Насрин Табрезӣ
Масъуди Миршоҳӣ бунёдгузори Анҷумани Рӯдакӣ дар Порис аст. Ин анҷуман дар соли 1993 бо ҳадафи пажӯҳиш дар густараи фарҳанги эронӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна, Эрон ва Қафқоз бунёдгузорӣ шуд. Аз ҷумлаи фаъъолиятҳои Миршоҳӣ метавон ба интишори китобҳои адабиву фарҳангӣ ишора кард. “Шеърҳои занони афғон” ё “Адабу фарҳанги Тоҷикистон” намунае аз китобҳоест, ки Миршоҳӣ дар нашр ва тавзеъи он нақш доштааст. Ӯ ҳамчунин масъулиятҳои анҷуманҳои дигареро монанди “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” бар уҳда дорад ва чандин сол масъули “Анҷумани фарҳанги Эрон” будааст.
Миршоҳӣ муътақид аст, ки марзҳои ҷуғрофиёиву аҳаммияти масоили сиёсӣ боъис шуда, ки мардуми форсизабони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо таваҷҷуҳ ба доштани забону адабиёти муштарак аз якдигар дур шаванд. Миршоҳӣ муътақид аст, ки мардуми Тоҷикистон ё бахше аз Узбакистон – Самарқанду Бухоро – ҳамагӣ худро аз табори эронӣ медонанд: “Ба Бухоро рафта будам, то оромгоҳи Амир Исмоъили Сомониро аз наздик бибинам. Хонуме сисола машғули тазйини суфрае барои фурӯши зардолӯ буд. Бо дӯсте фаронсавӣ аз канори ӯ мегузаштем. Баъд аз каме гапу гуфт, аз лаҳни суҳбати ман мутаваҷҷеҳ шуд, ки эронӣ ҳастам. Пули зардолуҳоро нагирифт ва гуфт, ки агар бештар исрор кунем, тамоми сармояамро дар оби рӯд мерезам. Ӯ идома дод, ки ин ҷо пур аз эронитабор аст, чиро ки ҳамаи мо эронӣ ҳастем.”
Дар гуфтугӯ бо Масъуди Миршоҳӣ ба иштирокоти адабиву фарҳангии кишварҳои форсизабон пардохтаем:
Шумо ки дар ҳавзаи кишварҳои форсизабон фаъъолият доред, наздикии фарҳанг ва адабиёти ин кишварҳоро чи тур арзёбӣ мекунед?
Бояд диққат шавад, ки мо се муҳити фарҳангӣ дорем: Осиёи Миёна, Эрон ва Қафқоз. Эрониён аз назари фарҳангӣ бо Қафқоз ва Осиёи Миёна муштараканд. Аммо ин иштирок аз назари адабиву забонӣ бо Осиёи Миёна барқарор аст. Барои намунае аз иштирокоти фарҳангӣ метавон маросими ҷашни Наврӯзро мисол зад, ки назди мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон, курдони Туркия, Сурияву Ироқ ҳамон андоза аҳаммият дорад, ки дар Тоҷикистон, Узбакистон, Афғонистон ва Эрон муҳим шумурда мешавад.
Эрон бештарин иртиботи забониро бо Осиёи Миёна дорад. Забони муштарак зебоии инро дорад, ки ҳамфаҳмии муштарак миёни мо эҷод кунад. Мо метавонем бо ҳамфаҳмии бештар ояндаи беҳтаре дошта бошем.
Ба Бухоро рафта будам, то оромгоҳи Амир Исмоъили Сомониро аз наздик бибинам. Хонуме сисола машғули тазйини суфрае барои фурӯши зардолӯ буд. Бо дӯсте фаронсавӣ аз канори ӯ мегузаштем. Баъд аз каме гапу гуфт, аз лаҳни суҳбати ман мутаваҷҷеҳ шуд, ки эронӣ ҳастам. Пули зардолуҳоро нагирифт ва гуфт, ки агар бештар исрор кунем, тамоми сармояамро дар оби рӯд мерезам. Ӯ идома дод, ки ин ҷо пур аз эронитабор аст, чиро ки ҳамаи мо эронӣ ҳастем.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки марзҳои кишварҳо тағйир карда, ба назари Шумо тағйири маҳдудаи ҷуғрофиёӣ байни кишварҳои форсизабон чи таъсире доштааст?
Мардуми кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва бахше аз Узбакистон худро ба далели забону адабиёти муштарак эронӣ медонанд. Адабиёти муштарак ба машоҳири Эрони Бузург бозмегардад. Агар Тоҷикистонро ба таври мисол дар назар бигирем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Камоли Хуҷандӣ ё аз ҳама муҳимтар, Рӯдакӣ, Носири Хусрав ва Абӯъалии Сино фарзандони ин минтақаанд. Дар солҳои ахир низ беш аз 1200 адиби самарқандӣ доштаем.
Бо нигоҳе ба торихи адабиёти Эрон мутаваҷҷеҳ мешавем, ки бисёре аз адибону шуъаро зодаи кишварҳое ҳастанд, ки имрӯза дохили хоки Эрон қарор надоранд. Ба назари ман, метавон ба ҳамон андоза ки Ҳофизу Саъдиро дар Самарқанду Бухоро тоҷикӣ донист, Рӯдакӣ ва Носири Хусравро низ дар дохили Эрон эронӣ пиндошт. Дар забону адабиёт марзе вуҷуд надорад.
Аммо нисбат ба қабл ки кишварҳо аз ҳам ҷудо нашуда буданд, шикофии эҷодшуда ва ба ҳамин даел, бисёре аз мардум, ба машоҳир, адабиёту фарҳанги худ тафкик шуда ва носиюнолистӣ нигоҳ мекунанд.
Ман ин тур фикр намекунам. Мо дар Эрон хиёбони Носири Хусрав дорем, мадорисе ба ҳамин ном дорем. Агарчи эрониҳо ӯро эронӣ медонанд, аммо агар нигоҳ кунем, ки Носири Хусрав куҷо ба дунё омада, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ӯ дар Марв ба дунё омада, дар Афғонистон даргузашта ва дар кӯҳҳои Бадахшон дафн шудааст. Мо Носири Хусравро эронӣ медонем, аммо ӯ зодаи хориҷ аз марзҳои Эрон аст ва ҳамон сӯи марзҳо даргузашта. Рӯдакиро метавон мисоли дигаре донист. Ӯ зодаи Панҷакент, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, аст. Касеро, ки падари шеъри форсӣ қаламдод шудааст, эронӣ медонем. Аммо Рӯдакӣ канори рӯдхонаи Зарафшон ба дунё омада, аммо таъсираш дар адабиёти мо он гуна аст, ки мо ӯро эронӣ медонем. Оромгоҳи Рӯдакӣ низ дар ҳамон Панҷакент аст. Агар зиндагии машоҳир ва адибони дигарро низ баррасӣ кунем, ба натиҷаи мушобеҳе мерасем. Бояд пазируфт, ки ҳама аз як бистари муштарак буданд.
Бештари “Шоҳнома” дар Эрону Систону Зобул ва Кобул мегузарад, аммо мо “Шоҳнома”-ро сад дар сад эронӣ медонем ва намеписандем, ки афғонҳо бигӯянд, ки “Шоҳнома” ба онҳо таъаллуқ дорад, аммо агар Рӯдобаро дар назар бигирем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки шахсиятҳои бисёре аз шеърҳо аз кишварҳои форсизабони дигар ҳастанд, мисли Рӯдоба, ки ба Афғонистон наздик аст. Дар мусиқӣ ҳам ба ҳамин шакл. Форобиро аз худ медонем, аммо Фороб, ки зодгоҳи ӯст, шаҳре дар Афғонистон аст, аммо мо ӯро эронӣ медонем.
Бо нигоҳе ба торихи адабиёти Эрон мутаваҷҷеҳ мешавем, ки бисёре аз адибону шуъаро зодаи кишварҳое ҳастанд, ки имрӯз дохили хоки Эрон қарор надоранд.
Ба назари Шумо чи далеле боъиси ин шикофҳо шуда? Оё ҷудоии марзҳо танҳо далели он аст?
Эрон кишварест, ки ҳукумати он мекӯшад доштаҳои худро аз замони омадани ислом ба баъд баршумурад. Ин масъала дар се кишвари дигар ҳам вуҷуд дорад. Афғонистонро мисол бизанем. Ин кишвар низ робитаи худро бо ҳар он чи пеш аз 200 соли ахир дошта, қатъ кардааст. Мардуми Афғонистон нисбат ба торихи қадимии Эрон, ки бахше аз торихи худи онҳо ҳам ҳаст, бегонаанд, чаро ки таблиғоти мазҳабӣ беш аз андоза шадид аст. Аз замоне ки қавми паштун саъй карданд, ки давлати ҷудогона ташкил диҳанд, мушкили забон низ дар ин кишвар ҷиддитар шуд. Онҳо бар сари як калимаи “донишгоҳ” даргириҳои бисёре доштанд.
Тоҷикистон аммо кишварест, ки 4000 сол пеш то кунун, ҳарчи эрониён доранд, худро бо онҳо саҳим медонад ва худро ҷузъе аз Эрони Бостон муъаррифӣ мекунад. Мардум дар Тоҷикистон Курушро аз худ медонанд. Дар ҳар шаҳре аз Тоҷикистон хиёбони Саъдӣ ё Ҳофиз доранд. Аммо дар Афғонистон кӯшиш шуда, ки мардум худро аз гузаштаи таърихишон ҷудо бидонанд. Ин мушкилот танҳо забонӣ нест, балки фарҳангӣ ҳам ба ҳисоб меояд. Дар Афғонистон на хиёбоне ба номи Носири Хисрав доранд ва на ба номи дигар машоҳир.
Дар Самарқанду Бухоро, воқеъ дар Узбакистон, мардум форсиро бисёр зебо суҳбат мекунанд. Нақши ин ду шаҳр ва хусусан Бухоро дар зинда нигаҳ доштани забони форсӣ ва тарвиҷи он бисёр арзанда аст. Беш аз 2000 адиб дар торихи адабиёти форсӣ дорем, ки онҳо аз Осиёи Миёна омадаанд. Аммо ба таври мисол, нигоҳе ба зиндагии Хуҷандӣ тағйироти маконии ӯро ба мо нишон медиҳад. Ӯ аз Хуҷанд омадаву дар Табрез дафн шуда. Марзҳо, ки вуҷуд надошт, ҷобаҷоии мардум низ роҳат буд, ки метавонистанд дар ҳудуди забониву фарҳангии худ рафтуомад кунанд. Аммо пас аз эҷоди марзҳо ба андозае ки ҷанбаҳои сиёсии амр матраҳ шуда, ба ҷанбаҳои фарҳангиву адабӣ пардохта нашудааст.
Тоҷикистон кишварест, ки аз 4000 сол пеш то кунун ҳарчи эрониён доранд, худро бо онҳо саҳим медонад ва худро ҷузъе аз Эрони Бостон муъаррифӣ мекунанд. Мардум дар Тоҷикистон Курушро аз худ медонанд. Дар ҳар шаҳре аз Тоҷикистон хиёбони Ҳофиз ё Саъдӣ доранд, аммо дар Афғонистон кӯшиш шуда, ки мардум худро аз гузаштаи торихияшон ҷудо бидонанд. Ин мушкилот танҳо забонӣ нест, балки фарҳангӣ ҳам ба ҳисоб меояд.
Ҳол ки ин марзҳо кашида шуда, ва ҳамон тур ки худатон ишора кардед, зимни доштани адабиёту фарҳанги муштарак мардуми ин кишварҳо якдигарро дур аз ҳам таъриф мекунанд, роҳкор чист?
Бояд бештар ба ин иштирокот пардохт. Донишмандону пажӯҳишгарони ин манотиқ метавонанд бо роҳандозии ҳамоишҳо ба якдигар наздик шуда ва ин наздикиро ба дигарон низ таъмим диҳанд, то ҳамфаҳмӣ, ки бояд, падидор шавад. Чи онҳое ки дар Самарқанду Бухоро ҳастанд, чи касоне ки дар Хуҷанду Душанбе зиндагӣ мекунанд ва чи ононе ки дар Кобулу Мазори Шариф мезиянд, ва чи касоне ки дар Машҳаду Теҳрону Табрез сокинанд, тамоми ин мардум бистарҳои муштарак доранд. Дуруст аст, ки забони маҳаллӣ, мисли пашту, курдӣ, озарӣ дорем ва бархе аз забонҳо бо Авесто ҳамзамон аст, аммо аз назари густараи фарҳангии эронӣ дар забонҳо форсӣ бисёр ғанӣ аст. Забони форсӣ аз они форсҳо нест, балки ҳар адибу файласуф ва ҳунарманде, ки дар ин манотиқ буда, ба забони форсӣ навиштаҳои худро мунташир карда, забони форсӣ аз они ҳама аст. Бузургони ин ақвом агар мехостанд, ҳарферо ба сабт бирасонанд ва ба гӯши ҳамагон бирасонанд, аз забони форсӣ баҳра бурдаанд.
Дар Самарқанду Бухоро, воқеъ дар Узбакистон, мардум форсиро бисёр зебо суҳбат мекунанд. Нақши ин ду шаҳр ва хусусан Бухоро дар зинда нигаҳ доштани забони форсӣ ва тарвиҷи он бисёр арзанда аст. Беш аз 2000 адиб дар торихи адабиёти форсӣ дорем, ки онҳо аз Осиёи Миёна омадаанд. Аммо ба таври мисол, нигоҳе ба зиндагии Хуҷандӣ тағйироти маконии ӯро ба мо нишон медиҳад. Ӯ аз Хуҷанд омадаву дар Табрез дафн шуда. Марзҳо, ки вуҷуд надошт, ҷобаҷоии мардум низ роҳат буд, ки метавонистанд дар ҳудуди забониву фарҳангии худ рафтуомад кунанд. Аммо пас аз эҷоди марзҳо ба андозае ки ҷанбаҳои сиёсии амр матраҳ шуда, ба ҷанбаҳои фарҳангиву адабӣ пардохта нашудааст.
Шумо яке аз роҳкорҳоро эҷоди ҳамоишҳои муштараки байни адибон ва фарҳангиён медонед, аммо дар Эрон мо шоҳиди фишор бар ҳавзаи фарҳангу адабиёт ҳастем. Теъдоди зиёде аз нависандагон аз навиштан бозмондаанд. Афғонистон чандин даҳа даргири ҷанг аст. Шояд битавон вазъияти Тоҷикистонро беҳтар тавсиф кард. Дар чунин фазоҳое оё метавон ин роҳкореро, ки Шумо зикр кардед, таъмим дод ва ба ҳамон такя кард?
Дар Тоҷикистон мушкиле барои навиштан вуҷуд надорад. Озодӣ сад дар сад дар ҳавзаи адабиёт ва нашри китоб вуҷуд дорад. Дуруст аст ки баргузории ҳамоиш наметавонад кофӣ бошад, аммо акнун яке аз беҳтарин роҳҳо маҷаллоти интернетӣ аст. Телевизиюнҳои моҳвораӣ яке дигар аз бистарҳоест, ки метавон барои эҷоди наздикӣ миёни форсизабонон аз он истифода кард.
Аз худам мисол мезанам, ки ба Бухоро рафта будам. Аз хонаҳо садои таронаҳои эронӣ шунида мешуд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳунармандон нақши бисёр муҳимме дар тарвиҷи забон доранд. Дар ҷое мисли Узбакистон, ки мекӯшад забони форсиро камаҳаммият ҷилва диҳад, мардум бо моҳвораҳо таронаҳои эрониро гӯш медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳам ба ҳамин шакл аст. Дар як нокуҷообод мебинед, ки мардум бо таронаҳои эронӣ шодӣ мекунанд. Албатта, дуруст аст, ки мусиқӣ дар ин кишварҳо ҳам хуб пешрафт карда, аммо ҳамчунон мусиқии форсӣ дар гӯша ва канори шаҳрҳои ин кишварҳо ба гӯш мерасад.
Чи онҳое ки дар Самарқанду Бухоро ҳастанд, чи касоне ки дар Хуҷанду Душанбе зиндагӣ мекунанд ва чи ононе ки дар Кобулу Мазори Шариф мезиянд, ва чи касоне ки дар Машҳаду Теҳрону Табрез сокинанд, тамоми ин мардум бистарҳои муштарак доранд. Дуруст аст, ки забони маҳаллӣ, мисли пашту, курдӣ, озарӣ дорем ва бархе аз забонҳо бо Авесто ҳамзамон аст, аммо аз назари густараи фарҳангии эронӣ дар забонҳо форсӣ бисёр ғанӣ аст. Забони форсӣ аз они форсҳо нест, балки ҳар адибу файласуф ва ҳунарманде, ки дар ин манотиқ буда, ба забони форсӣ навиштаҳои худро мунташир карда, забони форсӣ аз они ҳама аст. Бузургони ин ақвом агар мехостанд, ҳарферо ба сабт бирасонанд ва ба гӯши ҳамагон бирасонанд, аз забони форсӣ баҳра бурдаанд.
Шумо, ки масъулияти ду анҷуманро бар уҳда доред, барои эҷоди ин наздикӣ бештар чи кардед?
Мо дар ҳавзаи адабиву фарҳангӣ бисёр кӯшидаем. Ман саъй кардаам, ки бо нашри китоб ва шеърҳои бонувони афғон ё бонувони Узбакистон ба забони форсӣ заминаи ин наздикиро эҷод кунам. Ҳамин ки мекӯшам, то адабиёти форсиро ба забонҳои нигоришии дигар дар кишварҳои форсизабон баргардонам, то қобили истифода барои онон низ бошад. Дар Тоҷикистон агарчӣ мардум форсӣ суҳбат мекунанд, аммо дабираи онҳо сириллик аст. Ин вазифаи мост, ки бикӯшем, то табодулоти адабиву фарҳангӣ бештар шавад.
Бист сол пеш анҷуманеро бунёдгузорӣ кардам. Ҳадафи Анҷумани Рӯдакӣ ин буд, ки заминае фароҳам кунем, ки хориҷ аз марзҳои сиёсӣ, ки ҳар кишваре метавонад номи худро дошта бошад, адибону фархеҳтагони ин кишварҳоро даври ҳам ҷамъ кунам, то дар бораи забон, фарҳанг ва адабиёти муштараки ин хиттаҳо суҳбат кунанд. Мо дар клосҳои анҷуманамон омӯзиши хатти ниёкон – форсиро – низ дорем.
Ба Бухоро рафта будам. Аз хонаҳо садои таронаҳои эронӣ шунида мешуд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳунармандон нақши бисёр муҳимме дар тарвиҷи забон доранд. Дар ҷое мисли Узбакистон, ки мекӯшад забони форсиро камаҳаммият ҷилва диҳад, мардум бо моҳвораҳо таронаҳои эрониро гӯш медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳам ба ҳамин шакл аст. Дар як нокуҷообод мебинед, ки мардум бо таронаҳои эронӣ шодӣ мекунанд. Албатта дуруст аст, ки мусиқӣ дар ин кишварҳо ҳам хуб пешрафт карда, аммо ҳамчунон мусиқии форсӣ дар гӯша ва канори шаҳрҳои ин кишварҳо ба гӯш мерасад.
Китобҳои нависандагони муъосири Эрон то чи андоза миёни мардуми Афғонистону Тоҷикистон ва Узбакистон шинохта шудааст?
Дар Афғонистон ба ин далел, ки нигориши форсӣ мутолеъа мешавад, аз китобҳои нависандагони эронӣ бисёр баҳра мебаранд. Дар китобхонаҳои Афғонистон китобҳое, ки тавассути нависандагони эронӣ навишта шуда, вуҷуд дорад, аммо мушкили Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ин аст, ки хатти нигориши онҳо форсӣ нест. Дар Узбакистон низ батозагӣ лотин менависанд. Ба ҳамин далел, китобҳо бурдеро, ки бояд, надоранд. Давлат низ китоҳоеро, ки бештар ба ин кишварҳо мунтақил мекунад, китобҳои мазҳабӣ ё адабиёти клосик аст, вале китобҳое, ки имрӯза лозим аст, андешамандони тоҷик мутолеъа кунанд, камтар дар дастрас аст. Бо онки фарогирии забони форсӣ аз сӯйи давлат иҷборӣ унвон шуда, аммо бо ҳам хатти сириллик миёни мардуми Тоҷикистон нигориши аслист.
Бист сол пеш анҷуманеро бунёдгузорӣ кардам. Ҳадафи Анҷумани Рӯдакӣ ин буд, ки заминае фароҳам кунем, ки хориҷ аз марзҳои сиёсӣ, ки ҳар кишваре метавонад номи худро дошта бошад, адибону фархеҳтагони ин кишварҳоро даври ҳам ҷамъ кунам, то дар бораи забон, фарҳанг ва адабиёти муштараки ин хиттаҳо суҳбат кунанд. Мо дар клосҳои анҷуманамон омӯзиши хатти ниёкон – форсиро – низ дорем.
Ин иҷбор дар фарогирии хатти форсӣ тадриҷӣ иттифоқ уфтода аст?
Бояд таваҷҷуҳ кунем, ки агарчи омӯзиши хатти форсӣ иҷборӣ аст, аммо набояд иҷоза дод, ки хатти сириллик гум шавад. Барои тағйири хат сад сол замон лозим аст, чиро ки адабиёти мардум гум мешавад. Дар сурати дигаргунии алифбои як кишвар, мардуми он кишвар ба таври ногаҳонӣ бесавод мешаванд.
Матлаби порсиро инҷо бихонед
Бифирист