Боргирии ройгони “Фарҳанги Рашидӣ” дар ду пӯшина

فرهنگ رشیدیҲусайнии Мадании Татавӣ, Абдуррашид писари Абдулғафур (1337); Фарҳанги Рашидӣ ба ҳамроҳи муъарработ; ду пӯшина; пажӯҳиш ва виростории Муҳаммади Муҳаммадлӯи Аббосӣ; Теҳрон: Китобфурӯшии Боронӣ

“Фарҳанги Рашидӣ” дар соли 1064-и қамарӣ дар Ҳиндустон ба хомаи Абдуррашид писари Абдулғафури Ҳусайнии Мадании Татавӣ аз мардуми Татаи Синд нивишта шудааст.

Вожагони омада дар “Фарҳанги Рашидӣ” аз пижӯҳиш дар нивиштаҳо ва чомаҳои куҳани порсӣ баргузида шудаанд ва аз ин нигар, ин фарҳанг аз барҷастатарин фарҳангҳо дар ин замина ба шумор меояд.

Аз дигар нивиштаҳои нивисандаи “Фарҳанги Рашидӣ” метавон ба “Рисолаи муъарработ ва мунтахаб-ул-луғот” ба забони тозӣ ишора кард, ки нишонгари чирагии нивисанда ба ин забон аст ва аз ин рӯ, тавониста вожагони порсие, ки дар забони арабӣ омадаанд ва ҳамчунин чигунагии арабӣ шудан (таъриб)-и онҳоро бипижӯҳад ва баррасад.

Дар дебочаи ин фарҳанг нуктаи шигифте дида мешавад ва он ин аст, ки нимаи оғозини дебоча ба порсии сара аст ва нимаи дигари он чунин нест. Дебочаи “Фарҳанги Рашидӣ” ин гуна оғоз мешавад:

“Ситоише, ки ороиши сарномаи ҳар сухан ва пероиши дебочаи ҳар наву куҳан ва барозиши хомаву омаи хирадмандон ва тарозиши номаву чомаи донишписандон тавонад буд, мар довареро, ки санги фарҳанги худовандони ҳушу ҳанг дар тарозуи сипосдорияш бесанг ва ранги берангсозони аржанги сухан ва чеҳрагушоии нигорандагони пайкари ҳар анҷуман дар корхонаи ситоишгузорияш беранг.

Ҷое ки шевозабонон, ки шевоии шеваи ишон ва бешии донишу пешии сухан пешаи ишон аст, бо газофи ҳамадонӣ ва лофи шевозабонӣ дар афдистои он додори беҳамолу ҳамто ва офаридгори ягонаву якто, чун савсани озод бо даҳ забон лолу безабон ва чун шамшод бо бисёрии шоху барг осемасару парешон бошанд, мани безабони ҳечмадон дар ин боргоҳи буландпоягон ҷуз хомушӣ ва беҳушӣ чи ёра ва ҷуз фурӯмондагӣ ва уфтодагӣ чи чора?…”

Дар бораи Фарҳанги Рашидӣ дар Донишномаи Иронико ба “инҷо” бингаред.

Пӯшинаи нахусти Фарҳанги Рашидӣ (дар 821 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт)-ро аз “инҷо” ва пӯшинаи дувуми онро (дар 799 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт) аз “инҷо” боргирӣ фармоед.


Дигар наскҳои Порсӣ Анҷуман

 Порсии Сара

… (1390); Вожаномаи порсии сара; Фарҳангистони забони порсӣ, Боргирӣ аз “инҷо” (ду мегобойт)

Партав, Абулқосим (1377); Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожагони бегона); се дафтар; чопи дувум. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Ҷалолӣ, Таҳмурас (1354); Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара); китобхонаи Ибни Сино; чопи нахуст. Боргирӣ аз “инҷо” (13 мегобойт).

Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319); Теҳрон: Дабирхонаи Фарҳангистон. Боргирӣ аз “инҷо” (5 мегобойт).

Фарҳанг

Амид, Ҳасан (1389); Фарҳанги форсии Амид. Боргирӣ аз “инҷо” (6 мегобойт).

Имомшуштарӣ, Муҳаммадъалӣ (1347); Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ; Теҳрон: Анҷумани осори миллӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (16 мегобойт).

Афнон, Суҳайли Муҳсин (1969); Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин); Бейрут: Дорулмашриқ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт)

Ҳусайни Мадании Татавӣ, Абдуррашид писари Абдулғафур (1337); Фарҳанги Рашидӣ ба ҳамроҳи муъарработ; ду пӯшина; пижӯҳиш ва веростории Муҳаммади Муҳаммадлуи Аббосӣ; Теҳрон: Китобфурӯшии Боронӣ. Боргирии пӯшинаи нахуст аз “инҷо” (дар 821 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт) ва пӯшинаи дувум аз “инҷо” (дар 799 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт).

Торихи забон ва дабираи порсӣ

Нотили Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се дафтар. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Беҳрӯз, Забеҳ (1363); Хат ва фарҳанг; чопи дувум; Фурӯҳар. Боргирӣ аз “инҷо” (238 рӯя ва 4 мегобойт).

Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ

… (1391) Вожаномаи кӯчаки порсии миёна; Фарҳангистони забони порсӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (4 мегобойт).

Касравии Табрезӣ, Аҳмад (1325); Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон. Боргирӣ аз “инҷо” (1 мегобойт)

Барои боргирии наскҳои дигар ё ошноии бештар бо ин дафтарҳо ба Китобхонаи Порсӣ Анҷуман бингаред.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*