Забони Озарбойҷон

Шаҳрбароз

Дар сангнибиштаи Дориюши Бузург дар бораи сарзаминҳои зери фармонаш номи “Парсава” (Parthava) омада, ки имрӯза ба сурати Порт (Parthia) гуфта мешавад. Парсава ба Парсав (Parthav) сода шуд ва баъд Парсав бо табдили “р” ба “л” ва “с” ба “ҳ” ба шакли Палҳав (Palhav) даромад. Палҳав низ барои содагии забон ба Паҳлав (Pahlav) табдил шуд.

Ба нивиштаи Ибни Муқаффаъ минтақаи шимоли Эрон, бавижа Рай ва Исфаҳон ва Ҳамадон ва Наҳованд ва ғарби Эронро “Паҳлав” мегуфтанд. Шакли арабишудаи Паҳлав “Файла” аст, ки лурҳои файлӣ номи худро аз ҳамин ном гирифтаанд.

Паҳлавӣ ва паҳлавон сифати нисбии “паҳлав” аст. Гӯиши ин ноҳияро низ “паҳлавӣ” мегӯянд. Аз ин рӯ таронаҳои сурудашуда ба ин забонро “фаҳлавиёт” меноманд. Забони Мод ва Озарбойҷон низ гунае аз забони паҳлавӣ буд.

Машҳуртарин фаҳлавиёт сурудаҳои Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ аст, ки худ ба ин забон сухан мегуфт. Қатрони Табрезӣ, шоъири эронии садаи панҷуми ҳиҷрӣ, дар яке аз ғазалҳои худ ба ин мавзӯъ ишора кардааст:

Булбул ба сони мутриби бедил фарози гул,
Гаҳ порсӣ навозаду гоҳе занад дарӣ.

Дар ин ҷо манзур аз “дарӣ” ҳамон порсии дарӣ аст, ки дар садаҳои пас аз ислом аз шарқи Эрон, аз Хуросон, баромад ва ба дигар ҷоҳо расид ва манзури Қатрон аз “порсӣ” ҳамон гӯиши худаш аст.

Ҷараёни дидори Қатрони Табрезӣ ва Носир Хисрави Балхӣ таъкиде бар ҳамин аст. Қатрон бархе вожаҳои шеъри Мунҷики Тирмизӣ ва Дақиқиро, ки ба забони роиҷ дар Хуросон буда ва эҳтимолан вомвожаҳои суғдӣ дар он буда, намедониста ва аз Носир Хисрав пурсидааст. Ҳоло понтуркони бесавод ва судҷӯ инро баҳона кардаанд, ки забони Озарбойҷон порсӣ набудааст ва туркӣ буда!

Ҳамин алъон шумо ба ҷануби Теҳрон биравед, вожаҳое мешунавед, ки дар болои шаҳр намедонанд, яъне чӣ! Дар ҳоле ки ин фосила бо мошин як соъат бештар нест. Табиъист, ки ҳазор сол пеш байни Табрез ва Балх ва Тирмиз аз ин тафовутҳо бошад.

Дар даврони мо Аҳмади Касравии Табрезӣ дар мақола ва китоби машҳури худ ба номи “Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон” номи “озарӣ”-ро ба гӯиши паҳлавии роиҷ дар Озарбойҷон дод ва бо нақли намунаҳои торихӣ нишон дод, ки забони мардуми Озарбойҷон монанди боқии мардуми Эрон аз хонаводаи забонҳои эронӣ буда, ки ба хотири сокин шудани туркмонон ва туркон, ва бавижа аз даврони Сафавиён, андак-андак ба забони туркӣ табдил шудааст ва албатта, ин туркӣ ба хотири зерчинаҳо (substrata)-и забонӣ ва фарҳангии сухангӯёни худ бисёр зери таъсири порсӣ аст.

Аз он замон пижӯҳишҳои фаровоне рӯйи забони мардуми Озарбойҷон шудааст. Ёфта шудани китоби “Сафинаи Табрез” ва интишори он нишон дод, ки то садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ мардуми Табрез ва дигар шаҳрҳои Озарбойҷон монанди дигар нуқтаҳои Эрон ба забоне эронӣ сухан мегуфтанд ва ҳанӯз забони мардуми шаҳрнишин туркӣ нашуда буд.

Пас аз он низ ёфта шудани китоби арзишманди “Нузҳат-ул-маҷолис” ва интишори он ба дасти шодравон устод дуктур Муҳаммадамини Риёҳии Хӯӣ нишон дод, ки на танҳо мардуми Озарбойҷон, ки ҳатто мардуми он сӯи рӯди Арас дар Аррон ва Шервон низ ба забони порсӣ сухан мегуфтанд ва таронаҳои омиёна ва рубоъиҳои пешаварон низ ба ҳамин забон будааст.

Устод Риёҳӣ дар пешгуфтори ин китоб мегӯяд вақте дар китоби “Ушшоқнома”-и Убайди Зоконӣ, шоъири садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ, ғазале аз Ҳумоми Табрезӣ, шоъири садаи ҳафтум, ба гӯиши паҳлавӣ дидам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки ин гӯиш мебоистӣ гӯиши ҳамаи мардуми шимолу ғарби Эрон буда бошад, ки Убайд дар Қазвин ва мухотабонаш дар шаҳрҳои дигар баосонӣ ин ғазалро дарк мекардаанд (ва ин таъкидест бар сухани Ибни Муқаффаъ дар ҳамин бора).

Забони гуфторӣ дар шимол ва шимоли ғарби Эрон паҳлавӣ буда, аммо забони нивишторӣ порсии дарӣ будааст. Баста ба он ки дигарон дар кудом минтақа бо ин забон бархӯрд мекарданд, номи онҷоро ба забон додаанд, барои намуна, забони розӣ, забони озарӣ ва монанди он.

Дар “Ушшоқнома”, ба кӯшиши зиндаёд Аббос Иқболи Оштиёнӣ, ғазали Ҳумоми Табрезӣ чунин омадааст:

Бидидам чашми мастат, рафтам аз даст,
Гувом доир дилӣ гуёӣ ҳаст.
Дилам худ рафту метарсам, ки рӯзе,
Ба меҳрат ҳам насӣ хушкомам аҷ даст.
Ба оби зиндагӣ ин хуш иборат,
Лавонат лова наҷ ман дӣлу кон баст.
Даме бар ошиқи худ меҳрубон шав,
Каҷ эй меҳрвонӣ касби ӯ мекаст.
Агар рӯзе бибинам рӯйи хубат,
Биҷам шаҳр андару сари забон даст.
Зи ишқат гар Ҳумом аз ҷон барояд,
Мавоҷаш кон явон бимурду вораст.
Багӯш хо во кунӣ пушташ бивинӣ,
Ба бӯят хастаӣ ҷаҳнома сармаст.

Дар понивиси сафҳа низ чунин омадааст: “Баъзе аз мисраъҳои ин ғазал ба яке аз лаҳҷаҳои вилоятӣ ва зоҳиран ба фаҳлавии тотӣ аст, ки дар асри Ҳумом дар Озарбойҷон маъмул буда. Ба иллати мағлут будани нусхаҳо тасҳеҳи онҳо муяссар нашуд.

Албатта, имрӯза дониши мо аз ин гӯиш/забон беҳтар аст ва метавонем онро беҳтар дарёбем. Барои намуна:

Байти 2: аҷ даст – аз даст
Басти 3: лавонат – лабонат
Байти 4: меҳрвонӣ – меҳрубонӣ
Байти 6: мавоҷаш – магӯяш (воҷидан – гуфтан), ба ӯ магӯ! Бобо Тоҳир мегӯяд: Чи воҷум? Аз чи воҷум? Бо кӣ воҷум?
Байти 7: бивинӣ – бибинӣ

Дар китобҳои Абдулъалии Коранг ва Ғуломризо Инсофпур ин ғазал ба шакли зер омадааст:

Бидидам чашми мастат, рафтам аз даст,
Куам озардиле бу кӯ набӣ маст?
Дилам худ рафту медонам, ки рӯзе,
Ба меҳрат ҳам бишӣ хушгёнам аҷ даст.
Ба оби зиндагӣ, эй хуш иборат,
Лавонат лов ҷа ман дӣлу гён баст.
Даме бар ошиқи худ меҳрбон шав,
Ки зӣ сар меҳрварзӣ гаст бе, гаст.
Ба ишқат гар Ҳумом аз ҷон барояз,
Мавоҷаш кон явон бимрӯту вораст.
Гараш хо во канӣ, лашнаш бивинӣ,
Ба бӯят хута бом жоҳноми сармаст.

***

Бидизам чашми мастат, рафтам аҷ даст,
Куам в-озар диле бу кӯё тубе маст?
Дилам худ рафту медонам, ки рӯже,
Ба меҳрат ҳам бишӣ хушгёнам аҷ даст.
Ба оби зиндагӣ, эй хуш иборат,
Лавонат ловд ҷаман дӣлу киён баст.
Даме бар ошиқи худ меҳрубон шав,
Казӣ сар меҳрварзӣ касту некаст.
Ба ишқат гар Ҳумом аз ҷон барояз,
Мавожаш кон бавон бимурту вораст.
Карам хо вобарӣ, башам бивинӣ,
Ба бӯят хита бом жоҳноми сармаст.
(Фақеҳ, с 194, Инсофпур, с 71 ва 72)

Маънии байтҳои озарӣ:

Кадом озардиле аст, ки маст нашавад,
Ба меҳрат ҳам биравад ҷони хушам аз даст,
Лофи лабонат зи ман дилу ҷон биситад,
Ки з-ин сон меҳрварзӣ зишт бошад зишт.
Мугӯяш к-он ҷавон бимурду вораст.
Агар хокашро воканӣ, лошаашро бибинӣ,
Ба бӯят хуфта бошам дар оромгоҳам сармаст.

Байти дигаре ба забони паҳлавӣ, ки дар поёни ғазали дигаре аз Ҳумоми Табрезӣ дар “Ушшоқнома” омадааст, чунин аст:

Ваҳору вул ва дӣми ёр хуш бӣ,
Авӣ ёрон ма вул бӣ ма ваҳорон.

Маънӣ:

Баҳору гул ба чеҳраи ёр хуш аст,
Бе ёрон на гул бошад, на баҳорон.

  • Коранг, Абдулъалӣ: “Тотӣ ва ҳерзанӣ, ду лаҳҷа аз забони бостони Озарбойҷон”, Табрез, 1333
  • Инсофпур, Ғуломризо: “Торихи табор ва забони Озарбойҷон”, интишороти “Фикри рӯз”, 1377
  • Фақеҳ, Ҷамолиддин: “Отурпоткон ва наҳзати адабӣ”, ширкати саҳомии чоп ва интишороти кутуби Эрон

Авлиё Чалабӣ

Яке аз нивисандагони турки усмонӣ ба номи Авлиё Чалабӣ (Evliya Chelebi, даргузаштаи 1682-и милодӣ) ҳам, ки дар поёни даврони Сафавиён ба Эрон ва Қафқоз сафарҳое кардааст ва сафарнома навиштааст, ба ин нуктаи муҳим ишора карда ва мегӯяд: “Бештари занони Мароға ба забони фаҳлавӣ сухан мегӯянд.

Дар бораи шаҳри Нахҷавон дар Қафқоз низ Чалабӣ мегӯяд, ки мардуми авом ба забони деҳқонӣ сухан мегӯянд ва таҳсилкардагон ва шоъирону нивисандагон ва мардуми шаҳрнишин ҳам фаҳлавию порсии дарӣ ва тозӣ медонанд ва ҳам туркии муғулӣ. Аммо туркмонон дар рустоҳо танҳо ба гӯиши туркии муғулӣ сухан мегӯянд.

“Сафарнома”-и Муҳандиси Абдуллоҳ

Дар шуморае аз маҷаллаи “Бухоро” матлабе мунташир шудааст дар бораи “Сафарнома”-и Муҳандиси Абдуллоҳ, ки дар замони Музаффаруддиншоҳ (1317-и қамарӣ/1900-и милодӣ) маъмур мешавад масири сафари шоҳ ба Фарангро баррасӣ кунад ва ба ҳамин далел аз Теҳрон ба роҳ меуфтад ва то Озарбойҷон меравад ва дар масири худ дар бораи шаҳрҳои мухталиф ва забону гӯиш ва расмҳои онон ҳам сафарнома менависад. Китоби “Сафарнома”-ро Сируси Орянпур дар соли 1389 мунташир кардааст.

Ин мақоларо дар маҷаллаи “Бухоро” оқои Дориюши Ошурӣ нивишта ва дар миёни бархе сатрҳо неше ҳам ба Муҳандиси Абдуллоҳ ва дар кул ба эрониён задааст. Барои намуна, Муҳандиси Абдуллоҳ дар бораи решашиносии Қазвин мегӯяд, ки ин вожа дар асл “кажбин” будааст, чун сокинони аслии он ҷо аҳвал ва кажбин будаанд ва рафта-рафта номи кажбин ба “Қазвин” табдил шудааст.

Баъд Ошурӣ чунин мегӯяд: “Эрониёни дарсхонда дар он замон ки Муҳандиси Абдуллоҳ яке аз намунаҳои хуби онон аст, камтарин ошноӣ бо забоншиносии торихӣ надоштаанд ва достонпардозиҳои омиёнаро дар бораи решашиносии номи шаҳрҳо воқеъият мепиндоштаанд. Ҳамчунин аст вақте Муҳандиси Абдуллоҳ дар тавзеҳи номи Занҷон мегӯяд чун обу ҳавои Занҷон дар парвариши занони зебо муассир буда, онҷоро “Занҷон” номидаанд.”

Дориюши Ошурӣ таваҷҷуҳ намекунад, ки дар бораи соли 1900-и милодӣ сухан мегӯяд ва дар ҳамон Урупо ҳам баҳси решашиносии омиёнаро нухустин бор ба таври илмӣ дар соли 1852-и милодӣ Эрнест Фурстемон матраҳ кард ва пас аз вай Фердинонд Сусур дар соли 1913 дар китоби “Дарсҳое дар забоншиносии умумӣ” танҳо дар ҳадди се-чаҳор сафҳа бад-он пардохт.

Забоншиносии торихӣ низ ба унвони баҳси донишгоҳӣ аз ҳамон даврон тоза дошт шакл мегирифт. Гузашта аз ин, воқеъият он аст, ки решашиносиҳои омиёна дар табиъати мардум аст ва бахше аз ҳар забон аст. Ҳамин имрӯз ҳам дар шаҳрҳои Порис ва Ландан ва Ню-Юурк (ки лобуд ба бовари эшон маркази тамаддун аст ва ҳама чиз илмӣ аст) решашиносии омиёна роиҷ аст ва ҳамин гуна афсонаҳо дар бораи номи шаҳрҳо ва одамҳо нақл мешавад.

Бигзарем. Фасли ҳаштуми “Сафарнома”-и Муҳандиси Абдуллоҳ “Таҳқиқ дар боби лисони аҳли Озарбойҷон” ном дорад ва ӯ менависад, ки мардуми Озарбойҷон то соли 500-и ҳиҷрӣ ба забони махсусе сухан мегуфтанд, ки дар торих ба номи “лисони озария” забт шудааст. Сипас, менависад пас аз вуруди Салҷуқиён ва то даврони Сафавиён андак-андак забони туркӣ роиҷ шудааст.

Бад-ин тартиб, дар даврони мо Муҳандиси Абдуллоҳ наздики 25 сол пеш аз Аҳмади Касравӣ дар бораи забони озарӣ сухан гуфтааст. Албатта, ба назари ман, бо ҷустуҷӯи бештар метавон манбаъҳои бештаре дар ин бора ёфт.

Ҳамчунин, нигоҳ кунед ба “Забони озарии куҳан” дар пойгоҳи “Озаргушнасп”

Матни форсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*