар ҷилави чашми онон монанди париҳои хаёлӣ намудор мегашт ва бо онҳо дарди дил мекард»[9].

 Ҳангоме ки шикаст бар эрониён фуруд омад, гӯӣ абзори андешидан низ аз ӯ гирифта шуд, абзори андешае, ки ёдмонҳои ҳазорҳои торих нигориш ва бармондҳои торихиаш буд. Бад-ин сон, овои фурӯхуфта ва саркӯбшуда аз забони касоне чун Рӯзбеҳ пури Додвия (Ибни Муқаффаъ) ва Родмон ва дигарҳо сар баровард ва бозгӯ шуд. Дар гӯшаи дигаре аз сарзамини Эрон, дар Хуросон, зери сояи фаромонравоии Сомониён шукуфтани сипеҳри фарҳангӣ, шоҳноманивисӣ ба порсии дарӣ оғозидан гирифт, ки ҳамон худойномаҳои порсиг (паҳлавӣ) буд:

 «Наср ибни Аҳмад ин сухан бишунид хуш омадаш, дастури хешро Хоҷа Балъамӣ бар он дошт то аз забони тозӣ ба забони порсӣ гардонид, то ин нома ба дасти мардумон андарафтод ва ҳар касе даст бад-ӯ андарзаданд ва Рӯдакиро фармуд то ба назм даровард Калила ва Димна андар забони хурду бузург афтод ва номи ӯ бад-ин зинда гашт ва ин нома аз ӯ ёдгорӣ бимонд… Андарин нома ин ҳама ёд кардем бидонанд ва биёбанд, акнун ёд кунем аз кори шоҳон ва достони эшон аз оғори кор…[10]».

 Шикаст аз бегонагон кӯтаҳзамоне заминаи хоршудагӣ ва кеҳтарии эронии нижодаро баҳамроҳ дошт. Гурӯҳҳои бешуморе аз эрониён ба Ҳиндустон кӯчиданд, дастаи бузурги мондагон бар монишгоҳи сарзамини худ бимонданд, бо пазириш ё бепазириши шамшер бар гарданҳо, сарниҳӣ ва дигарандеширо корроҳи худ ниҳоданд. Дастаи бешуморе аз озодагон ва беҳманишон дар сарзаминҳои арабӣ ба сони бардаҳои тозӣ, яъне «маволӣ» фурӯхта ва ба кор гуморида шуданд. Дар миён ин гурӯҳи бузург, хондонҳои бузурги нижодагон (ашроф) ва шоҳзодагон буданд[11]. Ин сарафкандагиҳо ва шикастҳои паёпай чун оташи зери хокистар дар синаҳои эрониён барҷой бимонд.

 Шикастхӯрдагон мегуфтанд рӯзгоре, сарзаминашон дарбаргирандаи ҳафт кишвар буд ва миёнагоҳи (маркази) ҷаҳон. Бори сангини фарҳанг ва шукӯҳи аздастшуда андак-андак ӯро метаконид ва ба ҷунбиш дармеоварад то «шукӯҳи аздастрафта»-и худро бозхонӣ ва бозсозӣ кунад. Ин ҷунбиши бозхонӣ гарчи оғозаи он дар равоиши порсинивисӣ тавонистӣ худро рух намояд, вале забонаҳои он пештар оғозидан гирифт ва акнун гоҳи «боззойӣ»-и густардаи он фаро расида буд. Хезобаҳои бозандешии доштаҳои фарҳангӣ дар бахшҳои густурдаи Эрони ховарӣ, ба вежа дар Хуросони Бузург, бо пазириши фарҳехтагон пай гирифта шуд. Дарунмояи ин хезиши фарҳангӣ, шӯри меҳанӣ ва шукӯҳи рӯзгори гузашта зери ном «Шоҳнома» ва барноми «Паҳлавонномаҳои эронӣ» (ҳамосаи милли), ки «Бунёди достонҳои меҳанӣ (миллӣ)» буд нибишта ба порсӣ, дар фародиди мардумон гузорда шуд. Бад-ин сон «Шоҳнома» ҷойи «Худойномаг»-и паҳлавиро, ки аз миён рафта буд, гирифт[12].

 Аз нимаи дувуми садаи панҷуми тарсоӣ, бештари номҳо аз достони паҳлавонон дар хонаводаи шоҳи Эрон бозгӯ мешавад, монанди Зарир, Кувод, Ҷомосб, Ҷам, Ковус, Хусрав. Ин навишта (асар) бахубӣ нишон медиҳад, ки афсонаҳои пешин равог доштааст… Яке дигар аз ин достонҳои паҳлавонӣ, ки аз рӯзгори Соcониён нигошта ба соли 600-и мелодӣ, ки ҳанӯз барҷой монда, «Корномаги Ардашери Бобакон» буд [ба паҳлавӣ], ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳам дида мешавад[13]. Барои намуна дар бахше аз «Корнома» омада:

 «Рӯзе Ардавон бо саворон ва Ардашер ба нахҷир шуд. Гӯре андар дашт бигузашт ва Ардашер ва писари меҳи (бузурги) Ардавон аз паси он гӯр тохтанд ва Ардашер андар расид ва тире эйдун ба гӯр зад, ки тир то пар ба шикам андар шуд ва дигар сӯй бигузашт ва гӯр андарҷой бимурд. Ардавон ва саворон фароз расиданд ва аз чунон заниш(зарбат) бад-он ойин шигифтӣ намуданд. Ардавон пурсид: «Ин заниш, ки кард». Ардашер гуфт: «Ман кардам». Писар Ардавон гуфт: «На, чӣ ман кардам». Ардашер ба хашм омад ва писари Ардавонро гуфт, ки ҳунар ва мардонагӣ ба ситамгарӣ ва беозармӣ ва дурӯғ ва бедод ба хеш бастан натавон, ин дашт нек ва эдар гӯр бисёр, ман ва ту эдар дигар озмоиш кунем ва далерӣ ва чобукӣ падид оварем. Ардавон аз он душвор омад; ва пас аз он Ардашер нанҳишт (нагзошт) ба асб нишинад ва Ардашерро ба охури сутурон фиристод ва фармуд ки: «Бингар, ки рӯзу шаб аз наздики сутурон ба нахҷир ва чавгон ва фарҳангистон нашавӣ». Ардашер донист, ки: Ардавон душчашмӣ ва бадкомагии [ин суханонро] мегӯяд ва андар замон, достон чун буд, нома ба Побаг навишт. Побаг, ки нома дид андӯҳгин буд…[14]».

 Бунёди достонҳои мардумӣ ва меҳании[15](миллии) эронӣ аз дуртарин рӯзгори гурӯҳгони эронӣ аз устура то торихро дарбар мегирифт. Достони шоҳони пешдодӣ чун Гевмард, Ҳушанг, Таҳмурап (Таҳмурас), Ҷамшед, Фаридун, Эраҷ, Манучеҳр ва оғози давраи паҳлавонӣ, Нӯзар, Гаршосб. Каёниён [ва Ҳахоманишиён[16]] чун Кайкувод, Ковус, Сиёваш, Кайхусрав, Луҳросб, Гуштосп, Баҳман ва оғози давраи торихӣ, Ҳумой, Дороб, Искандар, Ашкониён ва Соcониён. Ҳамчунин давраи паҳлавонон: Кова, Ораш, Коран, паҳлавонони ашконӣ чун Гударз. Паҳлавонони Систон: хонадони Рустам, ва душманони Эрон аз девон гирифта то туронён, Афросиёб, Гарсеваз, Арҷосб ва дигарҳо.

 Дарунмояи «Шоҳнома» афзӯн бар устураҳо ва достонҳо ва нибиштаҳои мардумӣ(миллӣ)-и бологуфта, дарбаргирандаи дарунмояҳои паҳлавонии зартуштӣ низ буд. З-ин рӯ метавон гуфт «Шоҳнома», торихи меҳанӣ (миллӣ)-и Эрон аст. Бад-инсон кӯшише ноистои фарҳехтагон дар рӯзгори Сомониён ба сони озарахше тобидан гирифт; ба гунае ки чандин кори сутург перомуни «Шоҳнома» нигошта шуд.

Шоҳномаҳо

 Нахустин «Шоҳнома»-ро шояд битавон «Авесто», яъне «Яштҳо», ки дар гирдоварӣ ва нигоҳдошти достонҳои мардумӣ ва устураҳост, донист. Дар Яштҳо ба равшанӣ аз фарҳанговарон ва шоҳони пешдодӣ ва паҳлавонон, монанди Ҳушанг, Ҷамшед, Деҳок, Фаридун, Гаршосп, Нӯзар, Кайковус, Сиёваш, Кайхусрав, Луҳросб, Гуштосп, Ҷомосби Туронӣ, Зарир, Андаримон ва дигарҳо ном бурдааст. Шигифтӣ онки аз занони номдоре чун Катоюн, Ҳутъуса ҳамсари Гуштосб, ва ду духтари Гуштосп Ҳумё (Ҳумой) ва Воризкуноҳ (Беҳофарин) низ ёд шудааст. Дар «Рашаняшт» аз симурғи афсонаӣ ёд шудааст. Бад-инсон, Авесторо метавон куҳантарин наске ба шумор овард, ки дар бораи гирдоварии торихи мардумӣ ва меҳанӣ(миллӣ)-и Эрон нигошта шуд[17].

 Дувумин Шоҳнома «Бундаҳишн», «Аёдгори Зарирон» ва «Динкард» [18] аст, ки бозтобандаи авестоӣ (киёнӣ) тавонистӣ будан. Дар нибег(китоб)-и ҳаштум дар фаргард(фасл)-и 12-ум аз дувоздаҳумин наск сухан ба номи «Читрадот» аз нижодҳои одамӣ аз Гевмард нахустин одам, аз Мишё ва Мишиёна ва аз Пешдодиён ва шаҳриёрии онон ва низ Каёниён ном бурда шуда, з-ин рӯ, куҳантарин «Худойнома» ё «Шоҳнома»-и Эрон ҳамон дувоздаҳумин наски Авесто буд, ки дар дастони Озарфарнабағ нигорандаи Динкард будааст[19].

 Худойномаги паҳлавӣ ё шоҳномаи бузурги Рӯзбеҳи Додвеҳ (Писари Муқаффаъ)-ро зери номи «Сайрулмулук», севумини достонҳои меҳанӣ (миллӣ) ном ниҳанд. Худойномаг баробар аст бо Шоҳнома. Дар «Муҷмал-ут-таворих» ин маънӣ бисёр равшан омадааст. Гӯяд: « Ки дар торихи шоҳони Порс (мулук-ул-Фурс) бисёр нусхатҳо тааммул кардам, ки эшон «Худойнома» хонанд, ки подшоҳонро худойгон хондандӣ – яъне «Шоҳнома» [20]».

 Чаҳорумин, «Шоҳнома»-и Абулмуайяди Балхӣ аст, ки асарвод(наср) нигошта шуд. Абулмуайяди Балхӣ аз сурояндагони давраи сомонӣ аст. Дар «Муҷмал-ут-таворих вал-қисас» аз Абулмуайяди Балхӣ сухан рафтааст. Гӯяд: «Аз насри Абулмуйяд чун ахбори Наримон ва Сом ва Кайқубод ва Афросиёб ва ахбори Луҳросф ва Оғуши Веҳодон ва Кайшикан[21]…. Абулмуайяд андар китоби «Гаршосп» гӯяд, ки чун Кайхисрав ба Озарободагон рафт ва Рустами Дастон бо вай, ва он торикӣ ва он патёраи девон ба фарри эзад таоло бидид ва Озаргушасп пайдо гашт ва рӯшноӣ бар гӯши асб буд ва шоҳӣ ӯро шуд бо чанд муъҷиза[22]». Чунин менамояд, ки ӯ низ нибегҳои достонҳои мардумӣ-меҳании рӯзгорони гузаштаи Эронро дар даст доштааст.

 Панҷумин шоҳномаи нивиштории асарвод, аз они Абӯалӣ (Аҳмад)-и Балхӣ будааст. Он гуна, ки аз «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ бармеояд, «Шоҳнома» Абӯалии Балхӣ бисёр бузург будааст[23].

 Шашумин шоҳномаи нивиштории асарвод, номвар ба «Торихи Саъолибӣ» ё «Торихи бостон» аст. Гуфта мешавад ҳамонандии бисёре миёни «Шоҳномаи Саъолибӣ» ва «Торихи Табарӣ» дида мешавад[24]. Дарунмояи он аз Таҳмурап ва шоҳони пешдодӣ ва каёнӣ ва достонҳои паҳлавононе чун Рустам то Яздгирдро дар бар мегирад. Бо нигоҳе гузаро ба феҳристи «Торихи Саъолибӣ» ба густардагии нивиштори он пай хоҳем бурд:

 «Чун фардо фаро расид, Рустам силоҳ ба тан кард ва бо бахше аз лашкариёни худ савор шуд, Завора, бародараш Фаромарз, фарзандаш низ ҳамроҳ буданд. Чун ба канори Ҳирманд расид, бо онон дастур дод диранг кунанд ва гуфт: Ман ва Исфандёр ҳамрой шудем, ки аз касони худ ёрӣ наҷӯем ва ҳар ду бо ҳам ба ҷанг бипардозем. Аз об гузашт ва ба сӯи хиргоҳи Исфандиёр рафт ва бар баландии баробари хиргоҳи Исфандёр баромад ва ба овоз гуфт: Бархез эй Исфандиёр, ва бо ҳамоварди худ, ки ба сӯи ту омадааст, рӯёрӯй шав[25]».

 Ҳафтумин шоҳномаи нибиштории асарвад аз они Масъуди Марвазӣ буда, ки достонҳои мардуми Эронро аз рӯзгори Таҳмурп то Яздгирд нигоштааст:

 «Нахуст Каюмарс омад ба шоҳӣ/ Гирифташ ба гетӣ дарун беш гоҳе.

 Чу сӣ сол ба гетӣ подшо буд/ Ки фармонаш ба ҳар ҷое раво буд[26]».

 Ҳаштумин шоҳнома, “Шоҳномаи Абӯмансурӣ» (Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурразоқ) аст. Вай сипаҳсолори Хуросон ва ба гуфтаи Фирдавсӣ деҳқоннижод буд:

 Яке паҳлавон буд деҳқоннижод / Далеру бузургу хирадманду род

 Пижӯҳандаи рӯзгори нахуст / Гузаштасуханҳо ҳама бозҷуст

 Абӯмансур барои нигориши «Шоҳнома» худовандони хирад, фарзонагон ва деҳқононро аз шаҳрҳои дӯр ва наздик фарохонд:

 «Пас дастури хеш Абӯмансур Алмуъаммариро бифармуд то худовандони кутубро аз деҳқонон ва фарзонагон ва ҷаҳондидагон аз шаҳрҳо биёварданд ва чокари ӯ Абӯмансур Алмуъаммарӣ ба фармони ӯ нома кард ва кас фиристод ба шаҳрҳои Хуросон ва ҳушёрон аз он ҷо биёвард ва аз ҳарҷой, чун Шоҷ писари Хуросонӣ (Мохи Хуросонӣ) аз Ҳарӣ ва чун Яздондод писари Шопур аз Систон ва чун Моҳуи Хуршед писари Баҳром аз Нишобур ва чун Шозон писари Бурзин аз Тӯс. Ва аз ҳар шористон гирд кард ва бинишонд ба фароз овардани ин номаҳои шоҳон ва корномаҳошон ва зиндагонии ҳар яке аз дод ва бедод ва ошуб ва ҷанг ва ойин, аз кӣ нахустин, ки андар ҷаҳон ӯ буд, ки ойини мардумӣ овард ва мардумон аз ҷонварон падид овард то Яздгирди шаҳриёр, ки охири мулуки Ъаҷам буд [27]».

 Нуҳумин шоҳнома, зери номи «Гуштоспнома» аз они Дақиқӣ будааст. Вай яке аз сурояндагони бузурги рӯзгори Сомониён ба шумор меомад. «Гуштоспнома» дар бораи ҷанги Гуштосп ва Арҷосб буд. Гӯянд «Гуштоспнома» ба дастури Мансур ибни Нӯҳ анҷом гирифта, вале бо кушта шудани Дақиқӣ ба дасти бандааш, ин кор ба саранҷом нарасид. Фирдавсӣ дар думболаи достони гирди овардани «Шоҳнома Абӯмансурӣ» гӯяд[28]:

 Чу аз дафтар ин достонҳо басе / Ҳамехонд хонанда бар ҳар касе

 Ҷаҳон дил ниҳода бар ин достон / Ҳамон бихрадону ҳамон ростон

 Ҷавоне биёмад кушодазабон / Сухан гуфтани хубу табъ равон

 «Ба назм орам ин номаро – гуфт – ман» / Аз ӯ шодмон шуд дили анҷуман

 Бар ӯ тохтан кард ногоҳ марг / Ниҳодаш ба сар бар яке тира тарг

 Бад-инсон, Дақиқӣ натавонист ормони бузург худ, ҳамоно гирдоварии «Шоҳнома»-ро бароварда созад ва ин кори сутург саранҷом ба дасти Фирдавсӣ нигошта омад.

 Даҳумин ва фарҷомин «Шоҳнома»[29], яъне шоҳкори ҷовидона ва бемонанди торихи фарҳанги Эрон ба дасти фарзанди фарзонаи Эрон, Фирдавсӣ, фарҷом ёфт. Кори ҷовидона Фирдавсиро чи гуна тавон бозгуфт? Шояд битавон гуфт: Ҳамонгуна, ки Зардушт «андешаи нек» ба овард, ва Куруш ба «неккирдорӣ» пуровоза гашт, Фирдавсӣ «гуфтори некӣ»-и торихи меҳанӣ барнигошт то забони ҳамбастагии эрониён ҷовидона монад ба ҳамаи ононе, ки дар дерандии фароз ва фуруди рӯзгор Эронро бисохтандӣ. Ӯ Фирдавсӣ тавонистӣ бо шоҳкори ҷовидонаи хеш, якпорчагии сарзамини Эронро бо забони порсӣ ҷовидона созад. Гӯям: Агар инглисиҳо ба Шекспир, агар фаронсавиҳо ба Ҳугӯ, ва Юнониҳо ба Ҳумер нозанд, эрониро сазад, ки гӯяд: Хушо эрониён, ки Фирдавсӣ доранд, ки сарзамини «озодагон»-ро бар пешонии рӯзгор биниҳод.

 Сиёваш наям аз паризодагон / Аз Эронам, аз озодагон

 З-ин рӯ, «Шоҳнома» яъне Эрон ва Эрон яъне «Шоҳнома», Фирдавсӣ яъне бозсозандаи торихи меҳанӣ (миллӣ)-и Эрон; то сарзамини «сарви озодагон» ҷовидона монад.

 Бунхонҳо:

 [1] Торихи забони форсӣ. Муҳсин Абулқосимӣ, рӯяи 111, самти 1380; Низ «Торихи забони форсӣ»-и Нотили Хонларӣ, пӯшинаи якум, рӯяи 201, Нашри нав, 1382٫

 [2] Абулқосимӣ, 1380, рӯяи 14٫

 [3] Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон. Арсалон Пурё. Ба кӯшиши Бузургмеҳри Луқмон. Китоби Сада, чопи нахуст, 1396, рӯяи 198٫ низ барои аздии беҳтар бингаред ба ҳамин нибег: гуфтори нахусти Бозҷустани сароғози торихи Эрон:1) даврони порсӣ 2) модӣ 3) авестоӣ ва низ гуфтори дувуми ҳамин нибег перомуни «шиносоии гурӯҳгони эронии нахустин бар бунёди Авесто» , ки пижӯҳишгарона пардохта шудааст.

 [4]Ибни Надим. Алфеҳрист. Баргардон аз Муҳаммадризо Таҷаддуд. Теҳрон: Асотир, рӯяи 22٫ низ, Торихи Эрон. Пижӯҳиши Донишгоҳи Кембириҷ, Пӯшинаи чаҳор. Гардониши Ҳасани Анӯша. Теҳрон: Амири Кабир, 1387, рӯяи 514٫

 [5] Хонларӣ. Торихи забони форсӣ, п. 1, рӯяҳои 272 ва 273٫

 [6] Хонларӣ. Торихи забони форсӣ, п. 1, рӯяи 204٫

 [7] Абулқосимӣ, рӯяи 253٫

 [8] Торихи Систон (нивисандаи ношинохта, [ба кӯшиши Маликушшуарои Баҳор]), рӯяҳои 209 ва 210, Теҳрон, чоп дувум, 1354٫

 [9] Таҷаллиёти рӯҳи эронӣ. Ҳусейн Козимзодаи Эроншаҳр. Чопхонаи Эроншаҳр. Берлин, 1342٫

 [10] Бист мақола. Муҳаммад Қазвинӣ, пӯшинаи дувум, рӯяи 33 ва 42 Теҳрон: Дунёи китоб, 1363٫

 [11] Ҳамосасуроӣ дар Эрон. Забеҳулло Сафо, рӯяи 157 бад-онсӯ (Шикасти низомӣ ва неҳзатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ). Теҳрон: Фирдавс, 1390٫

 [12] Дар бораи «Худойнома» бингаред ба Забеҳулло Сафо, рӯяҳои 86 то 91٫

 [13] Теодор Нулдека, Ҳамосаи миллии Эрон. Баргардони Бузург Алавӣ. Рӯяҳои 20 ва 22. Теҳрон: Маркази нашри Сипеҳр, 2537٫

 [14] Содиқ Ҳидоят. Занд Ваҳуман ва Корномаи Ардашери Бобакон. Теҳрон: Китоби Парасту, 1344, рӯяҳои 173 ва 174; низ Корномаи Ардашери Бобакон. Баҳром Фраҳвашӣ. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1386, рӯяҳои 15, 17 ва 19٫ Баҳром Фраҳвашӣ достони Корномаи Ардашерро аз забони Фирдавсӣ низ овардааст. Ҳамчунин аз Балъамӣ, Табарӣ, Ибни Асир, Ахбор-ул-тӯл, Ал-табиия ва Ал-ашроф, Мураввиҷ-уз-заҳаб, Муҷмал-ут-торих ва Ал-қисас ва Форсномаи Балхӣ.

 [15] Барои азди фарогир аз бнбуд торих милли эронӣ, бангред ба эҳсон Ёршотир. Бахш даҳум (б). Ториҷ Эрон Кембириҷ пӯшина сим бахш якум. Теҳрон амиркбир 1378٫

 [16] Барои аздии бештар бингаред ба «Каёниён»-и Ортур Кристансен (гардониши Забеҳуллоҳ Сафо). Теҳрон: Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1393, бахши нахуст.

 [17] Забеҳуллоҳ Сафо. Рӯяҳои 55 то 58٫

 [18] Ёршотир. Торихи Эрони Кембириҷ, рӯяҳои 476 ва 477٫

 [19] Пурдовуд. Яштҳо, пӯшинаи ду, рӯяҳои 46 ва 47. Теҳрон: Интишороти Асотир, 1394٫ чопи дувум.

 [20] Забеҳоллоҳ Сафо. Ҳамосасуроӣ дар Эрон, рӯяи 85٫ низ дар ин бора бингаред ба Паёмбарон ва шоҳони Ҳамзаи Исфаҳонӣ. (гардониши Ҷаъфари Шиёр) Теҳрон: Интишороти Бунёди фарҳанги Эрон, 1346, рӯяи 7٫

 [21] Муҷмал-ут-таворих вал-қисас. Пажӯҳиши Маликушшуаро Баҳор. Теҳрон, 1318, рӯяи 2٫

 [22] Торихи Систон, рӯяҳои 35 ва 36.

 [23] Забеҳуллоҳ Сафо, 116٫

 [24] Тақизода. Ҳазораи Фирдавсӣ, рӯяи 106٫

 [25] Торихи Саъолибӣ, пораи нахусти Эрони бостон. Гардониши Муҳаммад Фазоилӣ. Теҳрон: Нашри Нуқра, 1368, рӯяҳои 225 ва 226٫

 [26] Тақизода. Ҳазораи Фирдавсӣ. Теҳрон: Муассисаи мутолеъоти исломии Донишгоҳи Теҳрон-Донишгоҳи Макгел, 1389, рӯяи 100٫

 [27] Қазвинӣ, Бист мақола. Пӯшинаи ду, рӯяҳои 34, 35, 36٫

 [28] Забеҳуллоҳ Сафо. Рӯяи 177, низ бингаред ба Нёлдеке: Ҳамосаи миллии Эрон, рӯяи 45 то 50٫

 [29] Дар ин ҷустор танҳо шоҳномаҳои барҷастаро ёд кардем, басо ки нивиштаҳои дигаре зери ҳамин ном буда бошад.

 __________________________________________________________

 Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*