Устод Дориюши Ошурӣ
Вожасозӣ масъалаест мавридӣ ва сайри забони форсӣ ва вожасозӣ дар ин чиҳил-панҷоҳсола ҳам пуштибони ин муддаъо аст. Ҳукмҳои куллӣ аз ин даст, ки метавон ва бояд дар баробари ҳар вожаи хориҷӣ як вожаи форсӣ гузошт, ҳукмест нодуруст ва нашуданӣ. Ҳукм ба ин ки ба ҳеч ваҷҳ вожа набояд сохт ва вожаҳои хориҷиро ба ҳамон сурат пазируфт, низ ҳукмест нодуруст ва ношуданӣ. Ва ё тасаввури ин ки дар баробари тамоми мафҳумҳо ва номҳои тозаи фарҳанги урупоӣ дар китобҳои куҳан ногузир баробарӣ ёфт мешавад, содаандешона аст. Ва дар ин миёна роҳи севуме ҳам ҳаст: бояд дид куҷо метавон ёфт ва ё бояд сохт ва куҷо наметавон ёфт ва сохт, яъне санҷише дақиқ ва маврид ба маврид. Ҳатто дар ин маврид ҳам наметавон ҳукм кард, ки агар сохтани вожае барои мафҳуме муъайян имрӯз мумкин набошад, далел он аст, ки имкони сохтани он ё ёфтани баробарии дақиқу дуруст барои он дар оянда низ номумкин аст. Зеро сайри забон ва омадани вожаҳо ва қолабҳои тоза ин имконро медиҳад, ки пас аз ҷо уфтодани онҳо дар забон роҳ барои сохтани таркибҳое тозатар бо онҳо ё сохтани шаклҳои қиёсии ҳамонанди онҳо ҳамвор шавад. Чунонки сохтани “ҷашнвора” барои “фестивол”, барои мисол, роҳро барои сохтани “моҳвора” ҳамвор кард. Ва он кас, ки “пешванд” ва “пасванд”-ро сохт, роҳро барои сохтани “шаҳрванд” ҳамвор кард. Ва он кас, ки “вожа”-ро ривоҷ дод, роҳро барои “вожагон” ва “вожанома” ва ҷуз он ҳамвор кард. Ва шояд роҳи сохтани “ҷашнвора”-ро низ сохтани “сангвора” (баробари фусил) пеш аз он ҳамвор карда буд.
Бо ҳамаи намакнашносиҳое, ки дар ҳаққи Фарҳангистони қадим кардаанд, ин дастгоҳ ҳаққе бузург ба гардани забони форсӣ дорад ва дар ҷиҳати нишон додани роҳи дурусти баҳрагирӣ аз мояҳои забони форсӣ ва пероиши он аз омехтагиҳои беҳуда бо арабӣ гоме бузург бардоштааст.
Касоне, ки мегӯянд ба ҳеч ваҷҳ вожа набояд сохт ё касоне ҳастанд аз растаи удабо ва фузалое, ки ниёзе ба баёни мафоҳим ва маъонии тоза надоранд ва маълум нест дар ин маърака чи мекунанд. Ва агар муддаъӣ бошанд, ки забони форсӣ ирси падар-модарии ишон асту бас, нобаҷо гуфтаанд, ва агар бигӯянд ҳадди густариши забон ба ончи то кунун будааст, поён меёбад, низ нодуруст гуфтаанд. Ва дигар касоне, ки лаҷ мекунанд ва бе он ки огоҳ бошанд, даҳҳо вожаи сохтаи чиҳил-панҷоҳ соли ахирро ба кор мебаранд, аммо муддаъӣ ҳастанд, ки то ҳамин ҷо бас, ҳадди забон ҳамин аст, ки мо ба кор мебарем, ки ин низ нодуруст аст.
Агар дафтари вожаҳои нави Фарҳангистонро, ки дар соли 1319 чоп шудааст, варақ бизанем, мебинем, ки навад дарсади вожаҳое, ки онон он рӯз пешниҳод карданд, имрӯз ҷузъи забони ҳаррӯза ё забони илмии мост ва аз баракати кори аъзои он роҳ барои сохтани садҳо вожаи басит ё мураккаби дигар дар забони форсӣ гушӯда шудааст.
Касоне, ки ҳаводори вожасозӣ барои тамоми мафоҳими мумкин ҳастанд, ки аз забонҳои дигар (ва дар асос, аз забонҳои фаронса ва инглисӣ) ба забони мо ворид мешавад, тасвире хушку меконикӣ аз забон доранд ва аз зиндагии андомвор (ургоник)-и он ғофиланд ва гумон мекунанд, ки мисли печ-муҳраҳои мошин метавон печеро аз дастгоҳи забон боз кард ва пече дигар ба ҷои он баст. Ҳол он ки андома (ургонисм)-и забон чи басо унсури хориҷиро пас бизанад ва рад кунад. Ва тоза агар ин кор дар ҳавзае аз забон, яъне майдони улуми табиъӣ осонтар мумкин бошад, дар ҳавзаҳои улуми инсонӣ ва фалсафа баосонӣ мумкин нест ва нуктаи муҳиммтар ин ки забон маҷмӯъае аз вожаҳои канори ҳам чида нест, балки чафтубасти дарунии онҳо, ки бофти каломро месозад, бисёр муҳим аст ва як ҷанбаи муҳими кор нишондани вожаи тоза дар ин бофт аст ва ин кор, афзун бар дониш, каме ҳам ҳунар ва завқ мехоҳад.
Агар заминшиносӣ ҷои маърифатуларз ва фишорсанҷ ҷои мизоналзуғта ва гузарнома ҷои поспурт ва корогоҳ ҷои маъмури хуфя ва қонунгузорӣ ҷои тақниния ва китобхона ҷои библиютек ва сангвора ҷои фусил ва замонсанҷ ҷои крунуметр ва зиндон ҷои маҳбас ва рӯнивишт ҷои купӣ ва рагшиносӣ ҷои маърифатулъуруқ ва додситон ҷои муддаъиюлъумум ва дастмузд ҷои ҳаққуззаҳма ва думиасбиён ҷои занабулфарас ва рӯдаи кур ҷои миъоъи аъвар ва рӯдабанд ҷои мосориқо ва рангинкамон ҷои қавсу қузаҳ ва…-ро гирифтааст, аз баракати кори ҳамон Фарҳангистон (-и ризошоҳӣ) аст.
Ва аммо, роҳи дигар бархӯрди дақиқ ва мавридӣ бо мафоҳим аст. Дар ҳамин панҷоҳ-шаст соли ахир шоҳиди он будаем, ки даҳҳо ва садҳо вожаи баробар бо мафоҳими воридшуда аз забонҳои урупоӣ, бавижа инглисӣ ва фаронса, сохтаем ва ба кор мебарем, ки имрӯз ҷузъе аз забони мо шудааст. Калимае монанди “истеъмор” (дар баробари “кулуниёлисм”), бо таваҷҷуҳ ба решаи калимаи урупоӣ ва ба маънои аслии ин калима (дар забони юнонӣ), яъне “ободонӣ хостан”, сохта шудааст, аммо имрӯз бар асари корбурди сиёсӣ ончунон боре ба худ гирифта, ки ҳамонанди асли луғат, аз реша ҷудо уфтода ва маъное камобеш зидди он гирифтааст. Ва онгоҳ аз ҳамин модда таркибҳои “истеъморгарӣ”, “истеъморзудоӣ” ва “зиддиистеъмор”-ро баробар бо се вожаи инглисӣ ё фаронса сохтаем. Аммо барои вожаҳое монанди “империёлисм” ва “буржуозӣ” натавонистаем чизе пайдо кунем, зеро ин вожаҳо чунон абъоди гуногуне аз маъно ёфтаанд, ки ҳеч баробаре наметавонад ҳаққи маъноро дар мавриди онҳо баҷо оварад ва касоне, ки масалан, “фарҳанги буржуозӣ”-ро “фарҳанги савдогарӣ” тарҷума мекунанд, чи басо ба буъдҳои гуногуни маънои ин вожа камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳамчунин аст гузоштани “тамаддун” дар баробари “сивилизосиюн” ва “фарҳанг” дар баробари “култур”. Чи касе метавонад муддаъӣ бошад, ки ин ихтиёрҳо нодуруст буда ва беҳтар буд, ки ҳамон вожаҳои урупоиро ба кор мебурдем?
Бегумон, Фарҳангистони қадим дар шитоб бахшидан ба гароиши забони форсӣ ба сӯи содагӣ ва диққату зинда кардани сармояи куҳани он ва ҳамчунин омода кардани он барои гирифтану ҷазб кардани мафоҳим ва номҳои илмию фаннӣ аз забонҳои урупоӣ нақше бузург доштааст. Гароиши Фарҳангистон ба моя гирифтан аз забони форсӣ ва зинда кардани даҳҳо вожаи фаромушшуда аз назари коркардӣ (функсиюнал) барои забони форсӣ бисёр муҳим буда ва роҳро барои насли пасин бисёр ҳамвор кардааст…
Дар кори вожасозӣ ва баробарёбӣ барои вожаҳо ва мафоҳиме, ки аз Ғарб мерасанд, аз садри Машрутият ба ин сӯ ду ва шояд чанд марҳила метавон шинохт. Нахустин марҳила он буд, ки бо ҳамон мероси насри даступошикаста ва даступогир ва нимаҷон ба тарҷумаи мафоҳим ва матнҳои урупоӣ пардохтанд ва дар ин марҳила ба иллати одати гузашта ва ҳамчунин иртиботе, ки ҳанӯз камобеш миёни ҳавзаҳои гуногуни фарҳанги исломӣ вуҷуд дошт, ё вожаҳое, ки дар он давра ё давраҳои баъдтар сохта шуд, арабии обкашида ё обнакашида буд (вожаҳое монанди эътисоб, инқилоб, тамаддун, мизонулҳарора, мизонуззуғта, мизонулиртифоъ, муддаъиюлъумум, мустадъиъилайҳ, давлати комилатулвидод, ва монанди он, дар заминаҳои улум, сиёсат, ҳуқуқ ва ҷуз он) дунболаи ҳамон одате буд, ки забони форсиро тобеъи мутлақе аз арабимаобии нивисандагон мекард ва гаштан ба дунболи луғату таркиб дар забони форсиро нишонаи бесаводӣ медонист. Фарқи забони форсӣ дар бархӯрд бо ҷаҳони мудерн ва ҷаҳонбинии он бо забонҳои урупоӣ ин буд, ки он забонҳо ҷавону навхоста буданд ва ҳамгом бо мароҳили таҳаввулу таквини тамаддуни Ғарб ҳамчун забоне барои ин тамаддуни ҷавон ва тозанафас шакл гирифтанд ва густариш ёфтанд, аммо забони форсӣ забоне фарсуда ва дармонда буд, дархӯри тамаддуне фарсуда ва дармонда. Ошкор аст, ки дар кашмакаши ин ду пиру ҷавон кадом як пирӯз хоҳад шуд.
Агар забоне ба номи форсӣ бо сохтмони дастурӣ ва вожагони худ вуҷуд дорад, ин забон метавонад ва бояд аз сармояи худ моя бигирад.
Мушкили мо ин буд, ки дар рӯёрӯӣ бо тамаддуни Ғарб наметавонистем баосонӣ тарки одат ва “харқи (пора кардани) одот” кунем ва бо ҳамаи эҳсоси хиффату хории ботинӣ аз худ ва шефтагӣ ба тамаддуни Ғарб хастатар ва азпоуфтодатар аз он будем, ки битавонем якбора пӯст бияндозем ва сурати тамаддуни тозаро ба худ бигирем ва дар ин душвор ҳазор душворӣ бар сари роҳ буд, ки яке аз онҳо забон буд. Шигифт нест, агар ки касоне мехостанд луғате тоза барои мафҳуме тоза ба кор баранд, ба ҳавои насри суннатӣ ба зарробхонаи забони арабӣ бираванд ва гоҳе чизҳое ҷаъл кунанд, ки дар қутии ҳеч алмунҷиднивисе пайдо нашавад. Зеро форсӣ забони авом буд ва форсии муъарраб забони хос. Аммо гароиш ба содагии забон, ки бо насри сиёсӣ ва рӯзноманивисӣ оғоз шуд, роҳи худро ба сӯи форсигароӣ боз кард, ки гароишест дуруст. Ин гароиш албатта бо падид омадани миллатбоварӣ (носиюнолисм)-и мудерн низ муносибат доштааст, аммо бар рӯйи ҳам ин асари судмандро дошт, ки забони форсиро бар рӯи пояи аслӣ ва табиъии худ баргардонд ва ин забони аз тӯшу тавон уфтодаро ҷоне тоза дод. Ин гароиш нишон дод, ки агар забоне ба номи форсӣ бо сохтмони дастурӣ ва вожагони худ вуҷуд дорад, ин забон метавонад ва бояд аз сармояи худ моя бигирад. Бидуни шак, рӯзгори забонбозӣ ва донишфурӯшии муншиёна ва ношиёна саромада буд ва забон гароиш ба ин ёфта буд, ки мояи расондани маъноҳо ва андешаҳо бошад. Ва албатта, ин роҳи душвор ва пурнишебуфарозест, ки ҳанӯз то нима низ нарасида ва як давраи бузурги ошӯб, ҳамроҳ бо ошуфтагии фарҳангу тамаддун, ногузир ҳамроҳи он будааст ва ҳанӯз низ маълум нест, ки мавҷҳои ин ошӯб кай фурӯ хоҳад нишаст.
Сайри забон ва омадани вожаҳо ва қолабҳои тоза ин имконро медиҳад, ки пас аз ҷо уфтодани онҳо дар забон роҳ барои сохтани таркибҳое тозатар бо онҳо ё сохтани шаклҳои қиёсии ҳамонанди онҳо ҳамвор шавад. Чунонки сохтани “ҷашнвора” барои “фестивол”, барои мисол, роҳро барои сохтани “моҳвора” ҳамвор кард.
Яке аз мароҳили муҳимми таҳаввули забони форсӣ ташкили “Фарҳангистони Эрон” аст дар соли 1314-и шамсии ҳиҷрӣ. Бо ҳамаи намакнашносиҳое, ки дар ҳаққи Фарҳангистони қадим кардаанд, ин дастгоҳ ҳаққе бузург ба гардани забони форсӣ дорад ва дар ҷиҳати нишон додани роҳи дурусти баҳрагирӣ аз мояҳои забони форсӣ ва пероиши он аз омехтагиҳои беҳуда бо арабӣ гоме бузург бардоштааст. Агар дафтари вожаҳои нави Фарҳангистонро, ки дар соли 1319 чоп шудааст, варақ бизанем, (аз “инҷо”) мебинем, ки навад дарсади вожаҳое, ки онон он рӯз пешниҳод карданд, имрӯз ҷузъи забони ҳаррӯза ё забони илмии мост ва аз баракати кори аъзои он роҳ барои сохтани садҳо вожаи басит ё мураккаби дигар дар забони форсӣ гушӯда шудааст. Агар заминшиносӣ ҷои маърифатуларз ва фишорсанҷ ҷои мизонуззуғта ва гузарнома ҷои поспурт ва корогоҳ ҷои маъмури хуфя ва қонунгузорӣ ҷои тақниния ва китобхона ҷои библиютек ва сангвора ҷои фусил ва замонсанҷ ҷои крунуметр ва зиндон ҷои маҳбас ва рӯнивишт ҷои купӣ ва рагшиносӣ ҷои маърифатулъуруқ ва додситон ҷои муддаъиюлъумум ва дастмузд ҷои ҳаққуззаҳма ва думиасбиён ҷои занабулфарас ва рӯдаи кӯр ҷои миъоъи аъвар ва рӯдабанд ҷои мосориқо ва рангинкамон ҷои қавсу қузаҳ ва…-ро гирифтааст, аз баракати кори ҳамон Фарҳангистон аст. Бегумон, Фарҳангистони қадим дар шитоб бахшидан ба гароиши забони форсӣ ба сӯи содагӣ ва диққату зинда кардани сармояи куҳани он ва ҳамчунин омода кардани он барои гирифтану ҷазб кардани мафоҳим ва номҳои илмию фаннӣ аз забонҳои урупоӣ нақше бузург доштааст.
Касоне, ки мегӯянд ба ҳеч ваҷҳ вожа набояд сохт ё касоне ҳастанд аз растаи удабо ва фузалое, ки ниёзе ба баёни мафоҳим ва маъонии тоза надоранд ва маълум нест дар ин маърака чи мекунанд. Ва агар муддаъӣ бошанд, ки забони форсӣ ирси падар-модарии ишон асту бас, нобаҷо гуфтаанд, ва агар бигӯянд ҳадди густариши забон ба ончи то кунун будааст, поён меёбад, низ нодуруст гуфтаанд. Ва дигар касоне, ки лаҷ мекунанд ва бе он ки огоҳ бошанд, даҳҳо вожаи сохтаи чиҳил-панҷоҳ соли ахирро ба кор мебаранд, аммо муддаъӣ ҳастанд, ки то ҳамин ҷо бас, ҳадди забон ҳамин аст, ки мо ба кор мебарем, ки ин низ нодуруст аст.
Гароиши Фарҳангистон ба моя гирифтан аз забони форсӣ ва зинда кардани даҳҳо вожаи фаромушшуда, аз назари коркардӣ (функсиюнал) барои забони форсӣ бисёр муҳим буда ва роҳро барои насли пасин бисёр ҳамвор кардааст. Чунонки андозаи омехтагии форсӣ бо арабӣ аз ҳаштод дарсад ба чиҳил-панҷоҳ дарсад ва гоҳ камтар расидааст ва муҳиммтар аз ҳама ин ки корбурди вожаҳо бар асоси дастури забони форсӣ ҷои тақлидҳои хунук аз иборатбандии арабиро гирифтааст.
Дунбола дорад…
Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”; Теҳрон: Нашри Марказ, омадааст.
____________
Бахшҳои пешини ин ҷустор
Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1)
Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2)
Пероиш ва бозсозии забон (3)
Масъалаи вожасозӣ (4)
Ду гунаи бархӯрд бо забон (5)
Масоили вожасозӣ (6)
Вожасозӣ дар чанд марҳила (7)
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист