Порсӣ Анҷуман: Гурӯҳе аз хонандагони «Порсӣ Анҷуман» дар бораи номи анҷуман ва чироии пеш уфтодани гузорвожа(сифат) (порсӣ) бар номвожа (анҷуман) дар ин ном пурсидаанд.
Дар посух бояд гуфт, ки номи «Порсӣ Анҷуман» омехтае аз «порсӣ» ва «анҷуман» аст, ва ҳамонгуна, ки рафт, нахустин гузорвожа ва дувумӣ номвожа бошад. Дар забони порсӣ, ҳамчун забони порсиг (паҳлавӣ), гузорвожа тавонад пеш ё пас аз номвожаи вобастааш ояд. Дар нивиштаҳои порсӣ ва порсиг намунаҳо бас фаровонанд, онсон, ки дар Шоҳнома, ки сари сухани порсӣ аст, гузорвожа бештар пеш аз номвожа ояд. Намунаҳое чанд (аз “Шоҳнома”-и чопи Брухим1):
Ҳаме доштам чун яке тоза себ,
Ки аз бод нояд ба ман бар наҳеб. (1/10)
Мар ӯро зи дӯшиданӣ чорпой,
Зи ҳар як ҳазор омадандӣ ба ҷой. (1/28)
Бад-он теззаҳробгун ханҷараш,
Ҳаме кард чок он киёнӣ бараш. (1/90)
Ту низ, эй бахира, хирифгашта мард,
Зи баҳри ҷаҳон дил пур аз доғу дард (1/90)
Фурӯзандамеғу барорандатеғ,
Ба ҷанг андарун ҷон надорам дареғ. (1/129)
Гарояндагурзу намояндатоҷ,
Фурӯзандаи мулк бар тахти оҷ. (1/130)
Гарояндагурзу гушояндашаҳр,
Зи шодӣ ба ҳар кас расонандабаҳр. (1/194)
Нишонандашоҳу ситонандагоҳ,
Равон гашта фармон-ш чун ҳуру моҳ. (1/237)
Ту хуни бародар бирезӣ ҳаме,
Зи парвардамурғе гурезӣ ҳаме. (1/282)
Ки ҳар кас, ки тухми ҷафоро бикишт,
На хушрӯз бинад, на хуррамбиҳишт. (1/1000)
Нигаҳ кун, ки з-ин беҳуда коркард,
Чи ояд ба пешат ба рӯзи набард? (2/500)
Бад огоҳӣ овард аз пури ман,
Аз он номвар пок дастури ман. (4/1096)
Чунон буд, ки дар Порс як рӯз тахт
Ниҳоданд зери гулафшон дарахт. (6/1447)
Катоюн бишуд бо парастор шаст,
Яке дастаи тоза наргис ба даст. (6/1457)
Гушод он дари ганҷи пуркарда Ҷам,
Бидод ӯ сипаҳро ду сола дирам. (6/1513)
Ту донӣ, ки ин тобдода каманд,
Сари жандапилон дарорад ба банд. (6/1656)
Сари танги тобут карданд хушк,
Ба дибқу ба қиру ба муму ба мушк. (6/1795)
Бибахшид карда гуноҳи варо,
Зи зангор биздуд моҳи варо. (7/1971)
Чу рӯзе ба шодӣ ҳаме бигзарад,
Хирадманд мардум чиро ғам хӯрад? (7/2149)
Гузорвожа пеш аз вожаи «анҷуман»:
Фиристода Гев асту пайғоми ман,
Ба дастурии номдор анҷуман. (Деҳхудо, дарояи «анҷуман»)
Бо нишонаи пайвандгар:
Туӣ кардаи кирдигори ҷаҳон,
Шиносӣ ҳаме ошкору ниҳон. (1/1)
Писар гар ба наздики ту буд хор,
Мар ӯ ҳаст парвардаи Кирдигор. (1/137)
Чу пайвастаи хун набошад касе,
Набояд бар ӯ будан эмин басе. (2/389)
Касе к-ӯ бувад судаи рӯзгор,
Набояд ба ҳар кораш омӯзгор. (5/1161)
Забони порсиг низ чунин аст ва дар он гузорвожа тавонад пеш ё пас аз номвожаи вобастааш ояд. Намунаҳо низ фаровонанд, лек чанд намуна аз Динкарди севум, нивиштаи «Турфон» ва гузориши чтранг ва нҳши ниоордшир2:
«veh dēn» ба чами «дини беҳ» :
Dk iii, M ۴۷ abar xvadāyīh ud dēn az nigēz ī “veh dēn”.
«nōg dīdēm» ба чами «навдайҳим (= дайҳими нав)» :
TM ۳۱ II āmad nōg farrah, “nōg dīdēm” ud peymōg ī brāzāg az vahman ud bay hamōzāg ō pēš tō, xvadāy.
«nēk jahišn» ба чами «бахти нек» :
VC ۳۳ vazurgmihr ī bōxtagān abar avēšān sālār kird ud rōzgār-ē vizīdag ped “nēk jahišn” ud yazdān.
Пайнивишт:
- Намунаҳо баргирифта аз нибеги (китоби) «Шоҳнома ва дастур», нивиштаи Маҳмуди Шафеъӣ аст. Барои огоҳии бештар бад-он дарнигаред:
Шафеъӣ, Маҳмуд (1377); Шоҳнома ва дастур ё дастури забони форсӣ бар пояи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва санҷиш бо сухани гӯяндагон ва нависандагони пешин; чопи дувум; Донишгоҳи Теҳрон.
Барои намунаҳои дигар, ҷудо аз сурудаҳо ва чомаҳо, бингаред ба:
Нотил Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се пӯшина; Нашри нав; Пӯшинаи севум, рӯяи 164.
- Намунаҳо баргирифта аз нибеги «Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ» аст. Барои огоҳии бештар бад-он дарнигаред:
Аша, Раҳом. Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ, порсӣ аз: Марям Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон, Хирадномаги 3, чопи нахуст. Теҳрон: Китоби Сада, зимистони 1397.
——————————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист