Хоҳишмандем ба ин корзор бипайвандед!

Раъно Қодирӣ: Намедонам чи қадр бо нармафзори Дулингу ошно ҳастед. Дулингу нармафзори омӯзиши ёдгирии забон аст. Корбарон мутаносиб бо забони мақсади худ, бо маҳоратҳои вежа барои тамрини вожагон, дастури забон ва талаффуз, бо баҳра аз такрор, омӯзиш мебинанд. Тамринҳои марбут ба маҳоратҳо метавонад дарбардорандаи тарҷумаи нивишторӣ, дарки матлаб, дарки гуфторӣ ва достони кӯтоҳ бошад.

 Ин барнома бе пардохти ҳазина дар дастрас аст, агарчи Дулингу хадамоти мумтозеро низ бо пардохти ҳазина ироа мекунад. Дулингу маҳбубтарин барномаи омӯзишӣ дар ҷаҳон аст. Маъмурияти ин ширкат ин аст, ки омӯзишро ройгон ва саргармкунанда дар дастраси ҳамагон бигузорад.

 Дар дарозои ин солҳо мудирони Дулингу барои беҳбуди равишҳои омӯзишӣ ва табодули забономӯзӣ ва афзоиши забонҳои гуногун ба нармафзор кӯшиши бисёре кардаанд ва забономӯзиро бисёр густариш дода ва фазои баробар барои омӯзиш дуруст кардаанд. Акнун дар Дулингу метавонед ба 40 забони ҷаҳон дастрасӣ дошта бошед.

 Забонҳои бисёре ба феҳристи забонҳои ин нармафзор афзуда шудаанд – забонҳое бо гӯишварони камтар аз форсӣ. Мутақозиёни зиёде аз сартосари ҷаҳон ба Дулингу нома нивиштаанд ва дар анҷуманҳои марбут ба Дулингу ин дархостро матраҳ кардаанд, аммо ҳеч гоҳ ба ҳеч кадом аз ин дархостҳо посухе дода нашудааст.

 Ҷаҳон аз мо форсизабонон ҳеч намедонад. Ончи медонад, худатон метавонед ҳадс бизанед. Бо нигоҳе ба титри хабаргузориҳои бузурги ҷаҳон дармеёбед, ки мо форсизабонон бо чи вожаҳое гиреҳ хӯрдаем ва ин вожаҳо чи гуна сарнавишти асри моро рақам задаанд.

 Мардумони дигари ҷаҳон аз мо, аз ҳақиқати мо, ҳеч намедонанд. Агар шумори андаке таърихшинос ва фарҳангшиноси ғарбиро канор бигузорем, бар пояи ончи, ки бар Эрони имрӯз меравад, вожагоне нохушоянд бешинаи моро намояндагӣ мекунанд.

 Нармафзори Дулингу 500 миллиюн корбар аз саросари ҷаҳон дорад, ки ба ройгон забонҳои гуногунро меомӯзанд. Оре, муҳим аст, ки мо битавонем забонҳои дигарро осонтар ёд бигирем, аммо муҳимтар аз он ин аст, ки мардумони дигари ҷаҳон ҳам дар шароите баробар ҳаққи баргузидани забони форсиро барои ёдгирӣ дошта бошанд. Забон даричаи пайванд аст. Забон рози пайванди дилҳост. Забони форсӣ моро раҳоӣ хоҳад бахшид ва ростии моро бозтоб хоҳад кард.

 Мо барои афзуда шудани забони форсӣ ба нармафзори Дулингу дархости ҷаҳонӣ сабт кардаем.

 Кӯшиш барои ба бор нишондани ин дархост як корзори шаҳрвандии оштиҷӯёна аст. Як кӯшиши гурӯҳӣ барои эҷоди иртиботи ростин дар баробари ин девори бузург, ки моро дар бар гирифтааст. Як корзори ором ва шикебоёна, на пархошҷӯёна ва қаҳромез.

 Ёдамон наравад кӯшиш барои дигаргун кардани сиёсатҳои як компонии байналмилалӣ дар он сӯи ҷаҳон, ба суди забони мо бо по кӯбидан шуданӣ намегардад. Аммо имконпазир аст, агар ором ва бесадо афзӯн шавем ва бипоем, ки ҳеч рӯдхонаи гилолуде аз ин рӯди кӯчак сар дарнаоварад. Он гоҳ нодида гирифтани ҳазорон инсон, ки бо лабханд дастҳояшонро ба рӯйи дигарон гушӯдаанд, сахт аст.

 Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,

 Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд. Мавлавӣ

 Барои мо муҳим аст. Ин боистагии гум нашудан, хомӯш нашудани забони миллиюнҳо инсон, ки ҳамакнун ҳам ҳамбастагӣ ва иттиҳодашонро мутазалзил кардаанд. Барои мо муҳим аст ончи моро ба ҳам пайванд медиҳад. Забони мо ҳувийяти гумшудаи мост.

 О, Б, П, Т,. ..

 Барои ин муҳим имзо ҷамъ мекунем. Агар хостӣ бипайвандӣ, онро имзо кун.

 Ҳар ҷойи ҷаҳон, ки ҳастӣ, аз ҳар тира ва табор, ки ҳастӣ, монанди мо форсиро ошиқӣ.

 Форсиро зинда нигаҳ дорем.

 Нишонии баргаи дархостро метавонед дар «инҷо» бибинед.

 Бо нивиштани ном, номи хонаводагӣ ва роёнишонӣ (одреси пусти электируник)-и худ метавонед ин дархостро имзо кунед:

 http://www.change.org/why-not-persian

 Ҳатман ва ҳатман ва ҳатман пас аз имзои дархост хоҳишмандам ба роёнома (э-мейл)-и худ биравед ва роёномаеро, ки аз торнамо (веб-сойт)-и change.org омадааст, таъйид кунед. Шуданӣ аст ба бахши ҳарзнома (испам) рафта бошад. Агар ин корро анҷом надиҳед, имзои шумо таъйид намешавад.

 Агар ба мушкил бархурдед ҳамон тавр, ки одат доред аз филтершикан истифода кунед.

 Беҳтарин кор даъвати дигарон аст, ки медонем чи қадр ҳамамон барои таваҷҷуҳ ба якдигар камҳавсала шудем, аммо хуб агар ин мавзӯъ дуруст бошад миёни дигар чизҳо худаш роҳи худашро пайдо мекунад.

 Форсӣ аз они ҳамаи эрониён ва эронитаборон ва дилбастагон ба ин забон аст. Инро фаромӯш макунед то ҳамаро ҳамроҳи худамон кунем. Як нафар ҳам муҳим аст.

 Рост ин аст, ки ин дархост ниёз ба имзоҳои бисёре дорад. Наметавон ба равшанӣ гуфт, ки чандто?! Танҳо метавон баровард кард. Бо таваҷҷуҳ ба навъи дархост беш аз даҳ ҳазорто. Албатта, мо форсизабонон ва форсидӯстон бештар аз ин шуморем.

 Танҳо каме сахт ба ҳам мепайвандем ва ноумедимон аз умедамон дар гирифтани ҳуқуқамон бештар аст. Аммо хуб меандешам як тан ҳам як тан аст ва як тан як тани дигарро бо худаш меоварад. Ин рӯдхона ҳеч пуштибоне надорад ба ҷуз мо ва шумо.

 ——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*