Пойиши метруи Теҳрон

Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман

Метруи Теҳрон густарае ҳамагонӣ аст, ки ҳамчун расонаи пурбинанда огаҳиномаҳои бисёреро дар баробари чашми ҳазорон раҳсипор (мусофир) мегузорад. Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман бо пурнигарӣ (таваҷҷуҳ) ба ҳамин нақши ҳаноянда (муассир) ба пойиши нивиштаҳои даруни метруи Теҳрон ва ҳамчунин торнамои он пардохтааст.

Чанде пеш Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон гузорише аз фурӯдгоҳе дар Фаронса фароҳам ва пахш карда буд. Дар ин фурӯдгоҳ баркома (ба рағм)-и шумори болои гардишгарон аз кишварҳои дигар ҳамаи нивиштаҳо ба забони фаронса буд ва танҳо дар дарвозаи меҳодин (аслӣ)-и он ва дар зери нивиштаи фаронсавӣ зернивиси кӯчаке аз инглисӣ ҳам буд. Шояд фаронсавиҳо чунин меандешанд, ки бо ин кор ҳар касе ки ба хоки Фаронса меояд, дар ҳангоми рафтан ногузир чанд вожаи фаронсавӣ низ хоҳад омӯхт!

01Инак ба чанд намуна аз нивиштаҳои даруни метруи Теҳрон менигарем:

Вожаҳои арабӣ: қадим, тараф, соъат, идда, қатор, воқеъан…

Вожаҳои инглисӣ: пик, трофик, мойкруфер, сойд бой сойд (номи тиҷорӣ)

Шояд барои бисёре аз ин вожагон ҳамуг (баробарниҳода)-и дархуре набошад, ҳарчанд хешкорӣ (вазифа)-и Фарҳангистон аст, ки то онҷо ки метавонад, забони порсиро аз вожагони бегона биперояд. Барои намуна, Фарҳангистон баосонӣ метавонист “оҳаннавард” ё “оҳанпаймо”-ро барсозад ва бо бахшномае корбурди онро раволманд (роиҷ) созад, вале оё намешуд дастикам ба ҷои “трофик” аз “омадушуд” баҳра барад, ё вожаи “авҷ” чи костие дорад, ки ба ҷояш “пик” нивишта шудааст?

02Ба ин фартур (акс) бингаред. Дар ин нивишта низ чун намунаи болоӣ бо чанд ҷойгузине сода мешуд аз шумори вожаҳои бегона кост:

Қимат: баҳо

Итмоме – поён ҳаст

Аҷнос – колоҳо

Дунё – ҷаҳон

Мудерн – навин

Зимнан – ҳамчунин

Масъала – пурсмон

ва…

Аз вожаҳои бегона мегузарем. Ду хатти поёниро як бори дигар бихонед:

Инсофатан!

Боз ҳам дар ҳамон ду хатти поёнӣ ҳам пеш аз ҷумлаи пайрав ва ҳам пас аз ҷумлаи пайрав нақшнамои “ро” омадааст!

Часбондани ин барнамоҳо (баннерҳо) баростӣ кори неку арзишмандест ва ба боло бурдани фарҳанги шаҳрвандӣ ёрӣ мерасонад, аммо медонем, ки пеш аз он ки ин барнамоҳо дар андозаҳои бузург чоп шаванд, чандин моҳ дар андозаҳои кӯчактар дар даруни оҳаннавардҳо (қаторҳо)-и шаҳрӣ дида мешуданд. Оё ҳеч виросторе дар ин ниҳод вуҷуд надошт, ки дар ин замон дастикам нодурустиҳои имлоӣ ва нигоришии нивиштаҳоро вироиш кунад?!

Дар нивиштори дигаре вожаи “зодивалад” банодуруст “зодувалад” нивишта шудааст. Ин дар ҳолест, ки нивисанда баосонӣ метавонист аз вожаи порсии “зодоварӣ” баҳра бибарад.

Ҳамчунин, бо боздид аз торнамои дафтарманд (расмӣ)-и ин ниҳод ба вожаҳое чун:

Абния

Систем

Сойт

Фойл

Сексиюнер

Иде

Тоблуҳои баклойт

Сервисдиҳӣ

ва… бармехӯрем.

03Фитод (нукта)-и дигар шеваи шикастанивисии бакоррафта дар нивишторҳои роҳнамост. Шевае, ки баркомаи (ба рағми) ҳушдорҳои бисёр коршиносони забони порсӣ батозагӣ густариши бештаре низ ёфтааст.

Инак, пурсиш инҷост:

Оё ниҳодҳои гуногун ҳеч гуна пайванде бо Фарҳангистон доранд?

Оё дар миёни анбӯҳи коркунони ниҳодҳои давлатӣ виросторе низ ҳаст?

Ва пурсиши меҳодин (аслӣ): Оё Фарҳангистон коркарди забонии ниҳодҳо ва созмонҳои давлатию нодавлатиро пойиш мекунад? Ва оё дар бун пойише ҳаст?

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*