Дархости Шаҳриёрӣ аз Ҳаддоди Одил: ‘Амурдод’ ба ҷои ‘мурдод’

شهریاری نیکنامБахшномаи расмӣ барои ба кор бурдани вожаи ‘амурдод’ ба ҷойи ‘мурдод’

Муруре бар тазаккури Куруши Некном, намояндаи зартуштиён дар Маҷлиси ҳафтум

Маҳмуди Шаҳриёрӣ, муҷрии барномаҳои телевизиюнӣ, дар номае ба фарнишин (раис)-и Фарҳангистони забону адабиёти форсӣ аз ӯ дархост кард, то дар ба кор бурдани дурусти вожаи ‘амурдод’ ба ҷои ‘мурдод’ расонаҳоро огоҳ кунад.

Номаи Маҳмуди Шаҳриёрӣ ба Ҳаддоди Одилро ба гузориши Торнамои хабарии “Амурдод” дар зер бихонед:

Ҷаноби оқои Ҳаддоди Одил,

Раиси муҳтарами Фарҳангистони забону адабиёти форсӣ,

Бо дуруд ва салом. Соли гузашта дар чунин рӯзҳое як навҷавони боҳуши эронӣ аз ман пурсид вожаи ‘мурдод’ ба чи маъност. Ба ӯ гуфтам ин вожа аз масдари ‘мур’-и авестоӣ ба маънои марг ва мурдан сохта шуда ва ба маънои мурданӣ, марг ва нестӣ аст. Бо таъаҷҷуб пурсид пас чиро мо эрониён номи моҳи панҷуми солро ‘мурданӣ’ гузордаем?

Ба ӯ гуфтам ин гуна нест, дурусти ин вожа амурдод аст. Чун алифи мафтӯҳа, ки пешванди ин вожа аст, ҳарфи нафъ аст ва маънои онро бакуллӣ дигаргун мекунад ва амурдод ба маънои бемарг, намурданӣ ва ҷовидона аст. Ин калима сифатест барои Худованди бузург, ки мазҳари заволнопазирӣ ва пояндагӣ аст.

Гуфт: Пас чиро ҳамкорони Шумо дар расонаи миллӣ ва рӯзномаҳо нодуруст онро мегӯянд ва менивисанд, гуфтам шояд дурусти вожаро намедонанд.

Гуфт: Вале дар мадраса ба мо гуфтаанд мо ҷое дорем ба номи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ, ки барои форсӣ гуфтан ва форсӣ нивиштан эҷод шуда.

Ман дигар чизе нагуфтам. Ба ӯ қавл додам ин номаро барои ҷанобъолӣ бинвисам, то бо судури бахномае интишороте, ки тақвим ҷоп мекунанд, расонаи миллӣ ва рӯзномаҳоро (ҷуз рӯзномаи Иттилоъот, ки солҳост аз вожаи дурусти ‘амурдод’ истифода мекунад), амал ба вазифаи қонунии худ тибқи асли 17-и Қонуни асосӣ, ки пайравӣ аз он бар ҳамагон шоиста ва боиста аст, огоҳ фармоед.”

***

Ёдоварии қонунӣ дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ

Куруши Некном, намояндаи зартуштиён дар давраи ҳафтуми Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, ҳам дар замони намояндагияш тазаккуре қонунӣ дар ин бора дод, ки дар зер омадааст:

“Чаҳоршанбе, 22-уми тири 1384

Бознигарӣ ва ислоҳи вожаи ‘мурдод’ дар тақвими арсмии Эрон

Раиси ҷумҳури муҳтарам ва вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ

Тазаккур ба раисҷумҳури муҳтарам ва вазири муҳтарами фарҳанг ва иршоди исломӣ дар бораи бознигарӣ ва ислоҳи вожаи ‘мурдод’ дар тақвими расмии Эрон

Асомии 12 моҳ дар гоҳшумории ҳар соли хуршедӣ баргирифта аз вожагонест, ки дар фарҳанги Эрони Бостон дорои маъно ва таърифе вижа ва арзишманд аст. Дар асомии 12 моҳ вожаи ‘мурдод’ банодурустӣ ҷой гирифта ва маънои он бар хилофи фарҳанги асили Эрон аст, зеро мурдод, яъне маргу нестӣ ва ‘а’, ки ҳарфи нафй аст, ҳангоме ки дар оғози вожа қарор гирад, онро ба ‘амурдод’ табдил мекунад ва маънои онро ба бемаргӣ ва ҷовидонагӣ тағйир медиҳад. Бегумон, дар фарҳанги вожагони ҳар як аз моҳҳои эронӣ, ки ҳама аз пӯёӣ, умедворӣ, созандагӣ, пешрафт ва некандешӣ ёд мекунад, ҷойгоҳе барои маргу нестӣ вуҷуд надорад ва лозим аст аз сӯи вазорати муҳтарами фарҳанг ва иршоди исломӣ барои тақвими соли оянда вожаи ‘мурдод’ ба ‘амурдод’ табдил шавад.”

***

Як сол пас аз ин тазаккур, дар нахустин рӯзи моҳи амурдоди 1385 Куруши Некном дубора дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ин мавзӯъро бо унвони ‘Амурдод ба ҷои мурдод – зиндагӣ ба ҷойи марг дар тақвими Эрон’ ёдоварӣ кард. Ӯ дар суханронии худ бо ёдоварии асли понздаҳум ва бахше аз асли ҳафдаҳуми Қонуни асосӣ дар бораи тақвими Эрон гуфт: “Аз замоне ки тақвими хуршедӣ барои гоҳшумории эрониён баргузида шуд, номи ин моҳ дар тақвими Эрон амурдод номида шуд, вале солҳо баъд ва ба далели номаълум ва нодурусте дар гӯиши мардум тағйир карда ва ба мурдод табдил шуд, яъне зинда будан ва талош кардан ва пайвастан ба ҷовидонагӣ дар тақвим ҷои худро ба маргу мурдан ва нобудӣ дод.

Соли гузашта дар тазаккуре ба давлат пешниҳод додам, то ин вожаро дар тақвими эронӣ ислоҳ намояд ва мурдодро ба амурдод тағйир диҳанд, вале то кунун роҳкори муносибе баргузида нашудааст. Дар ҳоле ки шоиста нест, то эрониёни зиндаву ҳушёр дар ин моҳ бо гуфтани ‘мурдод’ аз маргу нестӣ ёд кунанд.

Акнун пешниҳод дорам, то дар як азму иродаи мардумӣ ва ҳамагонӣ номи ин моҳро дуруст ба кор бурда, онро ‘амурдод’ бигӯем, то дар тақвим ва фарҳанги миллати бузургвори Эрон маргу нестӣ ҷои худро ба зиндагӣ, пӯёӣ ва ҷовидонагӣ дода бошад.”

Ҳашт сол аз ин тазаккур дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ гуфзаштааст, аммо ҳеч дигаргунӣ дар бакоргирии вожаи дурусти ‘амурдод’ ба ҷои вожаи нодурусти ‘мурдод’ анҷом нашудааст. Боз ҳам мебинем дар расонаҳои миллӣ ва чопӣ ҳамчунон бо нивиштани ‘мурдод’ маргу нестиро ба мардум нишон медиҳанд. Шоиста ва боиста аст, ки мардуми фарҳангдӯсти Эрон ҳама бо ҳам барои равоӣ ва дуруст ба кор бурдани вожаи ‘амурдод’ дар гуфтугӯҳо, номанигориҳои расмӣ ва идорӣ ва… бикӯшанд. Ҳама бояд дар фарҳангсозӣ баҳрагирӣ аз ин вожаи ҳамозӯрӣ кунем.”

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*