Сулаймон Қиёмат: Ситезагарӣ бо забони порсӣ ва порсигӯён дар Афғонистон аз оғоз то кунун моҳияти сиёсӣ дошта ва зодаи зеҳнийят ва андешаи бартариҷӯии таборгароёнаи ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишвар будааст. Ҳукуматҳои табормеҳвари Афғонистон аз замони таъсиси ин кишвар дар авохири садаи нуздаҳум бо симои сиёсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии кунуниаш то имрӯз пайваста дар ҷиҳати таҳмили ҳувийяти таборӣ-забонии хеш ба ъунвони ҳувийяти миллӣ ва расмӣ барои ин сарзамин кӯшидаанд. Онҳо ситезагарӣ бо забон ва фарҳанги порсиро ба ъунвони бахши калоне аз барномаҳои ҳувийятпардозӣ барои Афғонистон тарҳ карда ва онро аз маҷроҳои қавонин, сиёсатгузориҳо ва роҳкорҳои табъизомез созмон дода ва ъамалӣ кардаанд. Ин амр ба ъунвони яке аз ъавомили муҳимми тадовуми султаи онҳо кор кардааст.
Ҳукуматҳои Афғонистон мудом ниёзманди ҳимояти сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии қудратҳои бузурги ъалоқаманд ба ин минтақа дар саду чиҳил соли гузашта будаанд. Имперотурии Бритониё ва Шӯравӣ дар садаҳои нуздаҳум ва бистум ва кишварҳои ғарбӣ дар садаи бисту якум дар рӯйи кор овардан ва ё сари по нигоҳ доштани ҳукуматҳои Афғонистон нақши фаъъол бозӣ кардаанд. Ин ҳукуматҳо коркарди порсиситезонаашонро ё дар ҳамсӯӣ бо дидгоҳҳо ва сиёсатҳои ҳомиёни берунишон нисбат ба ҳавзаи ҷуғрофиёӣ-фарҳангии порсизабонон қарор додаанд ва ё бо бетафовутӣ ва бетаваҷҷуҳии шуморе аз ҳомёнашон ба ин масъала ҳамчун чироғи сабзе барои тадовуми сиёсатҳои табъизомези худ дар ин кишвар нигаристаанд.
Порсиситезӣ дар Ҳиндустон, Осиёи Миёна ва Қафқоз
Решаҳои масъала, дар як заминаи фарохтар ва торихӣ, бармегардад ба сиёсатҳои истеъмории имперотурии Бритониё (аз тариқи компонии Ҳинди Шарқӣ) дар шибҳиқорраи Ҳинд ва султаи истеъмории Русияи Тезорӣ ва сипас Шӯравӣ дар Осиёи Миёна ва Қафқоз. Ин қудратҳо дар сиёсатҳои истеъморгаронаашон нисбат ба ҳавзаи фарҳангӣ-тамаддуне порсизабон, рӯйкарде фарҳангздо ва порсиситез доштаанд. Густариши доманаи нуфузи онҳо дар садаҳои нуздаҳум ва бистум дар ин ҳавза хаткашиҳо ва марзбандиҳои ҷадиди сиёсӣ ба миён овард, ки ба чанд порча кардан ва аз ҳам гусехтондани пайвандҳои фарҳангӣ дар миёни мардумон ва сарзаминҳои гуногуни минтақа анҷомид. Дар канори ъавомили дигар, забони порсӣ ба ъунвони ъарсаи муштараки иртиботот ва фарҳанг аз заминаҳои муҳимми дарҳамтанидагӣ ва пайванд миёни мардумон ва сарзаминҳои ин ҳавзаи ҷуғрофиёӣ–фарҳангӣ буд, ки аз дидгоҳи қудратҳои истеъморӣ бояд тикка-пора мешуд. Барои пиёда кардани нақшаҳои истеъмории ин қудратҳо, муҳим буд то Деҳлӣ ва Лоҳур забони Балху Бухороро надонанд ва Ғазнаву Самарқанд забони Марву Нишопурро. Афғонистони кунунӣ буришест, ки дар дили ин ҷуғрофиёи забонӣ ва фарҳангии фарогир шакл дода шудааст.
Сарнавишти забони порсӣ дар Осиёи Миёнаи имрӯзӣ, пас аз вуруди нерӯҳои ишғолгари Русияи Тезорӣ ва ба вежа пас аз тасаллути Шӯравӣ дар ин минтақа, ва сарнавишти ин забон дар шибҳиқорраи Ҳиндустон, пас аз вуруди нерӯҳои истеъморгари имперотурии Бритониёро дар ҳамин замина метавон баррасӣ кард. Бритониёиҳо билохира пас аз соли 1832 забони порсиро дар шибҳиқорраи Ҳинд аз расмият андохтанд ва ҷояшро ба забонҳои ҳиндии нав, урду ва инглисӣ ба ъунвони забони расмӣ доданд. Аз сӯи дигар, Русияи Тезорӣ ва сипас Шӯравӣ ҷуғрофиёи порсигӯ дар Осиёи Миёнаро ҳатто мавриди ҷарроҳиҳои таборӣ-забонӣ қарор доданд ва бо думбол кардани сиёсатҳои русисозӣ ва тағйири хат ба сирилик дар ин минтақа, аз расмият уфтодани забони порсӣ дар Осиёи Миёна ва Қафқозро ташдид карданд. Дар натиҷа, ин забон ҷояшро гом ба гом ба забони русӣ дод. Ин қудратҳо дар порсизудоӣ барои истеъмори осонтар ва поядортари шибҳиқорраи Ҳинд ва сарзаминҳои Осиёи Марказӣ комёб гаштанд.
Порсиситезӣ ва доияи ҳувийяти миллӣ дар Афғонистон
Дар асари наздик шудани ду қудрати истеъмории имперотурии Бритониё аз ҷануб ва Русияи Тезорӣ аз шимол ва тавофуқи онҳо бар парҳез аз рӯёрӯии гарм аст, ки кишвари Афғонистон бо симои сиёсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии имрӯзинаш дар авохири садаи нуздаҳум ба миён оварда мешавад. Ин кишвар, ки ибтидо зери нуфузи истеъмори Бритониё мемонад, дар авохири даҳаи дувуми садаи бистум ба истиқлоли сиёсӣ мерасад ва то ъавоили даҳаи ҳаштум истиқлоли сиёсиашро нигоҳ медорад. Боз дар даҳаҳои ҳаштум ва нуҳум ба тадриҷ дар мадори Шӯравӣ қарор мегирад ва сипас дар даҳаи охири садаи гузашта дучори фурӯпошии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дасти гурӯҳҳои муҷоҳидин ва Толибон мешавад. Афғонистон дар ду даҳаи аввали садаи бисту якум зери нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии Омрико ва соири кишварҳои ғарбӣ қарор мегирад ва билохира бо фирори Ашраф Ғании Аҳмадзай дар огусти соли пор дубора ба гурӯҳи тундрави мазҳабӣ ва қавмии Толибон супурда мешавад.
Афғонистон дар саду чиҳил соли пасин низомҳои сиёсии гуногунеро таҷриба мекунад. Доманаи ин танаввуъ аз низоми шоҳии муталлақа то машрута, то ҷумҳурии демукротику кумунистӣ, то ҷумҳурии исломии тарафдори Ғарб, то Иморати исломии Толибониро дар бар гирифтааст. Сарфи назар аз навъи низоми сиёсӣ, ҳукуматҳои марказии Афғонистон пайваста сиёсатҳои ҳувийятпардозии таборӣ-забонӣ барои мардумони ин сарзамин ва ситезагарӣ бо забони порсӣ ва порсигӯёнро ба гунаи ҳадафманд тарҳ ва дар ҳадди тавонашон иҷро кардаанд. Қудратҳои берунии ҳомии ҳукуматҳои Афғонистон дар давраҳои мухталиф ё аз сиёсатгузориҳо ва коркардҳои порсиситезонаи онҳо ҳимоят кардаанд ва ё бар онҳо чашм пӯшидаанд.
Ҳукуматҳои паштунтабори Афғонистон мудом дар садади таҳмили ҳувийяти таборӣ-забонии худашон ба ъунвони ҳувийяти миллӣ ва расмӣ барои тамоми мардумони ин сарзамин будаанд ва ин хостаашонро бар пояи ситеза бо забон ва фарҳанги порсӣ дар ин сарзамин гузоштаанд. Дар давраи пас аз истиқлоли сиёсии Афғонистон, ҳукуматҳои марказӣ дар Кобул фурсат ёфтанд то сиёсатҳои паштунгароӣ ва паштупарварии хешро мунсаҷимтар кунанд. Онҳо порсиситезиро ба рӯйи дигари сиёсатҳои ҳувийятпардози миллиашон бадал карданд. Ин амр шоҳраги зеҳнии ъавомил ва таҳаррукот дар зоҳири миллигароӣ ва дар моҳияти таборгароии дарборӣ ва сипас ҳалқаҳои муайяни дастгоҳҳои сиёсии ҳокимияти пасосалтанатиро сохт.
Чеҳраҳо ва ҳалқаҳои таборгароии паштун, ки ҳам худ ва ҳам андешаашон ба гунаи торихӣ дасти боз дар дастгоҳҳои қудрати марказӣ дар Кобул доштаанд, ҳузур ва корбурди густурдаи забони порсӣ дар ин сарзамин, аз ҷумла дар дастгоҳи идории худ қудратҳои ҳокимро ба ъунвони бузургтарин ъомили боздоранда дар ҷиҳати фароҳамсозии як бистари фарҳангӣ барои ҳамгунсозии таборӣ ва забонӣ медонистаанд. Ин ҳалқаҳо тарҳи чунон бистареро ба ъунвони заминасози таҳмили ҳувийяти таборишон дар нақши ҳувийяти ҳамгун ва фарогири «миллӣ» болои тамоми бошандагони Афғонистон амре илзомӣ мепиндоштаанд. Ҷойгоҳи торихӣ ва корбурди мутадовили забони порсӣ дар ин сарзамин дақиқан нақшест, ки онҳо барои забони табории худашон, забони пашту, хостаанд. Бидуни ҷойгузинии забони порсӣ бо пашту раванди афғон(паштун)созии ҳувийяти сиёсӣ ва фарҳангии мардумони ин сарзамин – ончи, ки онҳо аз он, ба гунаи ъамдӣ, вале нодуруст, «миллатсозӣ» таъбир кардаанд – ҳамчунон ношуданӣ мондааст.
Равишҳо ва абзор
Зеҳнияти бартариҷӯи таборгаройи ҳукуматҳои марказии Афғонистон, бо бакоргирии шеваҳои табъизомези гуногун дар баробари забони порсӣ, бо ҷойгоҳ ва гӯяндагони он дар Афғонистон сари ситез доштааст. Инҷо шуморе аз ин шеваҳои ситезаҷӯёнаро бармешумурем: таҳқир ва камзадани ҷойгоҳи забони порсӣ дар асноди қонунӣ ва расмӣ, инкори пешина ва коркарди фароқавмӣ ва фароминтақаии ин забон ва дар ъивази ҳувийяттарошии қавмӣ барои он, маҳдуд сохтани корбурди порсӣ дар дастгоҳи идории ҳукуматҳои марказӣ, ворид сохтани иҷбории вожаҳои пашту дар забони порсӣ, водор кардани кормандони ҳукуматӣ ба омӯзиш ва бакоргирии забони пашту ба ҷойи порсӣ, ва тағйири номи ҷойҳо ва ниҳодҳо аз порсӣ ба пашту. Барои намуна метавон аз дидгоҳҳои Маҳмуди Тарзӣ дар робита бо забони пашту, ки ӯ онро «забони афғонӣ» ва «забони миллӣ» мехонд, аз тағйири ном ва коркарди «Анҷумани адабии Кобул» ба «Анҷумани пашту», аз тағйири номи ҷоҳое монанди Сабзавор ба Шинданд, аз мамнуъияти корбурди номи аслии «порсӣ» ва дар ъиваз корбурди риндонаи «дарӣ» барои ин забон дар Қонуни асосии соли 1964, ва билохира аз сиёсатҳои порсиситезонаи Муҳаммад Довуд, бонии низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон, ёд кард.
Дар заминаи густардатар ва дар мавоқеъи мусоъид, ин зеҳнияти афзунхоҳ ва бартариҷӯи таборгаро то марзи поксозиҳои таборӣ-забонӣ пеш рафтааст. Интиқол ва сокин сохтани паштунтаборон дар шимолу ғарби Афғонистон корҳои порсиситезона, монанди вайрон кардани бинои қабри Робияи Балхӣ дар шаҳристони Балх ва паштусозона ва паштунпарваронаи афроде назири Муҳаммад Гул Меҳманд дар он навоҳӣ, ва ҳатто ъасабаияти ғазаболуди Толибон дар баробари порсӣ ва порсигӯён дар пойтахт, шимол, марказ, ғарб, ҷануб ва соири нуқоти Афғонистон ва то ҳудуде поксозиҳои табории анҷомшуда дар манотиқи шимолӣ ва марказии Афғонистон ба дасти ин гурӯҳ ва назоири ин маворидро дар ин замина метавон баррасӣ кард.
Порсиситезӣ ва бартариҷӯии таборгаро пас аз 2001
Аз соли 2001 то 2021 тарафдорони андешаи бартариҷӯии таборгароёна дар зарфиятҳои мутафовит ва бештарина таъсиргузор талош карданд то маҷории сохтори қудрат ва арсаи сиёсатро дар кишвар ба даст бигиранд ва бо нигоҳи нустоложивор ба гузашта, бо тамоми нерӯ дар пайи бозофаринии зеҳнияти таборгаро, дигарситез ва бартариҷӯяшон ба ъунвони такягоҳи фикрии дастгоҳи қудрат дар Кобул ва тадовуми инҳисори он бошанд. Қайдҳои инҳисоргарона дар мавориди муҳим дар Қонуни асосии соли 2004, аз ҷумла дар мавриди шеваи низоми сиёсӣ, забони Суруди миллӣ (модаи бистум), ва ҳам дар мавориди дигар монанди дасткорӣ дар матни тасвибшудаи Қонуни асосӣ, аз ҷумла матраҳ кардани баҳси «мусталаҳоти миллӣ» (модаи шонздаҳум), ва таъкид бар корбурди иҷбории шуморе аз вожагони пашту дар нақши таърифношудаи «мусталаҳоти миллӣ» дар забонҳои дигари ин сарзамин ва ба вежа забони порсӣ аз намунаҳои эъмоли нуфузи ъавомили ин зеҳният барои заминасозӣ ва ниҳодина сохтани дидгоҳҳои инҳисоргар, таборгаро, бартариҷӯй ва дигарситезашон дар ин санад поя будааст.
Порсиситезии созмонёфта дар Афғонистон дар бист соли пасин ҳамчунон яке аз мазоҳири ин зеҳнияти бартариҷӯии таборгаро буда, ки пас аз марҳалаи нахусти эъмоли нуфуз дар таъйини сохторҳои пояӣ ва ниҳодҳои чаҳорчӯби низоми сиёсӣ (монанди Қонуни асосӣ) аз сӯи шахсиятҳо ва гурӯҳҳои бовараманд ба ин зеҳният, вориди марҳалаи тозаи ба иҷро гузоштан шуд. Дар ин марҳала, порсиситезии созмонёфта дар чаҳорчӯби зоҳиран қонунии сохторҳо ва ниҳодҳои пояӣ ва ъумдаи давлат, дигар аз гиребони додгоҳи ъолӣ, дафтари раёсатҷумҳурӣ, вазорати иттилоъот ва фарҳанг, додситонӣ ва дастгоҳи таблиғотӣ-расонаии давлатӣ ба шумули родю ва телевизиюн, расонаҳои чопӣ ва ожонси хабаррасонии он сар бароварда буд. Имрӯз, пас аз чирагии дубораи Толибон бар Афғонистон, ин гурӯҳи тундрави мазҳабӣ ва қавмӣ ҳар рӯз дар баробари забони порсӣ ва гӯяндагони он ситеза ва хушунати нав дар пеш мегиранд. Толибон дар коркарди ситезагаронаашон дар баробари забони порсӣ ва гӯяндагони он дар Афғонистон ба ростӣ меросдори раванди пайвастаи торихӣ ва сиёсии порсиситезии ҳукуматҳои марказии Афғонистон дар саду чиҳил соли пасин астанд.
Бо таваҷҷуҳ ба моҳияти сиёсии порсиситезӣ ва решадории торихии он дар андеша ва зеҳнияти бартариҷӯии таборгароёна, ки такягоҳи фикрии идораи ҳукуматҳои марказии Афғонистонро сохтааст, ин раванди табъизомез ба гунаи созмондодашуда аз чаҳорчӯбҳо ва ниҳодҳое монанди Қонуни асосӣ, додгоҳи ъолӣ, ва дастгоҳҳои идории даруни ҳукумат ба ъунвони абзори қонунмандӣ ва иҷроӣ баҳра мебарад. Ин амр ба равшанӣ менамоёнад, ки мубориза дар баробари раванде чунин созмонёфта ва решадор, бояд дар чаҳорчӯби як барномаи фарогир пайрезӣ гардад, ки ҳам андешаи ноҷӯри таҳмили ҳувийяти қавмӣ-забонии ҳукумати марказӣ ба ъунвони ҳувийяти миллии мардумони Афғонистон ва ҳам куллияти андеша ва зеҳнияти бартариҷӯии таборгаро, дигарситез ва касратзудоро дар бистари торих ва дар гузари имрӯз нишона бигирад.
——————————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист