Дужвожа чист?

دژواژهМуҳаммади Ашурӣ

“Дужвожа”-ро ин ночиз 15-16 сол пеш барои номи гурӯҳе аз калимот баргузид, ки садҳо сол аст дар забони форсӣ ҷавлон додаанд ва аз худ захми бад бозгузоштаанд.

Ман барзгарзодаам ва ошно ба забони кишоварзӣ ва боғдорӣ. Дар киштукор вожаи “ҳарзгиё” ё “алафи ҳарз”-ро дорем, ки миёни кишт, гирем панбазор, мерӯяд ва ҳамонанди бутаи панба аз хок, об, кӯд (пору) ва офтоб баҳра мегирад ва ба ҳамон андоза бутаи панбаро аз болиши дилхоҳ бозмедорад ва ба фароянди кишт осеб мерасонад, вале онро нобуд намекунад.

“Ҳарз” вожае форсӣ аст барои “ваҳшӣ” монанди оби ҳарз, боди ҳарз, сармои ҳарз, ҷонвари ҳарз ва… корбурд дорад. Дар заминаи иҷтимоъӣ ҷои “табиъӣ” менишинад ва мард ё зани ҳарз, сухани ҳарз ва рафтори ҳарз омадааст. Ба маънои ноомӯхта ё нофарҳехта ва ҳамчунон асири гироишҳои табиъӣ.

Ҳарзгиёҳонро гӯё “виҷӣн” ҳам номидаанд ва кандани шаррашон аз киштзорро “виҷин кардан” меномидем, ки худ яке аз корҳои муҳимми киштукор шумурда мешуд. Ҳарзгиёҳон худ реша дар хок доштанд ва бо ин ки бархе аз онҳо, чун печакҳо, ба тани кишт ҳам мепечиданд, вале аз тани онон намехӯрданд.

Душмани дигаре дар дашту боғ буд, ки ин ҷӯр сода намешуд бо он размид. Душмане буд бо номи “гули ҷолиз”! Гуле бисёр зебо, вале заҳрогин. Канори бутаҳои харбуза меруст, маккаҳои худро дар решаи харбуза фурӯ мебурд ва шираи ҷони бутаро мемакиду худ шоду хуррам ва нерӯманд, чун дастагуле дар падруди ҷолизбон (полезбон) аз хок сар бармеовард. Ҷолизе, ки гул мегирифт, дигар “хобида” буд ва раҳояш мекарданд. Ҷолизбон мемонду бидеҳӣ ба борфурӯш ё “бунакдор” (вомдиҳанда).

Ангали (паразити) дигаре буд, бавижа дар боғҳои ангурӣ бо номи “сис”. Пайдо набуд кай ва аз куҷо худро ба ҷавонаи наврустаи мав (ток ё ангур) мерасонд ва гирдаш чанбар мезад. Ҳамчун море гирди хаданг ва дандонҳои макандаашро бар тани турди шох фурӯ мебурд, мемакиду меболид ва ҳар дам гушнтар (анбӯҳтар) мешуд. Дами нахуст ба нозукии тори мӯе ва рӯзи пасаш чун нахе ситабр, обдор, турд (шикананда) ва сабзи олпис (лоҷвард). Аз ин шох ба он яке ва аз он ба дигаре. Ба рӯзе чанд ҳамаи тани мав (ток)-ро мепӯшонд. Резгулҳои хушранг медод бо меваҳои кӯчаки мурворидгун. Хӯшаҳои ангур миёни ин бару рӯи мармарин гум мешуданд. Мав ё анҷур, ки рустоиён меномиданд, “кул” мехобид ва ҳаргиз сар барнамеовард. Ҳамаи ранҷи боғбон дуд мешуду ба бод мерафт. Рустоиён инҳоро дигар сазовори номи “ҳарз” намеёфтанд ва “офат”-ашон меномиданд ва ба киноя “бало” ва душман ва агар ман бихоҳам бар он ном ниҳам, “дужгиёҳ”.

Акнун, ки метавонем дужгиёҳ дошта бошем, дужхиму душвору дужогоҳу дужбароз ва душман ва дужоҳангу дужпул дошта бошем, метавонем ҳам “дужвожа” дошта бошем, ки ҳамонанди сис ва гули ҷолиз бар тани нозуки вожа мепечад ва зиндагияшро чика-чика менӯшад, то бараш андозад ё чунонаш баргардонад, ки аз рехти форсӣ дарояд ва онгоҳ аз вожае ба вожае дигар даргирад. Дужвожагон танҳо чунон ҳарзгиёҳ меҳмони нохонда нестанд, ки муфт хӯранд ва тан аз кори дигаре фарбеҳ гардонанд, балки чун гули ҷолиз заҳрогинанд ва зиндагисӯз. Ба забон фурӯ мераванд, заҳри худро дар он мерезанд ва дастгоҳи ойинии забонро фурӯ мепошанд. Барҷастатарин дужвожагон, ки шинохтаам, дар зер меоварам:

– Нахустин дужвожагон қайдҳои танвиндор ҳастанд. Монанди қоъидатан, катбан, қаламан. Инҳо ҳамчун дигар дужвожагон на дар дастури забони форсӣ пояе доранд ва на бо сохтори овоии форсӣ дармехӯранд, з-ин рӯ ҳам ба дастур, ҳам ба ойини нигориш ва ҳам оҳанги сухани форсӣ осеб мерасонанд. Заҳрашон ҳамонанди ангали сис дар ҷони вожагони форсӣ мерезад. Вожагоне паризада аз хомаҳое бепарво чун дувуман, севуман, бахшан, ва забонан, ки гаҳгоҳ бозмехӯрем, газидагони он дужвожагонанд.

Ҳаргиз дар нивиштаҳои аржманди форсӣ, аз гузаштаҳои дур то кунун, ба як вожаи танвиндор бозхӯрдаед? Чун он бузургворон, то бирасад ба бархе аз нивисандагони зинда, ба табоҳандагии ин дужвожагон барнигаристаанд ва нек медонистаанду медонанд, ки аз он чи осебе бармехезад. Шояд барои ситез бо ин дужвожа будааст, ки дар забони тӯда аз сифатҳо бо ёрии пояки “О” исм ва қайд сохтаанд, чун паҳно, дарозо, ғолибо. Иттифоқан, лек зеҳни арабзада онро “ғалати қаламӣ” ангошта ва дар тасҳеҳаш танвини ду забар бар он афзудааст.

Корбурди вожагони форсӣ бо пешванд ё дарбанд ё пасванд ё ҳар пояки бегона на танҳо ноошноии корбарро аз сохтори забон мерасонад, балки нишони ситези ӯ бо забони модарӣ аст. Вожагони форсии беморе чун дувуман, севуман, бахшан, гоҳан, забонан ва ҳамчунонҳо аз нигоҳи нивисандаи огоҳ нодуруст ва корбурдаш чи дар нивиштор ва чи дар гуфтор базаҳ (ҷиноят) шумурда мешавад. Дувум, севум худ қайданд, ниёзе ба ин палидкорӣ надоранд.

Туда мегӯяд: “Ҳам забонӣ даъваташ кардам ва ҳам корт барош фиристодам.” Забонӣ, сифат ва дар ин корбурди туда қайди зебо, дуруст, покиза, расо ва хонои форсии барозандаи забони гӯяндаи камсаводи мо нест? Барои парҳез аз ин палидиҳо, ва аз бун, ин дужвожагон, забони форсӣ роҳҳои бисёр содае дорад, вале нахуст бояд оҳанги парҳез дар сари мо шукуфта бошад. Ҷои дужвожаи “қоъидатан” метавон ойинӣ, ойинманд ё бақоъидаро ба кор бурд, ки дастикам дужвожа нест. Ба ҷойи “катбан иттилоъ дод” тибқи ойини қайди форсӣ бояд гуфт “нависон иттилоъ дод”, вале чун варз номада, маззагоҳамон намепазирад, ки ин худ партави ҳамон заҳр аст, вале метавон нивишторӣ ё катбиро ба кор бурд, ки камтар аз он дужи марсум расо нест. Гузашта аз ин ҷойгузинӣ, ҳангоме ки мо бихоҳем форсӣ бинивисем, рафта-рафта ороиши суханамон гироише пайдо мекунад, ки ниёзе ба ин дужвожагон надорем.

Номҳои арабӣ бо “ал”-и таъриф яке дигар аз дужвожагонанд: Алалхусус, маъаласаф, филврқеъ, биттабъ ва байналаҳзобӣ! Барои фарзандони дабистонии мо хондани ин гуна вожаҳо пурсишангез аст, бо омӯхтаҳои пешиниён ҳамоҳангӣ надорад, посухи омӯзгор ҳам ё норасо ва нодирёфтанӣ аст ё аз чорчӯби дастури забони форсӣ берун мезанад ва ойини хондану нивиштанамонро лағ (табоҳ) мекунад. Ба ҷойи ин дужвожагон, забон худ вожагони бавижа, боафсус, баростӣ, баойин ва миёнҳизбиро дорад, бе онгуна бадомӯзиҳо. Тоза нивисандаи забондонро барои парҳез аз корбурди чунин дужвожагоне ёрои он ҳаст, ки ороиши ҷумларо чунон сомон диҳад, то ниёз ба ин “хӯраҳо” наюфтад.

Афзун бар ин, сохтори ин номи муъаррифаи арабӣ чунон аст, ки ағлаб дужвожаи дигаре “ташдид”-ро низ ядак мекашад. Ба бовари ман, бояд ва бегумон метавон аз корбурди “ал” дар форсӣ парҳез кард, то онҷо ки дар номи касон ҳам онро канор гузошт. Ман худ “Носир-уд-диншоҳ”-ро Носиридиншоҳ нивиштам ва пиндорам бас расост.

Ҷамъҳои арабӣ, ки бо ҳамон сохти наҳвӣ нахарошида ба форсӣ даромадаанд, ҳам дужвожаанд: мударрисин, рӯҳониюн ва ҳамин ҷур мусанноҳо мисли “тарафайн”. Мо дар форсӣ мусанно надорем. Бештар аз як ҳамвора ҷамъ шумурда мешавад ва бо нишонҳои ҷамъи форсӣ меояд: мударрисон, муъаллимон, рӯҳониён ва тарафҳо. Агар ҳам бихоҳем бас дақиқ бошад, “ду тараф”-ро бояд кор бурд.

Саранҷом, калимоти арабии дорои ташдид ҳастанд. Мебинем, ки ташдид аз дужвожаи “аввал” ба паҳлуи бисёре аз вожагони форсӣ, монанди дувуму севум дархалидааст. Бархе аз гӯяндагони расонаҳоро барнигаред, ки чигуна бар ҳар овои бепаноҳи форсӣ ташдид мегузоранд, то бар гуфтаи хеш пой фишурда бошанд.

Бино бар ин, ин вожагон, ки дар хондану нивиштан душворӣ мезоянд, чеҳраи забонро меолоянд ва бузургтар аз ҳама, дастури забонро мегусилонанд (гусаста меунанд) ва беэътибор мегардонанд, номи дужвожаро месазанд, ки мафҳуми вожае газоянда ва душманро дорад.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*