Раҳнаварди Зарёб: Мекӯшем вожаҳои бегонаро аз дарӣ берун кунем

رهنورد زریابМуҳаммадаъзами Раҳнаварди Зарёб, достоннивис, пижӯҳишгар ва рӯзноманигор, дар соли 1323-и хуршедӣ дар шаҳри Кобул дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш зодаи Ғазна ва модараш аз мардумони шимоли Афғонистон буд. Хонаводаи ӯ ҳама дилбастаи фарҳанг ва ҳунар буданд, бавижа бародараш. Зарёб донишомӯхтаи рӯзноманигорӣ аст ва ин риштаро то коршиносии аршад дар Донишгоҳи Вейлзи Ҷанубии Бритониё дунбол кардааст.

Зарёб дар солҳои поёнии даҳаи 60-и хуршедӣ ба фарнишинӣ (риёсат)-и Анҷумани нивисандагони Афғонистон баргузида шуд ва кӯшишҳои шоёни нигарише низ анҷом дод. Аз соли 1373-и хуршедӣ Кобулро бедруд гуфт ва ба Мунпулйеи Фаронсе рафт, аммо пас аз сомонгирии давлати муваққат аз сӯйи вазорати фарҳанг ба кор даъват ва ба симати дастёри вазири фарҳанг баргузида шуд.

Ӯ бо Спужмай Рауфӣ, нивисандаи номии Афғонистон, издивоҷ кардааст.

Аз нивиштаҳои ӯст: “Овозе аз миёни қарнҳо”, “Дӯсте аз шаҳри дур”, “Марди кӯҳистон”, “Нақшҳо ва пиндорҳо” (достон), “Гулнор ва ойина” (румон), “Ҳошияҳо”, “Гунги хобдида”, “Поёни кори се рӯйинтан” (пижӯҳиши ҳунарӣ), “Шамъи шабистон” (маҷмӯъаи хотирот) ва “Ахтари масхара” (филмнома).

Ончи дар дунбола дар Порсӣ Анҷуман мехонед, гапи Меҳрии Шоҳҳусайнӣ бо Муҳаммадаъзами Раҳнаварди Зарёб аст, ки чанд сол пеш анҷом гирифтааст:

***

Шумо ба унвони як шахсияти фарҳангии Афғонистон, ки ҳам дорои симатҳои фарҳангӣ будаед ва ҳам ба гунае ҷиддӣ кори нивисандагиро дунбол кардаед, бетардид таъсири адабиёти Эрон бар Афғонистонро тайи даҳаҳои гузашта барӯшанӣ дидаед. Аз назари Шумо, чи роҳҳое барои табодули фарҳангии ҳарчи бештар миёни Эрон ва Афғонистон вуҷуд дорад?

Шумо огоҳӣ доред, ки дар ҳудуди чанде пеш руасои ҷумҳурии Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нишасте доштанд. Дар ин нишаст пазируфта шуд, ки барои муҳкам сохтани равобити фарҳангӣ дар ҳар моҳ мебоист ин се кишвар намояндаҳояшон ё дар Кобул ё дар Душанбе ё дар Теҳрон бо ҳам дидоре дошта бошанд. Мутаассифона, ин тасмим амалӣ нашуд ва ман интизор дорам бо амалӣ шудани ин тасмим гомҳои муассире дар ҷиҳати кори муштарак, бавижа дар заминаҳои фарҳангӣ, барои ин се кишвар ба вуҷуд биёяд.

Хушбахтона, мо бо забони форсӣ мушкил надорем, чи аз раҳгузари расмулхат ва чи аз назари хондан, аммо тоҷикҳо бо хатти форсӣ мушкил доранд, зеро расмулхатти онҳо сириллик аст. Албатта, дар оғози даҳаи 90-и мелодӣ ҷунбише дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки талош доштанд расмулхатро тағйир диҳанд, аммо бо гузашти замон ин ҷунбиш заъифтар ва камрангтар шуд. Дар ҳоли ҳозир намедонам чунин тасмиме вуҷуд дорад ё на. Манзурам тағйири хатти онҳо ба хатти ниёконашон аст, вале ба ҳар сурат, ин се кишвар бояд пайвандҳои бештари фарҳангӣ дошта бошанд. Ба ақидаи ман, тоҷикҳо бояд хатро тағйир диҳанд ва ба хатте руҷӯъ кунанд, ки аз ҳазор сол пеш бо он менивиштанд.

Дар бораи хатти Тоҷикистон созмони ғайридавлатии форсизабонон, “Пайванд”, кӯшишҳои дархӯреро анҷом медиҳад, аммо пурсиши дигар ин ки дар 16 шаҳривармоҳи соли 1385 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, шашумин анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон доир шуд, ки ҳамзамон буд бо таҷлил аз понздаҳумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва Соли тамаддуни ориёӣ, ки бино ба даъвати давлати Тоҷикистон дар онҷо ҳузур доштам. Дар нишасте, ки аъзои анҷумани ғайридавлатии “Пайванд” дар он ширкат доштанд, шоъири номии Афғонистон Латифи Пидром бо таассуф мегуфт, ки дар Афғонистон кӯшиш доранд забони паштуро ҷойгузини забони форсии дарӣ куанд. Назари Шумо дар ин робита чист?

Ман комилан бо ин сухан мухолифам. На, имкон надорад, ки пашту ҷонишини забони форсӣ ё забони дарӣ шавад. Баръакс ин талошҳо дар гузашта вуҷуд дошта ва мехостанд пашту дар канори забони дарӣ забони саросарӣ шавад. Дар Қонуни асосии Афғонистон, ки дар даҳаи 40-и хуршедӣ тасвиб шуд, забонҳои дарӣ ва пашту ҳарду забони расмӣ шинохта шудаанд ва дар Қонуни асосӣ, ки мо дорем, на танҳо забонҳои дарӣ ва пашту забони расмӣ ҳастанд, бал ҳамаи забонҳои Афғонистон забонҳои расмӣ ҳастанд, ба ин маъно, ки дар ҳар ҷо забоне, ки аксарият бо он суҳбат мекунанд, дар он минтақа ҳамон забон забони расмӣ аст. Масалан, забони нуристонӣ дар Нуристон ё забони пашаӣ дар манотиқи пашаӣ расмӣ аст.

Ман бо гуфтаи оқои Латифи Пидром мувофиқ нестам, ки мегӯяд явош-явош мехоҳанд забони паштуро ҷонишини забони дарӣ кунанд.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан забони дарӣ забони расмии Афғонистон аст ва мардум бо дарӣ менивисанд, шеър мегӯянд ё достон менивисанд ва ҳатто кӯшиш дорем ин забонро шустатар ва руфтатар бисозем ва вожаҳои бегона, ҳатто вожаҳои забонҳои дигари Афғонистон, ки дар он ворид шуда, берун кунем ва вожаҳои ноби дариро ҷонишини онҳо бисозем. Ба таври мисол, ҳамин ҳоло дар телевизиюни “Тулӯъ”, ки ман дар онҷо фаъъолият дорам, дигар намегӯем “стара”, мегӯем додгоҳи олӣ. Ба ҳар ҳол, ин талошҳо вуҷуд дорад.

Шумо чи қадар аз адабиёти пашту баҳра мебаред ва онҳо чигуна? Ин бидеҳ-бистонҳо чигуна аст?

Ман фикр мекунам, ки ҳамеша вазъият чунон буда, ки паштунҳо аз адабиёти дарӣ истифода карданд. Ба таври мисол, ҳамин акнун дар манотиқи паштуннишин вақте кӯдаке мехоҳад босавод шавад, “Гулистон”-и Саъдӣ мехонад, Мавлоно ва Ҳофиз мехонад. Як муаррихи бузурги Афғонистон, ки дар Эрон низ чеҳраи шинохташудае аст, ба номи устод Абдулҳаййи Ҳабибӣ, мегуфт, мо забони дариро аз Байҳақӣ ва Ҳофиз ва Саъдӣ омӯхтаем, яъне ҳамин ҳоло ҳам осори таълимии забони форсӣ барои кӯдакон дар масоҷиди паштуннишин вуҷуд дорад.

Оё Шумо нивиштаҳои забони паштуро мехонед ва оё ба ин забон чира ҳастед?

Суҳбати паштунҳоро комилан мефаҳмам, вале пашту хонда наметавонам. Дар зимн, мо дар гап задан кунд ҳастем. Манзурам насли ман ва фарҳангиёни Афғонистон аст. Ғолибан дар суҳбат мушкил дорем, ба хотири ин ки забони пашту барои музаккар ва муаннас фарқ мекунад. Замирҳо барои муаннас ва музаккар яксон нест, мисли фаронса ва арабӣ, аммо дар форсӣ чунин нест. Аз ин раҳгузар мо мушкил дорем, чун одат кардаем замиреро, ки барои зан мегӯем, барои мард низ бигӯем. Феълҳо ҳам дар пашту барои зану мард фарқ мекунад. Омӯхтани забони пашту барои форсизабонон андаке сахт аст, вале паштунҳо (ба хотири содагии форсӣ) ин мушкилро надоранд. Онҳо хеле зуд меомӯзанд.

Бо ин ҳама, дар ҳоли ҳозир забони форсии дарӣ забони аксарияти мардуми Афғонистон аст ва ба воситаи ҳамин забон мо тавонистаем бо Эрон табодулҳои фарҳангии худро ҳифз кунем.

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*