Омӯзиши иҷбории забонҳои маҳаллӣ ҷурм аст
Аббос Салимии Онгил
(дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман)
Дар ин ёддошт, бо истинод ба «Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ», «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш», «Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак» ва «Қонун асосии Эрон», иддаъоҳои ҳуқуқии мухолифони расмӣ будани забони форсӣ ва ҳаводорони иҷборӣ шудани «омӯзиши забони модарӣ» ва «омӯзиш ба забони модарӣ» баррасӣ мешавад. Дар оғоз, мавод ва усуле аз қавонини ёдшударо, ки ба амри «омӯзиш» пардохтаанд, меоварем то бидонем чи мегӯянд ва дар бораи чи чизе сухан мегӯем, онгоҳ назари яке аз ҳуқуқдонони баном ва ботаҷрибае, ки пижӯҳишҳояш дар ин бора дар дарун ва буруни Эрон маҳалли руҷӯъ аст, оварда мешавад ва сипас ба бархе савийяҳои нопайдои ин мабоҳис хоҳем пардохт.
Моддаи 26-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар
1) Ҳар кас ҳақ дорад аз омӯзиш баҳраманд шавад. Омӯзиш дастикам дар мароҳили ибтидоӣ ва пояӣ ройгон хоҳад буд. Омӯзиши ибтидоӣ иҷборӣ хоҳад буд. Омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ дар дастраси ъумум қарор хоҳад дошт, ва омӯзиши ъолӣ ба яксон ва бар асоси лаёқат қобили дастрасӣ хоҳад буд.
2) Ҳадафи омӯзиш рушди комили шахсияти инсонӣ, тақвияти эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдин хоҳад буд. Омӯзиш бояд тафоҳум, мудоро ва дӯстӣ дар миёни ҳамаи миллатҳо ва гурӯҳҳои нажодӣ ва мазҳабиро тарвиҷ кунад ва ба фаъъолиятҳои [Созмони] Милали Муттаҳид дар роҳи ҳифзи сулҳ ёрӣ расонад.
3) Падару модар дар интихоби навъи омӯзиш дар мавриди фарзандони худ авлавият хоҳанд дошт.[1]
Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ
Бахши дувум, моддаи 1.13) Давлатҳои тарафи ин мисоқ ҳаққи ҳар касро ба омӯзиш ва парвариш ба расмият мешиносанд. Дували мазбур мувофиқат доранд, ки ҳадафи омӯзиш ва парвариш бояд нумувви комили шахсияти инсонӣ ва эҳсоси ҳайсияти он ва тақвияти эҳтироми ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ бошад. Ъилова бар ин, кишварҳои тарафи ин мисоқ мувофиқат доранд, ки омӯзиш ва парвариш бояд куллияи афродро барои ифои нақши судманд дар як ҷомеъаи озод омода созад ва мӯҷиботи тафоҳуму созиш ва дӯстӣ байни куллияи милал ва куллияи гурӯҳҳои нажодӣ, қавмӣ ё мазҳабиро фароҳам оварад ва тавсеъаи фаъъолиятҳои Созмони Милал Муттаҳидро ба манзури ҳифзи сулҳ ташвиқ намояд.
2) Давлатҳои тарафи ин мисоқ изъон доранд, ки ба манзури истифои ин ҳақ:
а) омӯзиш ва парвариши ибтидоӣ бояд иҷборӣ бошад ва ройгон дар дастраси ъумум қарор гирад.
б) омӯзиш ва парвариши мутавассита ба ашколи мухталифи он, аз ҷумла омӯзиш ва парвариши фаннӣ ва ҳирфаии мутавассит, бояд таъмим ёбад ва ба куллияи васоили муқтазӣ, ба вежа ба василаи маъмул кардани тадриҷии омӯзиш ва парвариши маҷҷонӣ, дар дастраси ъумум қарор гирад.
ҷ) омӯзиш ва парвариши ъолӣ бояд ба куллияи васоили муқтазӣ, ба вежа ба василаи маъмул кардани тадриҷии омӯзиш ва парвариши маҷҷонӣ, ба тасовии комил бар асоси истеъдоди ҳар кас дар дастраси ъумум қарор гирад.
д) омӯзиш ва парвариши пояӣ бояд ҳатталимкон барои касоне, ки фоқиди омӯзиш ва парвариши ибтидоӣ буда ё онро такмил накарда бошанд, ташвиқ ва ташдид бишавад.
ҳ) тавсеъаи шабакаи мадорис дар куллияи мадориҷ бояд фаъъолона думбол шавад ва низ бояд як тартиби кофии эътои бурси таҳсилӣ барқарор гардад ва шароити моддии муъаллимон бояд пайваста беҳбуд ёбад.
3) давлатҳои тарафи ин мисоқ мутаъаҳҳид мешаванд, ки озодии волидайн ё сарпарасти қонунии кӯдаконро бар ҳасби маврид дар интихоби мадраса барои кӯдаконашон сивои мадориси давлатӣ муҳтарам бишуморанд, машрут бар ин, ки мадориси мазбур бо ҳаддиақали мавозини омӯзиш ва парвариш, ки мумкин аст давлат таҷвиз ё тасвиб карда бошад, мутобиқат кунад ва омӯзиш ва парвариши мазҳабӣ ва ахлоқии кӯдакон мутобиқи муътақидоти шахсии волидайн ё сарпарастон онон таъмин гардад.
4) Ҳеч як аз муқаррароти ин модда набояд ба наҳве тафсир гардад, ки бо озодии афрод ва ашхоси ҳуқуқӣ ба эҷод ва идораи муассисоти омӯзишӣ ихлол намояд машрут бар ин, ки усули муқаррар дар банди аввали ин модда риоят шавад ва таълимоте, ки дар чунин муассисоте дода мешавад бо мавозини ҳаддиақал, ки мумкин аст давлат таҷвиз карда бошад, мутобиқат кунад.
Моддаи 14) Давлати тарафи ин мисоқ, ки дар замони имзои он ҳанӯз натавонистааст дар сарзамини аслии худ ё дигар сарзаминҳои таҳти ҳокимияти худ омӯзиш ва парвариши ибтидоии иҷбории маҷҷонӣ таъмин намояд, мутааҳҳид мешавад зарфи муддати ду сол як тарҳи тафсилӣ аз тадобири лозим барои таҳаққуқ бахшидани тадриҷии иҷрои комилуласли[2] омӯзиш ва парвариши иҷбории маҷҷонӣ барои ъумум зарфи муддати чанд соле, ки дар худи тарҳ тасреҳ бишавад, танзим ва тасвиб кунад.[3]
Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ
Модаи 27) Дар кишварҳое, ки ақаллиятҳои нажодӣ, мазҳаби ё забонӣ вуҷуд доранд, ашхоси мутаъаллиқ ба ақаллиятҳои мазбурро наметавон аз ин ҳақ маҳрум намуд, ки муҷтамеъан бо соири афроди гурӯҳи худашон аз фарҳанги хос мутаматтеъ шаванд ва ба дини худ мутадайин буда ва бар тибқи он ъамал кунанд ё ба забони худ такаллум намоянд.[4] [4]
Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш
Моддаи 5 (ҷ): Шиносоии ҳаққи аъзои ақаллиятҳои миллӣ барои анҷоми фаъъолиятҳои омӯзишии вежаи худ, аз ҷумла идораи мадорис ва, баста ба сиёсати омӯзишии ҳар кишвар, истифода ва омӯзиши забони худ зарурист, машрут бар ин ки: (аввал) ин ҳақ ба равише эъмол нашавад, ки монеъ аз дарки фарҳанг ва забони ҷомеъа ба таври куллӣ ва мушорикат дар фаъъолиятҳои он ба василаи аъзои ин ақаллиятҳо шавад, ё бар ҳокимияти миллӣ таъсир бигузорад; (дувум) меъёр омӯзиш поинтар аз меъёр куллӣ таъйин ё тасвибшуда ба василаи ниҳодҳои солеҳ набошад; (севум) ширкат дар чунин мадорисе ихтиёрӣ бошад.[5]
Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак
Моддаи 30) Дар кишварҳое, ки ақаллиятҳои қавмию мазҳабӣ ва ё ашхоси бумӣ зиндагӣ мекунанд, кӯдаке, ки мутаъаллиқ ба ин ақаллиятҳост бояд ба ҳамроҳи соири аъзои гурӯҳаш аз ҳаққи бархурдорӣ аз фарҳанг ва таълим ва анҷоми аъмоли мазҳабии худ ва ё забони хеш бархурдор бошад.[6]
Асли понздаҳуми Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон
«Забон ва хатти расмӣ ва муштараки мардуми Эрон форсӣ аст. Аснод ва мукотибот ва мутуни расмӣ ва кутуби дарсӣ бояд бо ин забон ва хат бошад, вале истифода аз забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ дар матбуот ва расонаҳои гурӯҳӣ ва тадриси адабиёти онҳо дар мадорис, дар канори забони форсӣ, озод аст.»[7]
Чунонки дида шуд, на Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар давлатҳоро ба тадриси забонҳои маҳаллӣ водоштааст ва на ҳеч кадом аз мисоқҳои байналмилалӣ ва кунвонсиюнҳои марбут[8]. Дар банди севуми моддаи 26-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар омадааст: «Падар ва модар дар интихоби навъи омӯзиш дар мавриди фарзандони худ авлавият хоҳанд дошт.» «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ» дар ин бора равшангарӣ кардааст ва манзурашро ошкоро баён карда: «Давлатҳои тарафи ин мисоқ мутаъаҳҳид мешаванд, ки озодии волидайн ё сарпарастии қонунии кӯдаконро бар ҳасби маврид дар интихоби мадраса барои кӯдаконашон ғайр аз мадориси давлатӣ муҳтарам бишуморанд, машрут бар ин, ки мадориси мазбур бо ҳаддиақали мавозини омӯзиш ва парвариш, ки мумкин аст давлат таҷвиз ё тасвиб карда бошад, мутобиқат кунад ва омӯзишу парвариши мазҳабӣ ва ахлоқии кӯдакон мутобиқи муътақидоти шахсии волидайн ё сарпарастони онон таъмин гардад.» Дар инҷо сухан аз тадриси забони модарӣ нест, дар бораи ҳаққи интихоби мадориси ғайридавлатӣ сухан мегӯяд; мадорисе, ки мумкин аст навъи омӯзишашон бо омӯзиши расмӣ тафовутҳое дошта бошад, аммо ин ҳақро машрут кардааст ба интибоқ бо ҳаддиақалли мавозини омӯзиш ва парварише, ки давлатҳо таҷвиз ва тасвиб кардаанд.
Дар моддаи 27-и «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ» аз «ақаллиятҳои нажодӣ, мазҳабӣ ё забонӣ» сухан рафта ва низ аз ҳаққи тамматуъ аз фарҳангу динашон ва такаллум ба забонашон.
Забон ва адабиёти ҳуқуқӣ забоне ирҷоъӣ ва дақиқ аст; яъне фаҳми ъавомона ва таъвили шоирона дар забони ҳуқуқӣ ҷойгоҳе надорад. Зикри чанд нукта муҳим аст: нахуст ин ки вожаҳое монанди «миллат», «ақаллият», «қавм», «мардуми бумӣ» ва…, ки дар матнҳои ҳуқуқии байналмилалӣ омадааст, таърифи камубеш равшане дорад. Ончиро, ки барои сарзаминҳои таҳти қаймумият ва мустаъмараҳо таҷвиз кардаанд бо ончи дар бораи ақаллиятҳои динӣ гуфтаанд, яке нест. Бояд так-таки ин мафоҳимро шинохт ва он гоҳ дар бораашон назар дод. Дар ҳар ҳол, дар ин мисоқ аз «ҳаққи такаллум ба забон» сухан мегӯяд на аз иҷбори давлатҳо ба тадриси забоне ғайр аз забони расмӣ. Барои мисол: қавонини кишваре чун Туркия, ки дар он даҳаҳост ҳаққи сухан гуфтан ба забоне ҷуз забони туркӣ аз шаҳрвандони кишвар салб шудааст ва бисёре ба сабаби сухан гуфтан ба забони курдӣ зиндонӣ шудаанд[9], бо моддаи 27-и ин мисоқ дар тазодд аст ва нақзи ҳуқуқи башар талаққӣ мешавад.
Моддаи 5-и «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзишу парвариш» ҳуҷҷатро бар ҳамагон тамом мекунад. Нахуст ин ки аз «ақаллиятҳои миллӣ» сухан мегӯяд: монанди эрониён дар Омрико, чиниён дар Конодо ё мардуми бумии мустаъмараҳо. Тираҳои эронӣ на аз назари ҳуқуқӣ «ақаллияти миллӣ»-анд ва на аз назари торихӣ ва иҷтимоъӣ, чунонки гӯишварони даҳҳо забон дар Ҳинд ҳеч кадом миллат маҳсуб намешаванд ва ҳамагӣ бо ҳам миллати Ҳиндро месозанд. Дувум он ки ҳаққи ақаллиятҳои миллиро барои доштани мадорис дар канори мадориси давлатӣ ба расмият мешиносад ва онро машрут мекунад ба: 1. Ин ҳақ набояд монеъ аз дарки фарҳанг ва забони расмии ҷомеъа шавад (яъне омӯзиши забони модарӣ ҳатто барои «ақаллиятҳои миллӣ» набояд ба гунае бошад, ки забони расмиро ба ҳошия биронад ва монеъи дарки фарҳанг ва забони расмӣ шавад. Диққат кунед, ки сухан аз «ақаллиятҳои миллӣ» аст, на забонҳо ва гӯишҳои даруни як миллат). 2. Ширкат дар чунин мадорисе бояд «ихтиёрӣ» бошад; яъне ҳар гуна иҷбор аз сӯи давлатҳо барои тадриси забони модарӣ мамнуъ аст. (Ин шартҳо ба ин далел пешбинӣ шудааст, ки касе дар локи забони модарӣ фурӯ наравад ва худро тофтаи ҷудобофта напиндорад ва дучори таъассуби гурӯҳӣ, фирқаӣ ва маромӣ нашавад. Ҳамчунин, давлатҳо иҷоза надошта бошанд, ки гурӯҳ ё гурӯҳҳоеро аз забони миллӣ маҳрум кунанд ва бад-ин туруқ роҳи пешрафти онон бибанданд ва ояндаи шуғлишонро ба хатар биандозанд.)
Ончи қавмгароён дар Эрон аз давлат мехоҳанд мисдоқи «иҷбор» аст ва бар пояи мавозини ҳуқуқӣ, ба вежа моддаи 5-и «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш», ҷурм талаққӣ мешавад ва кунишест зидди ҳуқуқи башар.
Дар моддаи 30-и «Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак» омадааст: «Дар кишварҳое, ки ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ва ё ашхоси бумӣ зиндагӣ мекунанд, кӯдаке, ки мутаъаллиқ ба ин ақаллиятҳост бояд ба ҳамроҳи соири аъзои гурӯҳаш аз ҳаққи бархӯрдорӣ аз фарҳангу таълим ва анҷоми аъмоли мазҳабии худ ва ё забони хеш бархурдор бошад.»
Ин кунвонсиюн ҳам давлатро ба тадриси забони модарӣ «маҷбур» накардааст, сухан аз «ихтиёр» аст. Моддаи 30-и «Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак» ҳамон ҳарфи моддаи 5-и «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш»-ро такрор аст.
Дар бораи фаҳми ҳуқуқӣ аз ин эъломия, мисоқҳо, кунвонсиюнҳо ва ҳамчунин тавзеҳи асли понздаҳуми Қонуни асосӣ, беҳтар аст ба назари як ҳуқуқдон бингарем.
Дуктур Муҳаммадъалӣ Муваҳҳид, ҳуқуқдон ва ъузви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, дар ёддоште бо унвони «Достони забони модарӣ» дар бораи омӯзиши забонҳои маҳаллӣ ва асли понздаҳуми Қонуни асосӣ мегӯяд: «Ин асл ба истилоҳи фиқҳӣ муштамил аст бар як фарз ва як рухсат. Аммо фарз расмияти забон ва хатти форсӣ аст, ки мутуни расмӣ ва аз ҷумла кутуби дарсӣ бояд ба он забон ва хатт тадвин гардад. Аммо рухсат; истифода аз забони қавмӣ ва маҳаллист, дар канори забони форсӣ на дар тазоҳум ва таъоруз бо он , ки шаҳрвандон озоданд он забонро агар бихоҳанд ба фарзандони худ таълим диҳанд. Давлат дар ин боб таклифе надорад ҷуз худдорӣ аз мудохила, ба мӯҷиби мисоқҳои ҳуқуқи башар падару модар ва сарпарасти атфоланд, ки бояд дар ин бора тасмим бигиранд.»[10]
Акнун, мумкин аст ин пурсиш пеш ояд, ки вақте давлат дар ин боб таклифе надорад ва қавонини ҳуқуқи башарӣ ҳам шурути гуногуне барои омӯзиши забонҳои ақаллиятҳо гузоштааст, чи гуна низоми омӯзишӣ барои тадриси забони модарӣ шакл мегирад?
Аз онҷо, ки бар тибқи қавонини ҳуқуқи башарӣ омӯзиши забони расмӣ иҷборист ва таҳсил дар даврони ибтидоӣ ҳам иҷборӣ ва ройгон бояд бошад, низ аз онҷо, ки бар пояи ҳамин ҳуқуқ давлатҳо ҳаққи таҳмили таҳсил ба забони модарию маҳаллӣ ва қавмиро бар касе надоранд (чун мисдоқи дар ҳисор қарор додан ва маҳдуд кардани онон ва салби имкони рақобаташон дар иҷтимоъ аст), агар падар ва модаре бихоҳанд фарзандашон забони модариро ҳам биёмӯзад, бояд ӯро дар соъоти хориҷ аз омӯзиши расмӣ ба клоси забони модарӣ бифиристанд, ҳамон тур, ки фарзанди худро ба клоси варзишу ҳунар ва … фиристанд. Омӯзишгоҳҳо ва мадориси хусусие ҳам, ки бад-ин манзур роҳандозӣ мешавад, тибқи моддаи 5-и «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш», ҳақ надоранд ба равише тадрис кунанд, ки «монеъ аз дарки фарҳанг ва забони ҷомеъа ба таври куллӣ ва мушорикат дар фаъолиятҳои он ба василаи аъзои ин ақаллиятҳо шавад, ё бар ҳокимияти миллӣ таъсир бигузорад»; яъне дар қавонини ҳуқуқи башарӣ пешбинӣ шудааст, ки ин ҳақ набояд ба шевае эъмол шавад, ки ҳокимияти миллиро зери савол бибарад ва ё монеъи дарки забони расмии ҷомеъа шавад.
Омӯзиши шаҳрмеҳвар. Аз онҷо, ки қавонини ҳуқуқи башарӣ, умуман, бар пояи таҷрибиёт ва муносиботи иҷтимоъии ҷомеъаҳои ғарбӣ шакл гирифтааст ва фаҳми қонунгузорони он аз вожаҳое чун «ақаллият» ва «қавмият» нозир бар муносиботи иҷтимоъии кишварҳои ғарбӣ ва истеъморист, сахт битавон онҳоро бо ҷомеъае шарқӣ ва дарҳамтанида чун Эрон, ки марзи забонҳо ва тираҳояш равшан нест, созгор кард ва татбиқ дод. Ъумуми мардум гирифториҳои нопайдои ин ъарсаро намебинанд. Боиста аст бидонем, ки мафҳуми «қавмият» дар Эрон амре тозабунёд аст ва умре даврубари як сада дорад. Аз оғози фароянди қавмсозӣ дар Эрон то кунун забонҳо ва тираҳои бисёре зери номи як қавмият ҷосоз шудаанд. Дар ҳоле, ки дар гузаштаи дуртар ҳар тирае забони худро ба номи ҷудогона ва баъзан ба номи эли худ мешинохт. Агар қарор бошад ин дастабандиҳои тозабунёд ва истеъморӣ мабнои ҳуқуқӣ биёбад, мушкилоте пеш меояд ва хатари нобудӣ даҳҳо забон ва гӯиши эрониро таҳдид мекунад. Чиро? Чун қавмгароён бар онанд, ки бо ҳазфи забонҳои гуногуни туркӣ ва кардӣ ва …, ки ба иштибоҳ як забон номида шудаанд, яке аз онҳоро тадрис кунанд ва боқии гӯишваронро водоранд, ки даст аз забони худ бишӯянд (қавмгароён ъумуман думболи онанд, ки забони яке аз кишварҳои ҳамсояро дар Эрон тадрис кунанд). Дар Эрон, чандин забони туркӣ ва даҳҳо гӯиши ин забон пос дошта шудааст ва ҳар кудом намунае аз мероси фарҳангии мардуми Эрон аст, ки бояд истиқлол ва тамоюзашон ҳифз шавад. Ҳамчунин, чанд забон дар садаи ахир зери номи «курдӣ» ҷой дода шудаанд. Аз сӯи дигар, забоне чун балучӣ дорои гӯишҳои гуногунест, ки бе забони миёнҷии форсӣ наметавонанд бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Ин вежагиро боқии забонҳо ҳам доранд. Табиъист, ки омӯзиши эҳтимолии забони модарӣ бояд «шаҳрмеҳвар» бошад то ҳам аз таниши эҳтимолӣ байни гӯишварони ин забонҳо ҷилавгирӣ шавад ва ҳам забонҳои гуногун, ки то кунун дар сояи забони форсӣ пос дошта шудаанд аз байн нараванд. Ин омӯзиш ҳам, бино бар қавонини ҳуқуқибашарӣ, ки шарҳи он гузашт, бояд дар соъоте ғайр аз соъоти омӯзиши расмӣ сурат бигирад ва ҳеч «иҷборе» ҳам дар анҷом ва иҷрои он набошад.
Дар ҳақиқат, тарҳ ва нақшаи қавмгароён барои «омӯзиши забони модарӣ» ва «омӯзиш ба забони модарӣ» боис мешавад, ки ин забонҳои муҷаззо, фақат ба хотири ин ки дар фароянди қавмсозӣ яккоса шудаанд, ба нафъи як забон аз байн бираванд. Рӯҳи қавонини ҳуқуқибашарӣ бо нобудии забонҳои гуногун ҳамхон нест. Ҳадафи қонунгузор посдошти ин гунагунӣ аст. Наметавон аз қавонини ҳуқуқибашарӣ барои нобудии даҳҳо забон ва садҳо гӯиши эронӣ ва яккоса кардани ҳамаи онҳо дар забони як давлат-миллати дигар истифода кард; чиро ки ин кор мисдоқи «ҳамгунсозӣ» (assimilation) аст ва дар таъоруз бо хостҳои эъломияи ҳуқуқ башар. Ончи қавмгароён мехоҳанд ъамалан ба нобудии даҳҳо забон ва садҳо гӯиш меанҷомад ва табъан тибқи қавонини ҳуқуқибашарӣ ҷурм талаққӣ мешавад; яъне кунишест, ки дар тазодд бо хостҳои ҳуқуқибашарӣ қарор дорад. Барои мисол, дар кишвари Туркия, ки ҳамсояи Эрон аст, бештари забонҳо ва гӯишҳои гунагуни туркӣ, илова бар забонҳои ғайритуркӣ, дар садаи ахир ҷойи худро ба гӯиши истомбулӣ додаанд. Гунагунии забонҳо ва гӯишҳои туркӣ дар Эрон чандин баробари Туркия аст ва ҳамаро бояд пос дошт.
Дар бораи ин ки чи гуна дар фароянди қавмсозӣ, забонҳои гуногуне ба иштибоҳ зери як ъунвон оварда шудаанд ва бо ҳамаи ноҳамсонӣ як забон ба шумор омадаанд ва низ дар бораи ин ки омӯзиши забони модарӣ чи гуна ба нобудии гунагунии забонӣ дар Эрон мунҷар мешавад, бингаред ба понавишти ҳамин банд.[11]
Дар моддаи 1.31) Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ» омадааст: Ин мисоқ, ки матнҳои чинӣ, англисӣ, фаронса, русӣ ва испониёии он дорои эътибори мусовӣ аст, дар бойгонии Созмони Милали Муттаҳид тавдеъ хоҳад шуд.[12]
Пурсише аз қавмгароён: Чиро Созмони Милал аснод ва маншурҳои худро фақат ба панҷ-шаш забон менивисад? Чиро ба боқии забонҳои дунё бетаваҷҷуҳ аст? Магар қарор нест рафтори ин Созмон улгӯ бошад?
Ончи фаъъолони қавмӣ ва ҳофизони манофеъи кишварҳои ҳамсоя аз Эрон мехоҳанд, ба ин мемонад, ки гурӯҳе ё кишварҳое аз Созмони Милал бихоҳанд, ки тамоми забонҳои ҷаҳонро расмӣ кунад. Оё ин созмон ба чунин дархосте вақъе хоҳад ниҳод?
Чакидаи ин ёддошт
Аз қавонин ва сифоришҳои ҳуқуқибашарӣ дар бораи забонҳои модарӣ ва қавмӣ ва … чунин бармеояд:
- Омӯзиш, дастикам дар даврони ибтидоӣ, иҷборӣ аст. Касеро он ҳақ нест, ки фарзандашро аз таҳсил ба забони расмӣ манъ кунад.
- Давлат вазифае дар тадриси забонҳои маҳаллӣ надорад. Вазифаи давлат ин аст, ки имкони омӯзиш ва парвариш ба забони расмиро барои ҳамагон фароҳам кунад.
- Давлат ҳақ надорад касеро ба омӯхтани забони маҳаллӣ вобидорад ё ӯро аз омӯхтани забони маҳаллӣ манъ кунад. Ин кор «ихтиёрӣ» аст. Тадриси забонҳои маҳаллӣ дар мадорис, мисдоқи водоштан ва иҷбор аст ва хилофи қавонини ҳуқуқибашарӣ аст. Агар падару модаре тамоюл доштанд фарзандашон забон ва адабиёти модариро бихонад, метавонанд ӯро дар соъатҳое, ки омӯзиш ва парвариши расмӣ таътил мешавад ба клоси забони модарӣ бифиристанд. Ҳамон гуна, ки ба клосҳои фавқулода ва клосҳои варзишӣ ва … мефиристанд. Ҳаққи такаллум ба забони модариро набояд бо ҳаққи омӯзиши забони модарӣ ё ҳаққи омӯзиш ба забони модарӣ яке пиндошт. Бо ин васф, мамнуъ кардани сухан гуфтан ба ҳар забоне, ҳамчун вазъияти забони курмонҷӣ, зозоӣ ва …, ки тибқи насси сареҳи қонун дар Туркия мамнуъ шудаанд, хилофи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ аст.
- Мутобиқи банди 3 моддаи 13-и Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ, мадорис ва омӯзишгоҳҳои хусусие, ки қарор аст дар соъатҳои хориҷ аз омӯзиши расмӣ, ба довталабон хадамоте бидиҳанд ва забони модаришонро тадрис кунанд бояд бар пояи мавозини омӯзиш ва парвариши расмӣ фаъъолият кунанд ва ин ҳақро надоранд, ки ҳокимияти миллиро зери савол бибаранд.
- Бо таваҷҷуҳ ба мушаххас набудани марзҳои забонӣ дар Эрон ва муносиботи хосси забонӣ ва иқлимӣ дар ин кишвар, омӯзиши эҳтимолӣ дар мадорис ва омӯзишгоҳҳои хусусӣ бояд «шаҳрмеҳвар» бошад. Яъне чизе ба номи забони туркӣ ва забони курдӣ ва забони балучӣ ва … қобили тадрис нест, балки забонҳои туркӣ ва забонҳои курдӣ ва забонҳои балучӣ ва… қобили тадрисанд. В-агарна тадриси як забон ба ҷойи ҳамаи он забонҳо ба сиркангубине мемонад, ки сафро меафзояд ва хилофи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аст; чиро ки ба ҳамгунсозӣ меанҷомад ва нобудии забонҳо ва гӯишҳои гуногунеро дар пай дорад.
Понивишт:
[1] Муваҳҳид, Муҳаммадъалӣ. Дар хона агар кас аст: Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва мисоқҳои он, чопи чаҳорум, Теҳрон: Корнома, 1393, с. 166.
[2] Дар матн, иборати «иҷрои комилуласл» омадааст. Ба назар мерасад, ки иштибоҳи чопӣ аст ва «иҷрои комили асл» ё «иҷрои комили усул» манзури нивисанда будааст. Бо ин ҳол, тарҷеҳ додам ъайни матн оварда шавад.
[3] Муваҳҳид, Муҳаммадъалӣ. Дар хона агар кас аст: Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва мисоқҳои он, чопи чаҳорум, Теҳрон: Корнома, 1393, сс. 182 ва 183.
[4] Ҳамон, с. 198.
[8] Пас метавон гуфт, ки сухани Ризо Бароҳанӣ, нивисанда, шоъир ва фаъъоли қавмӣ, ки дар мусоҳибае гуфта буд «Ҳар касе, ки форсиро забони расмии Эрон бишносад, тибқи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, маҳкум аст» аз асос бепоя аст ва аз беиттилоъии ӯ ҳикоят мекунад. Ин сухани Бароҳанӣ ва ҳамфикрони ӯ ношӣ аз рӯҳияи шитобзада ва носанҷидаест, ки дар назди бисёре аз инқилобиюни идиулужизадаи даҳаи чиҳилу панҷоҳи хуршедӣ ба вуфур дида шудааст. Паёмадҳои ин рӯҳияи калбимаслак ва вайроншаҳрписанд ошкортар аз он аст, ки бар мардум Эрон пӯшида бошад.
[9] Лайло Зоно, намояндаи курдзабони порлумони Туркия, дар соли 1994 ба ҷурми савганд ёд кардан ба забони курдӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шуд.
[11] Муваҳҳид, Муҳаммадъалӣ. «Достони забони модарӣ», маҷаллаи «Бухоро», шумораи 98, баҳман ва исфанди 1392.
[12] Муваҳҳид, Муҳаммадъалӣ. Дар хона агар кас аст: Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва мисоқҳои он, чопи чаҳорум, Теҳрон: Корнома, 1393, с. 187.
——————————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист