Хоҳишмандем ба ин корзор бипайвандед!
Раъно Қодирӣ: Нармафзори Дулингу 500 миллиюн корбар аз саросари ҷаҳон дорад, ки ба ройгон забонҳои гуногунро меомӯзанд. Оре, муҳим аст, ки мо битавонем забонҳои дигарро осонтар ёд бигирем, аммо муҳимтар аз он ин аст, ки мардумони дигари ҷаҳон ҳам дар шароите баробар ҳаққи баргузидани забони форсиро барои ёдгирӣ дошта бошанд. Забон даричаи пайванд аст. Забон рози пайванди дилҳост. Забони форсӣ моро раҳоӣ хоҳад бахшид ва ростии моро бозтоб хоҳад кард.