Имконоти вожасозӣ дар забони порсӣ (2)

Дориюши Ошурӣ: Форсӣ аз назари имконоти вожасозӣ забонест пурмоя ва сохтмони таркибии вожа дар он мояи бисёр барои густариши доманаи вожагони ин забон фароҳам мекунад. Ва имрӯз, ки мо ба ҳазорон вожаи тоза дар заминаи ъилму фан ва фалсафа ва ҳунар ниёз дорем, баҳрагирӣ аз ин имконоти дарунии забон метавонад бисёр мушкилгушо бошад.

Бахши нахусти ин ҷустор: Сиришти забони форсӣ (1)

Дар забони форсӣ камобеш ҳамаи ъаносири аслии вожаии забон (исм, феъл, сифат, қайд) бо якдигар таркиб мешаванд ва маъноҳо ва мафҳумҳои тоза меофаринанд. Афзун бар он, дар омадани ҳуруфи изофа (дар таркибҳои феълӣ) ва пешвандҳо ва пасвандҳо бар сар ва ба дунболи вожаҳои сода ё таркибӣ боз ҳам бар имкони густариши доманаи вожагони забон меафзояд. Дарвоқеъ, дар забони форсӣ бисёре аз исмҳову сифатҳо ва қайдҳову решаҳои феъл метавонанд пасвандгуна ё пешвандгуна дар таркиб ширкат кунанд ва вожаҳои тоза бисозанд. Мо, барои мисол, чанд намунаро, ки танҳо бо корбурди номи андомҳои бадан сохта мешавад, ёдовар мешавем, то гӯшае аз доманаи ин имкон ёдоварӣ шавад:

Сар –
Пешвандгуна: сарпо, сарпоӣ, сардаст, сардастӣ, сарзада, сарзадан, сархӯрда, сармоя, сарбоз, сардор, саросар, сарнивишт, саркарда, саргузашт, сарпараст.
Пасвандгуна: рӯдсар, кӯҳсар, говсар, бодсар, хирасар (ҳамчунин таркибҳое, ки бо сурати дигари он, яъне “сор” сохта мешавад).

Даст –
Пешвандгуна: дастранҷ, дасткард, дастовард, дастмузд, дастхӯрда, дастмол, дастмолӣ, дастбурдан, дастбурд, дастодаст, дастварз, даста.
Пасвандгуна: хушдаст, чарбдаст, тангдаст, гушодадаст, зердаст, забардаст, чирадаст, хомдаст.

По –
Пешвандгуна: погир, похӯр, покор, подор, поҷӯш, попӯш, поймузд, порӯ(б), позадан, погирифтан, почин, поёпой, поя…
Пасвандгуна: тезпо, ҳазорпо, харпо

Даҳан –
Пешвандгуна: даҳангушод, даҳанбанд, даҳанзада, даҳангир, даҳанпуркун, даҳансӯз, даҳанлақ, даҳанчок, даҳана.
Пасвандгуна: баддаҳан, тангдаҳан, шириндаҳан, ҳамдаҳан, ғунчадаҳан

Чашм –
Пешвандгуна: чашмнавоз, чашмгир, чашмбанд, чашмдоштан, чашмбаргирифтан, чашмдӯхтан, чашмзадан, чамшғӯра, чашма, чашмак, чашмобӣ, чашмандоз, чашмбоз, чашмпизишк, чашмчарон, чашмхона, чашмдошт.
Пасвандгуна: сияҳчашм, бадхашм, серчашм, шӯхчашм, шӯрчашм, говчашм.

Гӯш –
Пешвандгуна: гӯшоро, гӯшовоз, гӯшбар, гӯшбарӣ, гӯшбуридан, гӯшбанд, гӯшдор, гӯшдоштан, гӯшзад, гӯшкаш, гӯшкашӣ, гӯшмол, гӯшмоҳӣ, гӯшвор, гӯшвон, гӯшӣ.
Писандгуна: харгӯш, дарозгӯш, чоргӯш

Бино бар ин, ошноӣ ба чаму хами сохтмони вожа дар ин забон дари имконоти бисёр зиёди онро ба рӯи мо мегушояд. Албатта, ин забон, бино ба табъи зарифу шоъиронааш, маҳдудиятҳои хосси худро низ дорад. Бад-ин маъно, ки бисёре аз ъаносири забонӣ ба ъиллати душвории вогӯӣ (талаффуз) ё ҳамгурезӣ (танофур)-и овоӣ дар канори ҳам наменишинанд ва таркибашон ноҳинҷор аз об дармеояд ва ё инки агар таркиби бисёр баланду беш аз чаҳор панҷ ҳиҷо (силоб) бошад, ба гӯши форсизабонон гарон меояд, ва масалан, монанди забони олмонӣ нест, ки таркибҳои он маҳдудияти ҳиҷоӣ надошта бошад.

Дунбола дорад…

Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он” аст, ки дар Китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”; Теҳрон: Нашри Марказ омадааст.

Дигар ҷусторҳои Дориюши Ошурӣ дар Порсӣ Анҷуман

Рӯёрӯии забони форсӣ бо дунёи мудерн дар гуфтугӯи Масъуди Луқмон бо Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 1 (ба хатти порсӣ)

Текникҳои густариши вожагон: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 2 (ба хатти порсӣ)
Омехтагии форсӣ ва ъарабӣ аз забони Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Форсӣ шакар аст (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ (ба хатти порсӣ)
Достони танвин (ба хатти порсӣ)
Дигаргунии вожагони форсӣ (пириллик)

Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ

Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1) (пириллик)
Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2) (пириллик)
Пероиш ва бозсозии забон (3) (пириллик)
Масъалаи вожасозӣ (4) (пириллик)
Ду гунаи бархӯрд бо забон (5) (пириллик)
Масоили вожасозӣ (6) (пириллик)
Вожасозӣ дар чанд марҳила (7) (пириллик)
Фарҳангистони забон ва сиёсати он (8) (порсӣ)

Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он

Сиришти забони форсӣ (1) (порсӣ)
Имконоти вожасозӣ дар забони форсӣ (2) (порсӣ)
Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3) (порсӣ)

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

  • Корвожаҳои пешвандӣКорвожаҳои пешвандӣ Забони порсиг [=паҳлавии соcонӣ] забони бисёр тавонмандест, ки баосонӣ аз номвожаҳо ва зобҳо корвожа […]
  • Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3)Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3) Дар бораи ин ки забони форсӣ чигуна ва аз кудом мояҳо бояд вожаҳои баробар бо вожаҳои забонҳои пешрави […]
  • Ҷашнҳои эронӣҶашнҳои эронӣ Масъуди Луқмон: «Ҷашн» вожае эронист аз решаи «яз-», ба чами «парастидан, сутудан ва ниёиш кардан». Ҷашн дар […]
  • Ҳарфи ‘вов’-и торихӣ ё ғайрималфуз чист?Ҳарфи ‘вов’-и торихӣ ё ғайрималфуз чист? Чиро ин “вов” нивишта мешаваду талаффуз намешавад? Чун дар гузаштаҳои дур таркиби “хв” як садои воҳид буд ва […]
  • ‘Сир’: Чам ва корбурди он Дар гӯишҳои рустоӣ вожаҳои бисёре ҳастанд, ки метавон онҳоро ҷойгузини вожаҳои бегона кард. Яке аз ин вожаҳо […]
  • Ҳафта дар Эрони бостонҲафта дар Эрони бостон Устод Бадруззамони Қариб бо пажӯҳише дар "Ҳафтпайкар"-и Низомӣ ва нивиштаҳои монавиён ба "ҳафта дар Эрони […]
0

Бифирист

.


*