Ҷашни Наврӯз, ёдгори хусравон, хуҷаста бод!

Ҷашни «Наврӯз», дар нахустин рӯзи баҳор, аз бошукӯҳтарин ва барҷастатарин ёдгорҳои эроншаҳриён аст, ки солҳое фаровонро пушти сар ниҳода ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Ба гузориши «Мардумсолорӣ Онлойн», болотарин арзиши ин ҷашнро дар он метавон донист, ки ин ҷашн, бо ҳамаи нишебу фарозҳои бешумор, чунон кӯҳи Дамованд устувор бар фарози торих истода ва бо равони якояки эроншаҳриён сиришта шуда ва дар жарфои дилу ҷони онон нишастааст; он сон ки ҳар эронӣ аз ҳафтаҳо пеш чашм ба роҳи фарорасидани Наврӯз аст ва мекӯшад, то ойинҳои пешбоз аз Наврӯз, ҳамчун ҷашни сурӣ, хонатаконӣ аз кошона ва низ равони хеш ва …-ро баргузор кунад, то ҳамонгуна, ки гул аз гиёҳ мешукуфад ва сабза аз замин мерӯяд, ҷони ӯ низ тоза гардад ва бо равоне орому шод ба пешбози Соли Нав равад.

Наврӯз дорои се сӯяи «табиъӣ», «миллӣ» ва «динӣ» аст:

Сӯяи табиъияш ҳамон ҳамзамонияш бо баробарии шабу рӯз ва оғози баҳор ва нав шудани ҷаҳон аст.

Сӯяи миллияш ба устураҳои эронӣ бозмегардад, ки Ҷамшед, шоҳи пешдодиро, поягузори Наврӯз медонанд ва мегӯянд, ки дар замони Ҷамшедшоҳ сармое сахт Эронвечро дар бар гирифт. Саранҷом, пас аз се сол ин сармо дар баҳор поён ёфт ва бо поён гирифтани он ҷашне бузург барпо шуд, ки Наврӯз хонда шуд.

Ҳаким Ъумари Хайём дар оғози «Наврӯзнома» ба порсӣ нивиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке онки ҳар 365 рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввалдақиқаи ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад, ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард, ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Фирдавсӣ низ дар ин бора фармудааст:

«Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чи моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯмонда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.
Сари Соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин,
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор».

Аз ин сухан бармеояд, ки «Наврӯз» ҳамон «рӯзи нав» аст, рӯзе, ки сол бо он оғоз мешавад.

Абӯрайҳони Берунӣ, худ, ба забони порсӣ, дар «ат-Тафҳим» дар бахши «Аз расмҳои порсиён, Наврӯз чист?» дар ин бора нивиштааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зерок пешонии соли нав аст ва онч аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳо аст ва шашуми фарвардинмоҳ «Наврӯзи бузург» доранд. Зерок хусравон бад-он панҷ рӯз ҳаққҳои ҳишаму гурӯҳон ва бузургон бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, онгоҳ бад-ин рӯзи шишум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввалрӯзе аст аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» (рӯяи 253).

Сӯяи динияш низ бештар ба шишуми фарвардин бозмегардад, ки онро «Наврӯзи бузург» ва рӯзи «Умед» хондаанд, ки аз рӯзҳои хуҷастаи ориёиён аст, ки бо шодӣ ва обпошӣ ҳамроҳ будааст. Бар пояи нивиштае порсиг (паҳлавӣ) ба номи «моҳи фарвардин, рӯзи хурдод» рӯйдодҳои бузург дар ин рӯз рух додааст, ки дар он миён метавон аз зодрӯзи Зардушт, ҳампурсагии Зардушт бо Аҳуромаздо, рӯидани Машӣ ва Машиёна, пайдоиии Каюмарсу Ҳушанг, чирагии Соми Наримон бар Ажидаҳок, тирандозии Ораши шевотир ва пайдоии дубораи шоҳ Кайхисрав, ки ба бовари эроншаҳриён аз ҷовидонон аст, ном бурд. Номи рӯзи «Умед» низ аз он рӯй ба шишуми фарвардин дода шуда, ки рӯзи бозгашти Кайхисрав ва дигар ҷовидонон ва сушиёнсҳо (судбахшон ё раҳоибахшон) аст.

Дар «Наврӯзнома»-и Хайём офарине бас куҳан аз забони Мӯбади Мӯбадон барои Наврӯз омадааст, ки мо низ сухани хешро бо он ба поён мебарем:

«Ба ҷашни фарвардин, ба моҳи фарвардин озодӣ гузин. Яздону дини каён Сурӯш овард туро доноӣ ва биноӣ ба кордонӣ ва дерзив бо хӯйи ҳужиру шод бош бар тахти заррин ва ануша хӯр ба ҷоми Ҷамшед ва расми ниёкон дар ҳиммати буланд ва некӯкорӣ ва варзиш. Доду ростӣ нигоҳ дор. Сарат сабз боду ҷавонӣ чу хавид (сабза), аспат комгору пирӯз ва теғат рӯшану корӣ ба душман ва бозат гиро ва хуҷаста ба шикору корат рост чун тир, … пешат ҳунариву доно гиромӣ ва дирамхору сароят обод ва зиндагонӣ бисёр.»

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*