Тоҳири Ъабдулҷаббор: ‘Растохез’ ва забони порсӣ

Аҳмадшоҳи Комилзода:* Мақолае, ки дар ин сафҳа пешкаши хонандаи арҷманд шуда, ба қалами донишманду рӯшанфикри маъруфи кишвар ва муборизи ростини роҳи тақвияти ҷойгоҳи забон ва истиқлоли миллат Тоҳири Ъабдулҷаббор иншо шудааст.

Дар он дар мавриди мушкилоти тасвиби Қонуни забон дар Тоҷикистон ва муборизаву ғамхорӣ барои тақвияти ҷойгоҳ ва густариши забони миллат андешаҳое баён шудааст, ки ҳанӯз ҳам барои пешрафти кишвар хеле арзишманд ҳастанд.

Ин мақола ба торихи аввали амурдоди 1387 (баробар бо 22 жуиеи соли 2008), дар нуздаҳумин солгарди тасвиби қонуни забон ва як сол пеш аз тасвиби қонуни нави забон дар Тоҷикистон, яъне тақрибан як сол пеш аз даргузашти устоди равоншод Тоҳири Ъабдулҷаббор дар ҳафтаномаи “Миллат“, чопи Душанбе, мунташир шудааст:**

*****

Имрӯзҳо дар кишвари мо 19-умин солгарди ба тасвиб расидани “Қонуни забон” (Қонун дар бораи мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ (форсӣ)”)-ро ҷашн мегиранд. Ин боъиси хушҳолии мардуми бомаърифату ватанпараст, бавижа равшанфикрони мост, ки забону фарҳанги миллии худро гиромӣ медоранд, аз он ҳимоят мекунанд ва барои тозагию рушди он заҳмати фаровон кашидаанду мекашанд.

Рушду равнақи забону фарҳанги миллии мо аз гузаштаҳои дур то ба имрӯз муҳимтарин ҳадафи бузургон ва дар маҷмӯъ аҳли маърифати мо будаасту мебошад. Ҷои шукр аст, ки ҳоло бархе аз ҳукуматдорони Тоҷикистон низ аҳаммияту арзиши забонро дарк кардаанд ва гиромидошту бахубӣ омӯхтани онро таблиғу ташвиқ мекунанд ва бо гузаронидани “чорабиниҳо” ъиди забонро таҷлил менамоянд.

Ин ки соли равонро соли забон эълон кардаанд, ҳамчунон як иқдоми рамзӣ аст. Шояд бар асари чунин “чорабиниҳо” сатҳи забондонию худшиносии мардум боло равад? Худо кунад, ки чунин шавад. Агарчи хатари он вуҷуд дорад, ки ин таҷлилҳо ба як чорабинии навбатӣ (кампанейщина) табдил ёбад ва асли мақсад фаромӯш шавад. Зеро дерест, ки кишвари мо ба “кишвари чорабиниҳо” табдил ёфтааст… Аммо ришхандро бигзорем канор ва ба асли мақсад бирасем.

Агар иштибоҳ накунам, шоъири маҳбуби мо Гулрухсор гуфтааст, ки “Марги миллат аз марги забонаш оғоз мешавад”. Ин андешаи бисёр ъамиқу дақиқ мардуми ватанпарасти бисёр кишварҳоро барои ҳимояту посдорӣ аз забону фарҳанги хеш водоштааст. Маҳз ҳамин андеша ангезаи аслии таъсисёбӣ ва фаъолияти Созмони “Растохез”  ̶  нахустин созмони мардумии Тоҷикистон  ̶  буд. Ҳадафи ин созмон, ки дар соли 1989 таъсис ёфта буд, маҳз посдорӣ аз забону фарҳанги миллии тоҷик ва фароҳам овардани шароити мусоъид барои рушду такомули он дар оянда буд.

Аъзо ва пайравони созмони “Растохез”, ки асосан аз равшанфикрон ва зиёиёни қариб ҳамаи шаҳрҳою деҳоти кишвар ъиборат буданд, тайи солҳои баъдӣ барои ъамалӣ кардани ин ҳадаф фаъолият карданд. Ҳадафҳо дар Барномаи он баравшанӣ баён шуда буд ва нусхаҳои он ба Шӯрои Ъолӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунон ба ҳукумати шаҳри Душанбе расман пешниҳод гардида буд. Табиъист, ки ҳадафҳои Созмони “Растохез” бо ҳадафҳо ва ъамали ҳизби ҳоким (Ҳизби Кумунист) созгор набуданд.

Аз ин рӯ, онҳо Созмони “Растохез”-ро созмони мухолифин эълон карданд ва дар ҳаққи он туҳмату буҳтонҳо паҳн карданд ва аъзою ҳаводорони онро зери фишор қарор доданд. Раҳбарони Ҳизби Кумунист ва ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳама дастнишондаҳо ва фиристодагони Маскав буданд, зери шиъори “единый советский народ” (халқи воҳиди шӯравӣ) сиёсати русисозии миллатҳои ғайрирус, аз ҷумла халқи тоҷикро, ъамалӣ мекарданд ва бо ин мақсад доираи фаъолияти забону фарҳанги миллии моро дар Ватани худамон ба ҳадде тангу маҳдуд ва олудаю хароб сохта буданд, ки он аз иҷрои вазифаҳои асосии худ, бавижа дар соҳаи ъилму фарҳанг, маъориф, сиёсату иқтисод, ҷаласоту коргузории давлатӣ ва… берун монда, ба забони гуфтугӯи хонагӣ табдил шуда буд.

Қариб дар ҳамаи соҳаҳои асосии кору зиндагии ҷомеъа ба ҷои забони тоҷикӣ (порсӣ) аз забони русӣ истифода мешуд. Дар ҳама ҷо  ̶  дар маҳалли кор, дар идороту муассисоти давлатӣ ва дар кӯчаю бозор забони русӣ садо медод. Забони олуда ва тарҷумазадаю маъюбшудаи тоҷикӣ (порсӣ) торафт бештар ба ҳошияи зиндагӣ кашонда мешуд. Мардум, ба истилоҳ “дузабона” шуда буданд, ҳам ба русӣ ва ҳам ба тоҷикӣ (порсӣ) суҳбат мекарданд. Аммо ҳам тоҷикишон ва ҳам русишон хело заъиф ва пур аз нуқсонҳою ғалатҳо буд. Камтар касе пайдо мешуд, ки ҳарду забонро бахубӣ бидонад ва битавонад фикри худро ба тоҷикӣ (порсӣ) ва ё ба русӣ озодонаю бехато баён намояд. Ҳатто дар миёни зиёиён. Аксари онҳо аз нигоҳи фарҳангӣ ба афроди “маржинал” (яъне “чала”) табдил ёфта буданд. Ман дар ин бора муфассалтар дар мақолаи “Муҳити зист ва забон” нивишта будам (Садои Шарқ, 1989, № 10).

Албатта, чунин ҳолат ғайритабиъӣ ва ғайри қобили таҳаммул буд. Вале ҳукумати ғуломсифату бегонапарасти мо чунин сиёсати ғалатро таҳаммул ва ҳатто тарғибу ташвиқ мекард. Зеро он (ҳукумат) тобеъу вобастаи дигарон буд, на озоду соҳибихтиёр. Ин нукта торафт равшантар мешуд, ки дар ин кишвар ҳама чиз вобастаи сиёсат аст ва ҳеч масъалае нест, ки бе мудохилаи сиёсат ҳал шавад. Пас аз суҳбате дар Шӯрои Ъолии Тоҷикистон боварии ман ба ин ъақида бештар шуд.

Дар тирамоҳи соли 1989 маро ба он ҷо даъват карданд. Дар суҳбат ба ғайр аз муҳтарам Ғоибназар Паллаюф (раиси вақти Шӯрои Ъолии Тоҷикистон) ва ду нафар муъовинони эшон (муҳтарам Дедуф ва А. Қосимуво), ва муҳтарам Нурулло Ҳувайдуллоев, чанд нафари дигар, ки ман онҳоро намешинохтам, ҳузур доштанд. Мавзӯъи суҳбат Барномаи Созмони “Растохез” буд. Пас аз суолу ҷавобҳо ва шарҳу тафсирҳои зиёд муҳтарам Дедуф (муъовини раиси Шӯрои Ъолӣ), ки марди хеле ботамкин ва бомаърифат ба назар мерасид, пурсид: “Дар Барномаи Созмони “Растохез” масоили зиёд ва муҳимми зиндагии ҷомеъа матраҳ шудааст. Шумо чи гуна ва бо кадом имконот онҳоро ҳал хоҳед кард?”

Гуфтам: “Бале, дар Барнома ҳам масоили иқтисодию иҷтимоъӣ ва ҳам масоили сиёсию фарҳангӣ матраҳ шудааст. Аввал ин ки ҳамаи онҳо ба ҳам вобастаанд, тарафҳои гуногуни як масъала мебошанд. Дигар ин ки Созмони “Растохез” иддиъо надорад, ки ҳамаи онҳоро ҳал хоҳад кард. Онҳо ҳама масоили ҷомеъаи мо мебошанд. Ва ҳалли онҳо вазифаи ҳукумат ва тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Мо фақат онҳоро аз дидгоҳи худ матраҳ кардем, яъне кореро анҷом додем, ки ҳукумат бояд мекард. Зимнан, иддиъо надорем, ки ҳамаи он чизе ки дар ин Барнома омадааст, ҳақиқати мутлақ мебошад. Шояд, дар он нукоти қобили баҳс ва ё комилан нодуруст ҷой дошта бошад. Мо бо камоли хушӣ ва миннатдорӣ ҳама гуна интиқодот ва назариётро мепазирем, ба шарте ки бар далоили мантиқӣ устувор бошанд. Агар шумо ё касе аз ҳозирин ҷумлае ё нуктаеро дар Барнома нишон диҳед ва исбот кунед, ки он нодуруст аст, ман омодаам, ки ҳамин лаҳза, дар пеши назари шумо рӯи он ҷумла хат бикашам…”.

Оқои Дедуф ба гуфтаҳои ман розӣ шуд ва гуфт: “Беҳтар аст, ки шумо номи созмонро тағйир диҳед. Ба ҷойи “созмони ҷамъиятӣ-сиёсӣ” “созмони ҷамъиятӣ-фарҳангӣ” бинависед. Ва ъумумун, фаъолияти Созмони “Растохез”-ро бештар ба масоили фарҳангӣ равона кунед. Дар ин сурат, созмонро зудтар сабти ном мекунанд ва ҳукумат ҳам ба кори шумо хайрхоҳона муносибат хоҳад кард.” Дар ҷавоб гуфтам, ки: “Албатта, ҳадафи аслӣ ва ниҳоии мо рушду такомули худи инсон ва фарҳангии ҷомеъа аст. Аммо ҳалли масоили фарҳангии зикршуда ба фалону фалон масоили сиёсӣ вобаста аст. Дар ин шароит чи гуна метавон аз масоили сиёсӣ чашм пӯшид ва танҳо аз масоили фарҳангӣ суҳбат кард?”

Оқои Дедуф розӣ шуд, ки ин ҳарфи мантиқӣ аст. Вале, ӯ гуфт, мавзӯъ, тавре ки тасаввур мешавад, чандон сода ҳам нест. На ҳама чиз ба ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст…” Нуктаи ахир ва ҳаводиси хунини шаҳрҳои Ӯшу Ӯзканд, Бодкӯбаю Сумгоит, Душанбею Тифлис ва Эревону шаҳрҳои дигар маро мутақоъид сохтанд, ки решаи мушкилоти мо дар ҷои дигар, дар сиёсатҳои бузургманишонаи раҳбарони Ҳизби кумунисти Иттизоди Шӯравӣ (ҲКИШ) нуҳуфтааст. Шиъорҳои “баробарҳуқуқии халқҳо ва гул-гул шукуфтани забону фарҳанги миллатҳо” – шиъорҳои фиребандаи идеулужик мебошанду бас. Давлати шӯравӣ намехоҳад ва аз нигоҳи иқтисодӣ наметавонад, ки забону фарҳанги ҳамаи миллатҳо рушд кунанд. Роҳи ҳалли мушкилот дар соҳибихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии халқҳо аст…

Ин буд, ки Созмони “Растохез” масъалаи соҳибихтиёрии халқи тоҷикро басароҳат дар миён гузошт ва талош барои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба мақсади асосии созмон табдил ёфт. Созмони “Растохез” мехост, ки дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ (порсӣ) ҳамаи вазифаҳои забони давлатиро иҷро кунад, то заминаи рушду такомули забону фарҳанги миллии мо фароҳам ояд. Зоҳиран, ин ҳадаф хилофи Қонуни Асосии кишвар набуд. Мувофиқи он, Тоҷикистон яке аз 15 ҷумҳурии шӯравӣ маҳсуб мешуд, яъне як давлати миллӣ буд. Муҳимтарин нишонаи давлати миллӣ доштани забону фарҳанги миллӣ аст. Пас забони давлатии Тоҷикистон бояд забони тоҷикӣ (порсӣ) бошад. Мантиқу моҳияти қонунҳо инро талаб мекунад. Вале дар Тоҷикистон воқеъият чизи дигар буд. Дар ин ҷо, амалан, ҳаққу ҳуқуқи халқи тоҷик поймол карда мешуд. Тоҷик дар хонаи худ, дар Ватани худ имкон надошт, ки ба забони модарии худ тарбият ва рушду камол ёбад ва ба таври шоиста кору зиндагӣ кунад. Чунин ҳолат хилофи адолат ва муғоир бо рӯҳи қавонин буд.

Бино бар ин, шумори зиёди равшанфикрони тоҷик аз тариқи матбӯъот аз ҳукумат талаб намуданд, ки ба вазъи риққатовари забону фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ намояд ва барои барқарор кардани мақому манзалати забони тоҷикӣ (порсӣ) дар Тоҷикистон тадбирҳо бияндешад. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳтарам Иброҳими Ъусмон дар мақолаи худ пешниҳод кард, ки ба манзури ҳалли ин мушкил ба забони тоҷикӣ (порсӣ) мақоми давлатӣ дода шавад. Як силсила мақолаҳои банда низ перомуни ин мавзӯъ тайи солҳои 1988 ва 1989 дар матбӯъоти кишвар ба чоп расиданд. Дар оғози соли 1989 дар макази шаҳр ба таври худҷӯш гирдиҳамоии ҷавонону донишҷӯёни тоҷик сурат гирифт ва дар он низ мавзӯъи забон матраҳ шуда буд. Дар ҷаласоти маҳфили “Рӯбарӯ” низ борҳо масъалаи забони тоҷикӣ (порсӣ) мавриди баҳс қарор гирифт. Бар асари он ҳама мақолаҳо ва митингу баҳсҳо давлати Тоҷикистон кумисиюнеро таъсис дод ва вазифаи тартиб додани лоиҳаи “Қонун дар бораи забон”-ро ба он супурд.

Зимнан, дар матбӯъот баҳсҳо дар бораи он, ки қонуни забон бояд чи гуна бошад ва ба кадом забон мақоми давлатӣ дода шавад, бо ҷӯшу хурӯш идома доштанд. Табиъист, ки равшанфикрони тоҷик исрор доштанд, ки танҳо забони тоҷикӣ лоиқи ин мақом аст. Русҳою русизабонҳо талабгори он шуданд, ки забони русӣ расман забони давлатии Тоҷикистон шинохта шавад. Чунин қарор (мусаваба) дар ҷаласаи васеъи кумунистони шаҳри Душанбе қабул (тасвиб) гардид. Бархе бар он буданд, ки дар кишвар ба ду забони русӣ ва тоҷикӣ (порсӣ) мақоми давлатӣ дода шавад. Бархе аз намояндагони ҷамъияти узбакҳо талаб карданд, ки ба забони узбакӣ низ мақоми давлатӣ дода шавад…

Дар ин миён раҳбарони ҳизби ҳоким (кумунист) ва ҳукумати кишвар, ки ҳама кумунист буданд, ба вазъи ногувор уфтода буданд. Дар ин вазъи печида онҳо бояд тасмими ниҳоиро мегирифтанд. Вале онҳо тавони ин корро надоштанд. Зеро тасмимгирӣ дар чунин масоили муҳим аз салоҳият ва ихтиёроти онҳо берун буд. Агарчи дар миёни онҳо афроди бомаърифату ватанпараст ва дилсӯзи забону фарҳанги миллати худ низ буданд, вале, рӯиҳамрафта, мисли ҳамаи “раҳбарон”-и Тоҷикистон фармонбардор ва иҷрокунандаи авомири Маскав буданд.

Бино бар ин, пеш аз тасвиби қонуни забон дар Шӯрои Ъолии кишвар, онҳо бояд мувофиқати раҳбарони Ҳизби Кумунист ва давлати Шӯравиро ҳосил мекарданд. Ва чунин ҳам карданд: Дабири аввали (Котиби яккуми) Ҳизби кумунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Муҳкамуф ва Раиси Шӯрои ъолии (Парлумони) Тоҷикистон Ғобназар Паллаюф ба Маскав рафтанд ва бо раҳбарони буландпояи давлати Шӯравӣ мулоқот карданд.

Ба гуфтаи Паллаюф, онҳо (раҳбарони Тоҷикистон) пас аз суҳбат бо Михоил Гурбочуф (Дабири кулли Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ё ҲКИШ) ба утоқи кории окодемисиян Олексондр Ёкувлуф (дабири Кумитеи марказӣ ва узви Буруи сиёсии Кумитеи марказии ҲКИШ) рафтаанд. Қаҳҳор Маҳкамуф ба Олексондр Ёкувлуф дар бораи вазъи ҷории Тоҷикистон ва баҳсҳо перомуни забони давлатӣ гузориш дода, гуфтааст, ки кумисиюн матни қонуни забонро омода сохтааст. Вале дар ҷомеъа назари воҳид дар ин мавзӯъ вуҷуд надорад. Аксарияти зиёиёни тоҷик мехоҳанд, ки забони тоҷикӣ (порсӣ) ба сифати забони давлатӣ пазируфта шавад. Аммо бештари кумунистон ҷонибдори забони давлатӣ эълон кардани забони русӣ мебошанд. Ҷамъияти узбакҳо низ мехоҳанд, ки забони узбакӣ дорои чунин мақом гардад. Мо ҳайронем, ки чи гуна тасмим гирем. Албатта, мо мехоҳем, ки мақоми забони русиро дар Тоҷикистон ҳифз намоем…

Олексондр Ёкувлуф гуфтааст, ки забони русӣ соҳиб дорад. Он давлати бузурги Русия аст. Ва забони бузурги русӣ ба ҳимояти шумо муҳтоҷ нест. Шумо биравед ва дар Тоҷикистон фақат як забон, яъне забони модариятонро забони давлатӣ эълом кунед. Ғами забони узбакиро ҳам нахӯред. Афроди ғамхор дар Узбакистон кам нестанд ва онҳо кори худро медонанд…

Пас аз шунидани ин суханони Олексондр Ёкувлуф, ки дар он замон яке аз бонуфузтарин арбоби давлати шӯравӣ буд, раҳбарони Тоҷикистон оҳи сабук кашида, роҳи Ватанро пеш гирифтаанд. Ва нусхаи муҳофизакоронае аз қонуни забонро тартиб дода, дар ҷаласаи Шӯрои ъолии Тоҷикистон ба тасвиб расонданд. Аммо тасаввур кунед, ки агар дар Маскав Олексондр Ёкувлуф он суханонро намегуфт ва ё мегуфт, ки дар Тоҷикистон мақоми забони русӣ бояд ҳифз шавад, раҳбарони Тоҷикистон ва депутатҳо (намояндагони)-и чаласаводи порлумони он замони мо, ки танҳо ба даст боло кардан қодир буданд, чи мекарданд ва тақдири қонуни забон чи мешуд?

Бо он ҳама, бо кӯшиши бархе аз забонгумкардаҳо матни қонуни забон пеш аз тасвиби Шӯрои Ъолӣ хеле тағйир дода шуд ва он ноқису заъиф гардид. Зиёиёни тоҷик аз он қонун интиқод карда, нуқсону камбудиҳои онро ошкор намуданд ва матни дигари қонуни забонро таҳия сохтанд. Вале он пазируфта нашуд. Он қонуни ноқис пас аз касби истиқлоли давлатӣ ҳам ба ҳамон шакл боқӣ монд.

Ҳоло ки шароит дигар аст, мебояд, ки матни он қонун дубора баррасӣ ва ислоҳу такмил шавад. Ин корро агар имрӯз мо намекунем, бидуни шак фардо дигарон хоҳанд кард. Зеро маънии зиндагии миллат дар забону фарҳанги вай аст. Созмони “Растохез” бо такя ба андешаҳои ватанпарастонаи шоъирону нивисандагон, рӯзноманигорон ва ъолимони муҳтарами тоҷик талошҳое кард, барои фароҳам овардани заминаҳо ва шароити мусоъид барои рушди забону фарҳанги миллии мо, барои соҳибихтиёр шудани халқи тоҷик. Дигар, ихтиёр ба дасти худи мардум аст. (22-07-2008)

Понивишт:

*Аҳмадшоҳи Комилзода рӯзноманигори маъруфи тоҷик аст, ки дар авохири даҳаи 60 ва авоили даҳаи 70-хуршедӣ (авохири даҳаи 80 ва авоили даҳаи 90-и милодӣ) аз фаъъолони Созмони “Растохез” буд ва хотироти зиёе дар бораи устод Тоҳири Ъабдулҷаббор дорад.
**Ин мақола андаке таҳрир ва имлои бархе аз вожаҳо ва номҳо ислоҳ шудааст.

_____________________________

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*