Фарохони дувумин гирдиҳамоии ҷаҳонии забонҳо ва гӯишҳои эронӣ

Дувумин гирдиҳамоии ҷаҳонии забонҳо ва гӯишҳои эронӣ аз сӯйи бахши эроншиносӣ ва забоншиносии Маркази Доиратулмаъорифи Бузурги Исломӣ ва бо ҳамкории Донишгоҳи Теҳрон, Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Анҷумани забоншиносии Эрон ва Донишгоҳи Соломонко (Испониё) 14 ва 15 даймоҳи 1393, мусодиф бо 4 ва 5 январи 2015, баргузор мешавад.

Раҳнаварди Зарёб: Мекӯшем вожаҳои бегонаро аз дарӣ берун кунем

Ҳамин акнун дар манотиқи паштуннишин вақте кӯдаке мехоҳад босавод шавад, “Гулистон”-и Саъдӣ мехонад, Мавлоно ва Ҳофиз мехонад. Як муаррихи бузурги Афғонистон, ки дар Эрон низ чеҳраи шинохташудае аст, ба номи устод Абдулҳаййи Ҳабибӣ, мегуфт, мо забони дариро аз Байҳақӣ ва Ҳофиз ва Саъдӣ омӯхтаем, яъне ҳамин ҳоло ҳам осори таълимии забони форсӣ барои кӯдакон дар масоҷиди паштуннишин вуҷуд дорад.

1 2