Устод Дориюши Ошӯрӣ
Ин ки ин ҳама дар бораи забони форсӣ менивисему мегӯем, нишонаи буҳрони жарфест, ки дар матни фарҳанги мо ҷараён дорад ва буҳрони фарҳанг худро дар буҳрони забон менамоёнад ва буҳрони забони худро дар пурсуханӣ дар бораи забон.
Ин ки забони нигоришии форсӣ барои мо ҳамчун чизе табиъӣ ва фародаст ё ҳамчун зистбум ё хонаи ошнои падарӣ нест ва басо ҳангом ғариб менамояд; ин ки мо ҳамчун моҳӣ дар ин об шиновар нестем, то ки аз шиддати наздикии об дигар худ дида нашавад, балки зиндагии бемиёнҷӣ дар он ҷараён дошта бошад; ин ки чун бутимор бар каронаи ин дарё нигарони тамом шудани онем; ва саранҷом, ин ки бо ҳамаи гуфтанҳову нивиштанҳо дар ин бора боз ҳам гуфтану нивиштан коре бероҳ ва сухане беҳуда нест, инҳо ҳама нишонаи он аст, ки мо дар бистари табиъии худ нестем, ки ин ҳама бехобу бетобем. Пас, чи бок агар ки боз ҳам гуфтаҳоро бозгӯем ва нивиштаҳоро бознивисем? Зеро дар миёни он чи гуфтаанд, ҳарфи дурусту дақиқ ва аз сари пижӯҳиш камтар задаанд ва дар ин бора ҳарф ҳанӯз бисёр аст ва кудом кас метавонад муддаъӣ бошад, ки ҳарфи охирро задааст?
Асли масъала
Гирифтории мо дар боби забони форсӣ дар бархурд бо тамаддуни мудерн ва ниёзҳои забонии он ду реша дорад: яке марбут ба сохти забони форсӣ ва тавонмандиҳову нотавониҳои он аст, ва дигарӣ марбут ба забони насри форсӣ. Он чи акнун дар ин гуфтор бад-он мепардозем, ҳамин масъалаи насри форсӣ аст, ки дар тӯли чандин сада фарозу нишеби бисёр дошта ва ҳар кас, ки имрӯз дасте ба қалам мебарад, ба ҷиҳате гирифтори ин мероси гузашта аст, ки тамомии он мероси табиъии забон ва ҳосили густариши торихии он нест, балки бисёре аз он меросест, ки бозигӯшони кажнивис барои мо гузоштаанд.
Бузургтарин гирифтории насри форсӣ ҷудоии андак-андаки забони гуфтору нивиштор аз якдигар аст, ки кори он ба саранҷоми ҷое расид, ки гӯӣ ду забони ҷудо аз ҳаманд. Бегумон дар ҳар забоне ин ҷудоӣ то ҳудуде ҳаст, аммо дар забони форсӣ ба сурати як бемории куҳна даромадааст. Ин масъала худро ҷое бахубӣ нишон медиҳад, ки мардуми одӣ мехоҳанд чизе бинивисанд. Масалан, дукондоре мехоҳад як огаҳӣ ба дари дӯкони худ бичасбонад. Ӯ ҳангоме ки қалам дар даст мегирад, то чизе бинивисад, содатарину табиъитарин иборатеро, ки ба зеҳнаш меояд, наменивисад, балки дунболи як иборати печида ва қулунба мегардад, ки эй басо ноҳанҷор ва масхара аз кор дармеояд. Иборати аҷиби “Истеъмоли духониёт акидан мамнӯъ!” намунаи ошкоре аз коркарди зеҳниятест, ки вақте мехоҳанд чизе бинвисанд, ба чи ҷоҳои дуру шигифт, ки намеравад! Ин иборат вогардони як иборати содаи инглисӣ аст, яъне “дуд накунед (don’t smoke)!”, ки муъодили фаронса ва олмонии он ҳам ба ҳамин кӯтоҳию содагӣ аст ва бевосита аз забони гуфтор ба нивиштор даромадааст. Аммо он касе, ки хостааст ин иборати кӯтоҳу содаро ба форсӣ баргардонад, ҳаргиз ба хотираш намегузаштааст, ки онро метавон ба ҳамон содагию осонӣ бар форсӣ баргардонду нивишт: “Дуд накунед!” ё “Сигор накашед!” Зеҳни ӯ мебоист даҳҳо фарсанг аз осонию содагию наздикии забон дуртар биравад, то чунин иборати аҷиберо ба армуғон оварад: “Истеъмоли духониёт акидан мамнӯъ!” Охир кудом форсизабоне “духониёт”-ро “истеъмол” мекунад, ки эшон моро аз ин кор манъ мефармоянд!
Ин ки шикоят мекунанд, ки ҷавонони дарсхондаи мо аз нивиштани як нома ба фалон идора нотавонанд, ин гуноҳи ин ҷавонон нест, ки забони ҷаълӣ ва пурпечутоби аҳли идораро намедонанд ва истилоҳоти “тавқиран ифод мегардад” ё “мутаъоқибан ирсол мегардад” ё “таҳқиқот ба амал оваред” ва бисёре чизҳои бадтар аз инро намешиносанд, чун ин забон робитае бо бистари табиъии забон, яъне забони гуфтор надорад ва забонест ҷаълӣ, ки танҳо ҷаълкунандагонашон онро мефаҳманд (агар ки бифаҳманд); забоне, ки дар он як феъли дурусту баҷо камтар ба кор бурда мешавад. Ҷавоне, ки мехоҳад як нома бинивисад, одат надорад, ки ба хостгоҳи табиъиву содаи забон, яъне забони гуфтор, рӯй кунад. Яъне ончиро ки баосонию басодагӣ ба зеҳнаш мерасад, бинвисад, балки омӯхтааст, ки ҳангоми нивиштан бояд ба дунболи иборатҳои ғарибу қолабӣ ва ҷаълӣ бигардад ва инҷост, ки ӯ ҳамчунон дармемонад ё ҳамон кори масхараеро мекунад, ки он дукондоре, ки мехоҳад дар дуконаш тиккаи коғазе барои огоҳӣ бичасбонад, ва ё он доғдидае, ки мехоҳад бо забони шикаста паёме аз роҳи рӯзнома ба марҳуме дар он дунё бифиристад. Ин шикофи жарф миёни забони гуфтан ва нивиштан аз куҷо пайдо шудааст?
А. Вайронгарони насри форсӣ
Хидмати бузурге, ки амирони Сомонӣ ба қавми эронӣ карданд, зинда доштани забони форсӣ дар нигориш буд. Ва бо ин кор мо бо он ки ислом овардем, араб нашудем. Боре, ин қадар ҳаст, ки ин забон форсӣ монд ва мо форсизабон мондем. Аммо авҷ гирифтани офариниши фарҳангӣ дар ҳавзаи тамаддуни исломӣ ва бавижа дар Эрон ва ҳарчи дуртар шудани мо аз гузаштаи пеш аз ислом ва аз ёд рафтани ёдҳои он ва боло гирифтани кори хушкандешии динӣ ва чирагии амирони турки навмусалмон ва ривоҷи завқу салиқаи араб дар адабиёт ва тақлид аз он сабаб шуд, ки забони форсӣ ба омезиши ҳарчи бештар бо арабӣ бигарояд. Ин омезиш монанди ҳар пайванду омезише миёни хунҳои бегона нахуст аз ҷиҳатҳое судманд буд ва ба ҳар ҳол забони форсӣ борвартар шуд ва муште аз “алфанҷидан”-ҳо ва “алфағтидан”-ҳои худро аз даст дод ва гурӯҳе аз вожаҳои нарму сабук ва дархури тамаддуни исломӣ ва низ вожаҳои марбут ба забони истилоҳиро аз арабӣ вом гирифт. Аммо ҳарчи ҷилавтар омадем, пофишорӣ дар бар кор бурдани вожаҳову истилоҳоти арабӣ дар форсӣ корро ба ҷое расонд, ки забони форсиро фалаҷ кард ва насре беморгуна ва норасо ва пурпечухам ба вуҷуд овард, ки дастмояи донишфурӯшии муншиён шуд. Кори омехтани беш аз ҳадди забони форсӣ бо арабӣ на танҳо ба хотири донишфурӯшӣ ва вазнабардории муншиёна, балки коре буд бар ҳасби дастур ва хушоянди касоне, ки арабидонӣ ва арабмаобиро “фазл” мешумурданд. Ва дар ин маврид дастикам як санади торихӣ дар даст дорем.
Дар Китобхонаи Малик дар Теҳрон рисолае ҳаст мансуб ба Абулфазли Байҳақӣ, нивисандаи номдори “Торихи Байҳақӣ”, ки дар он ба дабирони девонӣ дастур додааст, ки дар нивиштан ба ҷойи вожаҳои форсӣ чи вожаҳои арабӣ ба кор баранд. Сароғози ин рисола чунин аст:
“Ва ин фаслест аз расоили Абулфазл, шогирди Абӯмансури Мушкон, дабири Султон Маҳмуд, муштамил бар чанд сухан, ки дабирон дар қалам оранд. Бад-он ки ба ҷои “бистохӣ” (густохӣ) инбисот нивисанд:
Ва сипас баробарномае аз вожаҳо овардааст, ки ба ҷои чи чиз чи бинвисанд, ки муште аз онҳо аз ин қарор аст:
Ба ҷои шӯридагӣ изтироб нивисанд
Ба ҷои ёрӣ хостан истиғоса нивисанд
Ба ҷои зару сим моли сомит нивисанд
Ба ҷои растагорӣ халос нивисанд
Ба ҷои андеша таамул нивисанд
Ба ҷои орзумандӣ таманно нивисанд
Ба ҷои тарсонидан таҳдид нивисанд
Ба ҷои ёрӣ додан иъонат нивисанд
Ба ҷои оҳистагӣ тааннӣ нивисанд
Ба ҷои устуворӣ сиққа нивисанд
Ба ҷои хӯ сират нивисанд
Ба ҷои хонагиён аҳли байт нивисанд
Ба ҷои устувор муҳкам нивисанд
Ба ҷои баробар кардан муқовимат кардан нивисанд
Ба ҷои нерӯманд кардан тақвият нивисанд
Ба ҷои андешагӣ тағофул нивисанд
Ба ҷои марг вафот нивисанд
Ба ҷои ба хеш хондан истимолат нивисанд
Ба ҷои шитоб кардан таъҷил нивисанд
Ба ҷои хешовандон ақориб нивисанд
Ба ҷои бегонагон абоъид нивисанд
Ба ҷои фарёд (кумак) хостан истиғосат нивисанд
Ба ҷои бурдборӣ эҳтимол нивисанд
Ба ҷои меҳр ишфоқ нивисанд
Ба ҷои кори пӯшида мубҳам нивисанд
Ба ҷои бисёрӣ изъоф нивисанд
Ба ҷои пас муаххар нивисанд
Ба ҷои дӯстӣ мусодақат нивисанд
Ба ҷои дониста маълум нивисанд
Ба ҷои порсоӣ афоф нивисанд
Ва дар ҳудуди чаҳорсад вожа аз ин даст овардааст. Ва нуктаи чашмгир дар ин миён ин ки ба ҷои бархе вожаҳои сода ва пазируфтаи арабӣ дар форсӣ низ вожаҳои душвортар ва дуртари арабӣ овардааст, монанди:
Ба ҷои хиҷлат ташвир нивисанд
Ба ҷои фоида ситадан истифодат нивисанд
Ба ҷои фахр кардан мубоҳот нивисанд
Ба ҷои амал кардан тавлият нивисанд
Ба ҷои ҳақ ҷустан тақозо нивисанд
Ба ҷои ҳарисӣ кардан тарғиб нависанд (1)
(Барои феҳристи комили ин рисола нигоҳ кунед ба “Порсии нағз”, гирдоварии Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон 1330)
Ин санад нишон медиҳад, ки чигуна тақлид аз араб ва арабимаобӣ ба унвони фазл ривоҷ дода мешудааст. Дар “Торихи Байҳақӣ”, ки намунаи олии шевоӣ ва осону равоннивисӣ ва гаҳгоҳ шоъиронанивисӣ аст – ки дар рӯзгори мо шоъире чун Шомлу аз насри ӯ мояи шеър мегирад – аз он баробарномаи дастурӣ, ки ёд кардем, камтар чизе дида мешавад. Аммо ду нома аз Султон Масъуд ба Қадархон ҳаст, ба қалами Бӯнасри Мушкон, раиси девони расоил, ки ба насри форсии бисёр равону хуб нивишта шуда, аммо дар он вожаҳое низ ба кор рафтааст, ки нишонаи нуфузи он сиёсат ва дастур аст.
Аз он ҷумла аст: Мумолаҳат, мустаҳиқ, муъояна, олат ва иддат, мадрус, эъзоз, улфат, ғазофат, изноб, тӯлан ва арзан, зотулбайн, таъзиб, мусарраҳ, аъқоб, таъаллул, мудоҳанат, муҷомалат, азимат, нуъӯт, мавқуф кардан, иститлоъ, муҳорабат, мустафиз, муътамадон, мавоҳиб, ки нишонаи кор кардани он дастур аст.
Ва албатта, сад албата, ки ин сароғози кор аст ва тоза вожаҳои танҳо ва бархе феълҳои таркибии арабӣ-форсӣ ва бархе вижагиҳои дастурии арабӣ ба забон роҳ ёфта ва ҳанӯз рӯзгори ҳунарнамоии нивисандагони “насри маснӯъ” нарасида буд. (Дар мавриди нуфузи вожаҳо ва ҳамчунин бархе вижагиҳои дастурии арабӣ ба “Торихи Байҳақӣ” нигоҳ кунед ба “Сабкшиносӣ”-и Маликушшуъаро Баҳор, ҷилди дувум) Вале бо ин ки қарни панҷум оғози нуфузи ҳарчи бештари вожаҳои арабӣ дар форсӣ ва шурӯъи тақлид аз саҷъпардозиҳои арабӣ аст, душворгӯӣ ва дарозгӯӣ дар насри форсӣ писандида набудааст ва насре аз навъи насри тарҷумаи “Торихи Яминӣ”, чунонки сазост, бемазза ва беҳуда ва аҳмақона шумурда мешудааст. Чунонки Қобус дар нимаи нахусти садаи панҷум чунин менивисад:
Ва дар нома бояд, ки бисёр ғараз ва маъонӣ дар андак моя сухан ба кор барӣ [ … ] ва агар нома порсӣ бувад, порсии мутлақ манибис, ки нохуш бувад, хосса порсӣ, ки на маъруф бувад он, худ набояд нибишт ба ҳеч ҳол, ки худ ногуфта беҳтар аз гуфта бувад. Ва такаллуфҳои номаи тозӣ худ маълум аст, ки чун бояд кард ва андар номаи тозӣ саҷъ ҳунар аст ва хуш ояд, локин андар номаи порсӣ саҷъ нохуш ояд, агар нагӯйӣ, беҳтар бошад. Аммо ҳар сухане, ки гӯйӣ олӣ ва мустаъор гӯй ва мухтасар бояд гуфт…
(Қобуснома, Унсурулмаъолии Кайковус бинни Искандар бинни Қобус бинни Вушмгири Зиёр, Бунгоҳи тарҷама ва нашри китоб, Теҳрон, 1345)
Маликушшуъарои Баҳор дар бораи омехтагии беш аз андозаи насри форсӣ бо арабӣ дар зери унвони “Тундравии удабо дар идхоли луғоти араб” чунин менивисад:
Ва гуфтем, ки дар натиҷаи ин омезиш ва ихтилот ]форсӣ бо арабӣ[ забони форсӣ зоеъ нашуд, балки бар дарозо ва паҳно ва жарфои он дарафзуд ва аз он рӯ адабиёте зебо ва торихӣ аз ин забон ба вуҷуд омад.
Ин маънӣ то қарни чаҳоруму панҷум давом дошт. Аз қарни панҷум ба баъд тафаннун дар тақлиди удабои эронӣ аз тозӣ зиёдтар аз андоза ва ҳадди табиъӣ ривоҷ гирифт ва мувозана ва саҷъ ва ҷумлаҳои мутародиф, ки дар насри Балъамӣ ё дигарон базаҳмат ва банудрат метавонистем намунае аз онҳо пайдо кунем, дар қарни панҷум ба ҳадди вофир пайдо омад; хутбаҳои тӯлонӣ бо мувозана ва саҷъу қофия ва ибороте дорои ҷумлаҳои мутародиф ва итнобҳои хастакунандаи белузум ба вуҷуд омад ва барои ба ҷома бурдани ин мақосид ва ба ҳусул пайвастани ин тақолид ногузир шуданд, ки аз калимоту луғот ва амсолу ашъор ва ҷумлаи арабӣ вом намоянд. Ва ин маънӣ боъис шуд, ки насри форсӣ, ки дар қарни чаҳорум ва нимаи аввали қарни панҷум садӣ панҷ (панҷ дарсад) луғати тозӣ надошт, дар нимаи сонии қарни панҷум аз садӣ панҷоҳ низ таҷовуз кард ва дар қуруни шашуму ҳафтум ва ҳаштум то садӣ ҳаштод низ кашид. Ва ҳарчанд ин маънӣ, яъне афзунии луғати араб, дар ҳамаи таълифоти Эрон бо ин суръат пеш намерафт, масалан дар кутуби илмӣ ва ё дар кутуби афсона ва ё дар баъзи таворих ва ашъор нивисандагоне будаанд, ки ҳамвора риъояти иқтисор (аз ҳад нагузаштан) карда ва даст аз фасоҳат ва суҳулат ва равонии худ барнамедоштанд… Аммо сиёқи арабмаобӣ ва достони саҷъу қофия ва арабибофӣ дар миёни дабирону баъзи шоъирон ва муаррихон шуғли шоғил ва мояи гармии бозори адаб ва мӯҷиби бурузи фазлу ҳунар гардида буд ва саводи аъзами нивиштаҳо аз ин даст ва нухбаи муаллифот аз ин қумош буд.
(Сабкшиносӣ, ҷилди якум, Китобҳои Парасту, Теҳрон, 1349)
Гусехтагии риштаи робитаи забони гуфтор ва нивиштор аз садаи шашуми ҳиҷрӣ ба баъд ва бозича шудани забон дар дасти забонбозон, хостгоҳи ҳамаи фоҷеъаи фасоди насри форсӣ аст ва ин фоҷеъаро бо ин қиёс метавон беҳтар дарёфт, ки забони муқаддимаи “Шоҳнома”-и Абӯмансурӣ, ки куҳантарин матни монда аз форсии дарӣ аст, бо забони имрӯзии мо фосилае чандон надорад ва ҳар форсизабони босавод метавонад онро бихонаду бифаҳмад, аммо забони Мирзо Насруллоҳи Муншӣ ё Мирзо Маҳдихони Муншӣ ё ҳар мутафаннини пургӯи беҳудагӯи забонбозро танҳо адибони ариб (оқил) мефаҳманд.
Насри форсӣ дар даврони саломати худ, яъне дар давроне, ки фарҳанги шукуфои эронӣ-исломӣ дар авҷ буд, абзоре буд дар дасти муфассирони Қуръон, сӯфиён, файласуфон ва торихнигорон ва мутарҷимони бозавқ барои баёни ончи дар ин ҳавза дар ҳамаи ин заминаҳо меҷӯшиду меболид ва дар айни ҳол пуле буд миёни дини тоза ва забони он бо порсигӯён ва садаҳои чаҳоруму панҷуму шашуми ҳиҷрӣ рӯзгори падид омадани беҳтарин осори насрии ин забон аст. Ин забон дар дасти офаринандагони бозавқу нубуғи ин даврон аз забоне маҳаллӣ ва тангмайдон ба забоне пухтаву расо ва зебо бадал шуд ва ганҷинаи вожагони он чи бо ҷӯшиши дарунии худ, чи бо баҳрагирии баҷо аз арабӣ ва шояд забонҳову гӯишҳои дигар густариши басазо ёфт. Аммо пасрафти он аз замоне оғоз шуд, ки забон ба ҷойи ин ки ҳомили маъонӣ ва баён бошад, бозичаи дасти забонбозон шуд ва он мусобиқаи ҳавлнок бар сари овардани вожаҳои ҳарчи ғарибтар аз арабӣ (ва ҳатто туркӣ) ва тарошидани иборатҳои қолабӣ ва дароз кардани занҷираи мутародифҳо ва саҷъсозиҳои хунук даргирифт, ки ҳосили он фарсудагии забон ва сатҳӣ шудани он, аз даст рафтани ҳудуди рӯшани маъноҳо ва печидагиву душвории беҳудаи он будааст, ки доманааш то ба имрӯз кашида шуда ва гирифтории имрӯзи мост. Дар баробари касоне, ки аз ин ҳуҷуми нобаҷои вожаҳои арабӣ, таркибҳои аҷибу иборатҳои қолабии зишт ба унвони мероси забони форсӣ ва ё “арабии форсишуда” дифоъ мекунанд, бояд пурсид, ки мақсуди шумо кудом форсӣ аст? Форсии Носири Хисрав ва Ғаззолӣ ва Мейбудӣ ва Қобус бинни Вушмгир аст ё нивисандаи “Калила ва Димна” ва “Торихи Вассоф” ва “Оламорои Аббосӣ”? Барои ҳар кудоми инҳо бояд ҳисоби ҷудогона боз кард.
“Калила ва Димна”, иншои Абулмаъолии Насруллоҳи Мунширо, нахустин китобе шумурдаанд, ки дар он таваҷҷуҳ ба саноеъ бисёр аст. “Ин китоб дар ҳудуди 539-и ҳиҷрӣ пардохта шудааст. Дар ин китоб мутародифот ва калимоти арабӣ ва тамассул ба ашъору амсоли араб зиёд аст, вале саҷъҳои он комил нест.” (Мухтасаре дар торихи таҳаввули назму насри порсӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Теҳрон, 1353) Колбадшикофии насри ин китоб нишон медиҳад, ки чигуна ин мард кӯшидааст бофти фосид ва зоиди вожаҳо ва иборатҳои арабиро ба бофти солими форсӣ пайванд бизанад, то бад-он ҷо, ки насре ноҳамвору дудаст пардохтааст. Дар китоби ӯ гоҳе пораҳое ёфт мешавад, ки ба форсии расо ва содаи насри ҳамрӯзгорони ӯст ва ё иборатҳои содаву бепероя ва дуруст, ки бо иборатҳое печида ва бемазза (ки мақсуд аз овардани онҳо оростани наср ба анвоъи саноеъ ва аснофи бадоеъ ва аҳзоби хазоиф буда!) ба ҳам ҷӯш додааст. Ба ин пора диққат кунед, ки дар он ҷуз як вожаи ноошно (он ҳам лобуд барои риъояти адаб) вуҷуд надорад:
Бузанае дурӯдгареро дид, ки бар чӯбе нишаста буд ва онро мебурид ва ду мех пеши ӯ. Ҳар гоҳ якеро бикуфтӣ, дигаре, ки пештар куфта будӣ, баровардӣ. Дар ин миён дурӯдгар ба ҳоҷате бархост. Бузина бар чӯб нишаст аз он ҷониб, ки бурида буд. Унсуйини ӯ дар шикофи чӯб овехта шуд ва он мех, ки дар кор буд, пеш аз он ки дигаре бикуфтӣ, баровард, ҳарду шаққи чӯб ба ҳам пайваст, унсаяйн (ҳарду хоя)-и ӯ муҳкам дар миён бимонд, аз ҳуш бишуд. Дурӯдгар бозрасид, вайро дастбурде сара бинмуд, то дар он ҳалок шуд. Ва аз ин ҷо гуфтаанд: Дурӯдгарӣ кори бузана нест.
Аммо намунаҳое аз пайванди забони сохтагӣ бо забони форсии росту дуруст дар ҳамон китоб: (нишонаи | дар миёни матн барои нишон додани дупорагии сабки китоб аст)
Подшоҳ бар итлоқ аҳли фазлу мурувватро ба камоли каромот махсус нагардонад, локин иқбол бар наздикони худ фармояд, ки дар хидмати ӯ манозили маврус доранд ва ба васоили мақбул мутаҳаррим бошанд| чун шохи зар, ки бар дарахти некутар ва бовартар наравад ва бад-ончи наздиктар бошад, даровезад.
Малик то атбоъи хешро неку нашносад ва бар андозаи рою руъят ва ихлосу муносаҳати ҳар як воқиф набошад, аз хидмати эшон интифоъе натвонад гирифт ва дар истиноъи эшон масал натвонад дод| чи дона, модом ки дар пардаи хок ниҳон аст, ҳеч кас дар парвардани ӯ саъй нанмояд, чун ниқоби хок аз чеҳраи хеш бигушод ва рӯи заминро зевари зумуррадин баст…
Ва низ намунаи дигаре аз форсии росту дуруст аз ҳамон китоб:
Овардаанд, ки зоғе дар кӯҳ бар болои дарахте хона дошт. Ва дар он ҳаволӣ сӯрохи море буд. Ҳар гоҳ ки зоғ бача берун овардӣ, мор бихӯрдӣ. Чун аз ҳад бигзашт ва зоғ дармонд, шикояти он бар шикол (шағол), ки дӯсти вай буд, бикард ва гуфт: Меандешам, ки худро аз балои ин золими ҷоншикар боз раҳонам. Шикол пурсид, ки: Ба чи тариқ қадам дар ин кор хоҳӣ ниҳод? Гуфт: Мехоҳам, ки чун мор дар хоб шавад, ногоҳ чашмҳои ҷаҳонбинаш барканам…
(Пораҳои “Калила ва Димна”, нақл аз тасҳеҳи Муҷтабо Минавӣ аст)
Боре, касе, ки метавониста ба ин хубиву осонӣ ва равонӣ форсӣ бинивисад, масъули ворид кардани садҳо калимаи нобаҷо ва бавижа феълҳои таркибии ноҳанҷор ба забони форсӣ аст, монанди: истихфоф раво доштан, мунқатеъ шудан, мустазид гаштан, муболағат рафтан, саъй пайвастан, иқдом намудан, тарҳиб намудан, маҳзур доштан, мулотафат намудан, таваққуф кардан, тақоъуд кардан, мусораъат намудан, таҳайюр кардан, тафаҳҳус кардан, мутақассими хотир шудан, истиноъ фармудан, тафарруҷ кардан, таҷаннуб намудан, талаққӣ намудан, тақарруб ҷустан, маъдуд гаштан ва таркибҳои изофӣ, монанди латоифи ҳиял, бадоеъи тамвиҳот, мазҳаби ҳамият ва ҷуз онҳо, ки дар дидгоҳи суннатпарастон ҷузъи мероси забони форсӣ ва мояи тавонгарию гушодагии майдони он шумурда мешавад!
Ин гароиш ба забони сохтагӣ ва фазлфурӯшона агар назди Насруллоҳи Муншӣ ҳанӯз пайвандест ва ӯ наметавониста аз забони насри солими форсӣ – аз Балъамӣ гирифта, то Қобусу Байҳақӣ ва монандашон – чандон дур бимонад, дар забони Вассоф-ул-Ҳазра ва касоне чун ӯ якбора ба забонбозии мутлақ табдил мешавад ва ин вирус ҳамаи тану ҷони забони форсиро мегирад, то кор ба инҷо мерасад:
Ва фориғ аз аҷзои явми таҷаззӣ кулли нафси бимо амалат наҳоран ҷиҳоран боракаллоҳи фӣ лайла ва наҳора остини муъодот барзада ва иқдоми исрор дар домани худлон кашида ғамзаву наммомӣ чун изҳори нотамомӣ мекард, ӯ низ бар қазияти ҷинсият, ки иллати зам бошад, илал-ибтидо далолати рафъе менамуд ва ба он чаҳор сӯ худро музоф-илайҳ месохт ва насби тамосили эҳтиёлӣ ба тариқи измор ало шарита-т-тафсир мефармуд. (Аз “Торихи Вассоф”)
Ва ҳамин мард дар бахши чаҳоруми китоби худ номаеро оварда, ки ба яке аз дӯстони худ нивишта буда. Ва ин нома ба форсии сара аст. Ва хулоса, ин ҷамоъат корро ба ҷое кашиданд, ки шикоёти онро аз забони яке аз устодони бузурги забони форсӣ, яъне Маликушшуъарои Баҳор, бояд шунид:
Тариқаи дигар корест, ки аз қарни ҳафтуму ҳаштуми ҳиҷрӣ нивисандагон оғоз карда ва якбора маҳви забони араб шуданд ва он ин буд, ки луғоти арабро ба ҷои он ки ба вом бистонанд ва ба қадри эҳтиёҷ харҷ кунанд ва бо он мисли милки шахсӣ муъомала кунанд, мисли хони яғмо ғорат карданд ва ҳар кас таъҷил дошт, ки беш аз рафиқаш баргирад. Ва сипас он луғотро монанди тоҷи мурассаъ ё қилодаи заррин овезаи сару гардани насру назм сохтанд ва ҳафт андом бар ҷой намонд! Ва сарфу наҳви форсиро пайрави луғоту таркиботи арабӣ карданд ва қавоъиди арабиро дар забони форсӣ ба кор бастанд, то кор ба ҷое расид, ки калимоти форсиро бо равобиту ҳуруфи ҷарру асмои тозӣ ва афъолро ба сиғаҳои аслии арабӣ вориди калом сохтанд, ва қавоъиди эъроб ва тазкиру таънису сифату мавсуфро монанди сарфу наҳви арабӣ мутобаъат карданд, то аз ин миёна “тилгирофхонаи муборака” ва “ҳамшираи нури чашма” ва “хабари восила” ва “номаи ворида” ва ғайра берун омад ва ба ҷойи “тавонад буд” юмкин аз боби имкон ва ивази “шояд” лаъалла ва ба ҷои “нобуд шуд” кона лам якун ба кор уфтод.
(Сабкшиносӣ, ҷилди якум)
Албатта, дар ин чанд даҳа нивисандагон дар перостани насри форсӣ ва бозовардани он ба мақом ва корбурди дурусти худ бисёр кӯшидаанд ва насри форсӣ аз баракати кӯшиши эшон тӯшу тавоне гирифтааст, аммо одатҳои гузашта ва суннати насрнивисии бероҳ ва кажу куж ҳанӯз дар лобалои насри имрӯзиён ва бавижа дар миёни пайравони суннати гузашта, бахусус дар миёни аҳли улум ва фалсафаи суннатӣ, ҳамчунон пофишорӣ мекунад. Барои намуна, ба ин чанд сатр аз як китоби фалсафӣ, ки дар рӯзгори мо ба дасти яке аз бузургони аҳли тафаккури суннатӣ нивишта шудааст, таваҷҷуҳ кунед, ки бештари гирифториҳо ва кажравиҳое, ки Баҳор мешумарад, дар он ҳаст, ва бе он ки “насри маснӯъ” бошад, сахт “мутасанниъона” аст.
Адиллаи ҳуҷҷияти завоҳир ихтисос ба завоҳире дорад, ки мадлули он мавриди амал воқеъ мешавад ва истиқрори тариқаи уқало дар мақоми итбоъу пайравӣ аз завоҳир дар маворидест, ки адами амал ба завоҳир мӯҷиби эҳтиҷоҷ ва сабаби мазаммати касе, ки аз зуҳур пайравӣ нанмудааст, мебошад, лизо дар ақоиди зуҳур ҳуҷҷият надорад, чун дар ақоид ва мавориде назири он илми матлуб аст ва эҳтимоли хилоф қобили илғо намебошад. Бидуни шак сираи уқало дар мақоми амал ба завоҳир аз тарафи шореъ имзо шудааст ва тариқи хос дар мақоми ифҳоми мақосиди шореъ ихтироъ нашудааст.
Б. Нигаҳбонони забони форсӣ
Дар баробари забони наср, ки камобеш аз садаи шашуми ҳиҷрӣ рӯ ба пасрафт ниҳода ва дар садаҳои баъд кори он пайваста харобу харобтар шуд, забони шеъру забони гуфтор посдори ганҷинаи луғат ва ҳанҷори дурусти гӯиши порсӣ будаанд. Албатта, мақсуди мо аз забони шеър бештар забони ғазалсароии сабки ироқӣ ва манзумасароӣ аст, вагарна забони чакомасароии сабки хуросонӣ бо мусобиқоти вазнабардорӣ дар он, бар сари фазлфурӯшӣ ва овардани вожаҳову таркибҳо ва таъбирҳои аҷибу ғариб – ки Хоқонӣ қаҳрамони сангинвазни он аст – имкони ҳама гуна олудагии забонро фароҳам мекунад. Ғазал ва манзумаи ошиқона ногузир забоне зулолу равон ва хушоҳанг ва наздик ба дил металабад ва ҳар гуна печидагии зойид ва фазлфурӯшӣ хилофи табиъати он аст. Аз ин рӯ, забони ғазал ва манзумасароӣ дар осори Низомӣ ва Саъдию Ҳофиз то Ваҳшии Бофқӣ ва Фурӯғии Бастомӣ посдори ганҷинаи вожаҳо ва таркибҳои зебо ва дурусту асили форсӣ будааст, ҳол он ки дар наср аз қарни шашум ба ин сӯ, он вожаҳову таркибҳо, чи басо ҷои худро ба вожаҳову таркибҳои дигаре додааст, ки на аз хостгоҳи аслии забон, балки аз завқи каж ва фазлфурӯши торихнивисону тазкиранивисон ва дигарчизнивисон таровидааст.
Табиъати шеър сарфаҷӯйӣ ва кутоҳгӯйӣ дар баён металабад ва қолабҳои шеъри арузӣ низ хоҳнохоҳ маҳдудиятҳои худро таҳмил мекунад. Аз ин рӯ, кӯтоҳгӯйӣ ва гузидагӯйӣ ва риъояти қоъидаҳои иқтисод ва зебоишиносӣ дар забони шеър дар баробари пургӯйӣ ва беҳудагӯйӣ ва бедарупайкарии забони наср қарор мегирад, то ба ҷое ки имрӯза мо меросе аз забони ғазалсароӣ ва манзумасароӣ дорем, ки ба сурати забоне “шик” ва хушоҳанг ва барои ҳарфҳои “шик” дар ихтиёри мост ва вожагони ин забонро баосонӣ дар нивиштаҳои нивисандагони садаҳои чаҳоруму панҷум метавон ёфт, ки мояи кори худро аз хостгоҳи табиъии забони форсии дарӣ мегирифтанд, аммо дар нивиштаҳои садаҳои пасин камтар ёфт мешавад. Чунонки, барои мисол, “сутудан” ва “накуҳидан” имрӯз дар гӯши мо танини як вожаи шики шеърӣ ё куҳанро дорад, ва ба ҷои он ду дар забони нивиштор менивисанд “мавриди таҳсин ё тақбиҳ қарор додан” (!), ҳол он ки дар як нивиштаи садаи панҷум бисёр ба чунин иборате бармехурем: “Ман сутудагони худро нанакӯҳам” (Ат-таъриф ли-мазҳаб-ит-тасаввуф, Абӯиброҳими Мустамлӣ) ва ё, барои мисол, “паноҳидан” мебояд ҷои худро ба “мултаҷӣ шудан” ё “илтиҷо” бидиҳад. Ва инҳо ҳама осебҳои бунёдист, ки забони форсӣ аз захми қаламҳо дидааст. Ҳатто дар забони Саъдӣ ҳам, “Гулистон”, бо ҳамаи ҳунаре, ки дар кӯтоҳгӯйӣ дорад, ба иллати даромадани вожаҳои қулунба дар он, ончунон шоҳкоре нест, ки “Бӯстон” ҳаст. “Бӯстон”-и Саъдӣ бегумон шоҳкори равонию расоии забони ривоят дар шеър аст, зеро табиъати шеър ва завқи шоъирона сабаб шудааст, ки Саъдӣ, худовандгори расоӣ ва шевоӣ, беш аз “Гулистон” дар он миёнаравиро дар назар дошта бошад.
Ин ки шеъри форсӣ, бавижа дар сабки ироқӣ ва ҳиндӣ, ба сохти забони форсӣ вафодор монда ва дар нигоҳдошти вожагони он – дар канори гунаи гуфторӣ – саҳме бузург доштааст, ниёзманди истидлолу намуна овардан нест. Девони Ҳофиз ё ғазалиёти Саъдиро, ки боз кунем (ё бисёре аз қисматҳои “Маснавӣ”-и Мавлавӣ ё “Бӯстон”-и Саъдӣ ё китобҳои дигаре аз ин дастро) баосонӣ метавон дид, ки агар дар ҷумлае танҳо феълро, ки ба зарурати вазн ҷобаҷо шудааст, масалан, ба охири ҷумла биёварем ва як ҷумлаи бевазн аз он дуруст кунем, содатарину расотарин ва сарросттарин сурати баён аз он ба даст меояд, ки чизе аз он наметавон кост. Ҳатто гоҳе ниёзе нест, ки ин корро ҳам бикунем, зеро феъл дуруст ҳамон ҷое қарор гирифта, ки чи басо дар наср қарор мегирад, мисли ин байт аз Ҳофиз:
Дар дили дӯст ба ҳар ҳила раҳе бояд кард,
Тоъат аз даст наёяд, гунаҳе бояд кард.
Ё чунонки Саъдӣ мегӯяд:
Онки ҳалоки ман ҳамехоҳаду ман саломаташ,
Ҳарчи кунад зи шоҳидӣ, кас накунад маломаташ.
Ё:
Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуи ту бошам,
Бад-он умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам.
Ва ё ин матлаъ аз Мавлавӣ ва ҳазорон монанди он:
Чу ғуломи офтобам, ҳама з-офтоб гӯям,
На шабам, на шабпарастам, ки ҳадиси хоб гӯям.
Агар ин мисраъ аз Ҳофиз: “Шуд он ки аҳли назар бар канора мерафтанд” ба дасти яке аз насрнивисони ҳамрӯзгори ӯ меуфтод, чи бар сари он меомад? “Шуд он ки” ба маънои “гузашт он ки” як сурати табиъии баёни форсист, ки дар шеър ба кор меравад, аммо қарнҳост, ки аз бисоти наср берун рафтааст. Вале дар насрҳои қадимтар, ки ба бемории санъатгарӣ дучор наёмада буданд, “шудан”-ро ба маънои гузаштан меёбем. Чунонки дар “Зайнулахбор”-и Гардезӣ омадааст: “Чун рӯз бишуд, лашкараш Ҳасан бинни Қаҳтабаро бар худ амир карданд.” Боре, он нивисандаи ҳамрӯзгори Ҳофиз чунин балое бар сари ин мисраъи зебо ва пурмаънои ӯ меоварад ва дили Ҳофизро ба ҳам мезанад: “Ба юмни алтофи Борӣ, аззасмуҳу он замон муқтасӣ гардидааст, ки аброру аҳрор ва аҳли назару басар, хоифан ятараққаб! Минҳайси риъояти эҳтиёт ва ихтифо аз ҳавошӣ, билоташбеҳи билмавошӣ!, убур менамуданд!”
Ва ё ба он пешгуфтори гирдоварандаи Девони Ҳофиз, Муҳаммади Гуландом, нигоҳ кунед, ки намунае аз бадтарин насри форсӣ дар ҷавори гаронбаҳотарин гавҳари ин забон аст. Нигаҳбони дигари забони форсӣ дар тӯли садаҳое, ки муншию суфию муллои фазлфурӯш ба ҷони забони наср уфтода буданд, забони гуфтор будааст. Зеро, ба ҷуз мардуми фазлфурӯш, дигарон ҳама бино ба табиъати забон ва ба забони табиъии худ сухан мегӯянд ва дуруст сухан мегӯянд. Форсигӯён низ ҷуз ҷамоъати удабову уламо ва фазлфурӯшон ба забони табиъии худ сухан гуфтаанд ва дуруст сухан гуфтаанд ва аз ин рӯ посдори забони худ будаанд ва ҳарчи аз ҳавзаи нуфузи удабову уламо дуртар будаанд, бештар саломату содагии забони худро нигоҳ доштаанд. Бегумон, се сарчашмаи моядиҳанда барои беҳкарди насри форсӣ ва тавонгар кардани он ва саломат бахшидан ба он, яке бештар насрҳои куҳан то қарни ҳафтум (ва бархе матнҳои сипастар), дигар забони шеър, бавижа ғазалу манзума ва маснавиҳо, ва севум қолабҳои дастурӣ ва сармояи луғат дар гуфтори имрӯзиён аст, ки дар гӯишҳои мардуми ин сарзамин зинда аст. (2)
Дунбола дорад…
Понивис:
1. Бо дар даст доштани “Торихи Байҳақӣ” рӯшан аст, ки ин кор агар кори Байҳақӣ буда бошад, дастури шахси Байҳақӣ набуда, балки ин дастур чи басо ба фармони Аҳмад бинни Ҳасани Маймандӣ, вазири Султон Маҳмуд ва писараш Масъуд, тадвин шуда бошад, зеро ҳамӯ буд, ки дастур дод номаҳои девони расоилро, ки дар замони Абулъаббоси Исфароинии вазир ба порсӣ менивиштанд, ба арабӣ бинвисанд. Дар тарҷамаи “Торихи Яминӣ” шарҳи ин моҷаро чунин омадааст:
Вазир Абулъаббос [-и Исфароинӣ] дар саноъати дабирӣ бизоъате надошт ва ба муморасати қалам ва мадороти адаб иртиёз наёфта буд ва дар аҳди ӯ мактӯботи девон ба порсӣ нақл мекарданд ва бозори фазл косид шуда буд ва арбоби балоғату бароъатро равнақ рафта ва олиму ҷоҳил ва фозилу мафзул дар мартабат мутасовӣ гашта. Ва чун вазорат ба фазлу фазоили Шайх Ҷалил ороста шуд, кавкаби китобат аз маҳовии ҳубут ба авҷи шараф расид ва гули фазоил ва маъсир ба боди қабул шукуфта шуд ва рухсораи фазлу адаб ба макони тарбияти ӯ барафрӯхт ва бифармуд, то куттоби давлат аз порсӣ иҷтиноб намоянд ва бар қоъидаи маъҳуди маноширу амсила ва мухотабот ба тозӣ нивисанд, магар ҷое ки мухотаб аз маърифати арабият ва фаҳми он қосир ва оҷиз бошад. Ва амсилаву тавқеъоти ӯ дар ақтори ҷаҳон чун наводири амсол ва шавориди ашъор мунташир шуд ва забонҳо ба таҳсини ибороту тазйини ишороти ӯ равон гашт ва афозили олам ба назму наср дар итроъи мадҳ ва шукри аворифу мавоҳиби ӯ дебочаи саҳоиф бингоштанд ва чун андалеб дар равзаи аёдии ӯ ба наво даромаданд…
Тарҷамаи “Торихи Яминӣ” аз Абулшарафи Носеҳ ибни Зафар ибни Саъди Муншии Ҷарбозақонӣ (Гулпойгонӣ), авоили садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ аз рӯи асли “Торихи Яминӣ” ё “Торихи Утбӣ”, ки дар 411-и ҳиҷрии қамарӣ ба дасти Абӯнасри Муҳаммади Утбӣ ба арабӣ таълиф шуда ва аз мароҷеъи муҳимми торихи Ғазнавӣ аст.
2. Дар бораи имконҳои моя гирифтани наср аз забони гуфтор барои бозгардондани наср ба матни табиъии худ мисолҳои бисёр метавон овард ва ин кор ниёзманди пижӯҳиш ва диққати ҳамаҷониба аст. Аммо чанд мисол аз онро, ки акнун ба хотир меоварам, менивисам:
Яке аз ин маворид ба кор бастани “ё”-ест, ки фузало ба он “ё-и лиёқат” мегӯянд ва дар гуфтор бисёр ба кор мебарем, аммо дар нивишта камтар ба кор меравад: Масалан, ба ҷойи иборати “ин кор шуданӣ нест” менивисанд “ин кор қобили анҷом нест”. Ва масалан пазируфтанӣ, заданӣ, хӯрданӣ ва ҷуз онро ба сурати “қобили…” менивисанд, бахусус дар тарҷамаи калимоте, ки дар инглисӣ ё фаронса ба “-able” поён меёбад. Ё намунаи дигари он таркибҳоест аз калимоти мукаррар, ки бисёр ҳам зебост ва аз сифат ё исм қайд (зарф) месозад, мисли андак-андак, зара-зарра, чакка-чакка, давон-давон, оҳиста-оҳиста ва монанди онҳо, ки имрӯз дар нивиштор камтар ба кор мебарем, аммо Байҳақӣ менивиштааст: “Боронаке хурд-хурд меборид”. Ва мо акнун, масалан, ба ҷои он ки бинвисем “давон-давон омад” менивисем “дар ҳоле ки медавид” ва ин “дар ҳоле ки” ҳам мисли “ба таври…”, ки маъмулан барои сохтани қайд (зарф) ба кор мебарем (масалан, ба таври ройгон!) бадҷӯр бехи риши насри форсӣ мондааст (ва албатта инҳо аз аворизи тарҷама дар чанд даҳаи ахир аст) ва иллати пайдо шудани чунин суратҳои ноҳанҷор ва зишту даступогир ҳамон аст, ки зеҳни мо ба ҷойи бозгашт ба сарчашмаи табиъии забон ва моя гирифтан аз он ба дунболи суратҳои ҷаълӣ меравад ва вой, агар бесаводию безавқӣ ҳам бар ин ҳама афзуда шавад!
Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”, Теҳрон: нашри Марказ, омадааст.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист