Боргирии “Вожагони иқтисодӣ”-и дуктур Ҳусейни Ваҳидӣ

دکتر حسین وحیدیВаҳидӣ, Ҳусейн (1375); Вожагони иқтисодӣ (инглисӣ-арабӣ-форсӣ); интишороти Теҳрон бо ҳамкории моҳномаи Чисто; чопи нахуст.

Порсӣ Анҷуман: Забони порсӣ аз гаронбортарин, равонтарин, гӯётарин, зеботарин ва барои густариш аз тавонотарин забонҳои ҷаҳон аст. Бадбахтона ин забони бузург ва зебо монанди сарзамини бархостгоҳи он дар дарознои замон гирифтори тозиши фаровон гардида ва ба гӯёӣ ва вижагию зебоии он газанди бисёр расидааст ва имрӯза ин забон бо сахттарин ва пургазандтарин тозишҳо рӯбарӯ шуда ва он тозиш забонҳои бохтарӣ аст.

Дар баробари тозиши вожаҳои бегона ва вожаҳои бохтарӣ чи бояд кард? Пеш аз посух ба ин пурсиш бояд гуфт ва донист, ки дар ҷаҳони имрӯз бо густариши дониш ва фанноварӣ ва расонишу расонаҳо то моҳвораҳои осмонпаймо вобастагию пайванди забонҳои гуногун гурезнопазир аст ва ин вобастагӣ ва пайванд мебоист анҷом гирад, бавижа кишваре монанди кишвари мо мебоист забонҳои бохтарӣ, ки пояи пайванд ва вобастагӣ аст, омӯхта ва аз он баҳраи боиста гирифта шавад. Омӯхтану баҳра гирифтан аз забонҳои бохтарӣ ба ду гуна метавонад анҷом гирад: яке омӯхтану ба кор бурдани вожаҳои бегона дар забони форсӣ ва дигар, омӯхтани забонҳои бегона ва сохтани вожаҳои дурусту дархӯр ва расои форсӣ дар баробари ҳар вожа ва ба кор бурдани он, равише, ки Вожагони иқтисодӣ (инглисӣ-арабӣ-форсӣ) бар пояи он фароҳам шудааст.

Вожагони иқтисодӣ (инглисӣ-арабӣ-форсӣ) дар 174 рӯя ба хомаи донишманди фарзона дуктур Ҳусейни Ваҳидӣ аст. Ин дафтарро Интишороти Теҳрон дар соли 1375 бо ҳамкории моҳномаи “Чисто” чоп карда, ки барои ҳамаи ононе, ки бо иқтисод сару кор доранд, чунон абзори даст аст ва барои дигарон низ бисёр судманд метавонад бошад.

Дуктур Ҳусейни Ваҳидӣ, ки донишомӯхтаи дуктурои иқтисод ва устоди пешини донишгоҳ ва ҳамванди Анҷумани донишварони Порсӣ Анҷуман ҳастанд, даҳаҳост, ки дар заминаи забону фарҳанги Эрон мепажӯҳанду менивисанд, ки дастоварди ишон беш аз 30 китоб дар ин замина будааст.

Афзун бар инҳо, устод Ваҳидӣ ҳамванди Фарҳангистони Дувум низ будаанд, фарҳангистоне, ки ба гуфтаи дуктур Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ дар гуфтугӯ бо Бузургмеҳри Луқмон “кӯшид, то аз пешрафтҳои тозае, ки дар заминаҳои решашиносӣ, забонҳои ниёкони порсӣ ва гӯишҳои он рӯй дода буданд, баҳра гирад ва бо равише бунёдитар ба беҳбуди порсӣ бипардозанд” ва з-ин рӯ буд, ки бар ин фарҳангистон беш аз дигар фарҳангистонҳо ситам рафта ва кори онон нодида ангошта шудааст. Лек равиши онон, ки баҳрагирӣ аз забонҳои авестои ва порсиг (паҳлавӣ) ва низ гӯишҳои эронӣ барои тавонмандсозӣ ва вожасозӣ дар забони порсӣ буд, инак аз сӯи бисёроне монанди Порсӣ Анҷуман дунбол мешавад, чи онон равише дарандохтанд, ки ҳарчанд аз сӯи Фарҳангистони Севум нодида гирифта шуд, лек дар миёни донишварон ҷои худро боз кард.

Порсӣ-анҷуманиён барои устод Ҳусейни Ваҳидӣ, ки зиндагии пурбори хешро бар сари ториху фарҳанги Эроншаҳр ниҳодаанд, орзуи диле шод ва тане бегазанд доранд.

“Вожагони иқтисодӣ (инглисӣ-арабӣ-форсӣ)”-и дуктур Ҳусейни Ваҳидиро аз “инҷо” (28 мегобойт) боргирӣ фармоед.

__________________________________________________________________________________________

Дигар наскҳои Порсӣ Анҷуман

 Порсии Сара

… (1390); Вожаномаи порсии сара; Фарҳангистони забони порсӣ, Боргирӣ аз “инҷо” (ду мегобойт)

Партав, Абулқосим (1377); Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожагони бегона); се дафтар; чопи дувум. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Ҷалолӣ, Таҳмурас (1354); Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара); китобхонаи Ибни Сино; чопи нахуст. Боргирӣ аз “инҷо” (13 мегобойт).

Фарҳангистони забони порсӣ (1390); Вожаномаи порсии сара. Боргирӣ аз “инҷо” (2 мегобойт)

Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319); Теҳрон: Дабирхонаи Фарҳангистон. Боргирӣ аз “инҷо” (5 мегобойт).

Фарҳанг

Ориёнпури Кошонӣ, Манучеҳр (1384); Фарҳанги решаҳои ҳиндурупоии забони форсӣ; Исфаҳон: Ҷиҳоди донишгоҳӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт).

Афнон, Суҳайли Муҳсин (1969); Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин); Бейрут: Дорулмашриқ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт)

Имомшуштарӣ, Муҳаммадъалӣ (1347); Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ; Теҳрон: Анҷумани осори миллӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (16 мегобойт).

Бриҷониён, Морӣ ва Раисӣ, Тайибабегум (1373); Фарҳанги истилоҳоти фалсафа ва улуми иҷтимоъӣ; Теҳрон: Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеъоти фарҳангӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (8 мегобойт)

Ҳусайнии Мадании Татавӣ, Абдуррашид писари Абдулғафур (1337); Фарҳанги Рашидӣ ба ҳамроҳи муъарработ; ду пӯшина; пажӯҳиш ва виростории Муҳаммади Муҳаммадлӯи Аббосӣ; Теҳрон: Китобфурӯшии Боронӣ. Боргирии пӯшинаи нахуст аз “инҷо” (дар 861 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт) ва пӯшинаи дувум аз “инҷо” (дар 799 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт).

Амид, Ҳасан (1389); Фарҳанги форсии Амид. Боргирӣ аз “инҷо” (6 мегобойт).

Хонларӣ (Киё), Заҳро (1348); Фарҳанги адабиёти форсӣ; Бунёди фарҳанги Эрон. Боргирӣ аз “инҷо” (дар 8.4 мегобойт ва 580 рӯя)

Мусоҳиб, Ғуломҳусейн ва … (1381); Доиратулмаъорифи форсӣ; Китобҳои ҷайбӣ. Дафтари якум, пешгуфтор ва… | Дафтари дувум, дарояи алиф | Дафтари севум, дарояи бе | Дафтари чаҳорум, дарояи пе | Дафтари панҷум, дарояи те | Дафтари шашум, дарояи се, ҷим ва чим | Дафтари ҳафтум, дарояи ҳе ва хе | Дафтари ҳаштум, дарояи дол ва зол | Дафтари нуҳум, дарояи ре, зе ва же | Дафтари даҳум, дарояи син | Дафтари ёздаҳум, дарояи шин | Дафтари дувоздаҳум, дарояи сод, зод, те ва зе | Дафтари сездаҳум, дарояи айн ва ғайн | Дафтари чаҳордаҳум, дарояи фе | Дафтари понздаҳум, дарояи қоф | Дафтари шонздаҳум, дарояи коф | Дафтари ҳафдаҳум, дарояи гоф | Дафтари ҳиждаҳум, дарояи лом | Дафтари нуздаҳум, дарояи мим | Дафтари бистум, дарояи нун | Дафтари бисту якум, дарояи вов | Дафтари бисту дувум, дарояи ҳе-и ҳавваз ва ё | Дафтари бисту севум, фарҳанги вожаҳо ва тармҳо

Муқаддам, Муҳаммад (1342); Роҳнамои решаи феълҳои эронӣ (дар забони авесто ва форсии бостон ва форсии кунунӣ); гирдоваранда: Муҳаммадбашири Ҳусейн; илмӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (дар 5.2 мегобойт)

Нуроӣ, Алӣ (2013); Фарҳанги решаи вожагони форсӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (дар 22 мегобойт ва 884 рӯя).

Торихи забон ва дабираи порсӣ

Беҳрӯз, Забеҳ (1363); Хат ва фарҳанг; чопи дувум; Фурӯҳар. Боргирӣ аз “инҷо” (238 рӯя ва 4 мегобойт).

Мискӯб, Шоҳрух (1385); Ҳувияти эронӣ ва забони форсӣ; Фарзон Рӯз; чопи севум. Боригирӣ аз “инҷо

Нотили Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се дафтар. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Дастури забони порсӣ

Ботинӣ, Муҳаммадризо (1348); Тавсифи сохтмони дастури забони форсӣ (бар бунёди як назарияи умумии забон); Амири Кабир, Боргирӣ аз “инҷо” (6.6 мегобойтн)

Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ

Паҳлавон, Чангиз (1392), Худомӯзи курдии курмонҷӣ (Маҷмӯъаи забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ). Боргирӣ аз “инҷо” (зери як мегобойт).

Паҳлавон, Чангиз (1392); Худомӯзи курдии суронӣ (Маҷмӯъаи забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ); нашри Фароз. Боргирӣ аз “инҷо” (зери як мегобойт).

Фарҳангистони забони порсӣ (1391); Вожаномаи кӯчаки порсии миёна; Боргирӣ аз “инҷо” (4 мегобойт).

Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (1391); Роҳнамои гирдоварии гӯишҳо барои ганҷинаи гӯишҳои эронӣ; Теҳрон. Боргирӣ аз “инҷо” (зери як мегобойт).

Касравии Табрезӣ, Аҳмад (1325); Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон. Боргирӣ аз “инҷо” (1 мегобойт)

МакКензӣ, Дейвид Нейл (1373); Фарҳанги кӯчаки забони паҳлавӣ; Баргардони Маҳшеди Мирфахроӣ; Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеъоти фарҳангӣ. Боргирии нусхаи порсӣ ва инглисӣ аз “инҷо“.

Порсӣ дар дигар забонҳо

Озарон, Ҳусейн (1386); “Вожаҳои эронӣ дар забони суэдӣ”; Нашри Балх; 228 рӯя. Боргирӣ аз “инҷо” (камтар аз 2 мегобойт).

Аш-шер, Ас-сайид Аддӣ (1386); Вожаҳои форсии арабишуда, баргардони Ҳамиди Табибиён; АмирКабир. Аз “инҷо” (андаке беш аз 5 мегобойт).

Риёҳии Хуйӣ, Муҳаммадамин (1369); Забон ва адаби форсӣ дар қаламрави Усмонӣ; Пожанг; чопи нахуст. Аз “инҷо” (камтар аз 5 мегобойт).

Дигар

Нивиштаҳои Касравӣ дар заминаи забони форсӣ; Ба кӯшиши Ҳусейни Яздониён; Суэд: Китоби Арзон; 628 рӯя. Боргирӣ аз “инҷо” (10.4 мегобойт).

Барои боргирии наскҳои дигар ё ошноии бештар бо ин дафтарҳо ба Китобхонаи Порсӣ Анҷуман бингаред.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*