Пойиши шабакаи ‘Тулӯъ Нюз’

ToloКоргурӯҳи пойиши “Порсӣ Анҷуман” дар нахустин гом аз кирдукорҳояш (фаъъолиятҳояш) дар бозае (фосилае) якҳафтаӣ аз моҳрӯз (торих)-и 22 то 30-и тирмоҳи соли 1393-и хуршедӣ ва миёнгини рӯзе як соъат ба пойиши шабакаи “Тулӯъ Нюз” пардохтааст. “Тулӯъ Нюз” шабакаи хабарии пурбинандаест, ки ба ду забони пашту ва порсӣ барнома пахш мекунад. Гуфтанист, ки дар Афғонистон ду забони пашту ва порсӣ (дарӣ) ҳарду забонҳое расмӣ ба шумор мераванд.

Эрон ва Афғонистон кишварҳое ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамтабор ҳастанд, ки пешинаҳои фарҳангию торихӣ ва ҳанбозин (муштарак)-и бисёр бо ҳам доранд. Ин ҳанбозиҳо мояи он шудааст, ки ҳудаҳои меҳанӣ (манофеъи миллӣ)-и ду кишвар дар бисёре котаҳо (маворид) ба якдигар танида шуда бошад. Чунонки беҳбуд дар кори яке беҳбуд дар кори дигареро низ дар пай хоҳад дошт. Ҳамсӯӣ ва наздикии ҳарчи бештари ин ду кишвар ва мардумони ҳамтабори он орзуи деринаи некандешон ва кунишгарони меҳандӯсти ҳарду кишвар аст ва забони порсӣ ба фарноми (унвони) бармонде (меросе) куҳан ва ҳанбозин метавонад нақши пуррангеро дар ин ҳамсӯӣ бозӣ кунад. Аз ҳамин рӯ, коргурӯҳи пойиши “Порсӣ Анҷуман” ба гунае нумодин ва ҳамгироёна нахустин котаи (мавриди) пойиши худро аз миёни расонаҳои кишвари Афғонистон баргузидааст ва бисёр хурсанду сарафроз ҳастем, ки бар пояи санҷаҳо (меъёрҳо)-и мо (инҷо) ин расона (Тулӯъ Нюз) дар ҷойгоҳи расонае “нековард” қарор гирифтааст.

Дастоварди пойиш

Пойишгар дар нахустин бархурд пурнигар (мутаваҷҷеҳ) мешавад, ки вожагони корбурдии муҷриҳо ва ҳатто меҳмонҳои порсигӯи ин шабака бо вожагони корбурдӣ дар забони порсӣ дар Эрон бисёр наздик аст. Ин наздикӣ то ҷоест, ки агар аз порае дигарсониҳо (тафовутҳо)-и лаҳҷаӣ бигзарем, забону вожагони бакоррафта дар ин шабака каму беш дигарсоние бо порсии бакоррафта дар Эрон надорад. Чи басо пурсунагӣ (диққат) ва пурнигарӣ (таваҷҷуҳ)-и гардонандагони ин шабака дар парҳез аз корбурди вожагони бегона дар котаҳое (мавридҳое) бисёр бештар аз муҷриҳо ва нивисандагони шабакаҳои телевизиюнии Эрон аст.

Корбурди шуморе аз наввожагони порсӣ ва парҳез аз корбурди ҳамугҳо (баробарҳо)-и бегонаи онҳо, бавижа аз сӯи муҷриён ва нивиштаҳои зернивиси ин шабака пойишгарро ба ин боровард (натиҷа) мерасонад, ки мудирону барномасозони ин шабака огоҳона дар роҳи посдорӣ аз забони порсӣ гом бармедоранд, чунонки бешукам ҳамаи вожагони нишондори бегона ё дар огаҳиҳои таблиғотӣ ё аз забони меҳмонони барномаҳо шунида мешавад. Барои намуна, агарчи бештари меҳмонҳо ва ҳатто гоҳ муҷриҳои шабака аз вожаи “тарзулъамал” баҳра мебаранд, вале дар зернависҳои хабарӣ ба ҷои ин вожа “коршева” ба кор меравад.

Пойишгар бар пояи коршеваи пойиш вожагони пойишшударо ба панҷ даста бахш мекунад (дар ин дастабандиҳо санҷаи пойишгари забони порсӣ дар Эрон аст):

1. Вожагони нишондори бегона: бойсикел

2. Вожагони ниманишондори бегона: меконизм

3. Вожагони бегонаи бенишон дар забони порсӣ: систем

4. Вожагони порсии ниманишондор (ин феҳрист дар инҷо дарбаргирандаи вожагони бархоста дар солҳо ё даҳаҳои гузашта дар Эрон низ мешавад): шаҳрванд

5. Вожагони порсии нишондор: ҳаросафкан

1. Бойсикел – дучарха; пуруса – фароянд; мустафид – баҳраманд; ургон – ниҳод; проблем – мушкил; пуругром – барнома

2. Меконизм – созукор; шифт (дар бофтори бакоррафта ба маънои навбат: дар ҳар шифт 50 тим раванди корро баррасӣ мекунанд) – навбат, пасто; проблем – мушкил; систем – сомона, рожмон; мактаб – дабистон.

3. Кумисиюн/ шоҳидони айнӣ/ байналмилалӣ/ буҳрон/ фоҷеъа/ мудохила/ тақаллуб/ ихтилоф/ ихтилофи назар/ шиъор/ тавофуқ/ адами тавофуқ/ тақсим/ тим/ ботил мурдан/ ибтол/ тарафи муқобил/ шаффофият/ низомӣ/ ғайринизомӣ/ амният/ опортмон/ пуружа.

4. Кампайн – корзор; кондидо – номзад; назарот – дидгоҳҳо; ҳадаф – омоҷ; номуваффақ – ноком; кофӣ – басанда; демукросӣ – мардумсолорӣ; бар ин асос – бар ин поя; марҳила – гом; тарзулъамал – коршева; нуфус – мардум

Ҳавопаймо, рӯйкард, болгард, Ховари Миёна, пажӯҳишгар, шаҳрванд, оташбас, бозпахш, ситод, намоянда, раванд, баҳрабардорӣ, фурӯдгоҳ, систем (сомона)-и падофанди ҳавоӣ, барнома.

5. Чошт – зуҳр; пас аз чошт – баъд аз зуҳр (дар Эрон чошт дар гӯишҳое дар маънои пеш аз зуҳр ба кор меравад. Дар гӯиши лурӣ пас аз зуҳрро “ӣвора” ва дар гӯишҳои марказии Эрон “пасин” мегӯянд); ҳаросафкан – терурист; пешкаш кардан – ироа кардан (кондидоҳои муҳтарам тарзулъамале пешкаш мекунанд); кундкорӣ – ба таъхир уфтодан, ақаб уфтодани барнома; банд – сад; меҳрубонӣ – лутф; ҷангафзор – силоҳ; мӯшикофии рӯйдодҳои доғ – таҷзия ва таҳлили рӯйдодҳои доғ (муҳим, маҳанд); парво – таваҷҷуҳ; афзоиши бепешина – афзоиши бесобиқа; хабари бедиранг – хабари фаврӣ.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*