Чиро ба вожаҳои “аздоидан” ва “аздоиш” ниёз дорем?

???????????????????????????????Устод Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ

Дониш аз мафҳумҳо сохта шуда ва мафҳум бо “тарм” (истилоҳ) баён мешавад. Донишҳо ва фалсафаҳои навин ҳамагӣ дар бистари забонҳои урупоӣ падид омадаанд ва дар асл бо вожаҳои ин забонҳо (бештар инглисӣ, фаронса ва олмонӣ) баён мешаванд. Барои фаҳмидани ин донишҳо шинохтани тармҳои онҳо боиста аст, хоҳ ба забони аслӣ, хоҳ ба забони форсӣ. Дар ҷое дигар орӯзидаем (истидлол кардаем), ки форсӣ метавонад ва бояд битавонад тармҳои донишҳои навинро ба забони худ баён кунад (дар инҷо ба густарииши ин мавзӯъ намепардозем). Ниёз ба гуфтан надорад, ки гузиниши баробари муносиб барои ҳар тарм ниёзманди ин аст, ки ҳамаи ҷанбаҳои забонӣ ва донишии мафҳумеро, ки тарм намояндаи он аст, хуб бишносем.

Дар ин ёддошти кӯтоҳ ба мафҳуми “information” мепардозем, ки мавзӯъи аслии нигара (назария)-и иттилоъот аст. Ин нигара шохаест аз риёзиёти корбурдӣ, муҳандисии барқ, биюинфурмотик (зистаздойик) ва дониши роёнгар (computer science). Дар ин нигара иттилоъот каммияте аст, ки метавон онро андоза гирифт. Барои андозагирии иттилоъот аз мафҳуми даргошт (entropy) истифода мекунанд, ки мабҳасе аст дар гармотавоник (терумдиномик). Афзори риёзии лозим барои мутолеъаи нигараи иттилоъот ҳисоби эҳтимол ва омор аст.

Дар забони инглисӣ вожаи “information” исми масдари феъли “to inform” аст, ки нахуст ба маъно ва решаи он мепардозем.

Маъно ва решаи “to inform

1)     Доно кардан ё додани шинохт дар бораи мавзӯъ, матлаб ё будае
2)     Огоҳ кардан аз рӯйдод ё авзоъе. Дар ин маъно бештар ба “хабар” наздик аст.

Дар инглисии нав ин вожа аз “informen” дар инглисии миёна меояд, ки худ аз фаронсаи куҳани “enformer” аз лотини “informare”, яъне шакл додан, десидан, ташкил додани андеша дар зеҳн, аз пешванди “in-” ба маънои “дар” ва решаи “forma” ба маънои деса ва шакл сохта шудааст. Ин вожаи лотинро нахустин бор нивисандагони румӣ Сисерун (Ciceron ё Кикеру, садаи якуми пеш аз милод) ва Овгустинус (Augustinus, садаи чаҳоруми милодӣ) дар шарҳи нигараи “мусули Афлотун” ба кор мебаранд. Бавижа, Сисерун аз “informare” барои баёни мафҳуми “prolepsis” дар юнонӣ (ба хатти юнонӣ: πρόληψις) ба маънои “дарёфти бунёдӣ, андешаи ом” истифода мекунад, ки яке аз се меъёри шинохтшиносӣ дар фалсафаи Эпикур аст. Дар садаҳои миёна ин вожаи лотин аз матнҳои фалсафӣ рахт бармебандад ва дар садаи понздаҳуми милодӣ ба сурати исми масдари “information” ва бо бори тозае дар забони фаронса зоҳир мешавад ба маънои “пажӯҳиш, омӯзиш, амали интиқоли дониш”.

“Аздоидан” аз форсии миёнаи “azd” ба маънои “иттилоъ, эълом, маълум, дониста” ва “azdēnidan” яъне “иттилоъ додан, огоҳ кардан”, аз форсии бостони “azdā” яъне “дониста” ва авестоии “azdā” яъне “дониста, маълум” меояд. Ин вожа дар суғдӣ ҳам ҳаст “azd” яъне “огоҳида, дониста” ва аз форсии миёна дар арманӣ ба вом гирифта шудааст. Ҳамреша аст бо санскрити “addhā” яъне “ошкоро, баростӣ”, “addhāti” доно. Таваҷҷуҳ кунед, ки мо дар форсии миёна барои ин мафҳум ҳатто масдари басит ҳам доштаем: “azdēnidan”!

Иттилоъот дар дониши имрӯзӣ

Чунон ки ишора шуд, мафҳуми ититлоъот ҳамакнун дар риштаҳои гуногуни дониш (риёзиёт, физик, роёнгарҳо, зистшиносӣ, невруфизиюлужӣ, равоншиносӣ ва дигарҳо) ва донишҳои инсонӣ (забоник, мантиқ, фалсафа) ҷойгоҳи бисёр муҳимме дорад. Ба таври куллӣ, иттилоъот санги бинои фарораванди дастёбӣ ба шинохт (knowledge) аст. Ин мафҳум дарбардорандаи ду мафҳуми дигар, яъне “буда ё бошо” (fact) “иртибот ё интиқол” аст. Иттилоъот дар муқоиса бо шинохт тика-тика ва ҷизҷиз, гоҳбагоҳ, гузаро, ё ҳатто зудгузар аст. Ҳол он ки шинохт сохторманд, ҳамдус, ом ва дерпост.

Ворид шудан дар ҷузъиёти мафҳуми иттилоъот дар донишҳои гуногун берун аз ҳитаи ин ёддошт аст. Дар ин ҷо танҳо басодагӣ ишора мекунем, ки иттилоъот иборат аст аз риштае нишона ё нумод, ки дарбардорандаи паёме ҳастанд. Дар нигараи иттилоъот, иттилоъот ба худии худ вуҷуд надорад, балки даруни чизе нуҳуфтааст ва ба гунаи рамз мунтақил мешавад. Аз он ҷо ки иттилоъот дастхуши нотошигӣ (uncertainty) ва котурагӣ (randomness) аст, барои баррасии он корбурди ҳисоби эҳтимол ва омор зарурӣ аст.

Нотавонии вожаи “иттилоъот”

Дар форсӣ барои мафҳуми “information” бештар вожаи “иттилоъот”-ро ба кор мебаранд. Барои феъли он ҳам “иттилоъ додан, мутталеъ кардан, огоҳ кардан” ба кор меравад, ки масдарҳои мураккабанд (дар форсӣ огоҳ ва огоҳӣ маъноҳои бисёре доранд). Масдарҳои мураккаб даступогиранд ва аз нармиши кофӣ бароисохтани ҷудошудаҳои сода дар забони донишик бебаҳраанд.

Нотавонии дигари вожаи “иттилоъот” ин аст, ки аз ҳайси маъно ноҷунбо, лахт ва бекуниш аст, зеро бозгӯи амали “иттилоъ расондан, иттилоъ гирифтан” нест. Вожаи “information” дар инглисӣ ва фаронса вожаест пӯё, зеро исми масдар аст ва баёнгари куниш, ҳамчунон ки дар форсӣ исмҳои масдар кунишро мерасонанд: кӯшиш, густариш, ковиш, ҷаҳиш, тапиш ва бисёре дигар. Дар додаомоӣ ва бозёфти иттилоъот бо фишурдан (танҷидан) ва бозгушудани додаҳо сарукор дорем. Вожаи “иттилоъот” тавоноии нишон додани ин ҷунбандагӣ ва пӯёиро надорад. “Иттилоъот” яъне “тӯдае иттилоъ”. Агар бихоҳем аз арабӣ истифода кунем, баробари даққтар барои “information” “иттилоъ, иттилоърасонӣ, иттилоъгирӣ” аст, ки иборатест тӯлонӣ ва нокоромад дар забони донишик. Ҳатто дар бисёре мавридҳо ба ҷамъи “-от” ҳам ниёзе нест.

Аз сӯйи дигар, “information” номи маъност ва мафҳуме пояӣ. Забоне, ки мехоҳад бао пои худ биистад, бояд битавонад мафҳумҳои маъноро бо вожаҳо ва қоъидаҳои дастурии худ баён кунад, он ҳам ба гунае коромад.

Форсии адабӣ, клосик ё меъёр батанҳоӣ нотавон аз баровардани ниёзҳои имрӯзини мост. Мо дар акнун ва оянда зиндагӣ мекунем, на барои гузашта.

Реша ва маънои “аздоидан” ва “аздоиш”

Бо таваҷҷуҳ ба норасоии “иттилоъот” Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик баробарҳои зерро ба кор мебарад:

to inform” – аздоидан

information” – аздоиш

informatics” – аздоик

Ба назар мерасад, ки баробарҳои “аздо” ва “аздоик”-ро нахустин бор устод дуктур Миршамсиддини Адибсултонӣ ба кор бурда бошад.

“Аздоидан” аз форсии миёнаи “azd” ба маънои “иттилоъ, эълом, маълум, дониста” ва “azdēnidan” яъне “иттилоъ додан, огоҳ кардан”, аз форсии бостони “azdā” яъне “дониста” ва авестоии “azdā” яъне “дониста, маълум” меояд. Ин вожа дар суғдӣ ҳам ҳаст “azd” яъне “огоҳида, дониста” ва аз форсии миёна дар арманӣ ба вом гирифта шудааст. Ҳамреша аст бо санскрити “addhā” яъне “ошкоро, баростӣ”, “addhāti” доно. Таваҷҷуҳ кунед, ки мо дар форсии миёна барои ин мафҳум ҳатто масдари басит ҳам доштаем: “azdēnidan”!

Корбурди “аздоиш” барои “informationзиндагиро осонтар мекунад, зеро батанҳоӣ ҳамаи маъноҳои иборати зумухти “иттилоъ, иттилоъот, иттилоърасонӣ, иттилоъгирӣ”-ро дар бар дорад.

Афзун бар ин, форсӣ аз феъли басити “аздоидан” бархурдор мешавад, ки ба он сахт ниёзманд аст.

Ин гузиниш ҳамчунин ба мо имкон медиҳад барои “informatics” (аздоик) ва риштаҳои вобаста ба нигараи аздоиш баробарҳои тавоно ва зебое дошта бошем.

Албатта, ин ба маънои он нест, ки мо вожаи “иттилоъ”-ро ба дур меандозем. Вақте Мавлавиро мехонем:

Тамъи луту тамъи он завқу самоъ,
Монеъ омад ақли ӯро з-иттилоъ.

Ё ин байти Асири Лоҳиҷиро:

Воъизи нодон чи гӯяд аз ҷамоли рӯйи дӯст?
Чун ба сирри ин сухан ҳаргиз набудаш иттилоъ.

Бояд маънои ин вожаро барои лаззат бурдан аз адабиёти клосики форсӣ бидонем.

Бо ин ҳама, мо дар тармшиносӣ “аздоидан” ва “аздоиш”-ро бартарӣ медиҳем, зеро чакушхортар ва нармишпазиртаранд. Тавонмандсозии форсӣ барои мафҳумҳои дониши навин ниёзманди ин гуна кӯшишҳост.

Форсии адабӣ, клосик ё меъёр батанҳоӣ нотавон аз баровардани ниёзҳои имрӯзини мост. Мо дар акнун ва оянда зиндагӣ мекунем, на барои гузашта.

Барои “аздоиш” аз мафҳумҳои вобаста ба ин мавзӯъ метавонед ба Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик дарояҳои зер нигоҳ кунед:

information theory – нигараи аздоиш
informatics – аздоик
information technology – тешникшиносии аздоиш
information content – парбанаи аздоиш
information entropy – даргошти аздоиш
information flow – тачони аздоиш
Shannon entropy – даргошти Шонун
infosphere – аздосипеҳр

Напоҳишгоҳи Порис, ноябри 2013

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*