Масъуди Луқмон: «Ҷашн» вожае эронист аз решаи «яз-», ба чами «парастидан, сутудан ва ниёиш кардан». Ҷашн дар оғоз ба чами «анҷоми ойинҳои динӣ» буда, вале андак-андак густариши чамӣ пайдо карда ва ба базму меҳмонӣ ва сур ҳам гуфта шудааст; чиро ки дар фарҳанги Эрон, анҷоми ойини динӣ ва ниёишу ситоиши эзад ҳамон ҷашну базму шодӣ ва шодхорӣ буда ва шигифт ин, ки «ҷашн» бо вожаҳои «язд» ва «эзад» ҳам ҳамреша аст ва ба дигар сухан, ҷашну эзад ҳар ду аз як решаанд. Чунин, дар фарҳанги зиндагиситои Эрони бостон ҷашн коре аҳуроӣ ва равише барои мубориза бо Аҳриман буда ва дар баробар, сӯгу андӯҳ куниши аҳриманӣ ва сахт накӯҳида будааст.
Дар бораи гоҳшумории бостонии Эрон ва чигунагии ҷашнҳои моҳона
Ҷой дорад сухане дар бораи гоҳшумории бостонии Эрон ва чигунагии баргузории ҷашнҳо гӯем то роҳнамое бошад барои баррасӣ ва гузориши ҷашнҳои пеши рӯ.
Гоҳшумории бостонии Эрон дарбардорандаи 12 моҳи 30-рӯза ва як панҷа пас аз поёни исфандмоҳ аст. Бад-ин панҷаи панҷрӯза, «андаргоҳ» ё панҷ рӯзи гоҳонӣ ва низ «беҳизак» гуфта мешавад. Кабисаи ин гоҳшуморӣ ҳам, дар рӯзгори бостон, ингуна гирифта мешуд, ки ҳар 120 сол, як моҳ ба сол меафзуданд ва бар ин поя, соли яксадубистум соле на 12-моҳа, ки 13-моҳа буд ва дар он моҳи сездаҳум чунон ҷашнҳои бошукӯҳе баргузор мекарданд, ки ҳар эронӣ орзу дошт зинда бошад ва ин ҷашнҳои 120 сол як борро бибинад. Аз ҳамин рӯст, ки ҳанӯз низ падарбузургон ва модарбузургони эронӣ ба ҳангоми зодрӯзи фарзандон ва наваҳояшон чунин орзуе барои онон мекунанд: «120-сола шавӣ»!
Гуфтанист, ки дар гоҳшумории бостонии Эрон ҳафта нест ва рӯзҳои 30-рӯзаи ҳар моҳ номи вежа ва менӯӣ доранд. Номи рӯзҳои моҳ ва чами онҳо дар гоҳшумории яздгирдӣ чунин аст:
якум, ҳурмузд (Аҳуромаздо, ҳастибахши бузурги доно); дувум, баҳман (андешаи нек); севум, урдибиҳишт (беҳтарин ростӣ ва покӣ); чаҳорум, шаҳривар (шаҳрёрии нек); панҷум, исфанд (фурӯтании муқаддас, меҳри пок); шашум, хурдод (расоӣ, тандурусти); ҳафтум, амурдод (бемаргӣ ва ҷовидонагӣ); ҳаштум, дайбаозар (додор, офаридгор); нуҳум, озар (оташ); даҳум, обон (об); ёздаҳум хур (хуршед); дувоздаҳум, моҳ; сездаҳум, тир (тиштар, ситораи борон); чаҳордаҳум, гӯш (ҷонварон, ҳастӣ); понздаҳум, дайбамеҳр (додор, офаридгор); шонздаҳум, меҳр (меҳр, паймон, фурӯғи хуршед); ҳабдаҳум, сурӯш (фармонбардории эзадӣ); ҳаҷдаҳум, рашн (додгустарӣ); нуздаҳум, фарвардин (фраваҳр (фурӯҳар), нерӯи пешрафт); бистум, баҳром (пирӯзӣ); бистуякум, ром (ромиш ва шодӣ); бистудувум, бод; бистусевум, дайбадин (додор, офаридгор); бистучаҳорум, дин (дину виҷдон); биступанҷум, ард (тавонгарӣ ва хоста); бистушашум, аштод (ростӣ); бистуҳафтум, осмон; бистуҳаштум, зомёд (замин); бистунуҳум, монтара спанд (суханони муқаддас, гуфтори осмонӣ); сиюм, анором (рӯшноии бепоён).
Номи рӯзҳои ҳар моҳ ва чами ҳар якро баршумурдем. Кунун бибинем, ки ҷашнҳои моҳона бар чӣ поя баргузор мешудааст.
Ҷашнҳои моҳона ҳангоме, ки номи рӯз бо номи моҳ баробар мешавад, барпо мегардад. Ҳар ҷашн низ ойинҳои вежаи худро дорад. Барои намуна, ҷашни Фарвардингон дар фарвардинрӯз аз фарвардинмоҳ баргузор мешавад, ки агар ба боло бингарем, мебинем, ки номи рӯзи нуздаҳуми ҳар моҳ, фарвардин аст ва бар ин поя дар рӯзи нуздаҳуми фарвардини ҳар сол ҷашни фарвардингон, ки ҷашни фраваҳрҳо ва гиромидошти некону покони даргузашта аст баргузор мешавад. Намунаи дигар, ҷашни Урдибиҳиштгон дар урдибиҳиштрӯз аз урдибиҳиштмоҳ баргузор мешавад, ки агар ба боло бингарем, мебинем, ки номи рӯзи севуми ҳар моҳ, урдибиҳишт аст ва бар ин поя дар рӯзи севуми урдибиҳишти ҳар сол ҷашни урдибиҳиштгон, ки ҷашни гиромидошти ростӣ аст, баргузор мешавад.
Гуфтанист, ки афзӯн бар ҷашнҳои моҳона, бешумор ҷашнҳои дигар (ҳамчун Наврӯз, Сада ва гоҳанборҳои шашгона) низ ҷашнҳои маҳаллӣ дар ҷойҷойи Эроншаҳр барпо мешудааст.
Боистаи ёдоварист, ки ҷашнҳои Эрон бар бунёди гоҳшумории яздгирдӣ аст, на ҷалолӣ. Агар кабисаро канор гузорем, дар гоҳшумории ҷалолӣ, ки гоҳшумории имрӯзии Эрон аст, 6 моҳи 31-рӯза ва 5 моҳи 30-рӯза ва 1 моҳи 29-рӯза дорем, ки мешавад 365 рӯз. Моҳҳо дар ин гоҳшуморӣ бар пояи ҳафта бахшбандӣ мешаванд ва рӯзҳо беноманд. Гоҳшумории ҷалолӣ, гоҳшумории динӣ нест, ки гоҳшумории девонист.
Дар гоҳшумории яздгирде, ки гоҳшумории динӣ ва пояи ҷашнҳои эронӣ аст, 12 моҳи 30-рӯза дорем, ки мешавад 360 рӯз, ва, имрӯза, панҷ рӯз пас аз исфанд, ки бо ин панҷа мешавад 365 рӯз. Моҳҳо дар ин гоҳшуморӣ бар пояи ҳафта бахшбандӣ намешаванд, ки ба 30 рӯз бо номҳое аз эзадон ва менувон номбардоранд (дарнигариста шавад, ки на 31 ё 29).
Ҳамон гуна, ки гуфта шуд, ҳар гоҳ номи рӯз бо номи моҳ баробар шавад он рӯз ҷашн аст. Барои намуна рӯзи панҷуми гоҳшумории яздгирдӣ номаш исфанд аст. Моҳи дувоздаҳум ҳам номаш исфанд аст. Пас рӯзи исфанд аз моҳи исфанд мешавад панҷуми исфандмоҳ ва ин рӯз ҷашни Исфандгон аст. Кунун агар бихоҳем панҷуми исфандмоҳ дар гоҳшумории яздгирдиро ба гоҳшумории ҷалолӣ оварем, мешавад 29 баҳманмоҳ (17-18-уми феврие).
«Наврӯз», ёдгори хусравон
Ҷашни «Наврӯз» дар нахустин рӯзи баҳор аз бошукӯҳтарин ва барҷастатарин ёдгорҳои эрониён аст, ки солҳое фаровонро пушти сар ниҳода ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Болотарин арзиши ин ҷашнро дар он метавон донист, ки ин ҷашн бо ҳамаи нишебу фарозҳои бешумор, чунон кӯҳи Дамованд устувор бар фарози торих истода ва бо равони якояки эрониён сарришта шуда ва дар жарфои дилу ва ҷони онон нишастааст; Он сон, ки ҳар эронӣ аз ҳафтаҳо пеш чашм ба роҳи фаро расидани Наврӯз аст ва мекӯшад то ойинҳои пешбоз аз Наврӯз, ҳамчун ҷашни сурӣ, хонатаконӣ аз кошона ва низ равони хеш ва …ро баргузор кунад то ҳамонгуна, ки гул аз гиёҳ мешукуфад ва сабза аз замин мерӯяд, ҷони ӯ низ тоза гардад ва бо равони орому шод ба пешбози соли нав равад.
Наврӯз дорои се сӯяи «чеҳрӣ(табиъӣ)», «миллӣ» ва «динӣ» аст:
Сӯяи чеҳриаш ҳамон ҳамзамониаш бо баробарии шабу рӯз ва эътидоли баҳорию оғози баҳор ва нав шудани ҷаҳон аст.
Сӯяи миллиаш ба устураҳои эронӣ бозмегардад, ки Ҷамшед, шоҳи пешдодиро поягузори Наврӯз медонанд ва мегӯяанд, ки дар замони Ҷамшедшоҳ сармои сахт Эронвич (Эрон)-ро дарбар гирифт. Саранҷом, пас аз се сол ин сармо дар баҳор поён ёфт ва бо поён гирифтани он ҷашни бузург барпо шуд, ки Наврӯз хонда шуд.
Фарзона Ъумари Хайём дар оғози «Наврӯзнома» ба порсӣ навиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он-к ҳар 365 рӯз ва рубъе аз шубонрӯз ба аввали дақиқаи ҳамал бозояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад, ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард, ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
Фирдавсӣ низ дар инбора фармудааст:
«Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт / Чи моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво / Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй / Фурӯмонда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд / Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.
Сари соли нав ҳурмузи фарвадин / Баросуда аз ранҷи тан дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд / Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор / Бимонда аз он хусравон ёдгор».
Аз ин сухане бармеояд, ки «Наврӯз» ҳамон «Рӯзи нав» аст, рӯзе, ки сол бо он оғоз мешавад.
Абурайҳони Берунӣ худ ба забони порсӣ дар «Ат-тафҳим» дар бахши «Аз расмҳои порсиён: Наврӯз чист?» дар ин бора навиштааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «Рӯзи нав» ном карданд, зеро-к пешонии соли нав аст ва он-ч аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳо аст ва шашуми фарвардинмоҳ «Наврӯзи бузург» доранд. Зеро-к хусравон бад-он панҷ рӯз ҳақҳои ҳашам ва гурӯҳон ва бузургон бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» (рӯяи 253).
Сӯяи диниаш низ бештар ба шашуми фарвардин бозмегардад, ки онро «Наврӯзи бузург» ва рӯзи «Умед» хондаанд, ки аз рӯзҳои хуҷастаи ориёиён аст, ки бо шодӣ ва обпошӣ ҳамроҳ будааст. Бар пояи навиштае порсиг (паҳлавӣ) ба номи «Моҳи фарвардин, рӯзи хурдод» рӯйдодҳои бузург дар ин рӯз рух додааст, ки дар он миён метавон аз зодрӯзи Зардушт, ҳампарсагии Зардушт бо Аҳуромаздо, рӯйидани Машй ва Машёна, пайдоии Гевмард (Каюмарс) ва Ҳушанг, чирагии Соми Наримон бар ажидаҳок, тирандозии Ораши шевотир ва пайдоии дубораи шоҳ Кайхусрав, ки ба бовари эрониён аз ҷовидонон ҳаст, ном бурд. Номи рӯзи «Умед» низ аз он рӯя ба шашуми фарвардин дода шуда, ки рӯзи бозгашти Кайхусрав ва дигар ҷовидонон ва сушиёнсҳо (судбахшон ё раҳоибахшон) аст.
Дар «Наврӯзнома»-и Хайём офарине бас куҳан аз забони мӯбади мӯбадон барои Наврӯз омадааст, ки мо низ сухани хешро дар бораи Наврӯз бо он ба поён мебарем: «Ба ҷашни Фарвардин ба моҳи фарвардин озодӣ гузин. Яздон ва дини каён сурӯш овард туро доноӣ ва биноӣ ба кордонӣ ва дер зев бо хӯйи ҳажир ва шодбош бар тахти заррин ва анӯша хӯр ба ҷоми Ҷамшед ва расми ниёгон дар ҳиммати баланд ва некӯкорӣ ва варзиш. Дод ва ростӣ нигоҳ дор. Сарат сабз бод ва ҷавонӣ чу хавед (сабза), аспат комгор ва пирӯз ва теғат равшан ва коре ба душман ва бозат гиро ва хуҷаста ба шикор ва корат рост чун тир, … пешат ҳунарӣ ва доно гиромӣ ва дирам хор ва сароят обод ва зиндагонӣ бисёр.»
«Сездаҳбадар», ҷашни бидруд бо Наврӯз
Ҷашни «Сездаҳбадар», рӯзи тир аз моҳи фарвардин, вопасин ойини Наврӯз ва ҷашни баҳорист, ки дар он эрониён аз хона ба дар мешаванд ва ба шодию хуррамӣ ва хушгузаронӣ мепардозанд.
Дар гоҳшумории куҳани эронӣ, сездаҳумин рӯзи ҳар моҳ аз они «Тир» ё «Тиштар», эзади борон, аст. Эрониён дар ин рӯз ба ситоиши эзади Тир ё Тиштар мепардохтанд ва аз ин раҳгузар, вайро дар набард бо деви хушксолӣ ёрӣ мекарданд. Имрӯза низ эрониён дар ин ҷашни куҳан ба бустонҳо, доманаи даштҳо, канори рӯдҳо ва ҷӯйборҳо мераванд, ба шодӣ ва пойкӯбӣ мепардозанд ва барои соли пеши рӯ орзуи борон мекунанд.
Дар устураҳои эронӣ омадааст, ки ситораи Тиштар фариштаи борон буд. Ҳурмузд чун ҷаҳонро офарид, Тиштарро ба обёрии ҷаҳон гумошт то кишварҳои ориёиро сабз ва обод кунад. Аҳримани бадниҳод ҳангоме, ки хубии ҷаҳони Ҳумуздро дид ба он рашк бурд, хашмгин шуд ва ба ситеза бархост. Аҳриман, «Апӯш» (деви хушксолӣ)-ро бар он гумошт то боди гарм бивазонад ва замину чашмаҳоро хушк, ва гиёҳонро бипажмурад. Дар набарди миёни Тиштар ва Апӯш, нахуст Апӯш бар Тиштар чира шуд. Тиштар ба даргоҳи Ҳурмузд гилоя кард: «Вой бар ман, вой бар обҳо ва гиёҳони замин, вой бар мардумон, чиро мардумон аз ман ёд намекунанд ва маро наместоянд то аз ситоиши онҳо нерӯ бигирам ва бо деви хушкӣ набард кунам. Эй Ҳурмузд, эй офаринандаи ҷаҳон, маро ёрӣ кун ва нерӯ бахш то ҷаҳонро сероб кунам.» Ҳурмузд Тиштарро нерӯ бахшид ва Тиштар ба рехти асби сафед бо гӯшҳо ва лагоми зарнишон ба ҷанги деви Апӯш, ки ба рехти асби сиёҳ ва беёлу гӯш ва дум падидор шуда буд, рафт. Наздики Нимрӯз, Тиштар бар деви хушкӣ чира шуд ва ӯро шикаст дод ва ҳазор гом аз дарёи Фарохкарт дур ронд. Пас аз он Тиштар бонги шодӣ ва комёбӣ баровард: «Хушо бар ман, эй Ҳурмузд, хушо бар шумо эй гиёҳон ва обҳои рӯйи замин, хушо бар шумо, эй сарзаминҳои ориёӣ. Акнун ҷӯйҳо пуроб хоҳанд шуд ва ба сӯи киштзорҳо ва чаманзорҳо равон хоҳанд гашт.»
Чунин, рӯзи сездаҳуми фарвардин рӯзе будааст, ки ҳамаи эрониён барои соли пурборон барои ҳамаи сарзаминҳои ориёӣ ба ниёиш ва ҷашн мепардохтанд. Хӯрдани ноҳор дар берун аз хона ва дар доманаи даштҳо ва канори рӯдҳо, ва низ афкандани сабзаи наврӯзӣ дар оби равон озандӣ(тамсилӣ) аст аз додани пешкаше ба эзади об, «Оноҳито», ва эзади борон ва ҷӯйборҳо, Тир ё Тиштар.
Дар бораи ойинҳои Сездаҳбадар устоди зиндаёд Баҳром Фраҳвашӣ дар нибег (китоб)-и «Ҷаҳони фарварӣ» нивиштааст: «Ҳамаи мардуми рустоҳо, аз хурд ва калон, ва бештари мардуми шаҳрҳо, аз бомдод то шомгоҳ, ба саҳро ва киштзорҳо рӯй меоваранд ва дар канори чашмаҳо ва рӯдҳо ва ҷӯйборҳо ба шодӣ ва бозӣ ва ромиш мепардозанд. Аз русуми дигари сездаҳ, гиреҳ задани сабза барои бозшудани бахти дӯшизагон аст … Гиреҳ задани ду шоха сабза дар рӯзҳои поёнии зоиши геҳонӣ, тамсилист аз пайванди як мард ва зан, ки мебоистӣ ба ҳам бипайванданд то тасалсули таваллуд барқарор гардад ва орзуи гиреҳзананда, ки толиби ҳамсар аст, бароварда шавад. Бозиҳои гуногун ва охирин сурудхонӣ ва дастафшонии пайки наврӯзӣ дар рӯзи сездаҳ ёдгоре аз охирин маросими корноволии даврони куҳан аст ва ба вежа асбрақсон… нишонае аз шодии эзади Тир дар пирӯзӣ бар деви хушксолӣ аст. Ва расми бозиҳои бурду бохтӣ, ки дар рӯзи сездаҳ маъмул аст ва дар онҳо як нафар ё гурӯҳе баранда мешаванд, ба вежа мусобиқаи асбдавонӣ, ки дар бархе аз рустоҳо маъмул аст, ёдовари кашмакаши байни эзади борон ва деви хушксолӣ аст ва пирӯзии як асб дар мусобиқа ҳамонанди пирӯзии асби эзади борон аст ва шодиҳо ва рақсҳо боқимондае аз маросими татҳири дарунӣ дар соли нав аст.»
Гуфтанист, бархе ҷашни Сездаҳбадар ва ойини берун шудан аз хона дар рӯзи сездаҳуми фарвардин (дувуми оврил)-ро ба бадшугунии сездаҳ пайванд медиҳанд, вале чунон ки гуфта шуд, ба бовари эрониёни бостон, ҳар рӯз азони эзадӣ будааст ва бар ин поя, воруни бархе фарҳангҳо, ҳеч рӯзе дар фарҳанги эронӣ бадшугун нест. Ин бадшугуни сездаҳ ба вежа миёни тарсоён(масеҳиён) роиҷ аст; чиро ки дар бовари онон, ба ҳангоми вопасин шоми паёмбаршон, бар сари хони хӯрок сездаҳ тан буданд ва яке аз онон ҷойи паёмбаршонро ба душманон огоҳи дод ва Исо дастгир ва ба чилипо кашида шуд. Аз ин рӯ, тарсоён бар сари хони сездаҳнафара наменишинанд.
Дар поён бояд ба ёд дошта бошем, ки дар ҷашни бостонии Сездаҳбадар, ҷуз ҷойи пойи худ чизе дар чеҳри(табиати) Эронзамин бар ҷой нагузорем ва ҷуз фартур(акс) чизе дигар наандозем.
Нуздаҳуми фарвардин (ҳаштуми оврил), ҷашни Фарвардингон: «Фарвардингон», ҷашни гиромидошти равони даргузаштагон
«Фарвардингон», ҷашни гиромидошти «фраваҳар»-и (равони менӯии) покон ва даргузаштагон аст, ки дар фарвардинрӯз аз фарвардинмоҳ, нуздаҳуми фарвардин, баргузор мешавад.
Дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» дар бораи ин ҷашн омадааст: «[Фарвардин] номи рӯзи нуздаҳум бошад аз ҳар моҳи шамсӣ ва дар ин рӯз аз моҳи фарвардини форсиён ҷашн созанд ва ид кунанд бино бар қоидаи куллия, ки пеши эшон ҷорист, ки ҳар рӯз аз ҳар моҳе, ки номи ҳамон моҳ дошта бошад ид бояд кард. Нек аст дар ин рӯз ба эътиқоди эшон ҷомаи нав пӯшидан.»
Масъуди Саъди Салмон, аз адибони рӯзгори Ғазнавиён, ба фархундагии Фарвардингон чунин сурудааст:
«Фарвардин асту рӯзи фарвардин / Шодию тараб ҳамекунад талқин»
Ин суруда нишонгари он аст, ки ин ҷашн дастикам то садаи шашум баргузор мешудааст.
Дар нибеги «Сад дар наср ва сад дар Бундаҳиш», бандҳои 37 ва 95, дар бораи ойинҳои фарвардингон омадааст: «Ин ки чун фарвардиён (фарвардингон) дарояд, бояд, ки ҳар кас дархури тавоноии хеш дарун (ноне кӯчак ва гирд) ва язишн (ситоиш) ва миязд (назри хӯрокӣ) ва офарингон (суруд ва намоз) кунад. Дар ин даҳ рӯз бар ҳама воҷиб аст ва чӣ шоистатар, ки дар хонаи хеш барпо кунанд, чун равонҳо ба хонаи худ ворид шаванд ва чашм ба роҳ бошанд то ойинҳои боиста аз сӯи бозмондагон анҷом шавад. Он даҳ рӯз ҳамаи равонҳо дар ин гетӣ бошанд, ба ҳар хона, ки миязд (пешкашҳо ва назрҳо) бештар кунанд, он кадхудо ва кадбонуи хона ва дигаронро бештар офарин ва дуо кунанд ва ҳаройина он сол, кори он хонадон беҳтар бошад ва суд ва баҳрашон зиёдатар афтад ва ҳар карфа (савоб), ки аз баҳри равони вирдагон (даргузаштагон) кунанд, ҳамчунон бошад, ки ба равони хештан карда бошанд. Чун аз ин гетӣ бигузаранд, он равонҳо пазираи ӯ бозоянд ва хуррамӣ кунанд ва ӯро дилдорӣ диҳанд ва низ пеши додор гувоҳӣ диҳанд, ки ин ашу (пок) моро аз ёд набарад ва то дар он ҷаҳон буд мо аз ӯ хушнуд будем. Акнун мо ҳамдостонем, ки ӯро аз он карфаҳои мо ҳамбаҳра кунӣ ва равони ӯро ба ҷойгоҳи ашавон (покон) расонӣ. Ин сухан бигӯянд ва он равонро умед диҳанд то ҳисоб ӯро бикунанд … Пас кӯшиш бояд кардан то фарвардиёнро некӯ доранд ва равони падарон ва модарон ва хешон аз эшон ба озодӣ (сипос) бошанд.»
Чунин, фарвардингон ҷашни рӯзи ёдбуди «равонҳо» аст, чиро ки вожаи фарвардин ва фарваҳр аз як реша баромадаанд ва ба чами нерӯиянд, ки аз ҷаҳони менӯӣ барои роҳнамоӣ ва посбонии равонҳо дар ҳар ҷондоре ниҳода шудаанд ва бар ин поя, фарваҳари ҳар ҷондор дар замони зиндагиаш бахше ҷудойинопазир аз равони ӯ ба шумор меояд.
Модарон ва падарони мо дар Эрони бостон дар ин рӯз дар ойине аз даргузаштагони аз даст рафта ёд мекарданд.
Ба сони рӯзгори бостон, кунун низ зардуштиёни Эрон ва порсиёни Ҳинду Покистон фарвардингонро барпо медоранд. Онон барои шодии равони даргузаштагон намоз мегузоранд ва диҳиш мекунанд. Гуфтанист, ки маздяснони Эрон ин ҷашнро бештар ба номи «Фарвадаг» мешиносанд.
Маздяснони Теҳрон дар ин рӯз ба оромгоҳи зардуштиён, ки дар «Кохи фирӯза» аст мераванд ва аз мӯбадон мехоҳанд, ки ба номи даргузаштагонашон «офарингон» бихонанд. Ба ҳангоми хониши офарингон бар оташ исфанд ва кундар ва дигар хушбӯкунандаҳо дуд мекунанд ва шамъ равшан менамоянд ва дар канори гулу сабзае, ки аз пеш омода кардаанд, меваҳои тозаро пора мекунанд ва ба ҳамроҳи «лурк», ки ҳафт гуна меваи хушк ҳамчун бодом, гирду, санҷид, хурмо, фандуқ, қисӣ ва … аст, ва «сург» , ки нони кӯчаки гирди пухташуда дар равғани кунҷид аст, пас аз поён ёфтани хониши офарингон миёни бошандагон пахш мекунанд, ки ба шодӣ ва хуррамӣ бихӯранд. Ҳамчунин, ҳар кас бар оромгоҳи наздикони худ меравад ва гулу сабза мегузорад ва шамъ бармеафрӯзад. Авранг дар нибег «Ҷашнҳои Эрони бостон» сургро ҳамсон бо нони равғанӣ, ки мусулмонон дар рӯзи одинаи поёни сол дуруст мекунанд ва бар сари хоки даргузаштагон медиҳанд, медонад.
Дувуми урдибиҳиштмоҳ (22-и оврил), ҷашни Урдибиҳиштгон: «Урдибиҳиштгон», ҷашни ситоиши ростӣ
Пас аз «Фарвардингон», дувумин ҷашни моҳонаи эрониён «Урдибиҳиштгон» аст, ки дар рӯзи урдибиҳишт аз моҳи урдибиҳишт севуми урдибиҳиштмоҳи гоҳшумории яздгирдӣ ва дувуми урдибиҳиштмоҳ ба гоҳшумории кунунӣ ҷашн гирифта мешавад; чиро ки эрониён бар ин бовар буданд, ки шодӣ аҳуроӣ ва андӯҳ аҳриманӣ аст, з-инрӯ, ҷашн ва шодӣ назди эшон коре динӣ буда ва чунон баландпоя будааст, ки шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ дар сари бештари сангнабиштаҳояшон офариниши шодиро ҳамтои офариниши мардум ва замин ва осмон донистаанд.
Урдибиҳиштгон ҷашне дар посдошт ва ситоиши «урдибиҳишт» ё «урдибиҳишт» (дар забони авестоӣ: ашаваҳишта, дар порсиг (паҳлавӣ): «ардваҳишт» ё «урдваҳишт» ) ба чами «беҳтарин ростӣ» ва номи яке аз амшоспандон (ҷовдонони пок) аст. Урдибиҳишт ҳамчунин нигаҳбони оташ аст; чун оташ бартарин намудори ростию покӣ ва дурустӣ ба шумор меравад.
Дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ» дар бораи ҷашни урдибиҳиштгон омадааст: «Бино бар қоидаи куллия, ки назди порсиён муқаррар аст, ки чун номи рӯз бо номи моҳ мувофиқ ояд, он рӯзро ид гиранд. Дар рӯзи севум аз моҳи урдибиҳишт ид кунанд ва ҷашн намоянд ва онро ҷашни Урдибиҳиштгон хонанд.»
Абурайҳони Берунӣ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта» дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», банди 27, дар бораи Урдибиҳиштгон менивисад: «Урдибиҳиштмоҳ: ки рӯзи севуми он «рӯзи урдибиҳишт» ҷашн аст, низ аз баҳри созвории ду ном «урдибиҳиштгон» номида шавад; ва маънои он «ростӣ ва некӣ», ё чунон ки ҳам гӯянд «мунтаҳои хайр» бошад. Урдибиҳишт, худ фариштаи «оташ ва равшанӣ» аст, ки ин ду ҳампайванд бо он ҳастанд; ва Худо ӯро бад-он гумошта, ҳам ба зудоиши бемориҳо ва нохушиҳо бо доруҳо ва хӯрокҳо, ва ба намудор сохтани ростӣ аз дурӯғ, баҳуда аз нобаҳуда бо савгандон, ки ёд кардаанд, инҳо дар «Абасто» (Авесто) пайдост» (гардониши Парвизи Спитамон, баргҳои 287 ва 288).
Кӯшёри Гелӣ дар «Зиҷи ҷомеъ» аз урдибиҳиштгон бо номи «Гулистонҷашн» ёд кардааст.
Гули намодини урдибиҳиштгон низ «марзангӯш» аст.
Чаҳоруми хурдодмоҳ, ҷашни Хурдодгон: «Хурдодгон» ҷашни ситоиши расоию камол ва посдошти обу ободонӣ
Дар гоҳшумории куҳани эронӣ, рӯз шашуми ҳар моҳ «Хурдод» ном дорад ва аз он ҷо, ки ҳар гоҳ номи рӯз бо номи моҳ баробар шавад он рӯзро ҷашн мегиранд ва шодмонӣ мекунанд, аз ҳамин рӯ, шашуми хурдод ба гоҳшумории куҳан, чаҳоруми хурдод (25-и мей) ба гоҳшумории кунунӣ, «ҷашни Хурдодгон» аст, ки эрониён дар ин рӯз ҷашни бошукӯҳ барпо мекарданд.
Ин ҷашн аз они фариштаи «Хурдод» аст. Хурдод дар забон авестоӣ «ҳауруатот» ва дар забон порсиг (паҳлавӣ) ҳурдод ё хурдод ба чами расоӣ ва камол аст. Хурдод намоди камол ва расоии офаридгор аст ва ба ҳамроҳи «Спиндормаз» ва «Амурдод» гурӯҳи сегонаи Амшоспандон бонуро месозанд. Номи Хурдод ҳамвора бо номи Амурдод меояд ва нигоҳбони оби чашмаҳо ва наҳрҳо ва рӯдҳо ва дарёҳо ва аз миён бардоштани палидӣ аз обҳо дар ҷаҳони моддӣ хешкории (вазифаи) бузурги ӯст. З-инрӯ, ниёгони мо дар ин ҷашни Хурдодгон ба сари чашмаҳо ё канори рӯдҳо ва дарёканорҳо мерафтанд ва пас аз ситоиши худованд ҷашн бар по медоштанд.
Намунае аз ойинҳои роиҷ дар ин рӯз дар сурудаи «Дороб Полан» дар «Фарзиётнома» омадааст, ки дар он аз ойинҳои вежаи Хурдодрӯз ба «таншӯӣ» ва «кандани чоҳ» ва «нав кардани корез» ном бурдааст ва дар ҳамин маврид дар навиштаи порсиги «Андарзи анӯшаравон Озарбоди Меҳроспандон» ёдоварӣ шуда, ки «дар Хурдодрӯз ҷӯй кан». Бар ин поя, дар ин рӯз нигоҳе вежа мешудааст ба нигаҳдорӣ ва навсозии ҷоҳое, ки об аз онҳо сарчашма мегирад ва дар он ҷоҳо равон мешавад, ҷоҳое ҳамчун чашмаҳо, чоҳҳо, ҷӯйҳо, корезҳо ва рӯдҳо, ки бо оби зиндагибахши худ зиндагиро шуданӣ мекунанд.
Гуфтанист, ки чаҳорумин яшт аз яштҳои бистуякгонаи «Авесто» вежаи ситоиш ва ниёиши Хурдод аст, Хурдоде, ки ҳамонгуна, ки гуфта шуд, севумин моҳи сол ва шашумин рӯзи моҳ ба номи ӯст. Тиштар ва Фарвардин ва Бод аз ҳамкорон ва ёварони Хурдод ҳастанд ва деви «Тарез», аз коргузорон ва дастиёрони Аҳриман, душмани ӯст.
Дар нибеги порсиги «Бундиҳиш» (оғози офариниш) дар бораи Хурдод омадааст: «шашум аз менӯён «Хурдод» аст. Ў аз офариниши гетӣ, обро ба хеш пазируфт. Ба ёрӣ ва ҳамкории вай, Тир ва Бод ва Фарвардин дода шуданд, ки Тир, Тиштар аст, ки дар даврони аҳриманӣ, он обро ба ёрии Фарвардин, ки фараваҳари парҳезгорон аст, ситонад, ба менӯӣ ба бод бисипорад. Бод он обро ба некӯӣ ба кишварҳо роҳбар шавад, бигузаронад, ба афзори абр бо ҳамкорон биборонад.»
Гули савсанро низ намоди вежаи Хурдод ва ин ҷашн донистаанд. Дар «Бандаҳиш» аз гули савсан ба номи гули вежаи амшоспандбону «Хурдод» ном бурда шудааст: «… инро низ гӯяд, ки ҳар гуле азони амшоспандест; ва бошад, ки гӯяд: … савсан Хурдодро ..» , ки бар ин бунёд беҳтарин намод барои ҷашни Хурдодагон гули савсан аст. Номдортарин намунаҳои гули савсан назди эрониён савсани сафед ё савсани озод аст, ки ба номи савсани даҳзабон ё савсани гулдароз низ шинохта мешавад, ҳамчунин яке дигар аз гунаҳои нодири гули савсан, ки бумии апохтар(шимол)-и Эрон аст, савсани чилчароғ ном гирифтааст. Шӯрбахтона, ин рӯзҳо номи «лайлиюм» ҷойи номи порсии ин гули эронӣ (савсан)-ро андак-андак гирифтааст. Дар навиштаи порсиги «Хусрави қубодон ва ридаке» бӯи гули савсани сафед чун «бӯи дӯстӣ» хонда шудааст.
Даҳуми тирмоҳ, ҷашни Тиргон: «Тиргон» рӯзи посдорӣ аз марзҳои Эрон ва рӯзи гиромидошти дабирон
Дар гоҳшумории куҳани эронӣ, рӯзи сездаҳуми ҳар моҳ «тир» ном дорад ва аз он ҷо, ки ҳар гоҳ номи рӯз бо номи моҳ баробар шавад он рӯзро ҷашн мегиранд ва шодмонӣ мекунанд, аз ҳамин рӯ, сездаҳуми тир ба гоҳшумори куҳан, даҳуми тир (1-и ҷулой) ба гоҳшумори кунунӣ, «чашн Тиргон» аст, ки эрониён дар ин рӯз ҷашни бошукӯҳ барпо мекарданд.
Ин ҷашн аз они фариштаи «Тир» ё «Тиштар» аст, ки ба боридани борон ёрӣ мерасонад. Афзӯн бар ин, ҳамосаи Ораши камонгир дар ин рӯз рух додааст, рӯзе, ки метавон онро рӯзи посдорӣ аз марзҳои Эронзамин дар баробари душманон донист ва низ ин рӯз рӯзи гиромидошт дабирон ва низ бузургдошти деҳқонон дар Эрони бостон будааст.
Абурайҳони Берунӣ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта», дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», бандҳои 29 то 32, дар бораи ҷашни Тиргон чунин гуфтааст: «рӯзи сездаҳуми он, ҳамоно рӯзи «Тир», ҷашн аст, ки боз аз барои созвории ду ном «Тиргон» номида шавад; Ва онро ду сабаб бошад: яке он ки овардаанд Афросиёб чун бар «Эроншаҳр» чирагӣ ёфт, ва Манучеҳрро дар «Табаристон» дар бандон кард, аз вай дархости коре намуд, ки бад-он чизе ба вай арзонӣ дорад, бар ин поя, ки ба андозаи як тири партоб дар ҳамчандаш аз Эроншаҳр бадӯ бозгардад. Пас фариштае аз фариштагон наздаш биёмад ба номи «Исфандормаз», ва фармон дод, ки камоне баргирад ва тире бад-он андоза, ки намудгори тирандозиш бошад; чунон ки дар китоби «Авесто» баён гардида: «Ораш» фарохонда шуд, ки марде бузургавор ва диндору фарзона буд. Манучеҳр фармон дод он камон баргирад ва тирро бификанад. Пас ӯ бархост ва бараҳна шуд ва гуфт: Эй подшоҳ! Эй мардум! Тани маро бибинед, ман аз ҳар захму реш ва беморӣ барканорам; аммо яқин дорам, ки чун бо ин камон тир бификанам, танам пора-пора шавад, ҷонам аз тан биравад; ҳамоно ин ҷонро фидои шумо хоҳам кард. Он гоҳ ба так пеш рафт, камонро – бо ҳамаи нерӯе, ки худо бад-ӯ дода буд – кашид, ва бад-он тир андохт, ва худ пора-пора шуд. Худо бодро фармон дод то он пайкон аз кӯҳистони «Рӯйон» фарогузарад, ки ҳам бад-он то дуртарин ҷое аз Хуросон, миёни «Фарғона» ва «Тухористон» бар танаи дарахти гирдуи бузурге фуруд омад – дарахте чандон бузург, ки монандаш дар ҷаҳон набудааст. Гӯянд аз ҷойгоҳи тирандозӣ то ҷойи фурудиши пайкон ҳазор фарсанг аст; Пас бар он тирафканӣ сулҳ ва созиш намуданд, ки дар ҳамин рӯз (тиргон) буда, ва мардум онро ҷашн гирифтаанд.
… Гуфтаанд, ки рӯзи тирафканӣ ҳамин рӯз, яъне «рӯзи тир» ва он «Тиргони кӯчак» аст; ва рӯзи чаҳордаҳум, яъне «гӯши рӯз», ҳамоно «Тиргони бузург» аст, ки дар он хабари бархурди тири Ораш бад-он ҷо расид.
Аммо сабаби дувум ҳамон «даҳюпадия» аст, ки чами он кишвардорӣ, гетибонӣ ва посдорию фармонравоӣ дар он аст, ва деҳқонгарӣ, ки маонии он заминдорӣ, ободонии гетӣ ва кишоварзӣ ва бахш кардани он аст, ин ду ҳамзоди якдигаранд то гетиро обод кунанд ва поймандиашро ҳуморагӣ бахшанд ва табоҳиашро беҳсозӣ намоянд ва «дабирӣ» (= китобат) пай оянд ва ҳамбари он ду аст. … номи ин рӯз «Тир» ҳамном бо ситораи «Тир» (= Аторуд) ахтари «дабирон» (= котибон) аст. … пас ин рӯз барои шукӯҳнамоӣ ва бузургдошти дабирон ҷашне шуд, ки дар он ба мардуми гетӣ супориш шуда то ба ҷомаи дабирон (= нависандагон) ва деҳгонон (= заминдорон) дароянд. Пас шоҳон ва деҳқонон ва мӯбадон ва ҷуз эшон, ҳам чунон то рӯзгори Гуштосп, аз баҳри бузургдошти пешаи дабирӣ ва меҳиндошти деҳгонгарӣ дар Тиргон ҷомаи дабирон ба бар мекарданд» (гардониши Парвизи Спитамон, рӯяҳои 288 то 290).
Рухдоди торихии дигаре, ки дар ин рӯз рух дода дар замон Соcониён ва подшоҳии Пирӯз буда, ки ҳафт сол дар Эрон борон наборид ва хушксолӣ бедод мекард. Дар чунин рӯзе мардум рӯй ба биёбон оварданд ва бо ниёиши худ аз парваргор орзуи боридани борон карданд ва пас аз он бориши борон оғоз шуд ва ба шодӣ дар чунин рӯзе эрониён ба якдигар об мепошанд.
Ойини баргузории ин ҷашн чунин аст, ки чанд рӯз пеш аз ҷашни Тиргон ҳамаи хонаро покиза мекунанд ва бомдоди рӯзи ҷашн ҳама обтанӣ карда ҷомаи нав мепӯшанд. Он чи вежаи ин ҷашн аст тори нозуке аз абрешими ҳафтранг ва сими нозук аст, ки ба ҳам мебофанд, ки ба номи «Тиру Бод» аст, ки шояд нишонаи рангҳои рангинкамон дар осмон ва намоде аз камони Ораш бошад.
Севуми амурдодмоҳ, ҷашни Амурдодгон: «Амурдодгон», ҷашни посдошти гиёҳон
«Амурдоди бемарг, сарвари гиёҳони бешумор аст; зеро ӯ хешованди гиёҳ дар гетӣ аст. Гиёҳонро рӯёнад ва рамаи гӯспандонро афзояд; зеро ҳамаи домҳо аз ӯ хӯранд ва зист кунанд. Дар ҳангоми навсозии ҷаҳон низ хӯроки бемаргиро аз Амурдод ороянд. Агар касе гиёҳро ромиш бахшад ё биёзорад, онгоҳ Амурдод аз вай осуда ё озурда шавад» (Бундиҳиш).
Ҷашни Амурдодгон, дар рӯзи амурдод аз моҳи амурдод, ҳафтуми амурдодмоҳ ба гоҳшумории яздгирдӣ ва севуми амурдодмоҳ (25-и ҷулой) ба гоҳшумории кунунӣ ҷашн гирифта мешавад.
Амурдод, чунон ки аз номи он бармеояд, намоди ҷовидонагӣ ва бемаргӣ аст ва дар боваршиносии эрониён, нигоҳбони гиёҳон ва рустаниҳо будааст. Фариштае, ки гиёҳонро мерӯёнда ва рама ё галларо меафзудааст.
Абурайҳони Берунӣ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта» дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», банди 33, дар бораи Амурдодгон менивисад: «Рӯзи ҳафтуми аз амурдод «рӯзи амурдод» ҷашн аст, ки ҳам аз созвории ду номи «Амурдодгон» номида шавад, ва амурдод ба маънои «ҳаморагӣ ва ҳамешагии офаридагони бемурдагӣ ва фано» аст; аа амурдод ҳамоно фариштаи гумошта ба нигаҳдошти гетӣ ва пойдошти хӯрокҳо ва доруҳо , ки буни онҳо гиёҳон аст зудояндаи гуруснагӣ ва зиён ва бемориҳо аст.» (гардониши Парвизи Спитамон, барги 290).
Хайём низ дар «Наврӯзнома» дар бораи моҳи амурдод менивисад: «Амурдодмоҳ, яъне хок доди хеш бидод аз барҳо ва меваҳои пухта, ки дар вай ба камол расад ва низ ҳаво дар вай монанди ғубори хок бошад ва ин моҳ миёнаи тобистон бувад ва қисмати ӯ аз офтоб, мар бурҷи Асадро бошад.»
Аз онҷо, ки Амурдод фариштаи нигаҳбони рӯиданиҳо будааст, эрониён дар ин рӯз ба боғҳо ва бӯстонҳои хуррам ва дилнишини дур аз шаҳр мерафтанд ва ба ҷашну шодӣ дар домани чеҳр (табиат) мепардохтанд.
Ҳар ҷашни эронӣ намодҳо ва нишонҳо ва гулҳои вежаи худро дорад ва дар ин миён, намоди ҷашни Амурдодгон низ «гули занбақ» аст.
Чиро «мурдод» нодуруст ва «амурдод» дуруст аст?
Аз диди забоншиносии торихӣ сохтимони вожаи амурдод «а + мар + тот» аст. Решаи «мар» дар вожаи «амурдод» ба чами «мурдан» аст. Ин вожа бо пешванди нигӯи (нафйи) «а» чами ҷовидонагӣ ва номироиро мерасонад; аз ҳамин рӯ, вогӯии ин вожа ба дисаи «мурдод» чами онро яксара воруна мекунад. Чунин, бо нигариш ба нодурустии чами вожаи «мурдод», нек аст, ки аз ба кор бурдани номи нодурусти «мурдод» бипарҳезем ва дигаронро низ аз ин нодурустӣ биёгоҳонем ва моҳи панҷуми солро «амурдод» бигӯем, на «мурдод».
30 амурдод, ҷашни Шаҳриваргон: «Шаҳриваргон», ҷашни посдошти шаҳриёри ормонӣ
Дар гоҳшумории куҳани эронӣ, рӯзи чаҳоруми ҳар моҳ «шаҳривар» ном дорад ва аз онҷо, ки ҳар гоҳ номи рӯз бо номи моҳ баробар шавад он рӯзро ҷашн мегиранд ва шодмонӣ мекунанд, аз ҳамин рӯ, чаҳоруми шаҳривар ба гоҳшумории куҳан, сиюми амурдод (21-и огуст) ба гоҳшумории кунунӣ, «ҷашни Шаҳриваргон» аст, ки эрониён дар ин рӯз ҷашни бошукӯҳ барпо мекарданд.
Шаҳриваргон, ҷашни оташи дар ситоиш ва гиромидошти «шаҳривар» аст. Шаҳривар дар забони авестоӣ «хшасраваирия» ва дар забони порсиг (паҳлавӣ): шаҳривар ва шаҳрвир аст. Бахши нахусти ин вожа (хшасра) ба чами «подшоҳӣ, шаҳриёрӣ; густараи подшоҳӣ, нерӯи шаҳриёрӣ; кишвар, сарзамин» аст ва вожаҳои «шаҳр» ва «шаҳриёр» ва «Ардашер» аз ин вожа баромадааст. Бахши дувум (ваирия) низ ба чами орзушуда аст, ва рӯйиҳамрафта, ба чами шаҳриёри ормонӣ ё подшоҳи шоиста ё нерӯи шаҳриёри орзушуда ё кишвари хосташуда аст.
Шаҳривар ҳамчунин номи яке аз амшоспандон (фариштагон) аст. Ин амшоспанд дар ҷаҳони менӯӣ намояндаи нерӯ ва тавоноӣ аст ва дар ҷаҳони моддӣ посбонии филизҳо бо ӯст.
Дар «Бурҳони қотеъ» аз ин рӯз ба унвони зодрӯзи «Дороб» (Куруш) ёд шудааст (пӯшинаи севум, барги 1316).
Абурайҳони Берунӣ низ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта» дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», банди 34, дар бораи ин рӯз ва ҷашни шаҳриваргон навиштааст: «шаҳривармоҳ: рӯзи чаҳоруми он «рӯзи шаҳривар» ҷашн аст, ки ҳам аз созвории ду ном «Шаҳриваргон» номанд, ва маънои он меҳрубонист. Шаҳривар ҳамоно фариштаи гумошта ба гавҳарҳои ҳафтгона мебошад, монанди зарру сим – ҷуз инҳо – дигар филизҳо, ки поймандии ҳунарҳо ва саноъатҳо ва гетию мардумон ҳам бад-онҳост. Зодвия (Шодвия) ёд кардааст, ки онро “Озарҷашн” номанд, ва он ҷашни оташгоҳ дар сароҳои мардумон аст; чи оғози зимистон буда, ки оташҳои бузург дар хонаҳошон меафрӯхтанд, ва дар парастиши Худо ва ситоиши ӯ бисёр мекӯшиданд; барои хӯрдан ва шодмонӣ гирди ҳам меомаданд, ва мепиндоштанд, ки он сармо ва хушкии падидоянда дар замистонро меронад; ва пароканиши гармои онҳо офатҳои зиёнбор ва осебрасон ба гиёҳонро дар гетӣ бартараф месозад, ва рафторашон дар ин маврид ҳамон роҳу равиши касонест, ки бо лашкари гарон ба ҷанг бо душман мераванд» (гардониши Парвизи Спитамон, барги 290).
Гардезӣ, торихнигор ва гетишиноси эронӣ, низ, ҳамчун Берунӣ, навиштааст: «Ин рӯзи Шаҳриваргонро Озарҷашн гӯянд, зеро ки ӯ андар охири рӯзҳои тобистон аст ва ӯ аввали тағйири ҳаво бувад ва майл кардани он ба сардӣ ва гароиши мардумон ба оташ афрӯхтан пеши хеш.»
Аз гуфтаи Берунӣ ва Гардезӣ равшан мегардад, ки Шаҳриваргон дар гузашта нишонае аз рафтани тобистон ва оғози замистон будааст.
Барои ҷашни Шаҳриваргон аз ду роҳи дигар низ метавон шукӯҳ ва бартарӣ ва фарр донист. Нахуст ин ки, дар ин моҳ фаровардаҳои кишоварзӣ гирдоварӣ мешаванд ва чун барои ба даст овардани баҳраи ҳар коре ҷашну шодӣ боиста аст, пас Шаҳриурагон барои баҳрамандӣ аз куштуварз ва ба даст овардани фаровардаҳо, ба вежа барои кишоварзон, беҳтарин ҷашну шодист, зеро ҷашни сари хирман аст.
Дувум ин ки, дар ин моҳ пойизакорӣ оғоз мешавад ва чун ҳар кори писандидаеро бояд бо фаррухӣ ва шодӣ оғоз кард, аз ин рӯ, Шаҳриваргонро метавон ҳангоми тозаи дигаре аз замони киштукор донист ва бад-он арҷу фарру шукӯҳ бахшид.
Чунон ки гуфта шуд, фариштаи шаҳривар, падидаи подшоҳи осмонӣ ва нерӯи худоист ва ҳамеша низ хоҳони фарру бузургию нерӯмандист. Дар ҷаҳони моддӣ нигаҳбони зару сим ва филизҳои дигар ва дастгирӣ аз тиҳидастон ва фариштаи меҳру меҳрубонист. Шаҳриёрони додгар ба пуштибонии ин фаришта, тавонманд ва нерӯманд ҳастанд. Вежагиҳои поки шаҳривар аст, ки эрониёни бостон ин рӯзро ба шукӯҳ ҷашн мегирифтанд ва ба бенавоён ёрӣ мерасонданд ва ба онон хӯрок медоданд. Чун ин ҷашн ба шаҳриёрони додгар бастагӣ дорад, ки намояндаи подшоҳии осмонианд, пас боистӣ дар ин ҷашн ба пешгоҳи шаҳриёр бираванд ва шодбош бигӯянд.
Ҳамчунин, Шаҳриваргон, ба вежа барои кишоварзон, аз дидгоҳи гирдоварии фароварда ва мевачинию хирманчинӣ ва низ аз дидгоҳи оғози кишти пойиза, беҳтарин ҷашну шодмонист ва аз ин рӯст, ки бад-он арҷи фаровон мегузоранд ва бо шодии бисёр ойинҳои онро ба ҷой меоваранд ва ҳастибахши бузурги доноро ниёиш ва ситоиш мекунанд, ки барои онон чунин додаҳое фароҳам овардааст.
Даҳуми меҳрмоҳ, ҷашни Меҳргон: «Меҳргон» ҷашни гиромидошти меҳру паймон
«Нахустин эзади менӯӣ, ки пеш аз хуршеди ҷовидонаи тезасб аз фарози кӯҳи Албурз барояд.
Нахустин эзад, ки бо зеварҳои заррине ороста аз фарози [кӯҳи] зебо сар бароварад.
Аз онҷо [он меҳри] бисёртавоно бар ҳамаи хонумонҳои эронӣ бингарад.
Онҷое, ки шаҳриёрони далер размоварони бисёр басиҷ кунанд.
Онҷое, ки чорпоёнро кӯҳсорони баланд ва чарогоҳҳои фаровон ҳаст.
Онҷое, ки дарёҳои жарф ва паҳновар ҳаст.
Онҷое, ки рӯдҳои паҳновари новток бо анбӯҳи хезобҳои хурӯшон ба санги хоро ва кӯҳ хӯрда ба сӯи Марв, Ҳирот, Суғд ва Хоразм шитобад» (Меҳряшт, бандҳои 13 ва 14).
Дар миёни ҳамаи ҷашнҳое, ки дар Эрони бостон фарогир будааст ду ҷашн аз дигар ҷашнҳо бузургтар ва барҷастатар буданд ва ниёгони мо ин дуро беш аз дигар ҷашнҳо арҷ мегузоштанд ва бузург медоштанд ва дар баргузорӣ ва барпоии онҳо кӯшиш ва замоне бештар мениҳоданд. Ин ду ҷашн «Наврӯз» ва «Меҳргон» буданд, ки нахустин навидбахши баҳор ва рафтани замистон ва ҳамроҳ бо сарсабзию хуррамии ҷаҳон буд ва дувумӣ дар нимаи дувуми сол барпо мешуд, замоне ки гармои сӯзандаи тобистон сипарӣ шуда ва ҳавои дилпазири пойизӣ ҷойи онро гирифтааст.
Ҷашни Меҳргон дар рӯзи меҳр аз моҳи меҳр (рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ба гоҳшумории куҳан ва даҳуми меҳрмоҳ (2-и уктубр) ба гоҳшумори имрӯзин) оғоз ва то рӯзи ром аз моҳи меҳр (рӯз бистудувуми меҳрмоҳ ба гоҳшумории куҳан ва шонздаҳуми меҳрмоҳ ба гоҳшумории имрӯзин) дар шаш рӯз думбол мешавад.
Ҷашни Меҳргон азони фариштаи меҳр аст, ки дар Авесто Митро номида шуда ва ба чами фурӯғи хуршед ва меҳру паймон аст.
Гуфта шудааст, ки Фаридун, подшоҳи пешдодӣ, дар ин рӯз бар Заҳҳоки тозӣ пирӯз шуд ва ӯро гирифт ва дар кӯҳи Дамованд ба банд кашид ва тоҷи шоҳи Эронзаминро бар сар ниҳод.
Ҷашни Меҳргон, ҳамчун ҷашни Наврӯз, аз дурахшонтарин намудҳои фарҳанги Эрон аст. Абурайҳони Берунӣ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта» дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», банди 36, дар ин бора менивисад: «Рӯзи шонздаҳуми меҳр , ки «рӯзи меҳр» аст ҷашни бузург ва баршинохта ба номи «Меҳргон» созвор бо номи он мебошад, ки маънояш «меҳрубонии равон» аст. Гуфтаанд ки: Меҳр ҳамоно номи «хуршед» аст, ки дар ин рӯз ҷаҳонро падидор шуд, пас бидон ном ёфт; ва далел бар он, ин ки «ойини» тоҷгузории хусравон дар ҳамин рӯз, бо тоҷе буд, ки чеҳраи хуршед бар он нигошта омада, гардунаи меҳр бар он мегардад. Дар ин рӯз эрониён бозоре барпо мекунанд.»
Гуфтанист, ки Меҳргон, ба сони Наврӯз, се вежагии чеҳрӣ (табиъӣ), торихӣ ва фарҳангӣ дорад:
Аз нигоҳи чеҳрӣ, Меҳргон чанд рӯз пас аз баробар шудани дарозои рӯз ва шаб бо оғози пойиз баргузор мешавад ва ҷашни бардошти фаровардаҳои кишоварзист.
Аз нигоҳи торихӣ, дар ин рӯз «Коваи оҳангар», ки намояндаи нерӯҳои некӣ, ростӣ ва дод аст бар «Заҳҳоки тозӣ», ки намояндаи нерӯҳои бадӣ, дурӯғ ва ситамгарист, чира мешавад ва бо ин пирӯзӣ, Фаридун тоҷи шоҳии Эронзаминро бар сар мениҳад. Муборизаи некӣ ва ростӣ ва дод бо бадӣ ва дурӯғ ва ситамгарӣ хешкории (вазифаи) динии эрониён буда ва ин хешкорӣ дар ҷашни Меҳргон намуди вежа ёфтааст.
Абурайҳони Берунӣ дар ҳамон нибег ва дар ҳамон бахш, банди 37, дар ин бора гӯяд: «Овардаанд, ки агар эшон «Меҳргон»-ро вежаи бузургдошти меҳин барниҳодаанд, ҳам ба сабаби муждаёбии мардумон будааст; онгоҳ, ки баромадани Фаридунро пас аз тозиши Кова бар Заҳҳок ва барканориаш ва фарохонии Фаридунро шуниданд. Кова ҳамон аст, ки шоҳони Эрон дирафши ӯро хуҷаста ва шугунманд донистаанд, гӯянд, ки аз пӯсти хирс ё шере буда онро «дирафши Ковиён» номиданд, ки сипас бо зар ва гавҳарҳо ороста шуд. Низ гуфтаанд, ки фариштагон барои ёрии Фаридун дар он рӯз фуруд омаданд, ва расм бар ин шуд, ки дар саройи шоҳон ва дар шабистони кох, марде диловар ҳар бомдоди пагоҳ ба овои баланд бонг бармедошт: Эй фариштагон! Ба гетӣ фуруд оед, девон ва бадкоронро фурӯкӯбед, ва онҳоро аз ин ҷаҳон биронед.»
Аз нигоҳи фарҳангӣ, Меҳр, ки номи яке аз эзадони пеш аз Зардушт буд, пас аз Зардушт ба чеҳраи яке аз фариштагони офаридаи Аҳуромаздо даромад. Меҳр ё Митро дар фарҳанги эронӣ ба чами меҳру дӯстӣ ва низ рӯшноии хуршед аст. Гузашта аз ин, Меҳр нигаҳбони паймон ва подафроҳкунандаи паймоншиканон аст.
Меҳргон, чунон Наврӯз, ойинҳои вежаи хешро доштааст. Яке аз ин ойинҳо ин буд, ки эрониён дар ин рӯз рахтҳои нав мепӯшиданд ва ба якдигар ва ба подшоҳ пешкашҳое медоданд, ва дар ин рӯз, ҳамчун Наврӯз, хончае меандохтанд ва бар он ҳафт дона мурд, хӯшае ангури сафед, себ, беҳ, нилуфар, шакар ва лимӯ мениҳоданд. Ҳамчунин, агар дар ин рӯз навзоде зода мешуд номе, ки бар вай мениҳоданд вожаи меҳр низ дараш буд, ҳамчун: Меҳрубон, Меҳрдод, Меҳрон, Меҳрдухт, Меҳрноз, Меҳрбону ва ….
Подшоҳи Эрон низ ба нишонаи омадани сармо, рахте аз хаз мепӯшид ва ҷомаҳои тобистонии хешро мебахшид. Вай ҳамчунин дар ин рӯз, бори ҳамагонӣ медод. Кетезиёси юнонӣ, пизишки дарбори Ардашери дувум, менивисад, ки шоҳашоҳони ҳахоманишӣ ҳеч набоистӣ маст гарданд магар дар рӯзи ҷашни Меҳргон, ки ҷомаҳое гаронбаҳо ба ранги арғавонӣ мепӯшанд ва ба бодагусорӣ мепардозанд. Истробун аз торихнигорон ва гетишиносони юнонӣ низ гуфтааст, ки дар ҷашни Меҳргон сотропи Арманистон 20 ҳазор курраи асби пешкашӣ ба дарбори шоҳашоҳи ҳахоманишӣ мефиристод.
Ойинҳои ҷашни Меҳргон, ҳамчун ҷашни Наврӯз, пас аз тозиши тозиён аз миён нарафт ва дар рӯзгори хулафои аббосӣ низ бо шукӯҳе ҳар чӣ бештар баргузор мешуд.
Дар рӯзгори Ғазнавиён низ салотини ғазнавӣ Меҳргонро бо шукӯҳи бисёр ҷашн мегирифтанд ва дар ин ҷашн пешкашҳои фаровон ба дарбор фиристода мешуд. Султон дар баробари хони Меҳргон менишаст ва гирдогирдашро бузургон фаромегирифтанд ва чомасароён (шоирон) шодбоши ҷашни Меҳргонро, ки суруда буданд, як-як мехонданд ва хунёгарон навоҳои хуш соз мекарданд. Дар “Торихи Байҳақӣ” чандин ҷой гузориши ҷашнҳои Меҳргон омадааст.
Пас аз турктозии муғулон, гарчи аз шукӯҳи ин ҷашн коста шуд, вале ҳаргиз фаромӯш нашуд ва маздаяснон ҳамеша онро бо шукӯҳи вежа баргузор кардаанд ва мекунанд.
Аз он чи рафт, чунин равшан мешавад, ки бад-он рӯзгор, ки Эронзамин гирифтори бедодии бузург будааст, он замон, ки аз ин бедод мераҳад он рӯзро ҷашн мегирад. З-инрӯ, пур бероҳ нест, ки ин ҷашнро ҷашни бозёбии озодӣ ва раҳоӣ аз чанголи ситамгарон ва низ пирӯзии дод бар ситам ва рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ донист ва низ ҷашни гиромидошти хуршеде, ки парварандаи мардумон, ҷонварон ва гиёҳон аст.
Чаҳоруми обонмоҳ, ҷашни Обонгон: «Обонгон», ҷашни посдошти об ва покии рӯдҳо
«Обҳои чашмасоронро меситоем.
Обҳои гузаргоҳҳоро меситоем.
… Кӯҳҳои обрезонро меситоем.
Дарёчаҳои обзойро меситоем.
… Ҳамаи чизҳои некро меситоем» (Ясно, ҳоти 42).
Ҷашни Обонгон, дар рӯзи обон аз моҳи обон, даҳуми обонмоҳ ба гоҳшумории яздгирдӣ ва чаҳоруми обонмоҳ (26-и уктубр) ба гоҳшумории кунунӣ ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи Обонгон ба номи об аст. Обон номи менӯи ҳамаи обҳо ва фурӯзаи эзадбону «Ардависур Аноҳито» аст.
Эрониён обро дар канори хоку боду оташ чаҳори охшиҷи ҳастибахш медонистанд, ва натанҳо онҳоро олуда намекарданд, ки онҳоро месутуданд ва пос медоштанд. Дар Виштоспишт, банди 8 омадааст: «Об ба касе, ки ӯро биситояд, фарри эзадӣ бахшад.»
Дар ҷашни Обонгон, эрониён дар канори рӯдхонаҳо ё дарёҳо обро ниёиш мекарданд. Онон ҳамеша обро пок мешумурданд ва ҳеч гоҳ онро олуда намекарданд ва обе, ки вежагиҳои сегонааш (ранг, бӯй ва мазза) дигар мешуд, на барои шустушӯ ба кор мебурданд ва на онро меошомиданд. Ҳиродот, торихнигори юнонӣ, мегӯяд: «Эрониён дар миёни об намешошанд, оби бинӣ ва даҳон бар он намеандозанд ва дар оби равон дасту рӯй намешӯянд.» Истробун, гетишиноси юнонӣ, низ сухане ҳамонанди ин нависад ва гӯяд: «Эрониён дар оби равон худро намешӯянд ва дар он лоша ва мурдор намеандозанд ва он чи ки нопок аст, дар он намерезанд.»
Абурайҳони Берунӣ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта» дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», банди 43, дар бораи Обонгон менивисад: «Рӯзи даҳум аз обонмоҳ «рӯзи обон» ҷашн аст, ки ҳам аз созвории ду ном, «Обонгон» меноманд. Дар ин рӯз «Зев» пури Таҳмосп шоҳ шуд, ва фармон ба кандани оброҳаҳо ва обод кардани онҳо дод. Ҳам дар ин рӯз ба кишварҳои ҳафтгона огоҳӣ расид, ки Фаридун Заҳҳокро ба банд кашида ва ба подшоҳӣ расидааст.»
Ҳамчунин, барпояи навиштаҳои куҳани барҷоймонда, дар пайи ҷангҳои дароз миёни Эрон ва Тӯрон, Афросиёби тӯронӣ дастур дод то наҳрҳо ва корезҳоро вайрон кунанд. Пас аз поёни ҷанг, ҳамонгуна, ки Берунӣ низ гуфтааст, Зев писари Таҳмосп дастур дорад то наҳрҳо ва корезҳоро лойрӯбӣ кунанд. Пас аз ин лойрӯбӣ, об бори дигар дар наҳрҳо ва корезҳо равон шуд. Эрониён омадани обро ба ҷашн нишастанд.
Дар ҷое дигар низ гуфта шудааст, ки пас аз ҳашт сол хушксолӣ дар обонмоҳ борон боридан гирифт ва онгоҳ хуррамӣ ва сарсабзӣ бозомад, беморӣ ва тангдастӣ ба поён расид ва аз он замон ҷашни Обонгон бо шодие бештар барпо шуд.
Ин ҷашн ҳамакунун танҳо дар миёни эрониёни зардуштӣ, ки нигаҳбонони ойинҳои бостонии Эрон ба шумор мераванд, баргузор мешавад. Онон Обонгонро ба сони дигар ҷашнҳои моҳиёна гиромӣ медоранд, ва дар пок нигаҳ доштани об ва посдорӣ аз зистбум мекӯшанд. Дар бархе аз рустоҳояшон низ, ки ҳанӯз оби равон дар ҷӯи корезҳо равон аст, рустоиён ба канори он оби равон мераванд, «Обоняшт» ё «Обзур»-ро, ки дар ситоиши об аст, мехонанд, ва агар дар шаҳрҳои бузург ҳастанд дар ҷое гирдиҳам меоянд ва дар бораи чароии баргузории ҷашнҳо, ба вежа ҷашни Обонгон ва ҷойгоҳи об дар зиндагии мардумон сухан мегӯяанд, ва ин рӯзро бо барномаҳое шод ҷашн мегиранд ва ба поён мерасонанд.
Севуми озармоҳ, ҷашни Озаргон: «Озаргон», ҷашни гиромидошти оташ
Ҷашни Озаргон, дар рӯзи озар аз моҳи озар, нӯҳуми озармоҳ ба гоҳшумории яздгирдӣ ва севуми озармоҳ (24-и нувембр) ба гоҳшумории кунунӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар бовари маздяснон озар, ба чами оташ, намоди ашаи ҳурмуздӣ аст ва танҳо моддаест, ки олудагӣ ба худ нагирад ва ҳамора рӯй ба боло дорад ва худ сӯзад ва дигарҳоро гармо ва фурӯғ бахшад. Оташи охшиҷии менӯист, ки ба се охшиҷи гетёии дигар, об, ҳаво ва хок, ҷон бахшад. Оташ ончунон пок ва осмонист, ки онро аз гунаи андеша ва хирад донанд ва арҷ гузоранд.
Шаби Чилла ва ойинҳояш
«Ялдо» ё «Чилла» дарозтарин шаби сол ва нахустин шаби замистон ва аз гиромитарин ҷашнҳо назди эрониён аст. (Дар гоҳшумории мелодӣ баробар ба 21-и десомбр аст.)
Ҷашн Чилла ё ялдо, ҷашни бузургдошти «эзади Меҳр» аст. «Меҳр» ё «Митро» яке аз эзадони дини маздяснӣ ва номаш баробар бо «дӯстӣ» ва «паймон» аст ва «хуршед» низ намоди ӯст. Ҷойгоҳи Меҳр, ки нигаҳбони паймону дӯстӣ аст, чунон волост, ки яке аз бахшҳои Авесто, «Меҳряшт», дар ситоиши ӯст.
Ба шаби Чилла «Ялдо» ҳам мегӯянд. Ялдо ба чами «зоиш» аст, чун ин шаб шаби зоиши эзади Меҳр ё Митро ба шумор меомадааст. Ба ин шаб «Чилла» ҳам мегӯяанд, чиро ки нишондиҳандаи оғози чиллаи бузург аст.
Он чи аз ойинҳои шаби Чилла ё шаби Ялдо миёни ҳамаи эрониён бар ҷой мондааст шабнишинӣ дар ин дарозтарин шаби сол аст. Дар ин шаб, меваҳои пойизӣ ҳамчун анору хурмолу ва ҳиндувонаву себу беҳ ва ангурҳои овехта, зебоибахши хони шаби Чиллаанд. Ниҳодани ин меваҳо бар хони шаби Чилла «маязд» ном дорад, ки пешкашест ба Аҳуромаздо. Эрониён ба гирди ин хон ба шодӣ менишинанд.
Шодӣ бунёди ҷашнҳои эронист. Ангезаи офариниши шодӣ бар пояи нибеги порсиг (паҳлавӣ) “Бундиҳиш” (= оғози офариниш) ин аст, ки Аҳуромаздо шодиро офарид то мардумон битавонанд дар рӯзгор омехтагии некӣ ва бадии зиндагиро тоб оваранд ва бар ин поя, шодӣ, худ, коре эзадӣ ва гунае ситоиш ва сипос аз Аҳуромаздост ва вожгунаи он андӯҳ ва зорӣ аҳриманӣ аст ва нохурсандии Аҳуромаздоро дар пай дорад. Бо чунин нигарише, эрониён шаби Чилларо, ҳар чанд Аҳримани бадкуниш дар он метозад, ба шодию хушӣ ва пойкӯбӣ сипарӣ мекунанд ва менӯшанду гуфтугӯ мекунанд, ва аз он ҷо, ки бо ин шаб замистон оғоз мешавад ва мевае ҳам дигар парвариш намеёбад ин хони хӯрокӣ ва мева, пуршугун буданд ва нишонае аз ин, ки ба рағми омадани замистон боз ҳам хон ва хонаи эрониён пурмева ва пурхӯрок хоҳад буд. Дар ин миён, гоҳе модарбузургҳо достонҳои ширини рӯзгорони гузаштаро барои хонавода бозгӯ мекунанд, ва падарбузург ё солхӯрдае дигар бахшҳое аз “Шоҳнома”-и Фирдавсиро мехонд ва аз ҳамосаҳои паҳлавонӣ ва сарфарозию озодихоҳии эрониён сухан мегӯяд.
Эрониён бад-ин гуна ба пешбози «Чиллаи бузург» мераванд, ки аз якуми дай оғоз мешавад ва даҳуми баҳман ба сар меояд. Дар ин чиҳил рӯз сармо устухонсӯз мешавад ва пас аз он «Чиллаи кӯчак» фаромерасад, ки то исфандмоҳ идома дорад ва дар он сармо рӯ ба костӣ меравад ва навидбахши фаро расидани баҳор аст ва аз миён рафтани сармо ва шукуфтани шукуфаҳо.
Дар шаҳристонҳои Эрон ойинҳои шаби Чилла густурдагии бештаре доранд. Дар Кирмон, ки бешинаи мардум то бомдод бедор мемонанд бар ин боваранд, ки Қорун ба ҳайбати ҳезумшикане, ки пуштае аз ҳезум бар дӯш дорад ба хонаи некӯкорони бечиз меравад ва ҳезуме ба онон медиҳад ва он ҳезум, шимши зар мешавад ва ононро аз бечизӣ дармеоварад. Гуфтнист, ки дар рӯзгорони гузашта, бархе аз мардум ба ин умед чилланишинӣ мекарданд, ки Қорун ба суроғашон равад ва ба поси ин чилланишинӣ шимши зар ба онон бидиҳад. Ин бовар ёдовари Бобонуэл дар Крисмас аст ва коре, ки ӯ дар ин рӯзҳо анҷом медиҳад ва ин нишондиҳандаи он аст, ки ин ду бовар, обишхури яксон доранд.
Дар шаби Чилла, дар бахшҳое аз «Озарбойҷон», духтаре, ки шавҳар кардааст, хонаводааш барои ӯ пешкашӣ мефиристанд. Дар Хӯй пашмак пешкаш мекунанд ва ин шояд аз баҳри ҳамонандии пашмк ба барфи замистонӣ бошад.
Дар рустоҳои Хуросон, хонаводаи писаре, ки тоза зан гирифтааст барои духтар пешкаш мефиристанд. Ин ойинҳои фиристодани пешкашӣ дар Хуросон ва Озарбойҷон нишонгари пайванди ин шаб бо зоиш ё таваллуд аст.
Дар “Фарҳанги Деҳхудо” дар бораи пайванди шаби Ялдо бо зоиши Масеҳ гуфта шудааст: «Ялдо луғати сурёнист ба маънии мелоди ъарабӣ, ва чун шаби Ялдоро бо мелоди Масеҳ татбиқ мекардаанд аз ин рӯ бад-ин ном номидаанд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҷашни Мелоди Масеҳ (Нуэл), ки дар 25 десомбр тасбит шуда, тибқи таҳқиқи муҳаққиқон дар асл, ҷашни зуҳури Митро (Меҳр) буда, ки масеҳиён дар қарни чаҳоруми мелодӣ онро рӯзи таваллуди Исо қарор доданд. Шуъаро зулфи ёр ва ҳамчунин рӯзи ҳиҷронро аз ҳайси сиёҳӣ ва дарозӣ бад-он ташбеҳ кунанд ва аз ашъори бархе аз шуъаро, монанди Саноӣ ва Амир Муъиззӣ, робитаи байни Масеҳ ва Ялдо идрок мешавад.»
Чигуна ҷашни Чилла ё Ялдо ҷашни Крисмас ё Нуэл шуд?
Ҳангоме, ки эзади Меҳр аз Эрон ба Урупо рафт дар онҷо ба гунаи дини бузург ба номи «меҳрпарастӣ» ё «митроизм» даромад ва пайравони фаровон ёфт. Чунин, Урупоиён низ шаби Чилла ё шаби Ялдо дар 21 десомбрро, ки зодрӯзи Митро аст бо шукӯҳи фаровон ҷашн мегирифтанд. Дар садаи чаҳоруми мелодӣ, бар пояи нодурустие дар шумориши кабиса, ин рӯз дар 25 десомбр бар ҷой монд ва ба номи Natalis Invictus «зодрӯзи Меҳри шикастнопазир» миёни митропарастони урупоӣ мондагор шуд. То он рӯз ҷашни зодрӯзи Масеҳ дар рӯзи шашуми январ гирифта мешуд. Ин рӯз зодрӯзи масеҳи «раҳоибахш» буд. Меҳрпарастон мепиндоштанд, ки эзади Меҳр «раҳоибахш» ё «сушёнт» аст ва дар поёни ҷаҳон бар замин хоҳад омад ва растохез барпо хоҳад дошт ва неконро бемарг ва Аҳриману ёронашро бо оташе, ки ба ҷаҳон хоҳад уфтод, нобуд хоҳад кард. Дар ин миён, пас аз он ки дини тарсоӣ (масеҳӣ) дар Урупо густариш ёфт ва ҷойи ойини Меҳрро гирифт бештари ойинҳои меҳриро, ки аз Эрони зардуштӣ гирифта шуда буд, ба худ пазируфт, чун ин ойинҳо чунон ойинҳои миллӣ барпо мешуданд ва мардуме, ки ба зӯру ситами фармонравоёни тарсо дини худро дигар карда буданд ойинҳои дерини худро фаромӯш накарданд ва чунин зоиши Меҳри «раҳоибахш» зоиши Исои «раҳоибахш» гардид.
Бо густариши дини тарсоӣ ва тарсо шудани эрониёни сурёнизабон, ки ин шабро Ялдо мехонданд дигар эрониён низ, ки ин шабро зодрӯзи Митро медонистанд, ин вожаро пазируфтанд. Ялдо рехти сурёнии вожаи «мелод»-и арабӣ аст, ки дар чами баробар бо вожаи «нуэл» аз решаи нотолис (Natalis)-и румӣ ва ба ҳамон чами зоиш аст.
Биступанҷуми озар, дувуми дай, нуҳуми дай ва ҳабдаҳуми дай, ҷашни Дайгон: «Дайгон», ҷашне ба номи Худо
Биступанҷуми озар (16-и десомбр), дувуми дай (23-и десомбр), нуҳуми дай (30-и десомбр) ва ҳабдаҳуми дай (7-и жунвие) дар гоҳшумории кунунӣ ё ҷалолӣ баробар бо «ҷашни Дайгон» аст; ҷашне, ки ба номи Худованд аст.
«Дай» ба чами додор ва офаридгор аст ва дар номаҳои авестоӣ, бештар, ба ҷой вожаи Аҳуромаздо ба кор рафтааст.
Агар ба номҳои 30-рӯзаӣ бингарем, хоҳем дид, ки рӯзҳои ҳаштум ва понздаҳум ва бистусуми ҳар моҳ ба номи «дай» номгузорӣ шудаанд, ки барои бозшинохтани онҳо аз якдигар ҳар якро ба номи рӯзи пас аз он мехонанд, чунин: дабаозар, дайбамеҳр ва дайбадайн. Аз онҷо, ки нахустин рӯзи ҳар моҳ низ номи худовандро бар худ дорад, бад-ингуна, ки дар ҳар моҳ чаҳор рӯз ба номи худо хонда мешавад ва ҷашни Дайгон низ чаҳор бор дар моҳи дай дар рӯзҳои ҳурмузд, дайбаозар, дайбамеҳр ва дайбадайн баргузор мегардад. Дар гоҳшумории кунунии Эрон, ки шаш моҳи нахусти сол на 30 рӯза, ки 31 рӯза ҳастанд, ҷашнҳои нимаи дувуми сол, дар гоҳшумории кунунӣ, шаш рӯз ҷулутар меуфтанд ва чунин ҷашнҳои Дайгон баробар бо рӯзҳои биступанҷуми озармоҳ (рӯзи урмузд аз моҳи дай), дувуми даймоҳ (рӯзи дайбаозар аз моҳи дай), нуҳуми даймоҳ (рӯзи дайбамеҳр аз моҳи дай) ва ҳабдаҳуми даймоҳ (рӯзи дайбадин аз моҳи дай) барпо мегарданд.
Абурайҳони Берунӣ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта» дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», банди 54 ва 55, дар инбора менивисад: «Даймоҳ, ки хурмоҳ низ номида мешавад, ва нахустин рӯз аз он «хуррамрӯз» ном дорад; Ва он моҳест, ки номи Худо бар он ниҳода меояд, яке: «ҳурмузд» ба чами «сарвари доно», ва дигар: «додор» (= дай) яъне: «офаридгор». Дар ин рӯз, шоҳ аз тахти подшоҳӣ фурӯд меомад, ҷомаи сафед мепӯшид, бар гилемҳои сафед дар дашт менишаст, парданишинӣ ва шукӯҳи подшоҳиро во мезад, пас ба нигариш дар корҳои гетӣ ва мардумон мепардохт. Касе, ки ниёз дошт дар бораи чизе бо вай сухан гӯяд, хоҳ баландпоя ё фурӯпоя бад-ӯ наздик мешуд, ва бе ҳеч боздорише бо ӯ гуфтугӯ мекард. Ў бо деҳқонон ва кишоварзон менишаст, бо эшон мехӯрду менӯшид, ва мегуфт: «Имрӯз ман яке аз шумо ҳастам, ман бародари шумо ҳастам; зеро поймандии гетӣ ба ободонӣ аст, ҳеч як аз мо бениёз аз дигаре набошад; ва агар чунин бошад, пас мо ба гунаи яксон ҳамчун бародарони ҳампайвандем, чунон ки аз сӯи ду бародари ҳимматбор: «Ҳушанг» ва «Вийкард» рух намуд.» Гоҳ ин рӯзро «Навадрӯз» ҳам номанд ва ҷашн гиранд, зеро, ки аз он то «Наврӯз» навад рӯз дар миён бошад. Чунин рӯзҳои ҳаштум, понздаҳум ва бистусевуми даймоҳ ҷашнҳост, аз боби созвории номҳошон бо номи моҳ» (тарҷумаи Парвизи Спитамон, барги 297).
Бистушашуми даймоҳ, ҷашни Баҳмангон: «Баҳмангон» ҷашни ситоиши андешаи нек
Яке аз ҷашнҳои бостонии Эрон «ҷашни Баҳманагон» аст, ки дар рӯзи баҳман аз моҳи баҳман, дувуми баҳманмоҳ ба гоҳшумори яздгирдӣ, бистушашуми даймоҳ (16-и жунвие) ба гоҳшумории имрӯзӣ, баргузор мешавад.
«Баҳмангон» ҷашне дар гиромидошт ва бузургдошти «баҳман» ё «андешаи нек» аст. Баҳман дар забони авестоӣ «вуҳумана» ва дар забони порсиг ё паҳлавӣ «ваҳман» аст, ки дар порсии имрӯз «баҳман» шудааст. Баҳман яке аз фариштагони даргоҳи Аҳуромаздо ва намояндаи некниҳодию некманишист. Дар сартосари Авесто аз баҳман, чунон дигар фариштагон ё амшоспандон, бисёр ёд шудааст. Рӯйиҳамрафта, амшоспандон дорои ду хешкории моддӣ ва менӯвиянд. Дар ҷойгоҳи менӯӣ, баҳман намоёнгари хиради поку волои аҳуроист ва низ намоди хиради кулл ва тадбиру биниши нек ва нахустин офаридаи Аҳуромаздо аст, ки ҷаҳониёнро хирад ва биниш бахшад ва роҳнамоӣ кунад. Дар ҷойгоҳи заминӣ ва моддиаш низ сарпарасти мардуму галлаҳо ва чаҳорпоёну сутурон бо ӯст. З-инрӯ, аз он ҷо, ки баҳман нигоҳбони ҷонварон дар ҷаҳони моддист, эрониёни бостон ба поси ин фаришта дар ин рӯз ҷонвареро намекуштанд ва дар ҷашни Баҳмангон аз хӯрдани хӯрокиҳои гӯштӣ худдорӣ мекарданд ва ба ҳангоми ҷашни Баҳмангон, шӯрбои ҳафтдона ба номи «донагӣ» мепухтанд, ки ҳамонгуна, ки аз номаш бармеояд ҳар эронӣ бахше ё донагӣ аз кори пухтан ин шӯрборо бар дӯш мегирифт.
Гуфтанист, ки парандаи вежаи Баҳман «хурӯс» аст; Чиро ки хурӯс бомдодон бо бонги худ мардумонро ба саҳархезӣ ва кору кӯшиш мехонд. Ранги вежаи Баҳмангон низ «сафед» ва аз ин рӯ гули он низ «ёсумани сафед» аст.
Донишманди номдори эронӣ, Абурайҳони Берунӣ, дар нибеги «Осорулбоқия», дар бахши нуҳуми «Дар бораи аъёде, ки дар моҳҳои порсиён аст», дар бораи «Баҳмангон» менивисад: «Рӯзи дувуми он рӯзи баҳман ъид аст, ки барои тавофуқи ду ном онро Баҳманҷана (Баҳмангон) номидаанд ва Баҳман номи фариштаи мавкул бар баҳоим (ҳайвонот) аст, ки башар ба онҳо барои ободонии замин ва рафъи ҳавоиҷ ниёзманданд. Мардуми Форс дар дегҳое аз ҷамеъи донаҳои хӯрданӣ ғизое мепазанд ва онро бо шири холис мехӯранд ва мегӯянд, ки ҳофизаро ин ғизо зиёд мекунад ва ин рӯзро дар чидани гиёҳҳо ва канори рӯдхонаҳо ва ҷӯйҳо, ва равған гирифтан ва таҳияи бихӯр ва сӯзонданиҳо, хосияти махсус бад-ин рӯз аст ва бар ин гумонанд, ки Ҷомосп, вазири Гуштосп, ин корҳоро дар ин рӯз анҷом медод ва суди ин ашёъ дар ин рӯз бештар аз дигар рӯзҳост» (рӯяи 350, тарҷумаи Акбар Доносиришт).
Берунӣ дар нибеге дигар «Ат-тафҳим» дар бораи Баҳмангон ё Баҳманҷа, ба порсӣ, худ, чунин навиштааст: «Баҳманҷа баҳманрӯз аст аз баҳманмоҳ. Эрониён дар ин рӯз «баҳман»-и сафед ба шири холиси пок хӯранд ва гӯянд ҳифз фазояд мардумро ва фаромуштӣ (фаромӯшӣ) бибарад. Ва аммо ба Хуросон меҳмонӣ кунанд бар деге, ки андар-ӯ аз ҳар донае хӯрданӣ кунанд… ва он чи андар он вақт бад-он ба қувват ёфта шавад аз тара ва набот» (рӯяи 257).
Дар фарҳангҳои порсӣ низ аз ҷашни Баҳмангон бо номи Баҳманҷа бисёр ёд шудааст. Асадии Тӯсӣ дар «Луғати Фурс», ки аз куҳантарин вожаномаҳои забони порсист, дар бораи Баҳмангон нивиштааст: «Баҳманҷана ҷашнест, ки дувум рӯз аз баҳманмоҳ кунанд ва аз таъомҳо созанд ва баҳман (номи гелест, ки дар моҳи баҳман боз шавад) сурху зрд бар сари косаҳо ниҳанд ва моҳию тара ва мост оранд.»
Манучеҳрӣ, сухансарои номии Эрон, дар бораи ҷашни Баҳмангон гӯяд:
Урмузду баҳману Баҳманҷана фаррух бувад / Фаррухат бод Урмузду баҳману Баҳманҷана.
Ӯ дар ҷое дигар сурудааст:
Расми баҳман гиру тоза кун Баҳманҷана / Эй дарахти мулк, борат иззу бедорӣ тана
Куҳантарин ҷашни ҷаҳон, ҷашни Сада: оташи ҷашни Сада, оташи меҳри Ватан аст
«Сада», ки дар даҳуми баҳманмоҳ (30-и жунвие) барпо мешавад, куҳантарин ҷашни Эронзамин, ва чӣ басо, куҳантарин ҷашни ҷаҳон аст.
Ба гузориши “Шоҳнома”-и фарзонаи Тӯс, Фирдавсӣ, ҷашни Сада ёдгории пуршукӯҳи Ҳушангшоҳи пешдодист. Дар “Шоҳнома” омадааст рӯзе, ки Ҳушангшоҳ бо ҳамроҳонаш барои шикор ба кӯҳистон рафта буд, нигоҳаш ба мори дарози сиёҳе уфтод. Санге ба сӯи мор партоб кард. Санг ба мор нахӯрд, вале ба санге бузург хӯрд ва аз бархурди ин ду санг ахгаре падид омад, ки бутаи хушке канори он ду сангро ба оташ кашид ва бад-инсон, барои нахустин бор, оташ ба дасти мардум падид омад:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ | Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз | Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун | Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги бо ҳушу ҳанг | Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст | Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд | Ҳамону ҳамин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг | Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мори кушта, великин зи роз | Аз ин табъи санг оташ омад фароз.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин | Ниёиш ҳамекарду хонд офарин,
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод | Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто фурӯғест ин эзадӣ | Парастид бояд агар бихрадӣ.
Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ | Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ
Яке ҷашн кард он шабу бода хурд | Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор, | Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон ёд кард,| Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард. (Фирдавсӣ)
Оре, Сада ингуна падид омад ва эрониён, ки аз дербоз посбони фурӯғи эзадӣ будаанд, оташро, ки намоди ин рӯшноии эзадист ҳамора аз дилу ҷон гиромӣ доштаанд. Ҷудои ин, оташ пояи шаҳройинӣ (тамаддун) аст, чи ҳеч шаҳройине бебаҳра аз оташ натавонистааст аз дили кӯҳҳо филизро берун кашад, онҳоро бо оташ бигудозад ва аз онҳо абзорҳои кору кирругӣ (санъат) биёфаринад, ва ҳамчунин ба ёрии оташ аст, ки мардум тавонист хӯрокҳо бипазад ва аз кормояи (энержии) даруни онҳо беҳинатар суд барад.
Фарзона Ъумар Хайёми Нишобурӣ, файласуф, ангоришдон (риёзидон), ситорашинос ва чомагӯйи номии Эрон, дигар ангезаи барпоии ҷашни Садаро шикасти Заҳҳоки тозӣ ба дасти Фаридуншоҳ дар ҳамин рӯз медонад ва дар нибеги хеш, “Наврӯзнома”, чунин менивисад: «Офаридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигирифт ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва, аз ҷиҳати фоли нек, он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некъаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Сада, ҳамонгуна, ки рафт, дар даҳуми баҳманмоҳ барпо мешавад ва аз ин рӯй онро “Сада” хонанд, ки 100 шабу рӯз аз он рӯз то Наврӯз мондааст. Гуфтанист, ки 100 вожае порсист ва нивиштани он ба рехти «сад» («صد») дуруст нест ва беҳтар он аст, ки «сад» («سد») навишта шавад, ҳамонгуна, ки ба 100 сол низ «сада» («سده») гӯем на «сада» («صده»).
Ба ҳар рӯй, ҷашни Сада назди шоҳаншоҳони бузурги Эрони бостон арҷе бас фаровон дошт ва эшон дар барпоии шукӯҳмандии он аз ҳеч кӯшише фурӯгузор набуданд. Ин ҷашн то замони турктозии муғулон, ки Эронро дарнавардиданд ва хокашро ба тӯбра кашиданд, бошукӯҳ дар Эрон баргузор мешуд. Яке аз шоҳони пас аз ислом, ки мекӯшид ҳамчун подшоҳони Эрони бостон ҷашнҳо ва ойинҳои эрониро барпо ва фарҳанги эрониро зинда нигаҳ дорад, Мардовиҷи Зиёрӣ, бунёдгузори Зиёриён дар садаи чаҳоруми исломӣ, буд. Ў, ки табор аз Соcониён дошт ва бар он буд, ки шоҳашоҳии азкафрафтаи эрониро аз нав зинда кунад, дар соли 323 исломӣ дар канори Зояндарӯд дар Сипоҳон (Исфаҳон) ҷашни Садаро бо шукӯҳи ҳар чӣ бештар барпо дошт, вале ҳамон шаб ғуломони турки ӯ ба вай амон надоданд ва ӯро дар гармоба куштанд. Пас аз Мардовиҷ низ боз шукӯҳи ин ҷашн аз миён нарафт то онҷо, ки Ъунсурӣ дар баробари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ чомае дар бораи Сада хонд, ки оғозаш чунин буд:
Сада ҷашни мулуки номдор аст | Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Имрӯза ин ҷашнро зардуштиёни Эрон бошукӯҳ дар шаҳрҳое ҳамчун Теҳрон, Язд ва Кирмон барпо медоранд. Дар ин ҷашн онон пуштае бузург аз оташ фароҳам меоваранд ва он дам, ки хуршед рӯ ба торикӣ меравад ва сиёҳӣ андак-андак хонумони ориёиёнро дар бар мегирад, бо ҷомаҳои сафед, даст дар дасти якдигар, ба ҳамроҳи овози даф ва сурно, ба нишонаи андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек се бор ба гирди оташ мегарданд ва бар он тали ҳезум оташ мениҳанд то фурӯғи оташ тирагии шабро дарнавардад ва торикиро поён диҳад.
Ҷудо аз зардуштиён, имрӯза ин ҷашн бо шукӯҳи фаровон дар Тоҷикистон низ баргузор мешавад. Дар ин кишвар ҷашнҳои Эрони бостон, ҳамчун Меҳргон ва Сада, ба гунаи расмӣ барпо мешаванд ва сарриштадорони тоҷик, ки камар ба зиндасозии фарҳанги ниёгони худ бастаанд ба фархундагии ин ҷашнҳо паёмҳои шодбош медиҳанд то фурӯғи фарҳанги эрониро ҳамчунон зинда нигаҳ доранд.
29-и баҳманмоҳ, ҷашни Исфандгон: «Исфандгон», ҷашни гиромидошти зан ва замин
«Меситоем ин заминро, меситоем он осмонро,
Меситоем ҳамаи чизҳои хуб миёни замин ва осмонро,
Меситоем он чиро, ки барозандаи ситоиш ва шоистаи ниёишу дархури парастиши мардуми порсо аст,
Меситоем равонҳои ҷонварони судманди даштиро,
Меситоем равонҳои мардони пайрави ростиро,
Меситоем равонҳои занони пайрави ростиро,
Дар ҳар сарзамине, ки зода шуда бошанд,
Мардон ва заноне, ки барои пирӯзии ойини ростӣ кӯшидаанд,
мекӯшанд ва хоҳанд кӯшид»
(Фарвардиняшт, бандҳои 153 ва 154).
Ҷашни «Исфандгон» ё «Спандормазгон» рӯзи исфанд аз моҳи исфанд, 5-и исфандмоҳ ба гоҳшумории яздгирдӣ ва 29-и баҳманмоҳ (18-и феврие) ба гоҳшумории кунунӣ, барпо мешавад.
Исфандгон ҷашне дар ситоиш ва гиромидошти эзадбонуи «Исфанд» ё «Спандормаз» (дар забони авестоӣ «Спинтоормайтӣ» ва дар забони порсиг «спиндармид» ) ба чами фурӯтанӣ ва бурдбории пок аст.
Спандормаз дар ҷаҳони менӯӣ намояндаи меҳру фурӯтанӣ ва дар ҷаҳони моддӣ нигаҳбонии замин бо ӯст ва аз онҷо, ки занон низ ҳамчун замин борвар ва бордеҳанд, ҷашни Исфандгон дар арҷниҳӣ ба заноне, ки монанди замин некӯкор ҳастанд, баргузор мешавад.
Чунин, ҷашни Исфандгон ё Спандормазгон рӯзи гиромидошти занон дар Эрон будааст ва ин рӯз ба номи «Мардгирон» (пешкаш гирифтан аз мардон) дар адаби порсӣ бисёр ба кор рафтааст.
Абурайҳони Берунӣ дар нибеги «Осори боқия аз мардумони гузашта» дар бахши «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», банди 75, дар бораи Исфандгон менивисад: «Исфандормазмоҳ рӯзи панҷуми он «рӯзи исфандормаз» ҷашн аст, ҳам аз созвории ду ном, ва маънои он «хирад ва бурдборӣ» бошад; ва Исфандормаз фариштаи гумошта бар замин, ва ҳам гумошта бар зани шоистаи покдомани некӯкор ва шӯйдӯст аст. Ин моҳ ва ҳамин рӯзи он вежа аст мар ҷашни занонро, ки мардон бар онон бахшишҳо кунанд; ва ин расм дар Сипоҳон ва Рай ва дигар шаҳрҳои «Паҳла» бар ҷой монда ва ба порсӣ «Мардгирон» меноманд.» (гардониши Парвизи Спитамон, барги 305).
Берунӣ дар нибеги дигараш «Ат-тафҳим» дар бораи «Мардгирон», худ, ба порсӣ чунин нивиштааст: «Рӯзи панҷум аст аз исфандормазмоҳ ва порсиён ӯро Мардгирон хонанд; зеро-к занон бар ба шавҳарон иқтироҳҳо (дархостҳо) кардандӣ ва орзуйҳое хостандӣ аз мардон» (барги 260-259).
Дар замонҳои на чандон дур, дар ин рӯз, бонувон ҷома ва кафши нав мепӯшиданд. Аз заноне, ки меҳрубон, порсо ва некӯкор буданд ва дар зиндагии заношӯии худ фарзандони нек барои Эрон зода буданд сипосгузорӣ мешуд. Дар рӯзи ҷашни Исфандгон, занон аз мардони худ пешкашҳое мегирифтанд ва дар ин рӯз аз корҳои хона ва зиндагии хонаводагӣ меосуданд ва мардону писарон ба ин корҳо расидагӣ мекарданд.
Маздаяснон, ки бузургтарин посбонон ва нигаҳбонони ойинҳои куҳани ориёӣ ҳастанд, рӯзи ҷашни Исфандгонро ба номи занони некӯкор ва порсо гиромӣ медоранд ва дар бештари шаҳрҳо ва рустоҳо ин рӯзро ба номи рӯзи зан ва рӯзи модар ҷашн мегиранд. Онон дар одриёнҳо гирд меоянд ва суханоне дар бораи бонувон ва ҷойгоҳи волои онон дар ҷомеа бар забон меронанд ва ҳамчунин сурудҳое барои арҷ ниҳодан ба бонувони некӯкор мехонанд ва бо хӯрокиҳои гуногун аз якдигар пазироӣ мекунанд ва ба шодмонии гурӯҳӣ мепардозанд ва ҷашни Исфандгонро бо шукӯҳи дархур гиромӣ медоранд.
Гуфтанист, ин рӯз ба ҷуз ҷашни «Мардгирон», ба номи рӯзи ҷашни «Барзгарон» низ шинохта мешавад, ки барои гиромидошти сабзкунандагони замин ва сабз шудани замин барпо мешудааст; чиро ки наздики Наврӯз ва омадани баҳор аст ва ҳангоми киштукори барзгарон ё кишоварзон оғоз мегардад.
Ҷашни Сурӣ: оташе, ки намирад ҳамеша дар дили мост
Ҷашни «Чаҳоршанбесурӣ» ё «Сурӣ» аз ҷашнҳои бостонии эрониён ва яке аз ҷашнҳои навиддиҳандаи поён гирифтани замистон ва фаро расидани Наврӯз аст. (Дар рӯзи охирин чоршанбеи пеш аз Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.)
Ҷашни Сурӣ ба ҳангоми гоҳонбории «ҳамаспат мадам» (25 то 29 исфандмоҳ) дар авестоӣ «ҳамаспас маидая» ба чами «баробарии шабу рӯз» ё «баробарии сармо ва гармо» баргузор мешавад. Гуфтанист, ки гоҳонбор ба чами гоҳ ва замони ба бор нишастан ва барпоии бори ҳамагонию меҳмонӣ ва низ доду диҳиш аст. Ба бовари эрониёни бостон офариниши эзадӣ дар шаш чеҳраи гоҳонбор анҷом шуда, ва ин гоҳонбори «ҳамаспат мадам» , ки вопасин гоҳонбор аст гоҳи офариниши «мардум» буда ва низ ҳангомест, ки «фраваҳр» (фурӯҳар)-и даргузаштагон барои саркашии бозмондагони худ фурӯд меоянд ва аз ҳамин рӯст, ки эрониён гард аз хонаву кошонаи хеш мегиранд ва онро покиза медоранд ва оташ меафрӯзанд то даргузаштагон ба роҳнамоии оташи фурӯзон аз дидани покизагии хона ва хушии бозмондагон шодмон ба ҷаҳони менӯӣ бозгарданд.
Дар гузашта, ҷашни Сурӣ чунин баргузор мешуд, ки эрониён дар вопасин шаби сол чироғе ба лабаи боми хеш мениҳоданд. Бомдод низ рӯйи бом мерафтанд ва оташ меафрӯхтанд ва сурудҳои динӣ мехонданд. Ҳангоми сурудхонӣ ва оташафрӯзӣ бар бом, оҷил ва меваи тоза мехӯрданд ва ҳамзамон низ исфанд ва кундур дуд мекарданд. Дар поён низ аз пушти бом пойин меомаданд ва ойинҳои соли навро барпо медоштанд.
Чунин, дида мешавад, ки ойини оташафрӯзии эрониён дар шаби Чаҳоршанбесурӣ ҳамон ойини оташафрӯзии ниёгонашон дар вопасин шаби сол аст.
Шумори каппаҳои оташҳо бояд ба шумори «ҳафт» ба нишони Ҳурмузд ва шаш амшоспанд (урдибиҳишт, хурдод, амурдод, шаҳривар, баҳман ва исфанд) ё «се» ба нишонии андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек бошад.
Ҷашни Чаҳоршанбесурӣ аз ду рӯй «Сурӣ» хонда мешавад: яке аз он рӯй, ки дар он оташи сурх бармеафрӯзанд ва сурӣ низ ба чами «сурх» аст. Дигаре аз он рӯй, ки ҷашн мегирифтанд, чи сур дар порси ба чами «ҷашн» низ аст. Гуфтанист, ки ниёгони мо низ ба ин ҷашн на «Чаҳоршанбесурӣ», ки «Сурӣ» мегуфтанд. Барои намуна дар «Торихи Бухоро»-и Наршахӣ омадааст: «ки чун шаби Сурӣ, чунон ки одати қадим аст, оташи азим афрӯхтанд, порае оташ биҷаст ва сақфи сарой даргирифт» (рӯяи 32).
Устоди зиндаёд Саид Нафисӣ дар бораи «Чоршанбесурӣ» дар пижӯҳиши донишваронааш аз ин ҷашн навиштааст: «Чаҳоршанбесурӣ, яъне чоршанбеи айшу ишрат, ва мерасонад, ки ин шабро барои ҷашну сурур бунёд гузоштаанд. Ин ҷашни миллӣ аз қадимтарин замонҳои торих дар миёни эрониён будааст… Шаби Чаҳоршанбесурӣ дар Эрон ойини хосс ва ташрифоти гуногун дорад, ки ҳар як аз онҳоро дар ноҳияи дигар метавон ёфт. Ойини Чаҳоршанбесурӣ ё шаби чоршанбеи охири сол бар ду қисм аст: як қисмат аз он ъумумӣ ва муштарак миёни тамоми мардуми Эрон аст, ки ҳатто баъзе аз онҳоро дар милали дигар нижоди ориё метавон ёфт ва қисмати дигар ойини хусусист, ки мардуми Теҳрон бидъат гузоштаанд ва аз инҷо, каму беш, ба шаҳрҳои дигари Эрон рафтааст. Он қисмат аз ойини ин шаб, ки дар тамоми Эрон маъмул аст, аз Кирмон гирифта то Озарбойҷон ва аз Хуросон то Хузистон ва аз Гелон то Форс, яъне тамоми ин дашти васеъ, ки Эрони имрӯзро фароҳам сохтааст ва зеботарин бақоёи Эрони бостонӣ аст, дар ҳар шаби чоршанбеи охири сол бо шӯру дилбастагии хоссе ошкор мешавад. Тамоми мардуми Озарбойҷон, чи дар шаҳр ва чи дар деҳҳо, дар он ширкат доранд ва ҳатто ҳанӯз дар миёни мардуми Қафқоз маъмул аст. Эрониёне, ки аз диёри худ дур уфтодаанд низ онро фаромӯш намекунанд» (маҷаллаи “Меҳр”, соли нахуст, шумораи 11 ва соли дувум, шумораи 1).
Аз ойинҳои ҷашни Сурӣ метавон оташ афрӯхтан ва ҷастан аз он ва шодӣ кардан дар канори оташ ва бо ҳар ҷасте хондани «Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман» бад-ин чам ки: Эй оташ! Зардии беморӣ ва ранҷуриро аз ман биситон ва сурхию шодобии худро ба ман бибахш, кӯза шикастан ба нишонаи шикастани дардҳо ва аз миён рафтани навмедиҳо, хӯрдани оҷили Чаҳоршанбесурӣ ва оҷили мушкилкушо, фолгӯш истодан ва нахустин суханеро, ки шунидан ба фоли нек ё бад гирифтан, гиреҳгушоӣ, бахтгушоӣ ва …ро метавон ном бурд.
Ба ҳар рӯй, оташ аз дербоз пайванде танготанг бо ориёиён дошта ва ин пайванд чизе набудааст, ки бо ҳамаи дигаргуниҳо аз ёди эшон биравад ва фаромӯш гардад, ки Ҳофиз фармудааст:
Аз он ба дайри муғонам азиз медоранд,
Ки оташе, ки намирад ҳамеша дар дили мост.
Пайнивишт:
Ҷашне тоза: ҳафтуми обон рӯзи гиромидошти Кӯруши бузург
Ҳафтуми обонмоҳ (29-и уктубр) рӯзи ҷаҳонии «Гиромидошти Кӯруши бузург» бунёдгузори шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ ва падари Эронзамин аст.
Чироии номгузории ҳафтуми обонмоҳ, ба номи Кӯруши бузург, аз як нивиштаи бобилии бисёр куҳан ба номи «Гоҳнигории набуноид» (Nabonidus Chronicle) гирифта шудааст, ки деринагиаш ба ҳамон рӯзгори Кӯруши бузург мерасад.
Дар бахше аз ин гоҳнигор, ки устоди номдори забонҳои аккедӣ ва бобилӣ, устод Абдулмаҷид Арфаъӣ, ба порсӣ гардондааст, чунин мехонем:
«Дар моҳи арахсамну (= моҳи ҳаштум), рӯзи севум (= ҳафтуми обонмоҳ) Кӯруш ба Бобил андар омад.
Шохаҳои сабз зери пойи ӯ густурда шуд.
Ҳолати «оштӣ» дар шаҳр барқарор шуд.
Кӯруш шодбошҳо ба ҳамаи шаҳрҳо дар сарзамини Бобил фиристод. Угабру, фармондорашро ба фармондорӣ дар сарзамини Бобил гумошт» (баргирифта аз: “Фармони Кӯруши бузург”, Маркази доиратулмаъорифи бузурги исломӣ, рӯяи 14).
Бар ин поя, аз онҷо, ки рӯзи ҳафтуми обонмоҳ рӯзи вуруди Кӯруши бузург ба Бобил ва дар пайи он судури нахустин фармони ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст, гурӯҳе аз донишмандон ва пижӯҳишгарони торих ва фарҳанги Эрон ин рӯзро ба номи рӯзи бузургдошти Кӯруши бузург пешниҳод карданд, ки эрониён бад-он рӯихуш нишон доданд ва дар ин рӯз дӯстдорони торих ва фарҳанги Эрон, дар сартосари ҷаҳон, барномаҳое барои гиромидошти бузургманишии Кӯруш ва шеваи подшоҳии ободгарона ва озодандешона ва мардумдӯстонаи ӯ баргузор мекунанд, чиро ки Кӯруши бузург танҳо подшоҳе буд, ки дар наздики 2600 соли пеш, дар замоне ки ҳар шикаст чизе ҷуз куштору тороҷу бурдагӣ ва ситам барои шикастхӯрдагон набуд, ва чи басо акнун низ нест, пас аз пирӯзӣ бар Бобилиён чунин фармуд:
«Ман, Куруш, шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи нерӯманд, шоҳи Бобил, шоҳи Шумер ва Аккед, шоҳи чаҳор гӯшаи ҷаҳон,
писари Камбуҷия шоҳи бузург, шоҳи шаҳри Аншон – наваи Кӯруш – шоҳи бузург, шоҳи шаҳри Аншон – набераи Чишпеш – шоҳи бузург, шоҳи шаҳри Иншон аз тухмаи подшоҳие ҷовидона …
Онгоҳ, ки ман (Кӯруш) оштихоҳон ба Бобил андар шудам,
бо шодӣ ва шодмонӣ дар кохи шаҳриёрии хеш, авранги сарварии хеш биниҳодам …
Ва онгоҳ, ки сарбозони бисёри ман дӯстона андар Бобил гом бармедоштанд, ман нагзоштам касе дар ҷое дар тамомии сарзамини Шумер ва Аккед тарсонанда бошад.
Ман шаҳри Бобил ва ҳамаи дигар шаҳрҳоро дар фаровонии неъмат пос доштам.
Бошандагони дармонда дар Бобилро, ки набунойид … эшонро юғи дода бувад … дармондагиҳояшонро чора кардам ва эшонро аз бегорӣ бираҳонидам.
Бошад, ки … ҳар рӯз, зиндагии дерёзе аз баҳри ман бихоҳанд ва ҳамора дар поймардии ман суханҳо гӯянд, бо вожаҳои некхоҳона …
Ва ҳамагии мардуми Бобил подшоҳиро гиромӣ доштанд ва ман ҳамаи мардуми сарзаминҳоро дар зистгоҳи ором бинишондам» (баргирифта аз: “Фармони Кӯруши бузург”, тарҷумаи Абдулмаҷиди Арфаъӣ, Маркази доиратулмаъорифи бузурги исломӣ, рӯяҳои 48, 49 ва 50).
_____________________________________________________________________________________________
Огоҳӣ: барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар файсбук ё телегром ё инстогром бипайвандед.
Бифирист