Мазоҳири Мусаффо: Хонларӣ устоди бебадили рӯзгори мо буд

M.MosaffaМитро Фирдавсӣ ва Бузургмеҳр (Масъуд)-и Луқмон – Парвизи Нотили Хонларӣ – адиб, забоншинос, мунтақид, шоъир ва нивисандаи муъосир – ба соли 1292-и хуршедӣ дар Теҳрон зода шуд ва дар якуми шаҳривармоҳи 1369 зиндагиро бедруд гуфт.

Падари эшон Абулҳасани Эътисом-ул-мамолик узви Вазорати хориҷа ва модари ӯ Салимаи Кордори Мозандаронӣ буд. Хонларӣ назди падар ва муъаллими сархона (хусусӣ) донишҳои нахустинро омӯхт ва сипас дар дабиристонҳои Сан Лӯӣ ва Дорулфунун онҳоро пай гирифт.

Дар соли 1322 аз донишномаи дуктурои худ ба роҳнамоиии Бадеъуззамони Фурӯзонфар ва бо ҳузури устодони барҷастае чун Маликушшуъарои Баҳор ва Аҳмади Баҳманёр бо дараҷаи бисёр хуб дифоъ кард. Эшон дар солҳои 1327 то 1330 дар Донишкадаи адабиёти Сурбун дар Анституи фунетик (овошиносӣ) ба мутолеъоти забоншиносӣ пардохт. Хонларӣ аз соли 1322 даст ба интишори маҷаллаи “Сухан” зад ва пас аз ду давраи интишор ба иллати сафари Урупо ин маҷалларо таътил кард ва онгоҳ дар бозгашт аз Урупо “Сухан”-ро, ки ҷиддитарин маҷаллаи рӯшанфикрии Эрон то имрӯз ба шумор меояд, то соли 1357 мунташир кард.

Яке аз хадамоти муҳимми Хонларӣ ба фарҳанги Эрон роҳандозии Бунёди фарҳанги Эрон дар соли 1344 буд, ки бо ҳамкории пижӯҳишгарони барҷастаи он замон оғоз ба кор кард. Ин бунёд беш аз 300 унвон аз мутуни муҳимми илмӣ, адабӣ, торихӣ ва… Эронро ба чоп расонд. Хонларӣ ҳамчунин дар кисвати вазирии фарҳанг, риёсати Фарҳангистони адабу ҳунар, риёсати Пижӯҳишкадаи фарҳанги Эрон, мудирикуллии Созмони пайкор бо бесаводӣ ва соири пешаҳои давлатӣ ба фарҳанги Эрон хадамоти шоёни таваҷҷуҳе кард.

Аз китобҳои муҳимми дуктур Хонларӣ, ки шуморашон наздик ба 30 асар аст, метавон ба “Дастури забони форсӣ”, “Торихи забони форсӣ”, “Фарҳанги торихии забони форсӣ” ва “Ғазалҳои Ҳофиз” ишора кард.

Ончи дар пай меояд, гуфтугӯи мо бо дуктур Мазоҳири Мусаффо, устоди пешини донишгоҳ, шоъир ва мусаҳҳеҳи номӣ, ки ин рӯзҳо бадушворӣ бархе аз ёдҳо ба хотирашон меояд, дар бораи дуктур Парвизи Нотили Хонларӣ ва хадамоти ӯ ба фарҳанги Эрон аст.

—————————-

♣Гуфтугӯ бо дуктур Мазоҳири Мусаффо дар бораи дуктур Парвизи Нотили Хонлариро аз “инҷо” бишнавед♣

—————————-

Нахустин дидоратонро бо устод Хонларӣ ба ёд доред?

Дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон донишҷӯи эшон будам. Нахустин дидорро ба ёд надорам, аммо бояд бигӯям, ки эшон фақат устоди адабиёт набуданд, эшон илова бар ин ки монанди дигар устодони он замон дорои фазоили илмӣ буданд, шоъири пуровозае низ буданд. Хонларӣ ҳам бисёр соҳибзавқ буду салиқаи адабии хубе дошт ва ҳам бисёр донишҷӯпарвар буд. Агар дар касе завқе медид, ӯро ташвиқ мекард. Ташвиқҳои Хонларӣ мӯҷиби шукуфта шудани завқи адабиву шоъирии бисёре аз донишҷӯёни ӯ шуд. Эшон сари клосҳо ба донишҷӯён майдон медод.

Хонларӣ чи вижагиҳое дошт, ки чунин ёду номи ӯ бар тораки фарҳанги Эрон медурахшад?

Эшон устоди мусаллами забону адаби форсӣ буд, ки баъд аз вай ба он маъно устоде мусаллат бар мутуни форсӣ нест. Вай бисёр хушчеҳра, хушсухан ва хушлибос буд. Ҳамин оростагии зоҳир мазид (илова) бар оростагии забон ва шеъри эшон шогирдонашро ташвиқ мекард, ки бо алоқа пойи дарсаш биншинанд.

MosaffaКудом шеъри Хонлариро бештар меписандед?

Хонларӣ ашъори зиёде аз хеш ба ҷой нагузошта, аммо ҳамонҳо низ аз беҳтаринҳои ашъори форсӣ аст. Манзумаи “Уқоб”-и эшон аз намунаҳои мунҳасир ба фарди шеъри форсӣ аст ва ман низ ин шеърро ҳам аз назари аносири адабӣ ва ҳам завқи фаровоне, ки дар он нуҳуфтааст, бисёр дӯст дорам ва меписандам.

Вижагии шеъри “Уқоб” чист, ки ин ҳама бад-он меҳр меварзед?

“Уқоб” байт ба байт парвоз аст. Ин шеъри мутаъолӣ аст. Дар кулли мазомини шеърии ӯ унсури тозагӣ ва халлоқият мавҷ мезанад. Хонларӣ соҳибсабк ва шоъире навгарост ва албатта нақши устодоне, монанди устод Фурӯзонфар ва устод Ҷалолиддини Ҳумоӣ, дар касби ҷойгоҳе, ки Хонларӣ дар арсаи адаби Эрон ба худ ихтисос дода, бешак нақше пурранг ва асаргузор будааст.

Донишгоҳҳои мо дигар истеъдоди парвардани амсоли Хонлариро надоранд, ҳатто истеъдоди парвардани шогирдони ӯро ҳам надоранд.

Мутаассифона, бояд ишора кунам, ки донишгоҳҳои мо дигар истеъдоди парвардани амсоли Хонлариро надоранд, ҳатто истеъдоди парвардани шогирдони ӯро ҳам надоранд. Шояд иллати он ҳам ин бошад, ки маъишат гиребони мардумро гирифтааст ва он кас, ки даргири маъишат шуд, дигар наметавонад дунболи маънавият биравад ва имрӯза касе дигар ба ин қисм завқиёт ва таҳқиқу тафаҳҳус дар мутуни адабӣ намерасад, чиро ки маъишат бунёни зиндагии мардум шудааст.

Аммо хушбахтона ҳанӯз ҳам устодоне ҳастанд, ки чироғи фарҳангу адаби Эронро зинда нигаҳ доштаанд.

Мо набояд ба истисноҳо иктифо кунем. Ҳисоби навобиғ аз дигарон ҷудост. Дар торих агар бингаред, хоҳед дид, монанди Фирдавсӣ, ки ҳамаи умрашонро бар сари асарашон гузоштаанд ва бо тангдастии молӣ дасту панҷа нарм кардаанд, кам набудаанд, аммо ҳисоби ин бузургон ҷудост.

Рӯзгоре буд, ки ҳама медонистанд агар Деҳхудо рафт, Муъине ҳаст ва агар Муъин рафт, Хонларӣ ҳаст, аммо ҳангоми марги ин бузургвор эҳсос кардам дигар касе дар қадду қавораи Хонларӣ нахоҳад буд.
Рӯзгоре буд, ки ҳама медонистанд агар Деҳхудо рафт, Муъине ҳаст ва агар Муъин рафт, Хонларӣ ҳаст, аммо ҳангоми марги ин бузургвор эҳсос кардам дигар касе дар қадду қавораи Хонларӣ нахоҳад буд.

Масъала ин аст, ки имрӯза имкони рушди истеъдодҳо ва завқи шоъирӣ ва таҳқиқҳои муътабари адабӣ камранг шудааст. Дуруст аст, ки ниёзе нест ҳамаи мардум завқи адабӣ дошта бошанд, аммо бояд бидонем, ки ҳаёти фарҳангии як миллат манут (вобаста) ба доштани бистаре муносиб барои парвардани навобиғи фарҳангӣ ва адабӣ аст. Як миллат агар амсоли бузургоне чун Хонларӣ надошта бошад, пойдор намемонад.

Беш аз он ки Хонлариро ба шоъирӣ бишносанд, ба ин ки вай мунтақиди адабӣ будааст, мешиносанд. Дар бораи ин ваҷҳаи эшон бароямон бигӯед.

Бале! Хонларӣ як мунтақиди адабии бисёр чирадаст буд. Хонларӣ ҷузви нахустин касоне буд, ки нақди адабиро ба сурати ҳирфаӣ дар Эрон шурӯъ кард. Хонларӣ ба тамоми маъно наққод буд.

Дар бораи маҷаллаи “Сухан”, ки муҳиммтарину ҷиддитарин маҷаллаи рӯшанфикрии торихи муъосири мост ва хидмате, ки устод Хонларӣ аз ин роҳ ба фарҳанги Эрон кард, бифармоед.

Бибинед, кашфу парвариши завқи ҷавонон худаш бузургтарин хидмат аст. Яъне ҷавонони як мамлакат, ки дорои завқанд, як маркази таваҷҷуҳ пайдо кунанд. Вуҷуди маҷаллоте монанди “Сухан” ба ин маъност, ки ҷавонон ташвиқ мешаванд, ки дар роҳи адаб қадам бардоранд ва ба он алоқаманд шаванд.

“Сухан”, ки Хонларӣ мунташир мекард, аз беҳтарин маҷаллоти рӯзгор буд. Маҷаллае буд, ки парвариши истеъдод мекард.

Як миллат агар амсоли бузургоне чун Хонларӣ надошта бошад, пойдор намемонад.

Дарвоқеъ агар шеъре аз шоъире дар маҷаллаи “Сухан” чоп мешуд, барояш ба манзалаи ҷавози шоъирӣ буд. Ба ин маъно, ки он шоъир шоъирест, ки шеъраш арзиши чоп шудан дар маҷаллаи “Сухан”-ро ёфтааст.

Маҷаллаи “Сухан” ба мухолифу мувофиқ фурсати баҳсу ироаи назар медод ва ин худ кумаки бузурге ба тарвиҷу тавсеъаи забони форсӣ буд.

Дар мавриди шеъре, ки пас аз марги устод Хонларӣ дар рисо (сӯг)-и эшон сурудед, бигӯед.

Ин шеър, ки шеъри муфассалест, чаҳоруми шаҳривармоҳи 1369 дар рисои устод Хонларӣ суруда шуд, яъне дақиқан се рӯз пас аз марги эшон. Марги устод бисёр маро мутаассир кард. Ҳам ба ин иллат, ки эшонро, ки бузургтарин устодам дар тамоми он солҳо буд, аз даст дода будам, ва ҳам муҳиммтар ин ки медонистам бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои шеърии ҷомеъаи адабӣ марги эшон ба маънои марги як мактаби бебадил буд, чиро ки Хонларӣ устоди бебадили рӯзгори мо буд.

Чи чизе Шуморо он қадар мутаассир кард, ки чунин сӯгномаи мондагоре сурудед?

Хонларӣ як мунтақиди адабии бисёр чирадаст буд. Хонларӣ ҷузви нахустин касоне буд, ки нақди адабиро ба сурати ҳирфаӣ дар Эрон шурӯъ кард. Хонларӣ ба тамоми маъно наққод буд.

Рӯзгоре буд, ки ҳама медонистанд агар Деҳхудо рафт, Муъине ҳаст ва агар Муъин рафт, Хонларӣ ҳаст, аммо ҳангоми марги ин бузургвор эҳсос кардам дигар касе дар қадду қавораи дуктур Хонларӣ нахоҳад буд, ки бар маснади ӯ биншинад.

Ӯ рафту мо ҳам меравем.

Ҳарчи аз Хонларӣ ба ёди ман мондааст, ҳама хубӣ, некӣ ва ташвиқҳои роҳгушост.

————————————————-

*Зиндагиномаи дуктур Хонларӣ бо баҳра аз додаҳои китоби “Нақди беғаш”, маҷмӯъаи гуфтугӯҳои дуктур Садриддини Илоҳӣ бо дуктур Парвизи Нотили Хонларӣ, Омрико: Интишороти Ток; баргаҳои 47 ва 48 нивишта шудааст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

 

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*