Сомони Ҳасанӣ: Ба дунболи баррасии “кӯтоҳ шудани вожаҳо дар гӯишҳои рустоӣ” боиста аст, ки ба баррасии “дигардесии вожаҳо дар ин гӯишҳо” бипардозем. Анҷоми ин кор дар ҳамсанҷӣ бо порсии нивишторӣ шуданӣ мешавад ва дарбаргирандаи вожаҳое аст, ки дар забони нивишторӣ ёфт мешаванд. Нигар ба ин ки дигардесӣ ҳам дар забони нивишторӣ, ҳам дар гӯишҳои рустоӣ рух додааст, беҳтар аст ин ҳамсанҷиро “дигардеса будани забони нивишторӣ бо гӯишҳои рустоӣ” биномем. Чун ҳангоме ки вожае аз порсии нивишториро бо вожае аз гӯишҳои рустоӣ месанҷем, наметавонем баосонӣ ба чигунагии дигардесӣ дар онҳо пай бибарем. Чунончи гунаи порсиг (паҳлавӣ)-и ин вожаҳоро дошта бошем, бо ёрии он метавон дарёфт, ки ин дигардесӣ чигуна рух додааст.
Барои намуна, вожаи “бом”-ро бингарем. Ин вожа дар забони порсиг ба десаи “бон” аст ва дар гузар ба порсии нав ба десаи “бом” даромадааст ва дар гӯишҳои рустоӣ “бун” хонда мешавад. Чунонки мебинем, дар порсии нав воки “н” ба десаи “м” даромада, вале дар гӯишҳои рустоӣ воки “н” ба ҳамон десаи порсиг ба ҷой мондааст, ҳол он ки воки “о” (алиф) ба воки “у” (вов) дигардеса шудааст. Ин намуна худ рӯшанкунандаи печида будани дигардесии вожаҳост.
Дар дигардесии “вокҳои боово” ба якдигар ҳар гӯише равиши вижаи худро дорад. Барои намуна, дар шуморе аз гӯишҳои марказии Эрон бисёре аз “вокҳои боово” ба “воки боовои кӯтоҳ” дигардеса шудаанд, монанди “об”, ки “эв”, “шаб”, ки шуда “шев” ва “дав”, ки шуда “дев”.
Дар зер ба дигардеса будани вожаҳо дар гӯишҳои рустоӣ бо забони порсии нивишторӣ нигоҳе меафканем:
Воки “алиф” дар нивиштор, воки “вов” дар гӯишҳо
Воки “алиф” (о) ба гунаи густарда дар бисёре аз гӯишҳо ба десаи воки “вов” (у, ӯ)хонда мешавад, монанди:
Осон – осун
Осмон – осмун
Борон – борун
Бом – бун
Баҳона – буна (+уфтодани воки “ҳ”)
Нон – нун
Хона – хуна
Лона – луна
Шона – шуна
Ҷон – ҷун
Воки “вов” дар нивиштор, воки “ё” дар гӯишҳо
Ба ин гуна аз дигардесӣ, ки дар бисёре аз гӯишҳо рӯй додааст, мебоист пурнигар буд. Чун дар ҷоҳое метавонад гумроҳкунанда бошад, монанди дигардеса шудани “пул” ба “пил”, “пуна” ба “пина”, “муш” ба “миш” ва “дур” ба “дир”.
Ангур – ангир
Андуд – инид (+уфтодани нахустин воки “д”)
Пул – пил
Пуна – пина
Танур – танир
Тут – тит
Тун – тин
Тула – тила
Хӯрд – хирд
Хун – хин
Дур – дир
Шӯҳар/шавҳар – шияр – шӣ
Шӯй – ший
Кӯза – киза
Кӯча – кича
Лӯла – лила
Муш – миш
Чироғмушӣ – чироғмишӣ
Ҳануз – ҳанӣ (+уфтодани воки “з”)
Ёдоварии 1): Дар шуморе аз гӯишҳои марказии Эрон вожаи “дир” (дер) ҳам барои замон, ҳам барои ҷой ба кор меравад.
Ёдоварии 2): Дуруст аст, ки ба “муш” мегӯянд “миш”, вале ҳангоме ки мегӯянд “ҳавои гургумишӣ” (гургумешӣ) нигарашон ба “муш” нест, балки ба “меш” (гӯсфанд) аст.
Ёдоварии 3): Дар гӯишҳои рустоӣ ба гунаи содае аз чироғ мегӯянд “чироғмишӣ” ва дар гӯишҳои шаҳрӣ ва забони нивишторӣ ба он “чироғмушӣ” мегӯянд. Ба нигар мерасад, ки “чироғмишӣ” дуруст бошад, чун ин гуна чироғҳоро дар гузашта бештар дар оғили гӯсфандон ва… рӯшан мекарданд.
Ёдоварии 4): “Тун” ё “тин” ба бахше аз гармобаҳои хазинаӣ мегуфтанд, ки бо сӯзондани ҳезум дар он оби хазинаро гарм мекарданд.
Воки “б” дар нивиштор, воки “в” (вов) дар гӯишҳо
Ҳарчанд воки “в” дар гузар аз порсиг ба порсии нав дар бисёре аз вожаҳо ба воки “б” дигардеса шудааст (монанди “ваҳор”, ки шуда “баҳор” ва “варф”, ки шуда “барф”), намунаҳое ҳам дорем, ки воки “п” дар забонҳои куҳан ба десаи “б” дар порсии нав ва ба десаи “в” дар гӯишҳо даромадаанд, монанди вожаи “оп”, ки дар порсии нав шуда “об” ва дар гӯишҳо шуда “ав/эв” ва вожаи “хшапа”-и авестоӣ, ки дар порсии нав шуда “шаб” ва дар гӯишҳо шуда “шав/шев”.
Обила – эвла
Боз – во (+уфтодани “з”), монанди дарвоза
Шаб – шев/шав
Шабпара – шевпара (парвона)
Об – эв/ов/ав
Обистан – эвес (+уфтодани вокҳои Т ва Н)
Осеб – асев
Офтоб – афтав
Абр – эвр/авр
Забр – зевр
Кабк – кевк/кавк
Сардоб – сардав
Маҳтоб – мофтав
Хоб – хев
Тоб – тев
Кабуд – кеву (+уфтодани воки “д”)
Сабз – севз/савз
Лаб – лев/лав
Гарданбанд – гардеван (дар инҷо “н” аз поёни “гардан” ва “д” аз поёни “банд” уфтодааст)
Бар – вар (монанди варшида)
Воки “р” дар нивиштор, воки “л” дар гӯишҳо
Дар шуморе аз вожаҳо дар гузар аз порсиг ба порсии нав воки “л” ба десаи “р” даромадааст, монанди “балк”, ки шуда “барг” ва “сӯлох”, ки шуда “сӯрох”. Оё ин дигиргунӣ ҳама ҷо рух додааст?
Истахр – исил (+уфтодани вокҳои “т” ва “х”)
Анҷир – энҷил/инҷил
Тор – тол
Барг – балк
Сӯрох – сӯлох
Ёдоварии 5): Дар инҷо ҳам бояд ба яксон хонда шудани номи як мева (энҷил/инҷил –анҷир) ва як наск (Инҷил) пурнигар буд.
Воки “ж” дар нивиштор, воки “ҷ” дар гӯишҳо
Воки “ж” дар гузари вожаҳо аз порсиг ба порсии нав ба воки “ҷ” дигардеса шудааст, вале дар гӯишҳои рустгоӣ ба ҳамон десаи гузашта баҷой мондааст, монанди:
Лаҷан – лажан
Ҳиҷдаҳ – ҳиждаҳ
Каҷ –каж
Лоҷувард – ложвард
Воки “н” дар нивиштор, воки “м” дар гӯишҳо
Пинҳон – пенум
Гунбад – гуммаз
Дунба – думма
Занбил – заммил
Воки “б” дар нивиштор, воки “ф” дар гӯишҳо
Кабутар – куфтар
Кӯбидан – куфтан
Таноб – теноф/тиноф
Воки “ф” дар нивиштор, воки “в” дар гӯишҳо
Афсор – эвсор
Дирафш – деревш
Воки “д” дар нивиштор, воки “т” дар гӯишҳо
Сабад – сабат
Дунбак – туммак
Воки “х” дар нивиштор, воки “ғ” дар гӯишҳо
Кулӯх – кулуғ
Устухон – истиғун
Воки “қ” дар нивиштор, воки “х” дар гӯишҳо
Сумоқ – сумох
Яқа – яха
Воки “к” дар нивиштор, воки “ҳ” дар гӯишҳо
Гирек/гирак– гиреҳ
Ёдоварии 6): Ба нигар мерасад, ки “гирак” десаи порсиги вожаи “гиреҳ” бошад, ки дар гӯишҳои рустоӣ ба ҳамон гуна ба ҷой мондааст, вале дар забони нивиштор воки “к” аз охири он уфтода ва ба ҷои он воки “ҳ” нишастааст.
Ворунаи онро ҳам метавон дид. Дар гӯишҳои марказии Эрон ба мардумаки чашм “бабаҳ” мегӯянд, вале дар вожаҳои бозмонда аз забони озарии куҳан ба он “бабак” мегӯянд, ки метавонад десаи порсиги ин вожа бошад, ки дар гӯишҳои марказии Эрон воки “к” аз он уфтода ва ба ҷои он воки “ҳ” нишастааст.
Воки “м” дар нивиштор, воки “н” дар гӯишҳо
Бом –бун
Воки “д” дар нивиштор, воки “з” дар гӯишҳо
Гунбад – гуммаз
Воки “ҳ” дар нивиштор, воки “х” дар гӯишҳо
Хунук – ҳуник
Воки “ҳ” дар нивиштор, воки “в” (у) дар гӯишҳо
Даҳан – дун
Воки “ф” дар нивиштор, воки “х” дар гӯишҳо
Фишор – хашор
Воки “б” дар нивиштор, воки “м” дар гӯишҳо
Қурбоға – қурмоға
Воки “ҳ” (а, е) дар нивиштор, воки “алиф” (о) дар гӯишҳо
Кара – киро
Воки “ҳ” дар нивиштор, воки “й” дар гӯишҳо
Шавҳар – шийар
Воки “г” дар нивиштор, воки “в” дар гӯишҳо
Гуроз – вироз
Воки “к” дар нивиштор, воки “ғ” дар гӯишҳо
Кулоғ – ғилоғ
Воки “с” дар нивиштор, воки “з” дар гӯишҳо
Магас – магаз (занбур)
Дигардесии вокҳои “з+к” ба воки “ч”
Мазгит – мачит
Разг (дар гӯиши малоирӣ) – рач (дар гӯишҳои марказӣ), радди по
Ёдоварии 7): Мазгит ба чами “намозхона” аст. Ин вожа ба ъарабӣ рафта ва масҷид шудааст.
Дигардеса будани ду вок ё бештар дар вожаҳо
Чунончи дар намунаҳои боло дидем, дар шуморе аз вожаҳо беш аз як вок дигардеса шудааст, монанди:
Бом – бун
Гунбад – гуммаз
Пинҳон – пенум
Шавҳар – шийар
Мазгит – мачит
Сухани поёнӣ
Ҳангоме ки кӯтоҳ шудан ё дигардеса будани вожаҳо баррасӣ шаванд, онгоҳ бо се даста вожа рӯбарӯ хоҳем шуд: дастаи нахуст вожаҳое ҳастанд, ки бо порсии нивишторӣ ҳамсонанд, дастаи дувум вожаҳое ҳастанд, ки дар гӯишҳо ё порсии нивишторӣ дигардеса ё кӯтоҳ шудаанд, дастаи севум вожаҳое ҳастанд, ки дар забони нивишторӣ пафдо намешаванд. Ҳарчанд ки аз чигунагии кӯтоҳ шудан ва дигардесии ин даста аз вожаҳо наметавонем баосонӣ огоҳ шавем, ҳамин даста аз вожаҳо ҳастанд, ки ба корамон хоҳанд омад, чун метавонем онҳоро ҷойгузини вожаҳои бегона кунем ва дар вожасозӣ аз онҳо баҳраманд шавем.
متن فارسی را از “اینجا” بخوانید
Бифирист