«Ҷомоспӣ» ба чопи севум расид

Порсӣ Анҷуман: «Ҷомоспӣ» (гузориши порсиги (паҳлавии) «Ёдгори Ҷомосп»/ «Ҷомоспнома»), ёдгоре бозмонда аз ҳазораҳо, бо гардониш ва гузориши Бузургмеҳри Луқмон, ба порсии сара, ба чопи севум расид.

 Бузургмеҳри Луқмон, худ, дар бораи «Ҷомоспӣ» нивиштааст: «Ҷомоспӣ» (ё «Ёдгори Ҷомосп», ё «Ҷомоспнома» ) ба дирӯз ва имрӯзу фардои Эрон пардозад, ва гузаштаву кунун ва ояндаи ориёиёнро барнамояд.

 «Ҷомоспӣ» аз хун гузашта то ба мо расидааст, чи донем ки шоҳ Аббос ба баҳонаи «Ҷомоспнома» дастнибиштҳои пуршумор аз авестоӣ ва порсиг нобуд кард. Манучеҳри Сиёвахш, 22 сол пас аз куштори шоҳ Аббос, аз баҳри ёфтан ва нобуд кардани «Ҷомоспӣ», дар номае ба Бурзу Комдин нивиштааст: «Дар замони … шоҳ Аббос, он қадр озору ҷафо ва зиён ба дастурони Эрон расид, ки шарҳи он ба қалам ва ба забон баён наметавон кард ва кор ба ҷое расид, ки ду нафар аз моён кушта ва зоеъ шуданд ва аз ҷиҳати талаби китобҳои дин чанд ва нусхае чанд, ки аз «Ҷомоспнома» буд, гирифтанд ва боз талабҷӯии зиёдатӣ мекарданд ва набуд.»

 «Ҷомоспӣ» намоёнгари посухҳои Ҷомоспи Бидахш ба Гуштоспшоҳ аст ва ба сохтори кунуниаш ба рӯзгори пас аз Соcониён бозгардад; ҳарчанд пораҳое аз он ба равшанӣ аз «Ҷомоспӣ»-и соcонӣ рӯнивисӣ шудаанд, ва пораҳое дигар низ ба замонҳои бас куҳантар ва шояд ба буни гуфтори Ҷомосп (ҳамон, ки «Пешгӯиҳои Гуштосп» (Χρήσεις Ὑστάσπου) низ баргирифта аз он будааст) бозгарданд, ки гирдоваранда ё гирдоварандагони Ҷомоспӣ ин пораҳоро бо рухдодҳои тозаи баромада аз тозиши тозиён созгор кардааст ё кардаанд.

 Мудӣ то ҷое, ки тавонист нивиштаҳои порсигу позанд ва порсӣ гирд овард ва номае кард ва ба дурустӣ «Ҷомоспӣ» хонд. Мисино, ки дастнибишти Муних ба дасташ уфтод, коре кард ба забони итолиёӣ, ва он кор «Аёдгори Ҷомоспиг» хонд, хониши нодуруст. Ба забони порсӣ «Аёдгори Ҷомосп» дуруст аст, чи дастнибиштҳо гӯянд, ки ин аёдгорро, ки «Ҷомоспиг» ном аст. Пас, ба порсӣ «Ҷомоспӣ» бояд хондан.

 Бавандатарин пижӯҳише, ки бар «Ҷомоспӣ» анҷом шуда азони Раҳоми Аша аст. Ба соли 1382-и яздгарӣ (2013-и тарсоӣ), ӯ бар пояи ҳар он дастнибишти порсиг, позанд, порсипозанд, порсӣ ва гуҷаротӣ, ки дар дастанд, ба ҳамроҳи дастнибиштҳое чанд, ки худ барои нахустин бор ёфта буд, вироиши санҷишгарона аз «Ҷомоспӣ» ба даст дод: бахшҳои порсиги «Ҷомоспӣ»-ро, ки зи даст рафта буданд, бозсозӣ ва ҳамаи «Ҷомоспӣ»-ро овонивисӣ кард ва вожаҳои бисёр, вожаҳое, ки то пеш аз вай дуруст хонда ё андарёфта нашуда буданд, барнамуд ва «Ҷомоспӣ»-ро ба ҳамроҳи пешгуфтор ва понивиштҳои равшангарона ба инглисӣ гузорид. Кори ман низ бар пояи кори Аша ва ба думболаи он аст. Низ бад-ин ҷой, барои нахустин бор, ду дастнибишти порсиг ва порсипозанд аз «Ҷомоспӣ» ёфтаам, ки андар ин кор шиносонда, азашон баҳра бурдаам.

 «Ҷомоспӣ» дарбардорандаи ин 19 фаргард аст:

  1. Сароғоз
  2. Буни бекарон
  3. Офаридагони нахустин дар мену ва гетӣ
  4. Нахустин паҳлавонон ва шаҳрёрон ва дод ва ройи эшон
  5. Шаш сарзамини дигар, мардумон ва шаҳрёронашон, додҳо ва ойинҳошон
  6. Албурз ва мардумонаш
  7. Кангдиж, Вари Ҷамгирд, Эронвиҷ
  8. Ҳиндувон, Чинистон, Тозиён, Туркистон ва Барбаристон
  9. Мардумони Селон ва онон, ки дар дарёҳо монанд
  10. Сарзаминҳои барчашмон, баргӯшон, бедастиён, даволпоён ва сагсорон
  11. Сарзаминҳои мазандарон
  12. Андар офариниши Ҳурмузд мардумонро
  13. Кундоӣ ва огоҳии Ҷомосп, равонаш пас аз марг ва ростгӯияш
  14. Сӯги Гуштосп
  15. Солшумории шоҳони эронии пас аз Гуштосп
  16. Пешгӯиҳои Ҷомосп
  17. Сахтиҳо ва ранҷҳои ҳазораи Зардушт
  18. Нишонаҳои омадани Ушидар
  19. Ҳазораҳои ушидар ва ушидармоҳ ва сӯшиёнс

 Афзӯн бар пешгуфтор, овонивисӣ, гузориш ва гардониши «Ҷомоспӣ», дар пайвасти «Ҷомоспӣ» «Дар бораи растохез ва тани пасин», «Ҷомоспномаи сурудин» ва «Вожаномаи басомадии Ҷомоспӣ» ҳам омадааст.

 Гуфтанист, ки «Ҷомоспӣ», пас аз «Гӯёии Арасту» аз Повели Порсӣ (файласуфи Эрони бостон), «Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон» ва «Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ», чаҳорумин нома аз гирдоварди «Хирадномаг» аст.

 Чопи севуми «Ҷомоспӣ» дар андозаи вазирӣ, дар 336 рӯя, бо пӯшинаи сахт ва баҳои 340 ҳазор тумон дар дастраси устодон, пижӯҳандагон, донишҷуён ва дӯстдорони фарҳанг ва забонҳои эронӣ ниҳода шудааст.

***

 Нибегшинохт: Бузургмеҳри Луқмон, Ҷомоспӣ (гузориши порсиги (паҳлавии) Ёдгори Ҷомосп/ Ҷомоспнома), бар пояи гузориши Раҳоми Аша, Хирадномаг 4, 336 рӯя, чопи нахуст, Шӯрофарин, баҳори 1399, шобак 4-002-259-622-978, чопи дувум, Сада, тобистони 1401, шобак 0-61-8968-600-978, чопи севум, Шӯрофарин, зимистони 1401. Нигора ва пайранги пӯшина: Маздо Тоҷбахш.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*