Дориюши Ошурӣ: Ҳар забоне имконот ва тавоноиҳои хоссе дорад, ки аз сӯе бар бунёнҳои сохтмонии забон такя дорад ва аз сӯи дигар бар чигунагии корбурди торихии забон. Ва ин “чигунагии корбурд” нуктаи муҳиммест, зеро чигунагии корбурди як забон дар заминаҳои гуногун ё камубешии корбурди он дар замина ё заминаҳое сабаб мешавад, ки он забон тавоноиҳои хоссеро бештар ё камтар ба даст оварад ва чи басо бархе тавоноиҳо ҳаргиз ё чунон ки бояд дар он падид наояд. Ба ъиборати дигар, инки қавме, ки забон аз они ӯст, чигуна меандешад ва, ба истилоҳ, дар чи ъоламе сайр мекунад ва андешидаҳои худро чигуна дар қолаби забон мерезад ва аз миёни имконоти зотии забони худ кудом ё кудомҳоро бармегузинад ва мепарваронад, ин рафтор бо забон ногузир дар парвариши табъи забон асаре асосӣ дорад.
Зеро аз ин роҳ аст, ки дар миёни имконоти гуногуни парвариши забон ҷанбае ё ҷанбаҳое бар ҷанбаҳои дигар чира мешавад ё мечарбад ва ҳар забон ъодатҳову руҳия ва ҳолу ҳавои хоссе меёбад. Ба ъиборати дигар, сайри торихии шаклгирии рӯҳи қавм ва ъолами ӯ бо рӯҳи забони ӯ ва ъоламе, ки ин забон баёнгари он аст, дар ҳам танидааст. Ба ҳамин далел аст, ки ҳангоме ки чизе аз мероси адабу фарҳанги як забон ба забони дигар фаробурда мешавад, бо ҷой гирифтан дар ъолами рӯҳи он забон, ки ойинаи фазои торихӣ-фарҳангии дигар аст, ҳолу ҳавои дигар ва маззаву рангу бӯи дигар меёбад.
Барои мисол, забони юнониро барои баёни андешаи фалсафӣ дорои тавоноии хос медонанд, аммо ин тавоноӣ, ки билқувва дар сохти он забон нуҳуфтааст, дар сайри торихист, ки ба дасти касоне, ки сипас файласуф номида шудаанд, шукуфо шуда ва феълият ёфта ва ба он забон рӯҳи фалсафӣ бахшидааст, ҳамчунон ки забони олмонӣ. Ва ҳангоме ки забони ъарабӣ хостааст мероси фалсафии юнониро дар худ ҷазб кунад, аз сӯе, бино ба имконоти сохти забонии худ ва аз сӯйи дигар, фазои торихӣ-фарҳангии вижаи худ, ин меросро ба гунаи хоссе ҷазб карда ва рангурӯи хоссе ба он бахшида, ки “фалсафаи исломӣ” номида мешавад. Ва низ ба ҳамин далел аст, ки бисёре чизҳоро аз забоне ба забони дигар нақл наметавон кард ва ё ҷараёни ҷазбу гувориши он чи басо дарозмуддату душвор ва буҳронӣ бошад, чунонки имрӯза мардумони ғайриғарбӣ дар ҷараёни ситондану фурӯбурдан ва гувордани мероси фарҳанги Ғарб дучори чунин гирифторӣ ва буҳроне ҳастанд ва ин буҳрон дар забони онҳо низ бозтобе сахт дорад.
Ин гумон, ки ҳар чизеро ба гунае ба ҳар забоне метавон гуфт ва ҳамаи забонҳо дар имконоти баёнӣ барои ҳар як аз шохаҳои кору кӯшиши фикрӣ ва фарҳангии башарӣ тавоноии яксон доранд, аз сари хомандешӣ ва содаангорист ва бар асари ҳамин содаангориҳост, ки чун дастоварди парварда ва пурмояи осори адабӣ ё ъилмӣ ё фалсафии забонҳои дигарро ба забони худ нақл мекунем, чи басо ба чизе бефурӯғ ва бемоя ё парешону гунг бадал мешавад, чунонки бешинаи тарҷумаҳои имрӯзини мо ҷуз ин нест.
Яъне ончиро ки андешае борикнигар ва санҷида дар қолаби забоне зариф ва пурмоя бо вожагоне дақиқ ва густарда рехтааст, ба қолаби забоне шалахта ва каммоя ва бедарупайкар мерезем ва чанд бор онро обакӣ мекунем ва онгоҳ номи “тарҷума” бар он мегузорем.
Барои басиҷи забони форсӣ дар ҷиҳати баёни ончи имрӯз аз он металабем, яъне баёни ъилмӣ, фалсафӣ, ҳунарӣ ва фаннии мудерн ва ҳар ончи дар тамомии заминаҳои зиндагии иҷтимоъӣ аз ин шакл аз зиндагӣ бармеояд, на барои судури ҳукмҳои ҷазмӣ ва азалӣ ва абадӣ, балки барои ба даст овардани хутути роҳнамои назарӣ, мебояд бибинем, ки забони форсӣ, аз сӯе, чигуна забонест ва аз назари сохтмони вожа ва таркиби ъаносири забонӣ дорои чӣ вижагиҳоест, ва аз сӯи дигар, ин забон бо имконоти хосси худ ва дар бистари торихии худ чигуна парвариш ёфта ва аз кудом пистон шир нӯшида ва чи мояҳое дар он бештар парварда шуда ва кудомҳо нопухтаву нопарварда монда ва, ба ъиборати дигар, имконоти билқувваи он барои густариш ва парвариш дар ҷиҳати ниёзҳои тоза ва имрӯзин чист. Албатта, тарҳи чунин пурсише худ ниёзманди доштани биниши мудерн нисбат ба ториху забон аст ва зеҳни суннатӣ ё суннатпараст, ки бо гавҳари андешаи мудерн бархӯрде надошта ва аз он баҳрае набурдааст, аз танҳи он нотавон аст, зеро чунон хира ва шефтаи суннат ва бо он ягона аст, ки наметавонад миёни худ ва он ҷудоӣ афканад ва онро ҳамчун як ъайн (обже-объект) дар баробари худ ниҳад ва ворасӣ кунад.
Бар рӯйи ҳам метавонем гуфт, ки парвариши аслии забони форсӣ дар домони шеър ва забони шоъирона буда ва имконоти дарунии ин забон дар мояи шоъирона парвариш ёфта ва падидор шудааст ва дар тӯли ҳазор сол расонаи аслии андешаи эронӣ шеър буда ва нубуғи қавм дар ин замина беш аз ҳама ҷӯшону зоё будааст. Феҳристи бепоёни номи шоъирони форсизабон ва он чанд нубуғи бузурги шоъирона, ки ҳамеша баҳақ ба номашон менозем, гувоҳи ин гуфта аст.
Аммо дар заминаи наср бо он ки ҳазорон китоб ба ин забон нивиштаанд, забони форсӣ ҳаргиз ба чунон пухтагӣ ва расоӣ ва равонӣ нарасида, ки шеър расид ва агар шеъру насри ҳар давраеро бо ҳам бисанҷем, ҳатто дар даврони шукуфоии нахустини шеър ва наср, ки забони наср дар он ҳанӯз сода ва бепероя аст, агар аз чанд китоби истисноӣ чашм бипӯшем, шеъру насри форсӣ чи басо бо ҳам баробар нест ва агар шеъру насри касонеро, ки ҳам шоъир ва ҳам нивисанда будаанд, монанди Носири Хисрав ва Мавлавию Саъдӣ, бо ҳам бисанҷем, гумони ман ин аст, ки равонӣ ва расоии шеърашон бар насрашон мечарбад.
Ва ҳангоме ки ба даврони пасрафти насри форсӣ мерасем – ки камобеш аз ҳудуди ҳамлаи муғул оғоз мешавад ва то миёнаҳои давраи қоҷор идома меёбад – шикофи миёни забони шеър ва наср пайваста бештар мешавад ва забони наср дучори табоҳиҳое мешавад, ки ҳанӯз дунболаҳо ва бозмондаҳои осори он харобкориҳоро дар забони насри имрӯз мебинем. Бар рӯйи ҳам метавонем гуфт, ки забони форсӣ дар шеър ба зиндагонии худ идома додааст.Дар шеър, бавижа дар забони ғазалсароӣ ва маснавиҳо, аст, ки бештар ба мероси вожагони аслӣ ва зебои ин забон ва ҳамчунин ба сохтмони таркибии вожа дар он даст меёбем (барои мисол, таркибҳое, ки Саъдӣ дар “Бӯстон” ба кор бурда, гувоҳи ин гуфта аст).
Ба ҳамин далел, барои бозёфтани рӯҳи аслии забон ва мероси асили вожагонии он ва бавижа барои парҳезу гурез аз осори вайронгаре, ки завқҳои кажу беморгуна дар қаламрави насри форсӣ баҷо ниҳодаанд ва перостани забони наср ва бозгардондани тозагию содагӣ ва равонӣ ба он, бавижа барои бозгардондани вожагони аслии забони форсӣ, ки ба зӯрузарб аз қаламрави наср берун ронда шудааст, мероси шеъри форсӣ метавонад илҳомбахши насрнивисони имрӯз бошад.
Барои он ки забони форсӣ битавонад аз ъуҳдаи вазоифи тозае, ки аз он металабем, камобеш барояд, таваҷҷуҳ ба ду нукта зарурӣ аст: яке чигунагии сохтмони вожа дар забони форсӣ; ва дигарӣ, чигунагии ҷумласозӣ ва наҳви забон. Мо дар ин мақола танҳо ба баҳс дар бораи сохтмони вожа ва имконоти он дар забони форсӣ мепардозем.
Дунбола дорад…
Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”; Теҳрон: Нашри Марказ, омадааст.
متن فارسی را “اینجا” بخوانید
***
Дигар ҷусторҳои Дориюши Ошурӣ дар Порсӣ Анҷуман
Рӯёрӯии забони форсӣ бо дунёи мудерн дар гуфтугӯи Масъуди Луқмон бо Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 1 (ба хатти порсӣ)
Текникҳои густариши вожагон: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 2 (ба хатти порсӣ)
Омехтагии форсӣ ва ъарабӣ аз забони Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Форсӣ шакар аст (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ (ба хатти порсӣ)
Достони танвин (ба хатти порсӣ)
Дигаргунии вожагони форсӣ (пириллик)
Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ
Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1) (пириллик)
Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2) (пириллик)
Пероиш ва бозсозии забон (3) (пириллик)
Масъалаи вожасозӣ (4) (пириллик)
Ду гунаи бархӯрд бо забон (5) (пириллик)
Масоили вожасозӣ (6) (пириллик)
Вожасозӣ дар чанд марҳила (7) (пириллик)
Фарҳангистони забон ва сиёсати он (8) (порсӣ)
Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он
Сиришти забони форсӣ (1) (порсӣ)
Имконоти вожасозӣ дар забони форсӣ (2) (порсӣ)
Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3) (порсӣ)
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист