Забони форсӣ ё “тоҷикӣ”: Рӯйоварӣ ба ҳамбастагӣ ё гусастагии фарҳангӣ?
Кишвари кунунии Тоҷикистон бахше аз сарзаминҳои эронии куҳанбунёди Фарозрӯд (Фарорӯд, Варорӯд, Варазрӯд) бо пешинаи ҳазоронсолаи забони форсӣ ва фарҳанги муштарак бо дигар гурӯҳҳои эронӣ, яке аз натиҷаҳои барномаи ёдкардаи русиён аст. Аммо ба рағми ҳамаи ин тамҳидҳо ва бозиҳои ҳадафманд тоҷикон дар ҳамин колбади сиёсии кунунӣ низ – ҳатто бо гунҷонида шудани бахше аз онҳо дар даруни хаткашие номбурдор ба “Узбакистон” – ҳамчунон форсизабонони эронифарҳанганд ва дилу ҷонашон пайванду паймоне ногусастанӣ бо Эрон ва эронӣ дорад.