Порсӣ Анҷуман: Дар ин пижӯҳиш Маҳдии Саҷҷодӣ, донишомӯхтаи дуктурии забоншиносии Донишгоҳи Теҳрон, пайванди забоншинохтии миёни гӯронӣ/ ҳуромӣ ва курдиро баррасӣ кардааст.
Саҷҷодӣ, ки худ забонвари бумии гӯронӣ/ ҳуромист ва забонҳои курдиро низ нек донад, ба думболаи дидгоҳҳои донишмандони забоншинос дар ин замина ва бар пояи гувоҳҳои забоншинохтӣ, адабӣ ва дониши забонии худ нишон дода, ки гӯронӣ/ ҳуромӣ гунае курдӣ нест, ки забоне ҷудосон, аз они шохаи дӯшастарӣ-абохтарӣ(ғарбӣ-шимолӣ)-и забонҳои эронист, ки худ чандин гӯиш дорад. Ончи мояи он шуда, ки гӯронӣ/ ҳуромӣ забоне курдӣ дар шумор ояд, эвоз (сирфан) зисти забонварони он дар миёни курдзбонон ва наздикиҳои забонии миёни онҳо, ба вижа вожагонӣ ва сохтвожӣ аз баҳри дароиш (таъсир)-и гӯронӣ/ ҳуромӣ бар забонҳои курдист. Ҳамчунин, гӯронӣ/ ҳуромӣ ва курдӣ дорои дигарсониҳои бунёдин дар зинаҳои гуногуни забонианд то он ҷой, ки миёни гӯишварони онҳо дарёфти суханони якдигар нашуданист.
Гӯронӣ/ ҳуромӣ дар санҷиш бо забонҳои курдӣ аз забонҳои куҳан ва ноби эронист, ки ба беҳтарин диса нигаҳ дошта шудааст ва пешинаи адабии куҳантаре дорад, то он ҷой, ки адабии курдӣ дар санҷиш бо адабии гӯронӣ ба навзоди навпо монад, ҳарчанд, ки адаби гӯронӣ низ дар санҷиш бо адаби порсӣ ба навзод дар зеҳдон.
Юнеско гӯрониро яке аз забонҳои эронии дар остонаи фаромӯшӣ шиносондааст, чиро ки коҳиши рӯзафзуни гӯронизабонон, коҳиши густараи зистии гӯишварони он ва ҷо задани ин забон чунон гӯише аз забонҳои курдӣ ва кӯшиши густурда дар ҳамгунсозии гӯронҳо/ ҳуромҳо бо курдҳо ин забонро то остонаи нобудӣ кашондааст.
Гуфтанист, ки Саҷҷодӣ ин ҷусторро дар посух ба курдгароёне нивиштааст, ки дониши забоншиносиро олуда ба хушкандешиҳои «қавмгароёна»-шон кардаанд ва шӯрбахтона дар донишгоҳҳои Эрон ба ҷойгоҳи устодӣ низ расидаанд!
«Гӯронӣ, ҳавромӣ ва курдӣ»-ро аз «ин ҷой» боргиред.
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист