Шаҳрбароз
Гелос дар забони порсӣ номи меваест аз хонаводаи олу ва аз радаи олболу (олуболу), ки маъмулан ширин аст.
Шакли онро дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) ва порсии куҳан пайдо накардам, аммо дар забони юнонӣ ба дарахти ин мева “kerasos” гуфта мешавад, ки шабоҳати наздике ба вожаи “гелос” дорад. Решаи вожаи юнониро аз забонхои Осиёи Кеҳтар (Фругия ё Фригия = Phrygian) донистаанд.
Аммо аз ҳафтод-ҳаштод соли гузашта вожаи гелос баиштибоҳ барои номидани ҷом низ ба кор рафтааст ва бавижа ба ҷои ҷоми шароб дар Эрон “гилоси шароб” истифода мекунанд. Ин истилоҳи иштибоҳ дар Фарҳанги Деҳхудо низ омадааст.
Дар Фарҳанги инглисӣ-форсии Сулаймон Ҳайим низ барои “glass” пас аз ҷому ливон истилоҳи “гилос” омадааст ва дар Фарҳанги фаронса-форсии Саъиди Нафисӣ ҳам дар баробари “verrs” илова бар ҷом ва ливон ва истакон ҳамин “гилос” оварда шудааст.
Маликушшуъарои Баҳор дар қитъае мегӯяд:
Гар беш хурам май аз се гилос,
Бим аст, ки қалб гирад омос.
Ба назари ман, ин иштибоҳ ба хотири талаффузи ғалати вожаи инглисии “glass” аст, ки дар порсӣ боясти ҳамон ҷом гуфта мешуд ва ё ҳатто овонивисии он ба сурати “глас” ё “глос” аст, на “гилос”.
Аммо меваи гелос лар забони инглисӣ “cherry” гуфта мешавад, ки он ҳам натиҷаи бардошти иштибоҳи инглисизабонон аз вожаи аслии фаронсавӣ ё лотин аст.
Ин вожа дар забони инглисӣ вомвожаест аз забони фаронса, яъне “cerise” (дар фаронсаи куҳан “cherise”) ва дар инглисии куҳан ба шакли “ciris” будааст. Инглисизабонон онро ҷамъ пиндошта ва муфради онро ба сурати “cherry” дароварда ва дар забони худ ба кор мебаранд.
Нуктаи ҷолиби дигар дар бораи ин мева он ки дар фарҳангҳои порсӣ таърифи онро “олболуи ширин” нивиштаанд, аммо дар забони инглисӣ ба олболу “гелоси турш” (sour cherry) гуфта мешавад.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист