Пароганиши (интишори) чопи севуми «Гӯёии Арасту» ва чопи панҷуми «Забони порсиг»

Порсӣ Анҷуман: «Гӯёии Арасту» (чопи севум, вироиши дувум) ва «Забони порсиг» (чопи панҷум, вироиши нахуст) чопахш шуда ва инак дар дастраси устодон, пижӯҳандагон, донишҷуён ва дӯстдорони гӯёӣ ва фарзонагӣ ва фарҳангу забонҳои эронист.

 «Гӯёии Арасту» аз Повели Порсӣ (файласуфи Эрони бостон ва устоди фалсафаи Хусрави Анушервони Соcонӣ) дарбардорандаи се гуфтор (Гуфтор андар гӯёии Арасту, рӯшноиномае бар андари перомуни гузориши Арасту ва радабандии Арастуии донишҳо) аст, ки Повели Порсӣ ба шоҳаншоҳ Хусрави Анушервон пешкаш карда.

 Гӯёии Арастуро Раҳоми Аша аз суриг ва арабӣ ба инглисӣ гузорида ва Бузургмеҳри Луқмон ба порсии ноб гардонда ва вожаномҳои сезабона (порсӣ- инглисӣ-порсиг) низ барои он фароҳамидааст.

 Чопи севуми Гӯёии Арасту, ки нахустин нома аз «Хирадномаг» аст, дар андозаи вазирӣ, дар 456 рӯя, бо пӯшинаи сахт чоп шуда.

 «Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ» нивиштаи Раҳоми Аша ва гардониши Маздо Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон аст.

Дар забони порсиг, нивисанда худи ин забонро пояи кори хеш ниҳода, бад-он чунон забоне зинда ва пӯё дарнигариста, сарчашмаҳоро борикбинона ва санҷишгарона баррасида ва намунаҳои бисёр аз камубеш ҳамаи нивиштаҳои порсиг фародасти омӯзанда гузордааст. Чунин, ҳар кас, бар пояи ин кор, хоҳад тавонист дастури порсигро ба некӣ омӯзад; бо вожасозӣ дар ин забон ошно шавад; порсигро бо дигар забонҳои эронӣ санҷад; 4254 вожаи порсигро решашиносона баррасад; ва воҷшиносии ин забонро низ фаро гирад.

 Чопи панҷуми Забони порсиг, ки севумин нома аз Хирадномаг аст, дар андозаи вазирӣ, дар 632 рӯя, бо пӯшинаи сахт анҷом шуда.

 Гуфтанист, ки «Дебочае бар фалсафаи таърихии Эрон» дувумин нома аз Хирадномаг ва «Ҷомоспӣ» чаҳорумин нома аз Хирадномаг аст, ки пештар чопахш шудаанд.

 Дар тобистони имсол ду номаи дигар аз Хирадномаг, Хирадномаги панҷум: «Динкарди чаҳорум» ва Хирадномаги шашум: «Ҷусторномаг», ҳам чоп хоҳанд шуд.

***

 «Гӯёии Арасту»-ро аз «ин ҷой» ва «Забони порсиг (паҳлавӣ)»-ро аз «ин ҷой» метавонед харидорӣ кунед.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*