Яъқуби Ясно: Бояд иттиҳодияи кишварҳои порсизабонро барпо дошт

 Гузидаи гуфтаҳои Ясно:

  • Тибқи воқеъият ва шароити мавҷуди мо кишварҳои форсизабон меросдори забон ва фарҳанге астем, ки чандсад сол пеш забон ва фарҳанги ягонаи мо будааст, зеро ҳама эронӣ будаем, аммо акнун забони форсӣ ва ҳувийяти эронӣ мероси муштараки мост.
  • Мо, ки берун аз ҷуғрофиёи сиёсии Эрони имрӯз дар бора кӯчак шудани забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ ҳушдор медиҳем, воқеъиятеро баён мекунем, ки рух дода ва иттифоқ уфтодааст. Чанд қарн аст забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ ривоҷи худро ҳатто дар ҷуғрофиёи бумии худ аз даст додааст. Инро мо дар берун аз ҷуғрофиёи сиёсии Эрони имрӯз дидаем, ки чи гуна забон ва фарҳанги мо ҳазф шуда ва ҳазф мешавад.
  • Забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ як куллият аст. Ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар ҳар куҷое, ки рух диҳад, дар воқеъ осеб ба куллияти забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ хӯрдааст.
  • Диди мо ба Эрони имрӯз, охирин сангари забонӣ ва фарҳангии мост ва мехоҳем сокинони ин сангар ин хатарро дарк кунанд. Забони форсӣ ва фарҳанги Эрон дар канори Эрони имрӯз ва ба таъбири мо бехи гӯши Эрон, яъне Афғонистон, дучор чунин сарнивиште шудааст, аммо дар Эрон касе эҳсоси нигаронӣ намекунад. Афғонистон охирин ҷуғрофиёи берун аз Эрони имрӯз аст, ки забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ аз онҷо зудуда ва ҳазф мешавад. Ман мутмаъин астам пас аз ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Афғонистон, баҳси ҳазфи забони форсӣ ба дохили Эрони имрӯз кашонда мешавад.
  • Эрониён дар ин солҳо дучори ин дилхушӣ будаанд, ки муғулон ва… омаданд, аммо забони форсиро натавонистанд нобуд кунанд ва онҳо форсизабон шуданд. Бино бар ин нигарони забони форсӣ набояд буд. Ин дилхушӣ дар ҳолест, ки дар дусад соли ахир забони форсӣ ривоҷи худро аз Ҳинд то Осиёи Миёна аз даст дода ва қарор аст дар Афғонистон низ аз даст бидиҳад, аммо форсизабонҳо [ба] рӯйи худ намеоваранд ва бо дилхушиҳои мутафовите воқеъияти ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эрониро инкор мекунанд. Ин байти Ҳофиз дар Ҳинд то дусад соли пеш мисдоқи забонӣ ва фарҳангӣ дошт, аммо акнун шӯхӣ ба назар мерасад: «Шикаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд/ З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад».
  • Ба назари ман шаҳрвандон ва шахсиятҳои фарҳангии Эрони имрӯз боястӣ нигарони забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар берун аз Эрони имрӯз бошанд ва дар бора ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ воқеъгароёна бияндешанд то ба роҳкорҳое даст ёбем, ки бар асоси онҳо битавонем аз забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ посбонӣ ва ҳимоят кунем.

***

 Муҳаммади Мутлақ: Дуктур Яъқуби Ясно нивисанда, рӯзноманигор ва равшанфикри афғонистонӣ солҳост, ки дар заминаи «калонҳувийяти эронӣ» ва «Эрони фарҳангӣ» сухан мегӯяд, менивисад ва барнома месозад. Ӯ то пеш аз рӯйи кор омадани Толибон дар Афғонистон устоди забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Берунӣ ва узви Иттиҳодияи нивисандагони Кобул буд. Ясно мутаваллиди 1357-и шаҳристони Дӯши вилояти Бағлони Афғонистон аст ва мудирмасъули ҳафтаномаи «Пагоҳ», сардабири маҷаллаи «Адолат» дар Вазорати адлияи Афғонистон, масъулияти кумитаи таҳқиқи Донишгоҳи Хуршед, мудирияти интишороти «Мақсудӣ» ва таълифоти бисёре дар заминаи адабиёт ва фалсафа низ дар корномаи кории худ дорад. Яъқуби Ясно аз соли 1397 барои гирифтани мадраки дуктурои забон ва адабиёти форсӣ ба Донишгоҳи Язд омад ва ҳамакнун низ сокини Эрон аст.

 Ба назари Шумо дар мавриди адабиёти гузаштаи Эрон бояд аз чи истилоҳе истифода кунем: мероси муштарак ё адабиёти Эрон? Ба унвони мисол Мавлавӣ, ки мутаваллиди Балх аст ва Балх ҷузъе аз Эрон буда, ҳоло «Маснавӣ»-и Мавлавӣ мероси муштараки мо ва Афғонистон аст ё сирфан адабиётест эронӣ?

 Масъалаи муҳиммеро матраҳ кардед ва бояд бо диққат дар ин замина гуфтугӯ кард. Зеро ин маворид маъмулан мӯҷиби суъитафоҳум байни кишварҳои форсизабон мешавад, дар ҳоле ки бояд мӯҷиби ҳамгироӣ ва ҳамсӯии бештари фарҳангии мо шавад. Ба назарам бояд байни ҳувийяти фарҳанги эронӣ ва ҳувийяти сиёсии эронӣ тафкик қоил шуд. Мисол медиҳам касоне, ки дар ҷаҳони имрӯз араб астанд, ҳатман аз Арабистони Саъудӣ нестанд, аз назари сиёсӣ мумкин аст мисрӣ, яманӣ, ироқӣ, сурӣ, қатарӣ, аморотӣ ва… бошанд, аммо ҳувийяти фарҳангишон араб аст. Эронӣ ба унвони як калонҳувийят бояд монанди ҳувийяти араб дар минтақа бошад.

 Агар ҳувийяти эрониро ба унвони як калонҳувийят тафҳим кунем ба назари ман муъзали ин ки Мавлоно, Саноӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ҷомӣ ва… эронӣ астанд ё на, рафъ мешавад. Ҳувийяти эронӣ боястӣ аз ҳувийяти шаҳрванди ҷуғрофиёи сиёсии Эрони имрӯз тафкик шавад то қобили дарк шавад. Агар калонҳувийяти эронӣ тафкик нашавад ва ин ҳувийят тақлил дода шавад ба марзҳои сиёсии Эрон, дигар наметавон Рӯдакӣ, Робиъа, Саноӣ, Мавлоно, Абурайҳон ва …ро эронӣ донист.

 Ҳақиқат ин аст, ки мо мероси фарҳангии муштарак надоштаем, балки мероси фарҳангии воҳид ва ягона доштаем. Зеро дар қарни даҳуми ҳиҷрии шамсии Афғонистон, кишварҳои Осиёи Миёна, Яман, Ироқ, Ҷумҳурии Боку, бахшҳое аз Покистон, Эрон, яъне марзҳои сиёсии Эрони имрӯз, ва … ҳама Эрон будаанд. Аммо Эрон пас аз қарни даҳум ба кишварҳои мутафовите тақсим шудааст. Бино бар ин бихоҳем ё нахоҳем, дар ҳар сурат ногузирем воқеъияти сиёсии мавҷудро бипазирем, ки Эрони кунунӣ яке аз ҷуғрофиёҳои сиёсӣ дар ҳавзаи Эрони пеш аз қарни даҳум аст. Танҳо имтиёзе, ки Эрон нисбат ба дигар ҷуғрофиёҳои сиёсӣ дар ҳавзаи Эрони бузург ё ҳамон Эрони пеш аз қарни даҳум дорад, ин аст, ки номи Эрон дар ин ҷуғрофиёи сиёсӣ ҳифз шудааст.

 Пас ба эътиқоди Шумо масъулияти ҳамаи ин кишварҳо барои ҳифзи мероси ягонаи калонҳувийяти эронӣ ба як андоза аст?

 Бале. Мо бояд ба дур аз гузаштагароӣ ва ормонгароӣ дар бораи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ воқеъгароёна амал кунем. Воқеъгароӣ ҳукм мекунад тибқи шароити мавҷуд дар пайи ҳимоят ва тақвияти забони форсӣ ва ҳувийяти эронӣ бошем. Тибқи воқеъият ва шароити мавҷуд мо кишварҳои форсизабон меросдори забон ва фарҳанге истем, ки чандсад сол пеш забон ва фарҳанги воҳиду ягонаи мо будааст, зеро ҳама эронӣ будаем, аммо акнун забони форсӣ ва ҳувийяти эронӣ мероси муштараки мо аст.

 Ҳувийят ва мероси фарҳангии эронии муштараки мо шомили ин маворид аст: забони форсӣ, ҷашнҳои эронӣ мисли Сада, Наврӯз, Меҳргон, Чила, Чаҳоршанбесурӣ ва … машоҳири эронӣ мисли Зартушт, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Робиъа, Абурайҳони Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Розӣ, Камоли Хуҷандӣ, Саноӣ, Дақиқӣ… ва осори адабии эронӣ мисли Авесто, Бундаҳишн, Ардавирофнома, Шоҳнома, Маснавӣ, рубоиҳои Хайём, девони Ҳофиз ва … инҳо мероси фарҳангии муштараки ҳама мо астанд ва ҳама мусовӣ ҳаққ дорем, ки ин мероси фарҳангии муштаракро аз худ бидонем, аммо бо таъкид бар ҳувийяти эронӣ. Зеро ин мероси муштарак дар қадами нахуст дорои ҳувийяти эронист ва дар қадами дувум аз назари таъаллуқи ҷуғрофиёӣ мутаъаллиқ ба яке аз кишварҳоест, ки дар ҳавзаи ҳувийяти эронӣ қарор дорад. Масалан, Ҳофиз аз назари зодгоҳ мутааллиқ ба Эрони кунунӣ, Мавлоно мутаъаллиқ ба Афғонистон ва Рӯдакӣ мутааллиқ ба Тоҷикистони имрӯз аст.

 Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти минтақа оё роҳкори сиёсӣ барои ҳифзи эронӣ будан ва калонҳувийяти эронӣ ҳам вуҷуд дорад?

 Бино ба воқеъияти сиёсии мавҷуд, мисли Иттиҳодияи Аврупо, Иттиҳодияи Араб ва ҳамчунон ки қарор аст Иттиҳодияи кишварҳои турк низ ташкил шавад, мо бояд Иттиҳодияи кишварҳои эрониро ташкил медодем то тибқи ин иттиҳодия, ҳувийяти эронӣ таъриф ва тафҳим мешуд ва мушаххас мешуд, ки ҳувийяти эронӣ фаротар аз ҷуғрофиёҳои сиёсист ва Эрони имрӯз шомили ҳувийяти эронӣ мешавад, аммо ҳувийяти эронӣ мушаххасан қобили тақлил ба ҷуғрофиёи сиёсии Эрон нест.

 Ман ба унвони касе, ки худро мутааллиқ ба ҳувийяти эронӣ медонам, мероси муштараки фарҳангӣ: забони форсӣ, машоҳир ва осори адабӣ ва …ро бино ба калонҳувийяти эронӣ –, ки манзурамро аз калонҳувийяти эронӣ тавзеҳ додам- эронӣ медонам ва ҳифзи ин ҳувийяти эронӣ барои ман муҳим аст. Чандин сол аст дар ин бора нивиштаам ва дар ин бора суҳбат кардаам. То ҷое ки бисёре дар Афғонистон дучор суъитафоҳум шудаанд, ки Яъқуби Ясно лобуд ҷосуси ҳукумати Эрон аст, аммо воқеъият ин аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои мероси муштараки фарҳанги эронӣ ва ҳувийяти эронӣ, ки мавриди назари ман аст, на танҳо ҷосус истихдом намекунад, балки бадбахтона бояд бигӯям дар Эрони имрӯз ва соири кишварҳое, ки худро меросдори фарҳанги форсӣ ва эронӣ медонанд, ончи мавриди ҳимоят қарор намегирад, ҳамин мероси фарҳангӣ ва ҳувийяти эронист.

 Ман забони форсӣ ва фарҳанги эрониро куллияте фаротар аз марзҳои сиёсӣ медонам. Ба марзҳои сиёсӣ эҳтиром мегузорам, аммо воқеъияти ҷуғрофиёҳои сиёсии мавҷуд дар ҷуғрофиёи Эрони пешин бароям қобили дарк аст. Забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ ба унвони як куллият, қобили тафкик ва тақсим ба дарун ва беруни Эрони имрӯз нест.

 Ағлаби касоне, ки дидгоҳи шуморо доранд ва хориҷ аз марзҳои сиёсии имрӯзи Эрон ба ин мавзӯъ фикр мекунанд, дағдағаи бештаре нисбат ба равшанфикрон ва масъулони мо доранд. Чиро масъалаи Эрони фарҳангӣ ва калонҳувийяти эронӣ то ин андоза барои шумо муҳим аст?

Мо, ки берун аз ҷуғрофиёи сиёсии Эрони имрӯз дар бора кӯчак шудани забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ ҳушдор медиҳем, воқеъиятеро баён мекунем, ки рух дода ва иттифоқ уфтодааст. Чанд қарн аст забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ ривоҷи худро ҳатто дар ҷуғрофиёи бумии худ аз даст додааст. Инро мо дар берун аз ҷуғрофиёи сиёсии Эрони имрӯз дидаем, ки чи гуна забон ва фарҳанги мо ҳазф шуда ва ҳазф мешавад.

 Осиёи Миёна ҷуғрофиёи бумии забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ буд. Самарқанд ва Бухоро пойтахти Эрон дар давраи Сомониён буд ва адабиёти форсӣ баъд аз ислом аз онҷо густариш ёфт. Аммо воқеъият ин аст, касе имрӯз наметавонад қабул кунад, ки Самарқанд ва Бухоро маркази забони форсӣ будааст. Вақте мегӯем Рӯдакӣ шоири эронист, ба ин меандешем, ки Рӯдакӣ дар куҷои Эрони бузург зиндагӣ мекард ва феълан вазъияти забони форсӣ дар маҳалли зиндагии ин шоири эронӣ, чи гуна аст? Хатт ва нивиштори забони форсии ҳафтод соли пеш дар Тоҷикистони зодгоҳи Рӯдакӣ ба русӣ тағйир ёфт ва забони форсӣ дар Самарқанду Бухоро ба нафъи забони ӯзбакӣ ҷо холӣ кард. Дигар аз Самарқанду Бухоро «Бӯи ҷӯйи Мӯлиён ва ёди ёри меҳрубон» намеояд. Акнун, ки бо Шумо ин мусоҳибаро анҷом медиҳам, забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар кишвари ман ҳазф мешавад, ки Шумо шоҳиди он астед ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мумкин аст ба ин далел сукут карда, ки Афғонистон, яъне Хуросони дирӯзи Эрон, дигар як кишвари хориҷист ва масоили забонӣ ва фарҳангии он ба мо рабте надорад. Бо омадани Толибон унвонҳо ва номҳои форсӣ аз вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ ҳазф шуданд. Нивиштани дархост ба забони форсӣ дар идороти давлатӣ аз ривоҷ уфтод. Эъломияҳои Иморати Толибон ба забони пашту ва инглисӣ нивишта мешаванд. Вожаҳои асили забони форсӣ монанди “донишгоҳ” аз номи донишгоҳҳо бо ин барчасб ҳазф шуданд, ки ин вожаҳо эронӣ астанд. Расмияти ҷашни Наврӯз мамнуъ ва аз тақвим ҳазф шуд. Тақвими шамсӣ ба қамарӣ тағйир ёфт. Инҳо воқеъиятҳое астанд, ки ба тозагӣ рух додааст.

 Ба иборати дигар ҳамчунон ки Шумо ба унвони як афғонистонӣ нигарони забони форсӣ дар дохили ҷуғрофиёи имрӯзи Эрон ҳастед, мо ҳам бояд нигарони забони форсӣ дар Афғонистон бошем, чун ҳар ду як калонҳувийят дорем. Дуруст аст?

 Забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ, асл ва фаръ надорад, ки асли он дар Эрони имрӯз ва фаръи он берун аз Эрони имрӯз бошад. Забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ як куллият аст. Ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар ҳар куҷое, ки рух диҳад, дар воқеъ осеб ба куллияти забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ хурдааст.

Диди мо ба Эрони имрӯз, охирин сангари забонӣ ва фарҳангии мост ва мехоҳем сокинони ин сангар ин хатарро дарк кунанд. Забони форсӣ ва фарҳанги Эрон дар канори Эрони имрӯз ва ба таъбири мо бехи гӯши Эрон, яъне Афғонистон, дучор чунин сарнивиште шудааст, аммо дар Эрон касе эҳсоси нигаронӣ намекунад. Афғонистон охирин ҷуғрофиёи берун аз Эрони имрӯз аст, ки забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ аз онҷо зудуда ва ҳазф мешавад. Ман мутмаъин астам пас аз ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Афғонистон, баҳси ҳазфи забони форсӣ ба дохили Эрони имрӯз кашонда мешавад.

 Эрониён дар ин солҳо дучори ин дилхушӣ будаанд, ки муғулон ва… омаданд, аммо забони форсиро натавонистанд нобуд кунанд ва онҳо форсизабон шуданд. Бино бар ин нигарони забони форсӣ набояд буд. Ин дилхушӣ дар ҳолест, ки дар дусад соли ахир забони форсӣ ривоҷи худро аз Ҳинд то Осиёи Миёна аз даст дода ва қарор аст дар Афғонистон низ аз даст бидиҳад, аммо форсизабонҳо [ба] рӯйи худ намеоваранд ва бо дилхушиҳои мутафовите воқеъияти ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эрониро инкор мекунанд. Ин байти Ҳофиз дар Ҳинд то дусад соли пеш мисдоқи забонӣ ва фарҳангӣ дошт, аммо акнун шӯхӣ ба назар мерасад: «Шикаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд/ З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад».

 Ба назари ман шаҳрвандон ва шахсиятҳои фарҳангии Эрони имрӯз боястӣ нигарони забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар берун аз Эрони имрӯз бошанд ва дар бора ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ воқеъгароёна бияндешанд то ба роҳкорҳое даст ёбем, ки бар асоси онҳо битавонем аз забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ посбонӣ ва ҳимоят кунем.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*