Нигоҳе ба кори тозаи Раҳоми Аша бар «Суруди мурворид»: Чи гуна парда аз рози зеботарин суруди ҷаҳон бардошта шуд?

Пӯшинаи «Айварзи шигифти шоҳзодаи портӣ» ё «Суруди мурворид», нигора ва пайранги пӯшина: Маздо Тоҷбахш.

Бузургмеҳри Луқмон: Суруде дар «Корномаи Тумо» [1] ҳаст, ки «Суруди мурворид»-аш хондаанд ва гуфтаанд ҳангоме, ки Тумо, яке аз 12 ёри баргузидаи Исо, ба Ҳиндустон дар зиндон буд, барои он ки зиндониёнро ором кунад, ин сурудро барояшон мехонд.

 Пижӯҳишгарон дарёфтаанд, забони ин суруд, ки ба суриг (сурёнӣ) аст бо дигар бахшҳои корномаи Тумо ҳамхон нест ва онҳо чанд садае аз ин навтаранд. Низ, ин суруд дар бештари “Корномаҳои Тумо” дида нашудааст.

 Ҷудоӣ аз суриг, дар он корномаҳо, ки ба забони юнонӣ бар ҷой мондаанд, ин суруд танҳо дар як дастнибишт ёфт шудааст. Ҳамчунин, бозгӯие озод аз суруд дар нибиштаи юнонии дигар бар ҷой мондааст.

 Гузидае аз суруд

 Агар ба суруди мурворид дарнигарем, пеш аз ҳар чиз достони сода бинем, ки чи басо пеши поуфтода ёбемаш. Ин суруд аз шоҳзодае портӣ гӯяд, ки ба шаҳре дурдаст, Мудраг (Миср), фиристода шавад то мурворидеро, ки канори аждаҳоест бардорад ва ба сарзамини худаш бозгардад. Дар буми Мудраг ӯ сарзамин ё меҳани хешро фаромӯш кунад. Ба ӯ номае фиристанд. Ин нома ба гунаи парандае ӯро бедор кунад ва ба ёдаш оварад, ки кист, гавҳараш чист ва барои чи ба Мудраг омадааст. Пас, ба худ ояд ва мурворидро бардорад.

 Ӯ ҳангоме, ки кӯдаке буд, барояш ҷомае дӯхта буданд. Дар роҳи бозгашт, ин ҷома ба пешвозаш равад. Ӯ бинад, ки ҷомааш ҳамзамон бо худаш бузург шуда ва низ бас некӯ ва бошукӯҳ гаштааст. Ҷомаро дарбар гирад ва бо он роҳии сарзаминаш шавад. Бародараш, ки ҷойгоҳи бидхашӣ ё дувумиро дорад бо хунёгарон ӯро пешвоз гирад ва ӯ ба хона равад ва бад-он ҷой мондагор шавад.

 Розомез намудани суруд

 Касоне, ки ин сурудро хондаанд, дар оғоз аз содагии достон дар шигифт шудаанд, вале андак-андак ин достон барояшон розомез намудааст: ин суруд аз чи гӯяд? Ин шоҳзода кист? Ин ҷома чиро бузург гашта? Ин нома чиро ба гунаи парандае ба наздаш омада? Ин фаромӯшӣ ва ин ёдоварӣ аз баҳри чист? Ва …. Инҳо пурсишҳоеанд, ки аз соли 1870, ки ин суруд ба забони суриг ва сипас дар як дастнибиштаи юнонӣ пайдо шуд, донишмандоне пуршуморро барангехтаанд ва ба худ водоштаанд то посухҳое ёбанд.

 Саромади ин донишмандон пижӯҳандае олмонӣ ба номи Ритзенштойн буд, ки чандин кори барҷаста дар бораи ин суруд кард.[2] Пас аз ӯ касоне бисёр бад-ин роҳ рафтанд, ки пижӯҳишгаре конодоӣ, Пуория ном, ҳамаи ин баррасиҳоро ба як ҷой гирд овард ва коре дархур ба даст дод.[3]

 Забони бунёдини суруд

 Агар ба буннибишти суриги суруд дарнигарем, бас вожаҳои эронӣ, ба вежа паҳлавонӣ (портӣ) дараш ёбем. Ин ҳама вожаи эронӣ дар камтар нибиштаи суриг ёфт шавад ва ин нишонгари он аст, ки ё суруд дар бунёд ба забони паҳлавони буда ва сипас ба забони суриг даромада, ё ин ки нивисандаи суруд ба суриг, худ, паҳлавонизабон будааст.

 Агар борикбинонатар нигоҳ кунем, бад-ин бовар расем, ки суруд дар оғоз ба паҳлавонӣ суруда шуда ва сипас ба суриг ва юнонӣ баргардонда шудааст, чи ҳар чанд дар буннибишти суруд ба суриг суханоне ҳаст, ки оҳангин намояд, вале рӯйиҳамрафта, натавон суруди ҳаштпораии (ҳаштҳиҷоии) оҳангинаш донист. Ин пижӯҳандаи бориксанҷро бад-ин раҳнамун кунад, ки суруди мурворид ба суриг дар бунёд ба паҳлавони буда, ки нависандае паҳлавонидон онро ба суриг гардондааст.

 Боз, агар борикбинонатар бингарем, дар ҳамсанҷии миёни ду нибиштаи суриг ва юнонӣ, гоҳе нибиштаи суриг дурусттар аз юнонӣ аст ва гоҳе юнонӣ дурусттар аз суриг. Ин нишон диҳад, ки на нибиштаи юнонӣ аз суриг гирифта шуда ва на нибиштаи суриг аз юнонӣ, ва ин ду бояд аз нибиштаи севуме гирифта шуда бошанд. Бо вожаҳои паҳлавонӣ ва низ ҷонмояи эронӣ, ки дар ин суруд ҳаст, ба равшанӣ ба ин бароянд тавон расидан, ки ин суруд дар бун ба паҳлавонӣ будааст.

 Гумона задан дар бораи суруд

 Бархе ин сурудро ҳаштпораӣ гумон бурдаанд ва аз они «Бардайсон»-и портитабор донистаанд. Вежагиҳои кӯҳнаи ин суруд нишон аз он дорад, ки аз ҳамаи нибиштаҳои суриг куҳантар аст ва эй басо ба замони Бардайсон расад. Дар ин замина, бархе пижӯҳандагон корҳое кардаанд ва дар ин роҳ кӯшидаанд. Гуфтанист, ки аз Бардайсон ҳеч суруде ба мо нарасидааст ва танҳо донем, ки сурудҳои бас зебо месуруда, то он ҷой, ки дар ҳар кӯй ва барзан бар сари забонҳо будааст.

 Шуморе суруди «Мурворид»-ро тарсоӣ донистаанд ва бархе зандигиаш (гинусиаш) хондаанд ва гурӯҳе ҳам онро бар пояи омӯзаҳои Монӣ баршумурдаанд. Ҳар даста бахше кӯчак аз ин сурудро гирифта ва кӯшида то монандагиҳое миёни он ва зиндагию омӯзаҳои Монӣ ё Бархии зандигон ё Исо биёбад.

 Барои намуна, бархе зандигипиндорони ин суруд гуфтаанд, ки ин аз «ҳубут» ба замин ё ҷаҳони модӣ гӯяд ва Мудраг (Миср), бад-ин ҷой, нишонгари ҷаҳони бад аст, ки ҳамин ҷаҳони модӣ бошад ва Хуросон (машриқ), ки шоҳзода аз он омада ҷаҳони равшанист, ки ҳамон ҷаҳони боло бошад ва чунин кӯшидаанд, ки бад-ин суруд сӯяи зандигӣ диҳанд.

 Гирифторие, ки дар кори ин нависандагон ҳаст ин аст, ки ҳеч як аз онон натавонистаанд пайванди ҳамаи бахшҳои суруди Мурворидро бо дастгоҳи андешагии монигароён ё зандигон ё тарсоён ё яҳудиён ё дигар кешҳо барнамоянд.

 Донем, ки як нигара (назария) ҳангоме дуруст аст, ки ҷойи ҳамаи бахшҳоро дар як дастгоҳ нишон диҳад, на он ки яке ду бахш гирифта ва нигарае бар он поя устувор шавад.

 Пурсишҳое чунон ин пурсиш, ки шоҳ нишонгари чист? Чиро бародар роҳӣ нашавад ва ҳамеша ба канори шоҳ монад ва ҷойгоҳи бидахшӣ ё дувумӣ дорад? Чиро шоҳзода дар Мудраг писареро ёбад, ки ҳамроҳ ва ҳамхонааш гардад? Ва дигар пурсишҳое аз ин дастро ҳеч як аз нивисандагон натавонистаанд, ҳамаро ба як ҷой, посух гӯянд ва гиреҳ аз рози суруд бигушоянд.

 Дар ин ҳаёҳуҳо, Пуория, ки худ кашиш аст нишон дод, ки ин суруд на тарсоӣ аст, на зандигӣ, на яҳудӣ ва на азони монигароён ва на дигар растаҳое аз ин даст. Ў ба санҷиш ва хурдагирии ин дидгоҳҳо нишаст ва сустии онҳоро баркашид, лек ӯ ҳам натавонист ба чистӣ ва чибуди ин суруд пай барад. Бо ҳамаи ин, пас аз пижӯҳиши Пуория, ҳанӯз ҳам касон оянд ва суханони пешинро бозгӯянд ва яке ду бахшро гиранд ва барҷаста кунанд ва нигараҳое бечифтубаст пеш ниҳанд.

 Розкушоӣ аз суруд

 Аз замони нивисандагони Динкард то ба имрӯз, дар ин ҳазору анде сол, дар паҳнаи дониш ва фарҳанг ва забонҳои эронӣ, ба вежа дини маздяснӣ, пижӯҳандае ба жарфогоҳӣ ва фарохбинишӣ ва забондонии Раҳоми Аша набудааст.

 Раҳоми Аша андар «Айварзи (сафари) шигифти шоҳзодаи портӣ» [4] натанҳо «Суруди мурворид»-ро аз буннибиштҳои барҷоймонда, ба забонҳои суриг ва юнонӣ, ба инглисӣ ва порсиг (паҳлавӣ) гузорда, ки барои нахустин бор, пас аз солҳо пижӯҳиш ва баррасӣ, парда аз рози ин суруди куҳан, ки пижӯҳандагони бисёр бараш ангушт бар даҳон монда буданд, бардоштааст.

 Аша, андар сарсухан, ҷойгоҳи як-яки бахшҳои сурудро дар дастгоҳи андешагии маздяснӣ ошкор кардааст. Чунин, ҳар он ки бо ҷаҳонбинии маздяснӣ ошно бошад, дарёбад, ки сурояндаи ин суруд ба борикбинӣ ва ба санҷидагӣ андешаи маздясниро бекамукост ва ба гунае намодин дар ин суруд ҷой додааст ва ҳеч бахше аз суруд нест, ки бегона аз андешаи маздяснӣ бошад.

 Пеш аз ҳар чиз, Аша ба посухи ин пурсиш пардохта, ки дар ҷаҳонбинии маздяснӣ «мардум чист».

 Вожгунаи андешаи пулотунӣ ва дигар ҷойҳо, ки мардумро танҳо аз «тан» ва «равон» донанд, Аша равшан кунад, ки дар андешаи эронӣ ҳар мардум омезае аз се бахши модӣ ё инҷаҳонӣ ва се бахши менӯӣ аст. Бахшҳои модӣ: «тан» (Авесто: tanū; порсиг: tan, ast) ва «ҷон» (Авесто: vyāna, uštāna, ąnman; порсиг: gyān) ва «пайкар/ колбуд» (Авесто: kǝhrp; порсиг: kirb) ҳастанд, ва бахшҳои менӯӣ: «равон» (Авесто: urvan; порсиг: ruvān) ва «диъино» (Авесто: daēnā; порсиг: dēn, āyēnag/ ēvēnag) ва «фравашӣ» (Авесто: fravaṣi; порсиг: fravahr/ frōhar).

 Он ҳангом, ки мардумӣ зода шавад ва пой бад-ин ҷаҳон ниҳад, афзӯн бар бахшҳои модӣ, дорои «равон» аст.

 Дар канори ин равон, «диъино» ҳаст, ки ӯро «равони андар роҳ» низ хондаанд, чи равонест, ки дар бахшҳои модӣ ҷой надорад ва берун аз онҳост. Гуфтанист, ки дар бархе куҳаннибиштаҳои эронӣ, чунон Бундаҳиш, барои он ки диъино бо дин, ба ҳамтоии кеш, яке гирифта нашавад, номашро «айвинаг», ки ҳамон «оина» бошад ниҳодаанд, чи ин диъино монанди оинае аст, ки мардумро бозтоб диҳад.

 Севумбахши менӯии ҳар мардум, «фравашӣ» аст. Фравашӣ равонест, ки пеш аз зодан ва пас аз мурдан бар ҷой ҳаст. Ба дигар сухан, «ҷовидона» аст.

 Дар ин миён, ҳамонсон, ки тани мардумро чашмест, ки бо он бинад ва аз перомунаш огоҳ шавад, равони мардумро ҳам чашмест, ки бад-он «бӯй» ё «бауза» (Авесто: baoδah; порсиг: bōy) гӯянд. Бӯй бо равон зода шавад ва пас аз он ки мардум мирад дар канори равон бар ҷой монад. Ин чизе ҷудо аз равон нест ва ҳамон «чашми равон» аст, ки бад-он «чашми ҷон» ё «чашми дил» ҳам гуфтаанд. Бавза ё бӯй ба чами «огоҳӣ»-ст ва равон бе ин чашм натавонад аз перомунаш огоҳ шавад ва чора ҷӯяд.[5]

 Гуфтанист, фравашии мардумон ҳар чанд, ки ҳамроҳи онон аст, вале ҳаргиз рӯй ба сӯи замин наоварад ва дар «гарудмон» (Авесто: garōnmāna; порсиг: garōdmān) бар ҷой монд.

 Диъино ё равони андар роҳ ҳам ба оинае монад, ки мардум ҳар ончи, ки дар ин ҷаҳон анҷом диҳад, дар он ҷаҳон, бар диъинояш басони оинае бозтоб ёбад ва ин оина аз андешаҳо ва гуфторҳо ва кирдорҳои инҷаҳонӣ чеҳра гирад.

 Танҳо бахши минӯӣ, ки дар мода ҷой дорад, равон аст. Андешаи нек ё бад, гуфтори нек ё бад ва кирдори нек ё бад аз ин равон аст.

 Кунун бозгардем ба суруд. Андар суруд, «шоҳзода» ҳамон «равон» аст, ки дар оғоз дар хонаи падарӣ монад. «Бародар»-ш, ки бо ӯ роҳӣ нашавад ва ҳамора дар он ҷой монад «фравашӣ»-и ӯст. Шоҳзода ё равонро ба «ҷаҳони модӣ» , ки ба «Мудраг(Миср)» монанд шудааст, фиристанд. Ҳамроҳи ва ҳампои ӯ «ҷома»-е бас некӯ ва тобнок дуруст кунанд, ки ҳамон «диъино» ё равони андар роҳ бошад. Бинем, ки ҷома ё диъиноро ба ӯ надиҳанд ва он дар роҳ бар ҷой монад.

 Шоҳзода ба Мудраг равад. Хешкории (вазифаи) ӯ дар Мудраг чист? Назди эрониён «куниши нек», ки мардум дар ин ҷаҳон анҷом диҳад ба «мурворид» ё дастёбӣ ба мурворид ё суфтани мурворид монанд шудааст. Дар нибиштае суғдӣ ва низ дар дебоҷаи «Калила ва Димна» сухан аз суфтани мурворид аст ва бад-ин ҷой сухан аз дастёбӣ ба мурворид. Хешкории шоҳзода ин аст, ки мурворидро аз «аждаҳо», ки «Аҳриман» бошад раҳоӣ бахшад ва пайдояш кунад. Аз баҳри ин ёфтани мурворид ё куниши нек аст, ки ҷома ё ҳамон диъинои шоҳзода зебо гардад.

 Шоҳзода ё равон он ҳангом, ки дар Мудраг ё ҷаҳони модӣ аст дучори фаромӯши шавад ва замоне аз ёд барад, ки аз куҷост. Донем, ки шоҳзода танҳо нест ва ӯ як ҳамроҳи ҷавон ёбад ва ҳамхонаи ӯ шавад. Ин «ҳамроҳ» ҳамон «бӯй» ё огоҳист, ки чашми равон бошад ва дар канори ӯ ва ҳамроҳи ӯ дар ин ҷаҳон бар ҷой монад.

 Шоҳзода чун гавҳари нек дорад, «фарра»-и (Авесто: xvarǝnah; порсиг: farr/ farrah/ xvarrah) ӯ ба гунаи «нома» ва «паранда»-сон дар пайаш ояд ва ёдовариаш кунад, ки дар ин ҷаҳон барои чи омада ва чи бояд кунад.

 Чунон равоне пас аз марг, шоҳзода ҳам пас аз он ки мурворидро ба даст оварад ба сӯи сарзаминаш, ки ба сӯи фравашиаш бошад, бозгардад.

 Дар андешаи маздяснӣ, агар марде ё зане нек даргузарад, диъинои ӯ, дар роҳ, ба гунаи дӯшизае некӯ ва хубрӯӣ ва хушбӯй ба назди равонаш ояд – ҳамон гуна, ки дар роҳи он ҷома ба назди шоҳзода ояд. Дар буннибишти суриг вожаи «оина» ба кор бурда шудааст ва сароянда худ гӯяд, ки ҷома монанди оинаест, ки дар пайаш омада ва дуруст ингор худаш буд ва ҳеч дигарсоние миёни худи ӯ ва диъино ё ҷомааш набуд. Шоҳзода ҷомаро пӯшад, эй(яъне) равон ҳамроҳи дъно шавад ва бо он яке гардад ва ба суии фурӯшии худаш рӯд.

 «Гарудмон» ба чами «хонаи пешвоз ва саройи суруд» аст. Бинем, ки «сарояндагон» оянд ва шоҳзодаро «пешвоз» гиранд. Дар поён, дар он ҷой (гарудмон), шоҳзода ё равон, ҳамроҳи бародараш, ки фравашиаш бошад, дар саройи «падар» , ки «Ҳурмузд» бошад, барои ҳамеша монад.

 Ба дигар розҳо – Модар кист? Ду роҳнамо ва низ ду ганҷур намодҳои чистанд?- низ дар «Айварзи шигифти шоҳзодаи портӣ» пардохта шудааст, ки огоҳихосторон тавонанд ба худи нибег (китоб) дарнигаранд.

 Чунин дида шавад, ки Аша ба ҳамаи пурсишҳо – ин ки подшоҳ ва бародар кистанд, он ҷавон ҳамроҳи шоҳзода кист, мурворид ва ҷома чистанд ва … –  бар пояи ҷаҳонбинии маздяснӣ ба равшанӣ посух дода ва на як бахш, ки ҳамаи бахшҳои сурудро ба дурустӣ сари ҷойи худ ниҳода ва парда аз розашон баргирифтааст.

 Бозсозии суруд ба порсиг: чироӣ ва чигунагии он

 Раҳоми аша, камубеш, сӣ соли пеш, ба ин ҷой расид, ки барои шинохтани эрӣ бояд як забони эр бигзинад. Он гоҳ чанд соле кашид то битавонад ба ин забон андешидан. Пас аз он, ҳар чи менависад нахуст ба порсиг (паҳлавӣ) менависад, пас ба дигар забон мегардонад, инглисӣ ва фаронсиг ва низ порсӣ.

 Ин пурсишест, ки ӯ пай афкандааст: Оё ба ростӣ порсиг зинда шояд кардан? Дар посух, ду намуна дирангиданист: як, сансикрит, ки худ зинда буд, лек рӯй ба густариш ниҳод ҷудо аз урду ва ҳиндустонӣ. Дудигар, ибрӣ. Агар ба ибрӣ, ки зинда кардаанд, бингарем, баҳре аз арабӣ ёрӣ гирифтаанд, ва баҳре, ончи дониш ва кирравагӣ (саноъат) аст, аз румӣ ва ҳелинӣ ва урупоӣ. З-инрӯ, забоне сариҳам кардаанд омехта ва бебуни устувор.

 Донем барои ин ки тавоноии порсиг биёбем, нахуст ҳар ончи андар нибиштаҳои порсиг дорем аз номаҳо ва нибегҳо ва муҳрҳо ва сангнибиштҳо ва попирусҳо ва чармҳо ва … низ ҳар ончи ба забонҳои дигар рафта чун арманӣ ва суриг ва арабӣ ва … бояд бингарем, пас забонҳои хеш чун суғдӣ ва паҳлавонӣ/ портӣ ва хутанӣ ва балхӣ ва …, ва низ забонҳои куҳантар чун порса (порсии бостон) ва авестоӣ. Барои ин ки ба як забон сухан бигӯем чизҳое бояд бидонем, ки намунаро андар вожаномаи Макензӣ нест, монанди «оқо», «бале», «салом» ва … бо ин ҳама ҳамтои порсигашон дорем, намунаро андар нибиштаҳои Мудраг (Миср) барои «оқо» «худой» ва «худояг» омада, ва ё барои «бале» андар нибиштаҳои Турфон «уҳой» омада, ки Ҳенинг (ва пас аз ӯ) дуруст андарнаёфтаанд.

 Андар ин роҳ, Раҳоми Аша як-яке нибиштаҳои порсигро борикбинона хонда ва овонависӣ кардааст. Низ, нибеги «Забони порсиг»-ро нивишта ва чандучуни дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносии забони порсигро ба густурдагӣ ва ҳамоҳангӣ ва жарфое, ки то пеш аз ин нашуда, фародасти огоҳихосторон ниҳодааст. Ҳамаи инҳо аз ин рӯй аст, ки нек андарёфта, ки барои пайрезии кохи баланд, ки аз боду борон газанд наёбад, чорае нест ҷуз он ки пеш аз ҳар чиз хониши дуруст аз ҳар он нибиштае, ки аз осеби рӯзгор ба имрӯз расидааст дошта бошем.

 Ба ҳар рӯй, орзуи Аша аз даруни эрмон дар бораи розҳои эр сухан гуфтан аст. Ин корест, ки ҳанӯз ҳиндувон кунанд ва бархе ба санскрит нивисанд. Низ, аз он ҷой, ки бар ин бовар аст ҳеч забони зиндае бо забоншиносон пайдо набувад, худ остин боло зада ва корҳое чанд, ки ба буни порсиг будаанд ва аз газанди рӯзгор аз даст рафтаанд бозсозӣ кардааст – чунон «Гӯёии Арасту» аз Поули Порсиро, ки аз суриг ба порсиг гузордааст, ё «Оини Ардашер»-ро, ки аз арабӣ ба порсиг ниҳода.

 Бад-ин ҷой ва бар пояи ҳамин фарҷомоҳанг, ки нерӯ додан ба порсиг бошад, Аша «Суруди мурворид»-ро ба порсиг бозсозӣ кардааст. Ҳарчанд, ки шояд буни суруд паҳлавонӣ бошад, лек порсигогоҳон ва паҳлавонидонон донанд, ки миёни ин ду забон чандон ҷудоӣ нест ва ин ду забон ҳамзоданд, то он ҷой, ки агар касе яке аз ин дуро шиносад, он дигареро ҳам шиносад.

 Андар ин роҳ, ҳамонгуна, ки дар нибеги «Айварзи шигифти шоҳзодаи портӣ» бинем, пеш аз ҳар чиз, Аша сурудро забоншиносона баррасӣ карда ва ҳамаи вожаҳои юнонӣ ва низ ҳамаи вожаҳои суриг, ки андар буннибишти «Суруди мурворид» ба кор рафтаанд, воковидааст. Пас аз ин баррасӣ, пижӯҳиш шуда, ки дар нибиштаҳои суригӣ бар ҷой монда ба ҳамтоии вожаҳои порсиг ё суғдӣ чи вожае гузоштаанд. Чунин, ӯ бе он ки аз худ вожае оварда бошад, забони куҳани сурудро зинда карда, то он ҷой, ки агар скрояндааш ҳам онро бинад, андарзамон онро бишносад ва дар шигифт нашавад.

 Аша инро низ дарёфта, ки дар Эрони бостон Суруди мурворид «намоише бо созу овоз», ё ба гуфтаи фарангиҳо «уперо», будааст. Бар ҳамин поя, оҳанг дар суруди бозсозишуда ба порсиг низ дар ҳама ҷой якнавохт нест ва ҳар банди оҳангин, лек оҳанги худро дорад.

 Чиро зеботарин?

 Зебоӣ танҳо он замон рух намояд, ки пои ҳамсанҷӣ ба миён ояд. Пас, пурсиданист, ки кадомин суруди ҷаҳони бостонро тавон бо «Айварзи шигифти шоҳзодаи портӣ» ё «Суруди мурворид» ҳамсанҷӣ кард? Намунаро, оё «Дарахти осурӣ» (draxt asurīg), ки басо ҳамзамон бо Суруди мурворид бошад, зеботар аст? Равшан аст, ки на. Чи Дарахти осурӣ сурудест саррост ва сода ва он ҳама дурахшиш ва нармӣ, ки дар Суруди мурворид аст ва хонандаро ба андеша водорад дараш нест. Ҳамаи нибиштаҳои суригро ҳам зеру забар кунем, суруде бад-ин зебоӣ ва андешабарангезӣ наёбем. Аз ҳамин рӯст, ки кешдорон пойфишорона суруди мурворидро ранги яҳудӣ, тарсоӣ, зандигӣ ва … задаанд ва бад-он ҷой ҳам, ки аз ранги cомӣ задан бад-он дармондаанд, онро баромада аз омӯзаи мониаш хондаанд!

 Паёми суруд барои имрӯзиён

 Дар нахустин банди чидаандарзи Пурюдкешон (cīdag handarz ī pōryōdkēšān) хонем:

 «Дар мардум, ки ба доди (синни) 15сола расад, пас ӯро ин чанд чиз бибояд донистан ки: киам ва хеши киам? Аз куҷо омадам ва ба куҷо бозшавам? Аз кадом пайванд ва тухмаам? Чиам хешкории гетӣ ва чи музди мену? Аз мену омадам, ё ба гетӣ будам? Хеши Ҳурмуздам, ё Аҳреман? Хеши яздонам, ё девон? Хеши беҳонам, ё бадон? Мардумам, ё дев? Роҳ чанд? Динам кадом? Чиам суд ва чиам зиён? Киам дӯст ва киам душман? Буни як, ё ду? Аз кӣ некӣ ва аз кӣ бади? Аз кӣ равшанӣ ва аз кӣ торикӣ? Аз кӣ хушбӯӣ ва аз кӣ гандӣ? Аз кӣ дод ва аз кӣ бедод? Аз кӣ бахшоиш ва аз кӣ ноомурзиш?» [6]

 Инҳо пурсишҳоеанд бунёдин, ки доноёни куҳан пеши рӯйи мардумон мениҳоданд. Суруди мурворид дарбардорандаи ҳамин омӯзаи нахустомӯзгорон ё пурюдкешон аст, лек бо забоне достонӣ ва дилнишин ва бас зеботар то бар буни ҷони мардумон нишинад ва ононро ба андеша водорад.

 Чунин, доноёни куҳан мардумонро гуфтаанд, ки шоҳзодгоне ҳастед, ки бад-ин ҷаҳон пой ниҳодаед то мурворидро аз канори аждаҳо бардоред. Ба дигар сухан, куниши нек биварзед ва равише дуруст дар зиндагӣ пеша кунед то битавонед он ҷомаи зебои худро дубора пӯшед ва дигар бор ба хонаи падар ва модари хеш бозгардед ва бо бародари худ, ки фравашист, ҳамроҳ шавед.

 Оё сухане бориктар ва барӯзтар аз ин аз омӯзаҳои маздяснӣ тавон ба даст додан?!

 Пайнивиштҳо:

 [1]. Acts of St Thomas

 [2]. Барои намуна дарнигаред бад-ин кори ӯй:

 Richard August Reitzenstein, Das iranische Erlösungsmysterium: Religionsgeschichtliche Untersuchungen, 1921.

 [3]. Paul-Hubert Poirier, L’hymne de la perle des Actes de Thomas, Louvain-la-Neuve, 1981.

 [4]. Raham Asha, The Parthian Prince’s Remarkable Journey (The so-called Hymn of the Pearl), Arrou, Alain Mole, 2021, Tehran, Sade, 2022.

 [5]. Дастгоҳи маздяснӣ ҳанӯз ошно нест ва ҷой науфтодааст. Ҳангоме ки дониши авестошиноси номии фаронсиг, Жон Клинз, аз ҷаҳонбинии маздяснӣ бад-он поя аст, ки гӯяд он гоҳ, ки мардум мирад, «бауза» низ аз миён равад, ва чунин равонро кӯр донад, ҷойгоҳ ва пойгоҳи дигарон беҳтар аз ин натавонад буд. Чунин, ҷаҳони имрӯз дар кӯдакии шинохти маздиснист.

 [6]. CHP 1 harv mardōm ka ō dād ī pānzdahsālag rased, ēg-iš ēn and tis bē dānistan abāyed kū:

kē ham, ud kē xvēš ham?

ud az kū mad ham, ud abāz ō kū šavam?

ud az kadām peyvann ud tōhm ham?

u-m cē xvēškārīh ī gētīg, ud cē mizd ī mēnōg?

ud az mēnōg mad ham, ayāb ped gētīg būd ham?

ohrmazd xvēš ham, ayāb ahrmen?

yazdān xvēš ham, ayāb dēvān?

vehān xvēš ham, ayāb vattarān?

mardōm ham, ayāb dēv?

rāh cand?

u-m dēn kadām?

u-m cē sūd, u-m cē zyān?

u-m kē dōst, u-m kē dušmen?

bunēštag ēk, ayāb do?

ud az kē nēkīh, ud az kē vadīh?

ud az kē rōšnīh, ud az kē tārīkīh?

ud az kē hubōyīh, ud az kē gennagīh?

ud az kē dādestānīh, ud az kē adādestānīh?

ud az kē abaxšāyišn, ud az kē anāmurzišn?

 Баргирифта аз торнамои Бузургмеҳри Луқмон.

——————————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*