Сомони Ҳасанӣ*
Дар гӯишҳои рустоӣ вожаҳои бисёре ҳастанд, ки метавон онҳоро ҷойгузини вожаҳои бегона кард. Яке аз ин вожаҳо вожаи “сир” (سِر) аст, ки дар гӯишҳои марказии Эрон равоӣ дорад. Ногуфта намонад вожае, ки сухан аз он аст, бо вожаи “сир”, ки дар фарҳангҳо ба чами “роз ва пӯшида” омада, пайванде надорад ва дар ҷустуҷӯе, ки дар чанд фарҳанг доштам, чизе дар бораи он наёфтам.
Вожаи “сир” дорои чандин чам (маъно) аст: “беҳис”, “хоби зимистонӣ” ва “лояи сифту сахти замин”.
Яке аз чамҳои ин вожа “беҳис” аст. Чунончи бахше аз бадан ба далеле чун сармо ё беҳаракатӣ дучори беҳиссӣ шавад, ё ин ки дандонпизишк барои кор рӯи дандон лиссаи касеро беҳис кунад, аз ин вожа суд меҷӯяд ва мегӯяд: “сир шудааст.”
Барои намуна:
Аз бас ҳаво сард буд, нуки ангуштонам “сир” шуд.
Ҳангоми хоб рӯйи дастам хобидам, дастам “сир” шуд.
Дандонпизишк барои пур кардани дандон онро “сир” мекунад.
Дувумин чами ин вожа “хоби зимистонӣ”, ё ба сухане дигар, дар ишора ба хоби зимистонӣ аст. Ногуфта намонад дар нигари мардум “хоби зимистонӣ” афзун бар ҷонварони хунсард дарбаргирандаи гиёҳон ва замин ҳам ҳаст.
Дар ишора ба хоби зимистонии ҷонварони хунсард, барои намуна, мегӯянд:
Морҳо дар зимистон “сир” мешаванд.
Вахте ҳаво сард аст, занбурҳо “сир” мешаванд.
Хоби зимистонӣ ё “сир шудани” дарахтон, ҳангоме аст, ки барги онҳо батамомӣ рехта шуда ва ҳеч гуна нишонае аз ҷавона задан ва сабз шудан дар онҳо нест. Ин замон барои буридани шохаҳои дарахтон муносиб аст.
Барои намуна:
Боғдорҳо нуки шохаҳои дарахти ангурро мебуранд, то мав (ток) меваи беҳтаре бидиҳад. Акнун, агар ин корро ҳангоме ки баргҳои мав ба таври комил рехта ва ҳеч нишоне аз ҷавона задан дар онҳо нест, ё ба забоне дигар, ҳангоме ки дарахти ангур “сир” аст, анҷом диҳанд, ба он “сирбур” мегӯянд; вале агар ин корро ҳангоме ки дарахти ангур гул кардааст, анҷом диҳанд, ба он “мавбур” мегӯянд (“бур” – кӯтоҳшудаи “буридан” аст).
Хоби зимистонии замин ҳам ҳангоме оғоз мешавад, ки лояи рӯии замин ях мезанад ва дигар дархӯри кори кишоварзӣ нест, дар ин ҳангом мегӯянд: “Замин сир шудааст” ва ба баёни устураии он, замонест, ки “эзади Рапитвин” ё “эзади гармои нимрӯзӣ” ба зери замин рафта, то обҳо ва решаи дарахтонро дар баробари деви сармо нигаҳбонӣ кунад.
Севумин чами ин вожа ишора ба “лояи сифту сахти замин” аст. Ба лояи сифту сахти замин, ки дар зери “хоки дархури кишоварзӣ” қарор гирифта, “сир” гуфта мешавад. Барои намуна, мегӯянд:
Барои сохтани сохтмон бояд пайи онро он андоза биканӣ, ки ба “сир” бирасад.
Ё ин ки мегӯянд:
Ин замин дархури дарахткорӣ нест, чун агар заминро камтар аз як ваҷаб биканӣ, ба “сир” мерасад.
Акнун, агар бихоҳем ба ҷойи “феъли кумакӣ” аз “феъли басит” суд биҷӯем, метавонем ба ҷойи “сир шудан” ва “сир кардан” аз “сиридан” ва “сирондан” баҳра биҷӯем. Барои намуна, метавон гуфт: Дастам дар асари сармо сирид. Дандонпизишк лиссаҳоямро сиронд.
Ин вожаро метавон дар дандонпизишкӣ барои “беҳис кардани лиссаҳо” ва дар пизишкӣ барои “беҳиссии маснӯъӣ” ба кор бурд.
*Мардумшинос, дабири пешини адабиёт ва улуми инсонӣ
Бифирист