Филми мустанади “Мехвора” баррасӣ шуд

Cyrus the GreatПорсӣ Анҷуман: Рӯзи одинаи 21 озармоҳ дар Маркази “Биниши нав” филми мустанади “Мехвора” (дар бораи дабираи мехӣ), тозатарин сохтаи Баҳроми Рӯшанзамир, ба намоиш даромад.

Ин филм 24-дақиқаӣ ба шиносоӣ ва баррасии раванди дигаргуниҳои хатҳои мехӣ дар даврони бостон мепардозад ва низ нигоҳе ба корҳо ва дастовардҳои як ҷавони ҳамадонӣ ба номи Суҳайли Дилшод дорад, ки устувонаи бобилии Куруши Бузургро ба ҳамон гунаи суннатияш месозад.

Баҳроми Рӯшанзамир пас аз намоиши филм гуфт, ки дағдағаи ҳамешагияш пул задан миёни дараи жарфи синемо ва эроншиносӣ будааст.

Гуфтанист, ки нахустин кори коргардони “Мехвора” мустанади “Ҷашнҳои эронӣ” буд, ки бо рӯйовариш (=истиқбол)-и фаровони фарҳангдӯстон дар Эрон ва берун аз Эрон рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи Рӯшанзамир, мустанади “Шаби Ялдо” то кунун аз сӯи 3000 тан дида шуда, ки барои чунин коре бисёр хуб аст.

Рӯшанзамир хатти мехиро “ғарибошно” хонд, чиро ки воруни дигар дабираҳо ҳамаи мардум метавонанд мехиро шиносоӣ кунанд, вале камтар касе огоҳиҳои дурусте дар бораи ин хат дорад. Ин филм бо ҳамкории Суҳайли Дилшод, ки вижакор (=мутахассис) дар хат ва забонҳои бостонӣ аст, дар Ҳамадон сохта шудааст.

Рӯшанзамир филмро ба нисбати филмҳои мустанаде, ки ҳамакнун дар кишвар сохта мешаванд, бисёр камҳазина донист ва гуфт, ки бо камтар аз як панҷуми будҷеи маъмул корк ардем, вале бо таваҷҷуҳ ба набуди сармоягузор ва пуштибон дар бозгардондани ҳамин маблағ ҳам мушкил дорем.

Ба гуфтаи коргардони “Мехвора”, филм иддиъои ҳунарӣ надорад, вале умедвор аст дар ваҷҳи эроншиносона битавонад рисолати мустанад, яъне омӯзиши ҳамагониро, ба дӯш бигирад, чиро ки омӯзиши эроншиносӣ аз роҳи тасвирӣ дар Эрон падидае навин аст, ки зиёд ба он пардохта нашуда.

Нахустин нақд аз сӯи яке аз мунтақидон ин буд, ки чиро ба ҷои як нафар аз чандин нафар ва дарвоқеъ аз ҳамаи вижакорони шинохташуда ва коркуштаи забонҳои бостонӣ баҳрагирӣ нашуда? Ҳамчунин пурсида шуд, ки чиро дар филм мусиқӣ бафаровонӣ ба кор рафтааст? Рӯшанзамир низ дар посух гуфт, ки мустанадасари ангушт ва имзои созандаро бо худ дорад ва ба нисбати филмҳои достонӣ бисёр шахситар ва салиқаитар аст.

RoshanzamirКоргардони “Мехвора” аз Муҳаммадризо Аслонӣ, мустанадсози ботаҷрубаи эронӣ, бозгӯ кард, ки агар касе мустанаде бисозад, ки дигаре ҳам битавонад ҳамонро бисозад, ин фард кори дурусте накарда, ки он филмро сохта. Мустанад бояд ба гунае бошад, ки агар каси дигаре бихоҳад онро бисозад, чизи дигаре бишавад. Рӯшанзамир гуфт: “Ман мехостам дар бораи “мехӣ” бисозам, вале бамурур ба “мехинивис” наздик шудам. Бо ин ҳама, филм чеҳранигор (=пуртере) нест.”

Нахустин касе, ки пас аз коргардон сухан гуфт, Муҳаммади Ало, устоди Донишгоҳи Колифурниё ва таҳиякунандаи мустанад буд. Ӯ пас аз шиносондани худ ва филмҳое, ки то кунун таҳиякунандагӣ карда, аз мушкилоти фаровони мустанадсозӣ дар Эрон гилоя кард. Ӯ дар дунбола аз кӯшишҳои Суҳайли Дилшод ва Баҳроми Рӯшанзамир ситоиш кард ва боистагии ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ бо ҷавонони кӯшоро ёдовар шуд.

Jafari DehaghiПас аз ишон Ҷаъфарии Деҳақӣ, устоди Донишгоҳи Теҳрон дар риштаи фарҳанг ва забонҳои бостонӣ ва раиси бахши эроншиносии Доиратулмаъорифи Бузурги Исломӣ, гуфт, ки ман дар филм ҳеч эроди донишӣ надидам, ва ба гумонам, филм хешкории худро, ки ошносозии бинандаи ҳамагонӣ бо дабираи мехӣ аст, бахубӣ анҷом дод. Вай афзуд: “Суҳайли Дилшод шогирди ман буда ва корҳои бисёр боарзише анҷом додааст.” Ҷаъфарӣ идома дод: “Мо дар заминаи филмҳои омӯзишӣ ва мустанад дар заминаи шиносоии фарҳанг ва торихи Эрон туҳидастем ва умедворам чунин филмҳое дар дасти мо бошад, то битавонем доштаҳои худро ҳам ба эрониён ва ҳам ба дигарон нишон диҳем.”

Сипас, Ғуломризо Карамиён, устоди эроншиносии Донишгоҳи озоди Теҳрон-марказ, пушти мизи суханронӣ қарор гирифт. Ишон фазои филмро дилнишин донист ва афзуд, ки садҳо ҷавони эронӣ дар сартосари Эрон дар кӯшишанд, вале дар бештари замонҳо касе ононро арҷ намениҳад. Ин бостоншинос ибрози умедворӣ кард, то корҳое аз ин даст бештар анҷом шаванд.

Дар дунбола ҳам филме ба намоиш гузошта шуд, ки ковишҳои бостонӣ дар майдони сосонии Саймара (Барзқавола)-ро намоиш медод. Майдони бостонии Саймара бо 18 ҳектор масоҳат бисёр ҳамсон бо Тайсафун дар кишвари Ироқ аст.

Дар поёни нишаст низ ба муносибати рӯзи озодсозии Озарбойҷон аз банди фирқаи дастсохтаи Пешаварӣ нивиштаи кӯтоҳе хонда шуд.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*