Дар бораи вожаи порсии “олиш”

AleshДуктур Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ

Дар порсӣ вожае ҳаст, ки дар бисёре гӯишҳо ба кор меравад, вале дар забони расмӣ дида намешавад. Ин вожа “олиш” (āleš) аст ба чамор (маъно)-и “изва, бадал”. Ба ин намунаҳо отониш (таваҷҷуҳ) кунед:

Олиш (āleš) = иваз (оштиёнӣ)
Олиш кардан = иваз кардан (оштиёнӣ)
Алиш (aleš) = иваз ба ҷойи дигар (тотӣ, толишӣ)
Олиш = додуситад, мубодила, таъвиз (табарӣ)
Олшо кардан, олишҳо кардан = иваз кардан (табарӣ)
Олиш = ҷуфти раҳм пас аз зоимон (табарӣ)
Олу (ālu) = ҷуфти зоимон
Алиш (aleš), алӣш (ališ) = иваз, бадал (турбати ҳайдарияӣ)
Алӣш кардан = иваз кардан, либос иваз кардан (турбати ҳайдарияӣ)
Олаш (ālaš) = иваз (сангсарӣ)
Олӣш (āliš) = иваз (симнонӣ)
Олуш (āloš) = иваз (лосгирдӣ, сурхаӣ)
Алиш (aleš) = иваз, бадал (қоинӣ)
Алиш карда = иваз кардан, бадал кардан (қоинӣ)
Олиш (āleš)= иваз (кирмонӣ)
Олиш кардан = иваз кардан (қумӣ)
Олишӣ = иваз, иштибоҳӣ (қумӣ)
Олишт (ālešt) = иваз (лурӣ)
Олишт керде (ālešt kerde) = иваз кардан (лурӣ)
Олиштӣ = бачаи наҳиф, ивазшуда тавассути аҷинна (лурӣ)
Олишт = иваз (лакӣ)
Олишт кардан = иваз кардани чизе бо чизи дигар (лакӣ)
Алӣш (ališ) = иваз, тадбил (ҳазорагӣ, Афғонистон)

Ин вожа бо ин ки чунин корбурди густардае дар саросари паҳнаи Эрон дорад, дар вожаномаи Деҳхудо ҷойгоҳ ва дарёфти сазоворе наёфтааст. Ба кӯтоҳӣ бисёр мегӯяд:

Олиш: (туркӣ, алиф, мис) табдил, таъвиз

Ба шавоноӣ (эҳтимоли)-и бисёр, чизе ки Луғатномаро ба иштибоҳ андохта, таркиби “олиш-вариш” аст дар туркӣ ба чамори “додуситад”. “Олиш” дар туркӣ ба чамори “мегирем” аст, аз туркии озарии “âlmâx” ё “âlmâgh” (гирифтан) ва “вариш” аз “vermâgh” ё “vermâx” (додан). Ҳамчунин, дар Деҳхудо дарояи туркии “олиш-дегиш”-ро мебинем, ба чамори “бозаргонӣ, тиҷорат”, ки бахши дувуми он аз “degišmâx” “иваз кардан” аст.

Бар ҳар рӯй, ин “олиш”-и туркӣ ҳеч пайванде бо “олиш”-и порсӣ надорад ва мо дар ин гуфтор мекӯшем нишонаҳое ба даст диҳем дар ростои эронӣ будани ин вожа.

Бисёр шигифтангез аст, ки вожаи бегонае бе он ки дар порсии расмӣ-адабӣ корбурд дошта бошад, чунин дар гӯишҳои гуногуни порсӣ роҳ ёфта бошад.

Мо дар ин ҷо пеш мениҳем, ки “олиш” саранҷом аз пурво-эронии “­harH*” ба чамори “додуситад кардан, муъовиза кардан, тиҷорат кардан, хироҷ пардохтан” (Cheung 2007) меояд. Аз ин реша падидорона (зоҳиран) ҳеч вожае авастоӣ ё порсии бостон ба мо нарасидааст, вале дар забонҳои эронии миёна ва навин ду даста вожа аз он сарчашма мегиранд, яке бо пешванд, дигарӣ бе пешванд.

1. Гурӯҳи пешванддор: вожаи порсии гавҳар (guhar), гуҳарӣ (gohari), гаҳул (gahul), гаҳулидан (gahulidan) ба чамори “бадал кардан ва иваз кардан” бошад. Ин вожа аз пурво-эронии “*hi-harH-” меояд. Дар курдӣ (курмонҷӣ) “guhér”, “guhérin”, “guhartin”, “gōrin” ва (суронӣ) “gōrān”, “gōr-” ба маънои “иваз кардан, бадал кардан” ба кор меравад. Дар гуронӣ “gurγān” “иваз кардан”. Ин вожа ҳамчунин дар фарҳангҳо ба десаи “калуҷ, калуҷидан, калуч, калучидан” забт шудааст.

Вожаи порсии миёнаи “wihīr” – “тағйир, дигаршуд” низ аз они ин гурӯҳ аст.

2. Гурӯҳи бепешванд: Дар порсии миёна “harg” ва “halg” “вазифа, боҷ, хароҷ, кор, кӯшиш”. Ин вожа ба арабӣ рафта ва ба десаи “харҷ” ва “хароҷ” ба порсӣ бозгаштааст. Дар суғдӣ “arsk” ба маънои “кор, куниш”, дар яғнобӣ “ark” “кор”, дар ядғаӣ “horγ”, дар мунҷӣ “hōr(g)” “кор” ва дар хутанӣ “hära” “чиз, дороӣ”.

“Олиш” ба ин гурӯҳи дувум пайванд дорад ва фаргашти десиш (ташкил)-и он чунин аст:

*harH-  → *arH- → *ark- (монанди яғновӣ)→ *alk-  → alš

Худово (мусавват)-и оғози метавонад буланд бошад ё кӯтоҳ ва да ҳамово (сомит)-и л ва ш-ро худовоҳои у, а ва и аз ҳам ҷудо мекунанд, баста ба гӯиш.

Мо дар порсӣ ба вожаи олиш ва карвоз (феъл)-и он “олишидан” ниёз дорем. Дар “Фарҳанги решашиносии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик” яке аз ҳамуг (муъодил)-ҳои “change” “олиш, олишидан” аст. Ҳамчунин, “гаҳул, гаҳулидан” барои “exchange” ба кор рафтааст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

  • Имконоти вожасозӣ дар забони порсӣ (2)Имконоти вожасозӣ дар забони порсӣ (2) Форсӣ аз назари имконоти вожасозӣ забонест пурмоя ва сохтмони таркибии вожа дар он мояи бисёр барои […]
  • Вожасозӣ дар чанд марҳила (7) Барои як мафҳум ё истилоҳ дар марҳилаи нахуст чи басо баробарии дуруст ё кӯтоҳу расо ёфт нашавад ва ин кӯшиш […]
  • Вомвожаҳо ва зурвожаҳоВомвожаҳо ва зурвожаҳо Забони порсӣ дар замонҳои шоҳаншоҳиҳои ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ бо забонҳои эломӣ, бобилӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, […]
  • Тот ва тотӣ ва тоҷик Равоншод пруфесур Моркворти олмонӣ вожаи “тоҷик”-ро сиришта аз ду баҳри “то” (=зердаст) ва “чик” (=адоти […]
  • Дар бораи пешванди “ҳо-“ “Ҳо-“ яке аз пешвандҳои камшинохтаи порсӣ аст, ки ҳам дар бофа (матн)-ҳои куҳани порсӣ дида мешавад ва ҳам […]
  • ГелосГелос Гелос дар забони порсӣ номи меваест аз хонаводаи олу ва аз радаи олболу (олуболу), ки маъмулан ширин аст. […]
0

Бифирист

.


*