Яъқуби Ясно: Бояд иттиҳодияи кишварҳои порсизабонро барпо дошт
Яъқуби Ясно: Диди мо ба Эрони имрӯз, охирин сангари забонӣ ва фарҳангии мост ва мехоҳем сокинони ин сангар ин хатарро дарк кунанд. Забони форсӣ ва фарҳанги Эрон дар канори Эрони имрӯз ва ба таъбири мо бехи гӯши Эрон, яъне Афғонистон, дучор чунин сарнивиште шудааст, аммо дар Эрон касе эҳсоси нигаронӣ намекунад. Афғонистон охирин ҷуғрофиёи берун аз Эрони имрӯз аст, ки забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ аз онҷо зудуда ва ҳазф мешавад. Ман мутмаъин астам пас аз ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Афғонистон, баҳси ҳазфи забони форсӣ ба дохили Эрони имрӯз кашонда мешавад.