Порсӣ Анҷуман: Забони порсиг [=паҳлавии соcонӣ] забони бисёр тавонманде аст, ки баосонӣ аз номвожаҳо [=исмҳо] ва зобҳо [=сифот] корвожа [=феъл] месозад. Андар ин забон корвожаҳои пешвандӣ низ фаровон ба кор меравад ва баҳра аз он барои расондани чамҳо [маъонӣ]-и бориксанҷона [=дақиқ] равоги бисёр дорад. Чунон: фарозрасидан, абаррасидан, фарозомадан, андаромадан, фарозрафтан, абозрафтан, фурудшудан, андаршудан, андарабоистан, абозмондан, абозвардидан.
То садаи ҳафтуми исломӣ дар порсии дарӣ, ҳамчун порсиг, пешвандҳои корвожа ҳанӯз зинда буданд ва чамҳои гуногуне аз роҳи онҳо гуфта ва нивишта мешуданд. Чанд намуна аз навишторҳои куҳан:
Бозкардан [=маъзул кардан]
Бар дари сарой мунодӣ карданд, ки малик Баҳром Рострӯшанро аз кор бозкард. (“Сиёсатнома”-и Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ)
Баргузидан [=ихтиёр кардан]
Навъи инсонро аз ҷумлаи ин табақа баргузид. (“Ал-тавассул илал-тарассул”)
Дарпазируфтан [=қабул кардан]
Агар хоқон бандаро ба парасторӣ дарпазиранд. (“Сиёсатнома”)
Андаркардан [=дохил кардан, дар чизе печидан]
Ӯро ба миёни ҳарир андаркарданд. (“Торихи Систон”)
Бидоштан [мутаваққиф кардан]
Марзбоншоҳ ӯро хилъат дод ва бинавохт ва пеши худ бидошт. (“Самаки Ъайёр”)
Шӯрбахтона, пас аз садаи ҳафтум, баҳра аз корвожаҳои омехта [=мураккаб], бавежа бо номвожаҳо ва зобҳои ъарабӣ, ҷои корвожаҳои сода ва пешвандиро гирифтааст.
Бар мост, ки бо ёрӣ аз нибегҳо [=кутуб]-и куҳани порсӣ ва корвожаҳои пешвандии бакоррафта андар онҳо ин шеваи фаромӯшидаро аз нав устуворем.
Барои огоҳии бештар нигоҳ кунед ба пӯшинаи дувуми «Торихи забони форсӣ»-и устоди зиндаёд Парвизи Нотили Хонларӣ, фаргарди Сохтмони феъл. Онро метавонед аз «инҷо» боргиред.
متن پارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист