Хонларӣ (Киё), Заҳро (1348); Фарҳанги адабиёти форсӣ; Бунёди фарҳанги Эрон
“Фарҳанги адабиёти форсӣ”, ки нахустин бор дар соли 1337-и хуршедӣ чоп шуда, роҳнамои ҳамаи касонест, ки бо адаби порсӣ сарукор дорад. Ин китоб дар чорчӯби вожанома нивишта шуда ва ба шиносондани бузургони адаби Эрон ва ному рӯзгори шахсиятҳои бузурги достонӣ ва ҳамчунин термҳо (истилоҳот)-и вожагонӣ ва мантиқу тамсилу ишора пардохта ва афзун бар он, номи нивиштаҳои барҷастаи адабӣ ба порсӣ ва тозиро низ баршумурдааст.
Дар бораи нивисанда
Заҳро Хонларӣ (Киё) дар 1294-и хуршедӣ дар Теҳрон зода шуд. Падараш Ҳодии Киёнурӣ (писари Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ) ва модараш Исматулҳоҷияи Буруҷирдӣ буданд. Заҳро аз шогирдони барҷастаи Омӯзишгоҳи духтаронаи “Номус” буд, ки ба Донишсарои олӣ рафт ва сипас вориди Донишкадаи адабиёт шуд ва дар соли 1318 дар давраи дуктурои адабиёт пазируфта шуд ва бо Парвизи Нотили Хонларӣ ҳамдарс шуд.
Заҳро Киё аз нахустин бонувонест, ки дар даруни меҳан дуктурои адабиёт гирифт ва поённомаи дуктурои худро бо варноми “Ториху торихнигорӣ дар Эрон то қарни нуҳуми ҳиҷрӣ” бо устоди роҳнамоии Маликушшуъарои Баҳор ба фарҷом расонд ва сипас ба омӯзгорӣ дар омӯзишгоҳҳо ва сипас устодӣ дар донишгоҳҳо пардохт.
Парвизи Нотили Хонларӣ дар соли 1320, ҳангоме ки дар Донишкадаи адабиёт донишҷӯ буд, бо Заҳро Киё ошно шуд ва ин ошноӣ ба издивоҷ расид. Хонларӣ дар ин бора чунин нивиштааст: “Зимни таҳсил дар давраи дуктурои забон ва адабиёти форсӣ бо духтаре, ки ҳамдарсам буд, ошно шудам, ки ӯро ороста ба сифоте дидам, ки ман мехостам ва меписандидам ва иртиботи мо ба ҳамсарӣ кашид. Ҳамсарам дар тайи зиндагӣ аз ҳар ҷиҳат ёру ғамхори ман буд, чунонки акнун низ ҳаст. Ӯ ҳам монанди ман бо китоб сару кор дошт ва нивисанда буд ва чанд китоби муҳимми адабӣ таълиф кардааст. Агар осоише дар тайи умр доштаам, мадюни меҳрубониҳои ӯст. Ӯ буд, ки маро ба таълифи баъзе аз осорам водошт ва ҳамаи умр шукргузори ӯ ҳастам.”
Заҳро Хонларӣ аз нивисандагони маҷаллаи “Сухан” буд ва ҷусторҳои худро бо номи Жолаи Раҳбар менивишт. Бархе аз нивиштаҳои дуктур Заҳро Хонларӣ ҳанӯз ба чоп нарасидааст. Нивиштаҳои ӯ чунин аст:
Достони Парвин ва Парвиз (1312)
Достони Жола ё раҳбари дӯшизагон (1315)
Намунаи ғазал (аз маҷмӯъаи шоҳкори адабиёти форсӣ)
Равиши тадрис (ду ҷилд)
Китоби форсии панҷуми дабистон бо ҳамкории Лайло Оҳӣ
Форсӣ ва дастур
Форсии аввали дабиристон
Фарҳанги адабиёти ҷаҳон (ду ҷилд)
Баҳси таҳқиқе дар бораи феъл дар “Торихи Байҳақӣ”
Торих ва торихнивисӣ дар Эрон
Чаҳор достони ҳамосӣ аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ
Роҳнамои адабиёти форсӣ
Достонҳои дилангези адабиёти форсӣ
Баргузидаи “Қобуснома”
Достони Ҳасанаки вазир (аз “Торихи Байҳақӣ”)
Афсонаи Симурғ (барои кӯдакон аз “Мантиқуттайр”-и Аттор)
Бархе аз баргардонҳои ӯ низ чунин аст: “Бист достон”, “Се андешаи духтараки гӯжпушт”, “Хонаи афсунзада”, “Интиқоми саг”, “Рӯсарии сиёҳ”, “Шаби арӯсӣ”, “Кадомяк аст”, “Дуд”, “Зани мурда ва зани зинда”, “Сактаи ноқис”, “Гули сурх”, “Саргармӣ”, “Чоуло моҳро кашф кард”, “Намозхонаи кӯчак”, “Посух”, “Бечора он марҳум”, “Либоси нав”, “Ранҷҳои Вертери ҷавон”, “Оқои раиси ҷумҳур” ва “Попи сабз”.
Заҳро Хонларӣ, ки аз пешгомони кӯшишҳои занон дар Эрон низ буд, саранҷом дар рӯзи шашуми исфандмоҳи 1369, шаш моҳ пас аз даргузашти ҳамсари зиндаёдаш дуктур Парвизи Нотили Хонларӣ ва дар 78-солагӣ рахт аз ҷаҳон барбаст.
“Фарҳанги адабиёти форсӣ”-ро ба ҳамроҳи нивиштаи Таронаи Хонларӣ бо номи “Модарам дуктур Заҳро Киё (Хонларӣ)” (дар 804 мегобойт ва 580 рӯя)-ро аз “инҷо” боргирӣ фармоед.
Дигар наскҳои Порсӣ Анҷуман
Порсии Сара
… (1390); Вожаномаи порсии сара; Фарҳангистони забони порсӣ, Боргирӣ аз “инҷо” (ду мегобойт)
Партав, Абулқосим (1377); Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожагони бегона); се дафтар; чопи дувум. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.
Ҷалолӣ, Таҳмурас (1354); Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара); китобхонаи Ибни Сино; чопи нахуст. Боргирӣ аз “инҷо” (13 мегобойт).
Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319); Теҳрон: Дабирхонаи Фарҳангистон. Боргирӣ аз “инҷо” (5 мегобойт).
Фарҳанг
Амид, Ҳасан (1389); Фарҳанги форсии Амид. Боргирӣ аз “инҷо” (6 мегобойт).
Имомшуштарӣ, Муҳаммадъалӣ (1347); Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ; Теҳрон: Анҷумани осори миллӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (16 мегобойт).
Афнон, Суҳайли Муҳсин (1969); Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин); Бейрут: Дорулмашриқ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт)
Ҳусайни Мадании Татавӣ, Абдуррашид писари Абдулғафур (1337); Фарҳанги Рашидӣ ба ҳамроҳи муъарработ; ду пӯшина; пижӯҳиш ва веростории Муҳаммади Муҳаммадлуи Аббосӣ; Теҳрон: Китобфурӯшии Боронӣ. Боргирии пӯшинаи нахуст аз “инҷо” (дар 821 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт) ва пӯшинаи дувум аз “инҷо” (дар 799 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт).
Торихи забон ва дабираи порсӣ
Нотили Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се дафтар. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.
Беҳрӯз, Забеҳ (1363); Хат ва фарҳанг; чопи дувум; Фурӯҳар. Боргирӣ аз “инҷо” (238 рӯя ва 4 мегобойт).
Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ
… (1391) Вожаномаи кӯчаки порсии миёна; Фарҳангистони забони порсӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (4 мегобойт).
Касравии Табрезӣ, Аҳмад (1325); Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон. Боргирӣ аз “инҷо” (1 мегобойт)
Барои боргирии наскҳои дигар ё ошноии бештар бо ин дафтарҳо ба Китобхонаи Порсӣ Анҷуман бингаред.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист