14 урдибиҳишти 1393
Сомони Ҳасанӣ*
Вожаҳои гӯишҳои рустоӣ метавонанд ҷойгузини дархӯрде барои вожаҳои бегона дар забони порсӣ бошанд.
Ин вожаҳо ду гунаанд: нахуст, вожаҳое ҳастанд, ки дар зиндагии рустоӣ ва кишоварзӣ корбурд доранд ва дигар, вожаҳое ҳастанд, ки дар шаҳрҳо ва дар порсии навишторӣ ҷояшонро ба вожаҳои бегона додаанд.
Барои шиносоӣ ва бакоргирии ин вожаҳо бояд бидонем, ки вожаҳои ҳар забон ба монанди сангрезаҳои кафи рӯдхонаанд. Ҳарчи сангрезаҳо бештар дар бистари рӯдхона ғалтонда шаванд, бештар собида мешаванд. Вожаҳо ҳам ҳарчи бештар ба кор гирифта шаванд ва аз умрашон бигзарад, кӯтоҳтар мешаванд. Монанди вожаҳои “хшоясӣ” ва “хшопо”-и порсии бостон, ки дар порсии нав ба десаҳои “шоҳ” ва “шаб” даромадаанд.
Ҳамчунонки сангрезаҳои кафи рӯдхона яксон собида намешаванд, кӯтоҳ шудани вожаҳо ҳам дар ҷоҳои гуногун яксон нест. Барои намуна, дар бисёре гӯишҳо вожаҳо кӯтоҳтар аз порсии навишторӣ аст. Монанди “гов” ва “хоб”, ки шудаанд “гав” ва “хав” (Г ва Х бо садои зер ҳастанд). Дар вожаи “варзав”, ки ба гови нар гуфта мешавад, аз вожаи “гов” танҳо “в” ба ҷо мондааст.
Дар намунаҳои дигар, вожаҳои рустоӣ десаҳои гузаштаи худро бештар нигаҳ доштаанд ва буландтаранд. Монанди “пахша”, ки десаи паҳлавии “пашша” аст. Ё вожаи “сурхижа”, ки десаи пешини “сурхак” аст. “Ижа” кӯтоҳшудаи “ижак”, нишони кӯчакӣ (аломати тасғир) аст, ки дар форсии нав ба десаи “-ак” кӯтоҳ шудааст.
Дар намунаи дигар, десаи гузаштаи пӯя (феъл)-ҳо ба ҷо монда, монанди “ишкас” ба ҷойи “шикаст”. Ногуфта намонад, ки ба дигардесии вокҳо ҳам бояд нигарист. Барои намуна дар порае аз вожаҳо “р” ба “л” ва “в” (و) ба “й” (ی) дигардеса шуда, чунончи барг шуда “балг” ва хун (خون) шуда “хин” (خین).
Чанд намунаи боло барои ин буд, ки ҳангоми гирдоварӣ ва баррасии вожаҳои рустоӣ дарёбем, ки кадом вожаро дар забони навиштории порсӣ дорем ва кадом якро надорем ва метавон онро ба кор гирифт.
Дар гузашта фарҳангҳои чанде дар бораи вожаҳои маҳаллӣ навишта шуда, ки метавонанд судманд бошанд. Хушбахтона имрӯз ҳам бештари рустоҳо дорои торнигор (веблог) ҳастанд ва бисёре аз онҳо ба гирдоварии вожаҳои маҳаллӣ пардохтаанд, ки метавонанд ганҷинаҳои боарзише барои ҷойгузинии вожаҳои бегона бошанд.
Дар зер ба чанд намуна аз ин вожаҳо, ки дар рустоҳои марказии Эрон равоӣ доранд, ишора мекунам. Чунонки мебинем, бисёре аз онҳо бозмондаи забони паҳлавӣ ва шояд забонҳои бостонӣ бошанд:
Пасин – аср, ғуруб
Пароса – лояи нозук
Пишк – қуръа
Пишка – атса
Пивш – (“п” бо садои зер) – хоки нарм, замини нарм
Парган – пошидани хокистар бар рӯйи барф дар поёни зимистон барои зудтар об шудани барфҳо
Панг – анбошта шудани об дар пушти як монеъ дар масири худ
Ҷумумшиканӣ – оғози ҳар кори баданӣ бояд ором-ором ва кӯтоҳмуддат бошад, то бадан омодагии лозимро биёбад ва осеб набинад. Ба ин кор “ҷумумишканӣ” мегӯянд. Ҷумум касе аст, ки омодагии лозим барои кори баданӣ надорад ва бояд ором-ором оғоз кунад. “ишканӣ” аз десаи пешини “шикастан” гирифта шудааст.
Чагор – сақф
Чағидан – шикастани чизе дар асари сармо
Курп – ба мурғе гӯянд, ки рӯйи тухм хобида бошад
Курпа – агар дар ҳангоми баҳор дарахтон дертар аз ҳангом гул диҳанд, гӯянд сол курпа аст (подвожаи ҳирошт)
Гар – оташ, гар гирифтан – оташ гирифтан
Гӯтарга – пуле барои гузари об аз рӯйи як дара ё ҷӯйи оби дигар
Насор/нисор – пурсоятарин ҷиҳати девор, теппа, кӯҳ ва… сӯйи ҷануб
Ҳирошт – агар дар ҳангоми баҳор дарахтон зудтар аз ҳангом гул диҳанд, мегӯянд сол ҳарошт аст (подвожаи курпа)
Варис – буланд шав, по шав
Вис – биист
*Мардумшинос, дабири пешини адабиёт ва улуми инсонӣ
Матни форсиро инҷо бихонед
Бифирист