Фарохони дувумин гирдиҳамоии ҷаҳонии забонҳо ва гӯишҳои эронӣ

همایشДувумин гирдиҳамоии ҷаҳонии забонҳо ва гӯишҳои эронӣ аз сӯйи бахши эроншиносӣ ва забоншиносии Маркази Доиратулмаъорифи Бузурги Исломӣ ва бо ҳамкории Донишгоҳи Теҳрон, Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Анҷумани забоншиносии Эрон ва Донишгоҳи Соломонко (Испониё) 14 ва 15 даймоҳи 1393, мусодиф бо 4 ва 5 январи 2015, баргузор мешавад.

Ба гузориши Порсӣ Анҷуман, ошноӣ бо охирин дастовардҳои пижӯҳишӣ дар заминаи забонҳо ва нивиштаҳои эронии бостон, миёна ва нав, баррасии густараи забонҳои эронӣ ва ангезасозӣ дар пижӯҳишгарони ҷавон барои пижӯҳишҳои жарф дар заминаи забоншиносии эронӣ аз омоҷҳои ин гирдиҳамоӣ гуфта шудааст.

Пижӯҳишҳои тоза дар заминаи забонҳо ва нивиштаҳои эронии бостон (форсии бостон, авестоӣ, сакоӣ ва модӣ), пижӯҳишҳои тоза дар заминаи забонҳо ва нивиштаҳои эронии миёнаи бохтарӣ (портӣ ва порсии миёна), пижӯҳишҳои тоза дар заминаи забонҳо ва нивиштаҳои эронии миёнаи ховарӣ (суғдӣ, хутанӣ, хоразмӣ ва балхӣ), пижӯҳишҳои тоза дар заминаи нивиштаҳои куҳани порсӣ аз нигари забоншиносӣ, ҷуғрофиёи забони порсӣ, пайванди забонҳои эронӣ бо дигар забонҳо дар дарозои торих ва пижӯҳишҳои тоза дар заминаи гӯишҳои эронии нави бохтарӣ ва ховарӣ ҳам аз заминаҳои бунёдини ин гирдиҳамоӣ аст.

Пижӯҳиш дар заминаи забоншиносии нивиштаҳои куҳани Эрон низ пазируфта мешавад. Афзун бар ин, ҷусторҳои пазируфташуда дар дафтаре чоп хоҳад шуд.

Дабири донишии ҳамоиш Маҳмуди Ҷаъфарӣ-Деҳақӣ, дабирони баргузоркунанда Алии Шаҳидӣ ва Шимо Ҷаъфарӣ-Деҳақӣ ҳастанд.

Ҳамвандони гурӯҳи донишии ҳамоиш ҳам Жолаи Омӯзгор, Маҳмуди Ҷаъфарӣ-Деҳақӣ, Корлу Черетӣ, Муҳаммади Дабир-Муқаддам, Муҳаммадтақии Рошиди Муҳассил, Ҳасани Ризоии Боғбедӣ, Зуҳраи Заршинос, Никулос Симз-Вилёмз, Прудз Шарву, Алии Шаҳидӣ, Алиашрафи Содиқӣ, Бадруззамони Қариб, Олберту Контеро Глеро, Ғуломҳусейни Каримии Дӯстон, Филип Керойенбрук ва Катоюни Маздопур ҳастанд.

Ҳамвандони баргузоркунандаи ин гирдиҳамоӣ ҳам Киёнуши Каёнии Ҳафтланг, Алии Шаҳидӣ, Ҳасани Мӯсавии Буҷнурдӣ, Иноятуллоҳи Маҷидӣ ва Нозанини Халилипур ҳастанд.

Ҷусторҳо бояд чунин бошанд:

Забони бунёдини ҳамоиш порсӣ аст, аммо ҷусторҳо ба забони инглисӣ низ пазируфта хоҳад шуд.

Ҳамаи ҷусторҳои пазируфташуда бояд дорои ин бахшҳо бошанд:

– Чакидаи ҷустор байни 300 то 400 вожа ба ҳамроҳи вожагони калидӣ.

– Пешгуфтор, омоҷ, равиши пижӯҳиш, нивиштаи бунёдин, фарҷом ва китобшиносӣ.

– Чакида ва ҷустори бунёдин бояд дар word бошад.

– Ҷустор барои нахустин бор барои гирдиҳамоӣ дода шавад.

– Ҷустор пижӯҳишӣ нивишта шавад.

– Ҷусторҳо то 30 шаҳривармоҳи 1393 (20 сентябри 2014) метавонанд фиристода шаванд.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*